JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Июни 2019 09:11

Нақши зан дар романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода

Муаллиф: Қосимова Насима

   Дар мақола образҳои мусбат ва манфии зан қайд карда мешавад. Устод Улуғзода дар романи «Восеъ» симои барҷастаи занҳоро низ хеле хуб офаридааст, ки онҳоро метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард. Яке аз образҳои асосии роман Фотима буда, Фотима баландҳиммату бо виҷдон ва меҳрубон тасвир ёфтааст. Ҳамсари Восеъ Аноргул ва духтараш Гулизор низ дар роман ҳамчун ҷасуру диловар ва софдилу ростгӯ ба қалам дода шудаанд. Аз образҳои манфии занон махсусан ду нафар шоистаи зикр мебошанд: яке Марзия, ки нависанда ӯро «Зансурати морсифат» номидааст, дигаре Лутфия- «Зани мағрури хоргашта ва аламзада».

 Образҳои мазкур мавқеи хислатҳои ба худ хос дошта дар маҷмӯъ беҳуқукӣ ва зиндагии сангину пурмашаққати занону духтарони тоҷикро дар нимаи дуюми асри Х1Х хеле равшан таҷассум карда тавонистаанд.

 Чи хеле ки адабиётшинос Ю.Бобоев қайд кардааст: «Восеъ дар таърихи задухӯрдҳои тоҷикон яке аз «гурдони сафшикан ва далерони шерафкан» аст, ки баҳри озодию бахту саодати халқи худ ҷон нисор кардааст. Кайҳост, ки ин қаҳрамони ҳаёт қаҳрамонии адабиёт гардидааст» [1,3].

Доираи фаъолияти эҷодии Сотим Улуғзода васеъ ва гунонгунранг буда, дар таърихи адабиёти муосири тоҷик ҳамчун нависанда, драмманавис, адабиётшиносу мунаққид ва мутарҷими болаёқат мақому шуҳрат касб карда буд.

Нависанда таваҷҷуҳи худро бештар ба таърихи бунёдии кишвар равона карда, таъкид мекунад: «Барои ман аз таърихи кишварам ҷараёни халқии мутараққӣ ҳавасангез аст. Агар ин дар сари муҳорибаҳо бошад, маро ҷангҳои озодихоҳӣ бештар мутаассир менамоянд» [2,65].

Романи «Восеъ» дар адабиёти муосири тоҷик мавқеи бузург дошта, натиҷаи заҳматҳои чандинсола ва андешаву мулоҳизаҳои тӯлонии Сотим Улуғзода мебошад.

Нависанда пеш аз он ки ба навиштани роман оғоз кунад, барои ҷамоварии мавод ба деҳаҳои ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон сафар карда, куҳансолону донандагони шӯриши «Восеъ», аз ҷумла Иброҳими Маҷнунзодаи 104 сола (ӯ дар вақти шӯриш 19 сола будааст) ва мӯйсафеди 100 сола, ки Бобои Бузургаш меноманд, вохӯрда, маводи гаронбаҳо боарзиш ҷамъоварӣ намудааст. Инчунин С. Улуғзода китобхонаву бойгониҳои зиёдеро аз назар гузаронидааст, ки барои офаридани роман факту рақамҳои дақиқ додаанд.Дар маркази романи «Восеъ»образи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ нақши муҳимро мебозад.Образи Восеъ аз айёми шӯриш инҷониб дар эҷодиёти шифоҳӣ роҳ ёфтааст.

Дар адабиёти хаттӣ нахустин бор симои Восеъро Абдурауфи Фитрат (1927), Д. Абдулло (1937), Мирзо Турсунзода ва Абдусалом Деҳотӣ (1939) офаридаанд.

Аз роман симои Восеъ бисёр хуб ва равшан ба мушоҳида мерасад: чун шавҳар Аноргулро дӯст медорад ва ҳурмату эҳтиром мекунад; чун падар ҷоннисору раҳнамои фарзанд мебошад; чун деҳқон меҳнатдӯсту бовиҷдон аст; чун шаҳрванд бадонро «бад» мегӯяд, тарафи ҳақиқату адолатро мегирад. Ана ҳамин ҷиҳат, яъне ҷонибдори ҳақиқат ва адолат будани Восеъ дар симои қаҳрамон чун меҳвар хидмат намудааст.

Устод Улуғзода дар романи «Восеъ» симои барҷастаи занҳоро низ хеле хуб офаридааст, ки онҳоро метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард:

Қисме аз занҳоро бо муҳаббати вижае тасвир карда бошад, шуморе аз онҳо ҳамчун образи манфӣ инъикос ёфтаанд. Яке аз образҳои асосии роман Фотима буда, Фотима дар боби чорум ғамхору адолатпарвар, дар боби биступанҷум баландҳиммату бо виҷдон ва дар боби охир меҳрубон ва дар баробари ин бадбин нисбат ба амиру амалдорон тасвир ёфтааст.

Ҳамсари Восеъ Аноргул ва духтараш Гулизор низ дар роман ҳамчун ҷасуру диловар ва софдилу ростгӯ ба қалам дода шудаанд.

Аз образҳои манфии занон махсусан ду нафар шоистаи зикр мебошанд: яке Марзия, ки нависанда ӯро «Зансурати морсифат» номидааст, дигаре Лутфия- «Зани мағрури хоргашта ва аламзада». Ин персонажҳо аз рӯи ботини худ комилан муқобили симоҳои Фотима, Аноргул, Гулизор ва дигарон мебошанд.

Бояд зикр кард, ки дар бораи образи занони роман асар ё ягон мақолаи ҷиддие то ҳол навишта нашудааст. Танҳо баъзе хислату тавсифҳои Аноргул, Гулизор ва Фотима ба таври иҷмолӣ аз ҷониби адабиётшиносон ироа шудааст.

Дар ҷои дигар М. Шукуров портрети С. Улуғзодаро таъкид намуда, барои тасдиқу тақвияти фикр портрети Фотимаро мисол овардааст. Ӯ таъкид мекунад, ки дар офариниши қиёфа Фотима «Сифати феълӣ ва феъли ҳол роли асосӣ бозидааст». Ба ҳамин тариқ, ин ду муаллиф дар баробари дигар масъалаҳо ба забони асар низ диққат дода, хусусиятҳои услубии эҷоиёти нависандаро таъкид кардаанд.

Дар романи «Восеъ» инъикоси образи занон мавқеи асосӣ ва марказӣ надошта бошад ҳам, нависанда дар бисёр бобу саҳифаҳои он ба тасвири симои занони тоинқилобии тоҷик аҳамияти вижа додааст. Дар роман натиҷаҳои образи Аноргул, Гулизор ва Фотима ҳамчун шахсони воқеию реалӣ ва Лутфия, Марзия, Ибодатпошо (чун образҳои манфӣ) мавқеи бештар доранд. Инчунин образи занону духтарони дигар аз қабили Зебӣ, Рисолат, Ҳурматой, Хайрии ятим ва модари ӯ Ризқихола ва дигарон характери лаҳзавӣ дошта бошанд ҳам, хотирнишон шудаанд. Образҳои мазкур мавқеи хислатҳои ба худ хос дошта дар маҷмӯъ беҳуқукӣ ва зиндагии сангину пурмашаққати занону духтарони тоҷикро дар нимаи дуюми асри Х1Х хеле равшан таҷассум карда тавонистаанд.

Иштироки занҳо дар роман кам аст ва ин сабабҳои муайян дорад. Якум, дар он давра ҳуқуқи занҳо хеле маҳдуд буд. Дувум, дар роман бештари корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва муҳорибаҳо тасвир шудааст ва ҳоҷат ба баён нест, ки занҳо дар ин гуна корҳо то кадом дараҷа ширкат меварзанд.

Дар роман образи занҳои дигар- персонажҳои лаҳзавӣ ҳастанд, ки барои ҳалли ягон масъала кумак менамоянд ё дар инкишофи характери қаҳрамони асосӣ ёрӣ мерасонанд.

Нависанда ҳаётро тасвир карда истода, хусусияти хоси шароити зиндагӣ ва ҷиҳатҳои зоҳирии инсон, табиат (пейсаж) ва ғайраро нигоҳ медорад, вале дар айни замон ӯ аз зиндагӣ лаҳзаҳои лирикии шоёни диққатро, ки хусусияти инсонро акс мекунад, интихоб менамояд. Нависанда тавассути образи Фотима меҳру садоқати беҳадду ҳисоби духтари тоҷикро дар ҳаққи бародараш табиӣ нишон додааст, ки бунёди хоси миллӣ дорад.

Ба образҳои Фотима, Аноргул ва Гулизор нақшҳои Марзияву Лутфия ва Ибодатпошо мухолиф тасвир шудаанд. Дар сиришти ин занон аз покиву меҳру мурувват нишоне нест.

Адиб тавассути силсилаи чеҳраҳои ба ҳам зид гӯё ҳикмати халқро бори дигар хотиррасон кардааст, ки «Шоҳ шавад ҳам аз дасти зан мешавад, гар гадо шавад ҳам аз дасти зан мешавад».

Образи занони романи «Восеъ»-ро метавон ба се қисмат ҷудо намуд, ки мувофиқи мақсад аст:

  1. Образҳои мусбат: Аноргул, Гулизор, Фотима;
  2. Образҳои манфӣ: Марзия, Лутфия, Ибодатпошо;
  3. Образи занҳои боқимонда.

1.1.Образҳои мусбат: Образи Аноргул.

Дар романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода дар зимни образи Аноргул идеяи худро тасвир намудааст. Ҳарчанд тасвири индивидуалӣ (фардӣ) дошта бошад ҳам, аҳамияти таълимӣ (умумикуллӣ) дорад. Ҳаёти Аноргул ҳанӯз аз давраҳои ҷавониаш сар карда то анҷоми китоб, то шикасти шӯриш баён ёфтааст. Нависанда Аноргулро зани ҳаматарафа зебо, чӣ дар ҳусну ҷамоли зоҳирӣва чӣ дар рафтору кирдори ботинӣ тасвир намудааст.

Аз ин тасвири аввал хонанда аллакай бо як зани меҳнатӣ, ғамхору дилсӯз шинос мешавад. Баъдтар муаллиф хислатҳои хуби Аноргулро кам-кам инъикос намуда, образи ӯро пурра мекунад. Аноргул дар ғами Восеъ ғамгин ва шодии ӯ масрур аст: «Худаш ба паҳлӯи Восеъ нишаст.-Гапро ба дилат нагир, боз шавҳарашро ба тасаллӣ додан даромад, зани меҳрубон.

 Чаро худат бардошта овардӣ, отаи Ҳасан? Охир натарсидӣ, ки миёнат мешиканад? Як-ду касро ба ёрӣ гирифта, инро ғелтонда меовардӣ, намешуд? [6,13].

Восеъ ҷавоб надод. Дасти ӯ дар китфи Аноргул ва сари Аноргул дар зонуи ӯ, -дар ҳамин ҳолат дуяшон чанде хомӯш нишастанду баъд хеста ба ҳавлии дарун рафтанд. Восеъ ҳис мекард, ки бори гарони ғамаш сабуктар гашт. Гапҳои содаи меҳрангези Аноргул, гоҳ-гоҳ барои Восеъ ҳамеша хуш асаре доштанд, дилнавоз, бузург» [6,21].

Аз ин порча ба хубӣ маълум мешавад, ки зану шавҳар ба ҳам чӣ гуна муносибат доранд. Аноргул ба Восеъ меҳри беандоза дошт ва дар вақтҳои нороҳат будани шавҳараш ғамбарору дилнавози ӯ буд.

 -«Гапро ба дилат нагир боз шавҳарашро ба тассалӣ додан даромад, зани меҳрубон. Баъд «Манғитиҳо»-ро дуои баъд кард: Худо ба сарашон сиёҳӣ бирезад! Илоҳӣ орзуҳошон дар дилашон монаду дилашон дар тангӣ!» [6,20].

Образи Аноргул дар байни образи занони романи «Восеъ» дар ҷои аввал меистад ва нисбатан васеътар тасвир шудааст. Сотим Улуғзода барои таҷассум кардани образи Аноргул аз ҳамаи воситаҳои офариниши образ: портрет, диалог, ташбеҳ, тавсиф ва ғайра самаранок истифода бурдааст.

Дар либреттаи Мирзо Турсунзода ва А. Деҳотӣ «Шӯриши Восеъ» (1939) симои Аноргул нисбатан комилтар аст ва дар ҷараёни шуриш Аноргул аз тарафи сарбозони бек кушта мешавад [4,16].

Зимни мутолиаи роман Аноргул дар назари хонанда ҳамчун зани дилсӯзу меҳрубон, оқилаву хушрафтор, бовафову матинирода ва шердилу ҷасур муҷассам мегардад. С. Улуғзода тавонистааст, ки дар шахси Аноргул образи хеле барҷастаи занро мисли Гулнор, Зуҳро, Фирӯза ва монанди онҳо офарад.

1.2. Образи Гулизор

Аз падари ҳақпарвару далер ва аз модари бофаросату ҷасур табиист, ки фарзандони чолоку пайгири волидайн сабзидаанд. Дар образи Гулизор-духтари Восеъ ҳам баъзе хислатҳои Восеъ ва ҳам баъзе хулқу атвори писандидаи Аноргул ҷамъбаст шудааст. Нотарсии Гулизор ва ҷилави аспи доруғаро доштани ӯ амали падараш Восеъ мемонад, ки дар Қаршӣ пеши роҳи ҳокими Шаҳрисабз Остонақул-девонбегиро гирифта арзашро гуфта буд.

Далерии Гулизор ҳанӯз аз давраи духтарбачагиаш аён буд ва баъдтар бо ин хислатҳояш дили Ризои ҷавонро тасхир мекунад.

Гулизор аз он духтароне набуд, ки ягон ҷавонписар ба ӯ ҳарфи ноҷое занад. Сахтиродагӣ, боғайратии писарбачавор, тундсуханию ҳозирҷавобӣ аз хислатҳои ҳамидаи Гулизор ба шумор мерафт. Ишқварзии Гулизор ҳам ҷавонии Аноргулро ёдрас мекунад. Дар баробари далериву чобукӣ Гулизор соҳиби шарму ҳаёи духтарони кӯҳистон аст. Ҳусну ҷамол, ақли расо, иродаи мустаҳкам ва дар айни замон духтари боиффат будани Гулизорро нависанда тасвир намудааст. Бо Ризо байтбарак кардани Гулизор аз пурдонию кунҷковӣ ва ҳозирҷавобию заковати ӯ дарак медиҳад.

Шеърдонии Гулизор дар либретаи «Шӯриши Восеъ»-и А. Деҳотӣ, М. Турсунзода таъкид карда шуда дар песаи А. Фитрат «Шӯриши Восеъ» ҳатто Гулизорро падару модараш шоир гуфтаанд. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки духтарони кӯхистон табиатан шеърдӯсту шоиртабиатанд.

Байтбараки онҳо иборат буд аз ин ки байтро кӣ бисёртар медонад. Гулизор фикр карда истода ин мисраъҳоро сар кард:

Себарга бигуфт: -Дар замин сабза манам,

Бунафша бигуфт: -Ҷавони пурғамза манам.

Себарга бигуфт: -Ту лофи беҳуда мазан,

Тоҷи сари ошиқони саргашта манам [6,197].

«Бо рубоии халқӣ бо ҳамдигар изҳори ишқ кардани Гулизор ва Ризо бадеҳахонии Гулнору Ёдгорро аз «Дохунда»-и С. Айнӣ ба хотир меорад.

Бадеҳахонӣ ё, чӣ навъе, ки Гулизор мегӯяд, «Байрақбозӣ» дар байни ҷавонони тоҷик, хусусан дар кӯҳистон маъмул аст ва нависанда низ онро аз ҳаёт гирифтааст.», -навиштааст адабиётшинос Х. Отахонова [3,79].

Ҳарчанд ки роман дар мавзӯи таърихӣ эҷод шудааст, ҷо-ҷо мавзӯъчаҳои дигаре ҳам ба чашм мерасад. Масалан, мавзӯи ишқро, ки кӯҳнанашаванда аст, дар бобҳои шашум, ҳабдаҳум ва биступанҷум дучор кардан мумкин аст.

Сотим Улуғзода муомилаи ошиқонаи Ризою Гулизорро дар роман хеле табиӣ ва воқеӣ ба қалам додааст: Образи Гулизор аз баъзе ҷиҳатҳо бо образи Аноргул бо бархе аз тафовутҳо шабоҳат дорад. Ӯмисли модар ҷасуру диловар, баномусу хушодоб, софдилу адолатҷӯтасвир ёфтааст. Онҳо ба душман нафрати беандоза дошта, дар муқобилаш мардона сухан мегӯянд ва мардона рафтор мекунанд.

Тафовути онҳо дар ин аст, ки Гулизор бештар шӯхтабъу тундсухан ва мисли писар ғаюр аст.

Хулоса, образи Гулизор фардию типӣ буда, бисёр хислатҳои наҷиби духтарони кӯҳистонро дар худ таҷассум кардааст. Аз ин рӯ симои ӯ хеле воқеӣ ва хотирнишин баромадааст ва аз маҳорати баланди образофарии нависанда гувоҳӣ медиҳад.

1.3. Образи Фотима

Образи Фотима низ аз рӯи баъзе хислатҳояш ба образҳои Аноргулу Гулизор шабоҳат дошта, дар хатти сюжет ва композитсияи роман нақши муайяни ғоявию бадеӣ пайдо кардааст.

Аз образи Фотима маълум мегардад, ки Сотим Улуғзода ба тасвири образҳои ғайримарказӣ ҳам таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Ӯ кӯшиш кардааст, ки дар чанд ҷузъиёти бадеӣ муҳимтарин характеру хислатҳои қаҳрамони худро равшану назаррас ба қалам диҳад ва ин нияти эҷодӣ ба адиб муяссар гардидааст.

Фотима пеш аз ҳама зани меҳнатӣ, оиладӯст, ҳақгӯй ва нисбат ба камбағалон меҳрубон буда, нисбат ба золимон хусумати махсус дорад.

 «Фотима дар вақти гуфтугӯи шавҳарашу бародараш оҳиста ба кӯча баромада он сағираи беваҷҳ шата хӯрдаро ёфта ба хона оварда бо чормағзу бодом зиёфат кард, дилҷӯӣ намуд. Ӯ зани раҳмдил ва меҳрубон буд…» [6,33].

Худи нависанда ҳангоми ба ваҷд овардани образи Фотима бо як ҳиссиёти хушнудона «Ӯ зани раҳмдил ва меҳрубоне буд» гуфта, ӯро ситоиш кардааст. Ин хислати неки ӯро нависанда дар лавҳаи қурутдуздии Ризои бекас васеътар тасвир кардааст. Нависанда дар шахси Фотима меҳру садоқати беандозаи духтари тоҷикро дар ҳаққи бародараш хеле табиӣ ба қалам додааст. Ӯ бародараш Восеъро ҳамчун падар дӯст медорад ва эҳтиром менамояд. Шикасти шӯриш барои Фотима, чун дигар занҳо бадбахтиҳои калон овард. Ӯ ҳам шавҳараш Сангинро аз даст дод, ҳам бародаронаш Восеъу Қосимро. Вақте ки Восеъро дастгир карда ба тарафи Бухоро мебаранд, Фотима ба таҳдиди сарбозони амир нигоҳ накарда, мисли девонаҳо бо мӯи сари жӯлида, пои бараҳна, рӯи пурчангу ғубори дар офтоби сӯзон сиёҳ гашта аз қафои сарбозон, ки бародарашро мебурданд, то Шаҳрисабз пиёда меравад. Ин ҳолати Фотимаро нависанда бо меҳру шавқат тасвир кардааст:

Аз ин манзара хулоса кардан мумкин аст, ки Фотима нисбати Восеъ ҳар қадар меҳру шавқат дошта бошад, нисбат ба ҳокимони золим ва манғитиҳо ҳамон қадар нафрат дорад.

Фотима девона нест, балки мисли девонаҳо қиёфаю сурат дорад. Сухану дашномҳои ӯ аз дарданд. Дар ин ҳолати вазинини психологӣ, ки С.Улуғзода ба кушодани характери персонаж муваффақ шудааст, танҳо баъзе занони пуртоқати кӯҳистонӣ тобоваранд. Аноргулу Гулизор зуд-зуд аз ҳуш мерафтанд. Аммо Фотима ба ҳамаи машаққатҳо, ки аҳволаш рӯз то рӯз вазнинтар мешуд, шикебо буд.

Фотима афтону хезон, пиёдаву сарсон то Шаҳрисабз, то худи пояи дори Восеъ ӯро ҳамроҳӣ кард. Бо ҳастиаш бародарашро рӯҳбаланд намуд. Нигоҳи вопасини бародари қаҳрамонашро дарёфт, боз пои пиёда ба зодгоҳаш баргашт ва ба азодорон сухане гуфт, ки ҳам шеваи дашту ҳам аз ифтихор холӣ набуд:

Муҳаммадҷон Шукуров аз ҳолатҳои рӯҳию ҷисмонии Фотима аз он вазъияте, ки образи ин зан тасвир шудааст, ба чунин хулосаи ҳаққонӣ ва илмӣ омадааст:

«Сӯзу гудози ҷонкоҳи хоҳари Восеъ-Фотима гӯё марсияе дар ҳалокати пешвои ҳақ аст ва дарду алами дили ситамкинони шикастдида ва меҳру муҳаббати онҳоро нисбат ба роҳбари қаҳрамонашон ифода менамояд» [5,42].

То кунун ягон нависандае меҳри бародару хоҳарро ба дараҷае, ки Сотим Улуғзода дар романи «Восеъ» офаридааст, тасвир накардааст.

Устод Улуғзода дар симои Фотима беҳтарин хислатҳои зани кӯҳистониро аз қабили раҳмдилӣ, шуҷоатнокӣ, пуртоқатӣ, адолатхоҳӣ ва монанди инҳоро ҷамъбаст намудааст. Аз ин рӯ, образи Фотима типӣ буда, ифодакунандаи тақдиру саргузашти ҳазорҳо занону духтарони беҳуқуқ ва дар айни замон ҷасорати зани тоҷикронишон медиҳад.

Дар чеҳраи Аноргул тасвири эстетикиро мебинем, ки дар адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ ба маъшуқаҳои анъанавии лирикӣ хос аст. Ҳамон абрӯи камонмонанд, ҳамон рӯи сафеди гулгун, ҳамон чашмони шаҳло, вале Сотим Улуғзода ин тавсифу ташбеҳҳоро ба духтари кӯҳистонӣ мувофиқ гардонидааст. Чунончӣ, рӯи ӯро ба нони гандумии баҳории навакак аз танӯр канда, чашмонашро ба ангишт монанд кардааст. Либосҳои ҳам одии фақирона, кӯҳна, ҳатто китфи куртааш ҳам андак чокаш кандагӣ.

Бинобар ҳамин, тасвири қиёфаи Аноргул беихтиёр духтари кӯҳистонро ба назари хонанда таҷассум мегардонад, ки дорои як ҳусни табиӣ ва дилрабое мебошад. Маҳорати Сотим Улуғзода дар тасвири қиёфаи Аноргул аз он иборат аст, ки ӯ натанҳо ҳусни зебои зоҳирӣ, балки ахлоқи ботинии қаҳрамонашро ба хубӣ ошкор карда тавонистааст.

 Сотим Улуғзода нависандае мебошад, ки ба ҳаёти мардуми кӯҳистон аз наздик ошно аст. Адиб пеш аз он, ки ба эҷоди роман оғоз намояд, ба мавзеҳои шӯриш барпошуда рафта, бо намояндагони бомаърифат ва кӯҳансолон вохӯрда маводи амиқе ҷамъоварӣ намудааст.

Қосимова Насима

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №2 (242)

 

Адабиёт

  1. Бобоев Ю. Эстетика ва қадамҳои насру назми тоҷик/Ю. Бобоев.-Душанбе: Адиб. 1988. -448 с.
  2. Демидчик Л. Сотим Улуғзода. Эъҷози ҳунар/Л. Демидчик. -Душанбе: Адиб, 1992. -469 с.
  3. Отахонова Х. Пайванди ҳис ва андеша/Х. Отахонова.-Душанбе: Ирфон.-1982. -132 с.
  4. Турсунзода М. Деҳотӣ А. Шӯриши Восеъ/М. Турсунзода, А. Деҳотӣ. Либреттои якӯмин операи тоҷикӣ. -Нашриёти Давлатии Тоҷикистон Сталинобод -1941. 63 с.
  5. Шукуров М. Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ/М. Шукуров. -Душанбе: Ирфон.-1973. 92 с.
  6. Улуғзода С. Восеъ/С. Улуғзода -Душанбе: Ирфон. -1969. 358 с.

 

Хондан 9668 маротиба