Рӯдакишиносӣ таърихи қадим дошта, аз замони худи Одамушшуаро оғоз меёбад. Осори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро ҳанӯз муосирони ӯ амсоли Шаҳиди Балхӣ, Маъруфии Балхӣ, Мухаллидии Гургонӣ, Дақиқӣ, Абӯзироъаи Гургонӣ арзёбӣ намуда, муҳимтарин ҷанбаҳои ашъору шахсияти ӯро зикр кардаанд. Худи Рӯдакӣ низ ба сифатҳои шеъраш ишораҳо кардааст, ки барои шинохти осори ӯ мусоидат менамоянд. То асри Х1Х сарчашмаи асосӣ дар шинохти Рӯдакӣ тазкираҳо буданд. Вале маълумоти онҳо бештар ҷанбаи ривоятӣ дошта, такрорӣ мебошанд. Баррасии илмии аҳволу осори шоир, тавре ки Саид Нафисӣ ва А.Мирзоев таъкид кардаанд, аз асарҳои Ҳ. Эте, Ч. Пикеринг, П. Ҳорн, Э.Браун, Р.Левӣ, Шиблии Нӯъмонӣ ва амсоли онҳо шурӯъ шуда, сипас дар кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Тоҷикистон густариш пайдо мекунад.
Дар Тоҷикистон Рӯдакишиносӣ чандин марҳиларо тай кардааст, ки давраи Истиқлол аз муҳимтарин ва дурахшонтарин марҳилаҳо ба шумор меравад. Дар ин давра на танҳо нашри ашъори Одамушшуаро хеле афзуд, балки таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи рӯзгору осоори боқимондаи ӯ низ вусъат пайдо карда, як зумра асарҳои илмӣ ба табъ расиданд.
Асари устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Субҳони Амир, ки соли 1999 таҳти унвони «Рӯдакӣ – падидаи нодир ва ҷаҳонии тамаддуни аҳди Сомониён» нашр шуд, иқдоми муҳимме дар шинохти осору андешаҳои Одамушшуаро буда, бо диди тозаи замони Истиқлол ба моҳияту арзишҳои осори шоир ва мақоми ӯ дар адабиёти ҷаҳон таълиф шудааст. Дар рисола, чунонки қаблан зикр карда будем, аз дидгоҳи тоза ба ҷанбаҳои ноаёни ҳаёти адабии замони шоир амсоли таъсири унсурҳои дини масеҳӣ, зуҳури барҷастаи худшиносиву ифтихороти миллӣ дар мадҳияҳо нигариста, яке аз омилҳои шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани шоирро низ муҳаққиқ дар иртиботи ӯ бо давлати Сомониён ва ифодаи ормонҳои озодихоҳиву истиқлолталабӣ медонад. Дар рисола ҳамчунин беасосии мавқеъгирии исломгароёнаи «рӯдакишиносони навбаромад», кӯри модарзод будани шоир ва амсоли инҳо нишон дода шудааст [13]. Китоби мазкур соли 2008 ба ифтихори ҷашни 1150-солагии устод Рудакӣ дар нашриёти «Адиб» дубора ба табъ расид [12].
С. Амир ҷустуҷӯйро дар Рӯдакишиносӣ идома дода, соли 2015 асари «Устод Рӯдакӣ аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ» нашр намуд, ки илова бар рисолаи мазкур 6 мақолаи дигари ӯро дар бар мегирад [11]. Дар мақолаҳои «Авфии Бухороӣ ва шинохти Устод Рӯдакӣ», «Вокуниши баъзе аштибоҳот доир ба шинохти Устод Рӯдакӣ», «Назаре дигар дар боби дарҳамшикастани миф(афсонаи) «кӯри модарзод» будани Рӯдакӣ ва ё кӯр карда шудани ӯ», «Носири Хусрав ва шинохти Устод Рӯдакӣ», «Рӯдакӣ шоири ҷаҳонӣ буд», «Ишқи Рӯдакӣ» бозёфтҳои тозаи муаллиф баён шудаанд, ки чандин муаммои аҳволу осори шоирро ҳал менамоянд. Аз ҷумла солҳои охир калимаи «талвино»-ро дар байти машҳури Шаҳиди Балхӣ дар бораи сухани Рӯдакӣ баъзе адабиётшиносони тоҷик ба шакли носаҳеҳи «тилви Нубо» сабт намуда, натиҷаҳои нодуруст бардошта буданд. Дар рисола носаҳеҳии ибораи мазкур ва нодурустии натиҷаҳои бардоштаи муҳаққиқон бо далелҳои қотеъ ба субут расонда шудааст.
Сипас мақолаҳои зиёде дар маҷаллаву маҷмӯаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни рӯзгор ва осори Рӯдакӣ чоп шуданд, ки ба қалами Р. Ҳодизода, А. Мухторов, А. Афсаҳзод, Н.Неъматов, А.Сатторзода, Ҳ.Шарифов, А. Насриддин, Н.Салимов, К.Олимов, М.Қосимова, У.Каримов, С. Имронов, М. Ансор, А. Алимардонов, П. Ҷамшедов, Ш. Исрофилниё, Т. Мардонӣ, А. Раҷабов, М. Мирзоюнус, Ҷ. Азизқулов, У. Ғаффорова, З. Ғаффорова, Ф. Насриддинов, А. Абдусаттор, Ф. Бобоев, С. Саидов, Валӣ Самад, Ҷ. Саидзода, У. Назир, А. Кӯчаров, А. Самадов, Р. Қудратов, С. Муллоҷонов, Ш. Раҳмонов, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, М. Ҳоҷиматов, Т.Отахонов, Қ. Мухторӣ, С. Раҳимов ва дигарон тааллуқ доранд.
Чанде аз мақолаҳои муҳаққиқони тоҷик дар фаслномаи адабиву фарҳангии «Рӯдакӣ»-и Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба табъ расиданд. Дар шумораиҳои 8-9 соли 2005, ки вежаномаи Рӯдакӣ мебошад, мақолаву гузоришҳои М. Урунова, Ф.Бобоев, Ҳ. Зоиров, Х.Шарифов, С.Шахобуддинов, А. Алимардонов, К. Айнӣ, Т Келдиёров, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, М. Маҳмудзода, Т. Мардонӣ, М. Муллоаҳмад, А, Насриддинов, Ф. Насриддинов, Р.Ҳодизода ҷой дода шудаанд, ки ба масъалаҳои гуногуни Рӯдакишиносӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла дар мақолаи С. Шаҳобуддинов «Ду байти нав аз осори Рӯдакӣ» аз як нусхаи хаттии қадимии Қуръони карим, ки дар Захираи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст, пайдо гардидани як шеъри тозаи шоир хабар дода мешавад, ки соҳми шоистаи муҳаққиқи тоҷик дар ҷамъоварии осори Одамушшуаро мебошад.
Дар ин давра дар баробари таҳқиқи замон, аҳвол ва осору андешаҳои шоир ба забон ва ҳунари устод Рӯдакӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шуд. Асарҳои М. Қосимова «Сомониён ва анҷоми ташаккули забони адабӣ», Қ.Мухторӣ «Хусусиятҳои луғавию услубии ашъори Рӯдакӣ», Бобо-Назар Ғаффор «Шоири Хуросон», Х. Муҳаммадзод «Забони осори Рӯдакӣ», Султони Ҳамад «Рӯдакӣ чанг бигирифту навохт», Ҷ. Обидпур «Ритмикаи ашъори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ» ба баррасии масъалаҳои нақши Рӯдакӣ дар такомили забони порсии дарӣ(тоҷикӣ), хусусиятҳои луғавию сарфу наҳвии ашъори боқимондаи шоир ва робитаи ӯ бо ҳунари мусиқӣ бахшида шудаанд.
Ҷанбаҳои гуногуни рӯзгору осори устод Рӯдакӣ дар асарҳои С. Имронов «Ёдномаи устод Рӯдакӣ», С. Саидов «Адабиёти давраи Сомониён дар фарҳангҳои форсӣ», И. Салоҳиддинов «Гунбади чарх аз скханаш пурсадост», М. Муллоаҳмад, С. Қурбонова «Абӯабдулло Рӯдакӣ», Т. Атахонов «Устоди шоирони ҷаҳон», А. Насриддин «Рӯдакӣ – устоди шоирони Аҷам», А. Сайфуллоев « Паямбари ишқ», А. Сатторзода «Аз Рӯдакӣ то Лоиқ», А. Насриддин, Ф. Насриддинов «Рӯдакӣ – устоди суханварони Аҷам», Т. Мардонӣ «Рӯдакӣ ва адабиёти араб», Ҳ. Шарифзода «Соҳибқирони шоирон», Ҷ. Саидзода «Нақши Рӯдакӣ дар шеъри замони Сомониён», А. Маликзод «Аз ғазали рӯдакивор то шеъри нимоӣ», Ҳ. Қаландаров «Рӯдакӣ ва исмоилия», А. Раҳмонфар «Рӯдакиро суханаш тилви нубост…» М.Нарзиқул «Авзони ашъори Рӯдакӣ», М. Муллоаҳммад «Рӯдакӣ ва Рӯдакишиносон» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар замони Истиқлол Рӯдакишиносӣ на танҳо торафт вусъат пайдо карда, масъалаҳои гуногуни марбут ба адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таърих, антропология, тиб, мусиқӣ, ҳунар ва амсоли онҳоро фаро мегирад, балки аз лиҳози таҳлилу баррасии масъалаҳо аз умумигӯиҳо, ки қаблан ҷой дошт, берун мебарояд ва дар аксари асарҳо амиқрафту дақиқназариҳо ва далелу бурҳонҳои тоза дар таҳлилу баррасӣ мушоҳида мешавад. Маҷмӯаи мақолаҳои «Ёдномаи устод Рӯдакӣ», ки соли 2014 ба муносибати ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ нашр шуд, далели он аст. Маҷмӯа бо пешгуфтори президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ «Шоири шеърҳои анҷуманафрӯз»оғоз ёфта, мақолаҳои Рӯдакишиносони кашварҳои гуногун, аз ҷумла маҳаққиқони тоҷик С. Амирзода, А.Сатторзода, М.Муллоаҳмад, Н. Зоҳидӣ, А. Набавӣ, Қ. Рустам,Т. Мардонӣ, З.Ғаффорова, У.Ғаффорова, Н. Нурзод, А.Ҳасанов, В.Охониёзов, Ҳ. Қалардаров, Ш.Муҳаммадиев, В. Элбоев, Н. Яздонӣ, Н. Одинаевро дар бар мегирад. Дар аксари мақлаҳои маҷмӯа бозёфтҳо ва сухани тозае роҷеъ ба рӯзгор ва осори Одамушшуаро ба назар мерасад.
Дар ин давра низ мисли марҳилаҳои қаблӣ асарҳои ҷасъбастӣ ба вуҷуд омаданд, ки «Одамушшуаро Рӯдакӣ» -и А. Афсаҳзод аз ҷумлаи онҳост [2]. Китоб аз чаҳор боб иборат буда, баррасии масъалаҳои муҳити зисти устод Рӯдакӣ, зиндагиномаву осори дастраси шоир ва андешаву забони ашъори ӯро дар бар мегирад. Муаллиф ба масъалаҳои баҳсноки аҳволу осори шоир таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, андешаҳои худро бо далелҳо баён кардааст. Аз ҷумла ӯ дар мавриди нобиноии Рӯдакӣ андешаҳои кӯри модарзод будани шоирро рад намуда, аввал ҳадс мезанад, ки «шояд Устод Рӯдакӣ дар пиронсолӣ гирифтори ягон бемории чашм шуда бошад» [2]. Вале, мутаассифона муаллиф ин андешаи комилан дурустро тақвият надода, дар асоси равояти Наҷотӣ ба хулосае меояд, ки «ба чашмони дардманди сарояндаи орзӯҳои халқ ва муборизи зидди истибдод Рӯдакӣ, бо вуҷуди тирабасирии ӯ, ҷабран мил кашиданд» [2]. Тавре ки мо қаблан ба субут расондем, Рӯдакӣ дар қасидаи маъруфи «Шикоят аз пирӣ», ки бешак аз охирин сурудаҳои шоир аст, ба кӯр карда шуданаш ишорае накардааст [6]. Мулоҳизаҳои А.Афсаҳзод роҷеъ ба миқдори ашъори Рӯдакӣ низ ҷолиб буда, барои дарёфти ҳақиқат мусоидат менамояд. Дар сарчашмаҳо ва асарҳои таҳқиқотӣ миқдори ашъори шоир ба таври гуногун 130 ҳазор байт, 180 ҳазор байт, 800 ҳазор байт ва ниҳоят 1 миллиону сесад ҳазор байт ба қалам дода шудааст. А.Афсаҳзод ҳамаи он андешаҳоро мавриди баррасии амиқ қарор дода, андешаи «беш аз саду ҳаштсад ҳазор, вале камтар аз дусад ҳазор байт шеър гуфтани» [3] шоирро тасдиқ менамоял, ки дарвоқеъ мантиқӣ аст.
Ҷашни 1150-солагии устод Рӯдакӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО соли 2008 баргузор гардид, марҳилае тозаеро дар Рӯдакишиносӣ боз намуд. Ба ин маносибат дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳамоишҳои гкногуни илмӣ ташкил гардида, осори зиёди илмӣ ба табъ расиданд, ки чанде аз онҳо зикр шуд.
Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон», ки 6-7 сентябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе барпо гардид, ҳодисаи муҳиме дар ҳаёти фарҳангии кишвар ва дар Рӯдакишиносӣ буд. Дар ҷаласаи умумии ифтитоҳии симпозиум Президенти Ҷумҳурии Тоҷиктистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ба арзишҳои умумибашарии андешаҳои Рӯдакӣ ва мақоми волои ӯ ишора кард. Дар панҷ бахши ҳамоиш беш аз 120 суханронии илмии муҳаққиқони тоҷику хориҷӣ дар робита ба замон, рӯзгор, осор, андешаву афкор, забону сабк, ҳунару маҳорати суханварӣ ва масоили дигари Рӯдакишиносӣ баррасӣ шуданд. Фишурдаи суханрониҳои симпозиуи ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва русӣ интишор ёфт.
18 июни соли 2008 дар толори Созмони Милали Муттаҳид бо ширкати намояндигони беш аз 190 кишвари ҷаҳон таҷлили 1150-солагии Рӯдакӣ сурат гирифт ки дар он дабири кулли СММ Пан Ги Мун суханронӣ намуд. Дар ин ҳамоиш суханронии Мирзо Муллоаҳмад дар мавзӯи «Рӯдакӣ - шоири бузурги башардӯст» низ шунида шуд. Дар мизи гирде низ, ки дар толори мазкур бо ширкати донишмандони кишварҳои гуногуни олам 19 июни соли 2008 баргузор гардид, низ ӯ суханронӣ кард.
Ба истиқболи ҷашн бо ташаббуси сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар шаҳри Анкараи Туркия ва Тошкенти Ӯзбекистон ҳамоишҳои илмӣ бахшида ба 1150-солагии Рӯдакӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо низ Мирзо Муллоаҳмад суханронӣ намуд. Маводи ҳамоише, ки моҳи августи соли 2008 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Низомии шаҳри Тошкент барпо гардид, дар маҷмӯаи «Одамушшуаро Рӯдакий» ба табъ расиданд. Дар маҷмӯа мақолаҳои А. Қайюмов, Ҳ.Ҳомидий, М.Муллоаҳмад, К. Камолов, Н. Комилов, Б. Тухликв, О.Сафаров, Ҳ. Қудратуллоев, М.Маҳмудов, Қ. Абдуллоев, С. Олимов, Э. Очилов, М. Сулаймонов, Ҳ. Ҷӯраева, Ш. Салимов ва порае аз драмаи С. Удуғзода «Рӯдакӣ» ба забони ӯзбекӣ ҷой дода шудаанд. Дар мақолаҳои маҷмӯа дар баробари бозёфтҳои ҷолиби илмӣ беъзе норасоиҳо низ ба назар мерасанд. Аз ҷумла дар мақолаи С. Одинаев «Мафҳуми «Адабиёти Ватан», сиёсати адабиёт ва муносибати он ба осори Рӯдакӣ» ҳамаи адибонеро, кидар замонҳои пешин дар сарзамини кунунии Ӯзбекистон зиндагӣ кардаанд, ба ин кишвар мансуб донистааст, ки хилофи мантиқ ва ҳақиқати таърихӣ аст. Ӯ на танҳо Паҳлавон Маҳмуд, Собири Тирмизӣ, Асириддини Ахсикатӣ, Исмати Бухороӣ, Носири Бухороӣ, Мушфиқӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, балки Хусрави Деҳлавӣ, Бедил, Зебуннисоро ҳам дар асоси он ки аҷдодашон аз сарзамини имрӯзаи Ӯзбекистон будаанд, «шоирони форсизабони ӯзбек» донистааст [4].
Ҳамоишҳои гуногуни илмӣ ҳамчунин дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Деҳлӣ ва амсоли инҳо баргузор шуданд, ки дар онҳо низ муҳаққиқони тоҷик ширкат намуданд.
Ба муносибати ҷашн ҳамчунин чандин маҷмӯаҳои мақолаҳо ба табъ расиданд, ки муҳимтарини онҳо «Рӯдакӣ: дирӯз ва имрӯз» ва «Рӯдакӣ ва суннатҳои адабии мардумони Осиёи Марказӣ ва Ҳинд» мебошанд. Дар маҷмӯаҳои мазкур бозёфтҳои илмии донишмандони Тоҷикистон, Россия, Франсия, Амрико, Эрон, Ҳиндустон, Булғористон, Ӯзбекистонро дар Рӯдакишиносӣ дар бар мегиранд.
Яке аз муҳимтарин падидаҳои фарҳангӣ, ки ба муносибати ҷашн зуҳур кард, нашри 2 ҷилди «Донишномаи Рӯдакӣ» буд., ки нахустон донишнома роҷеъ ба адибони тоҷику форс мебошад. Дар ин асари ҷамъбастиву дастҷамъӣ, ки беш аз бист ҳазор мақоларо дар бар мегирад, навтарин иттилоот дар бораи замон, рӯзгор, осор, андешаву афкор, забону сабк, тарҷумаву таҳқиқи ашъори шоир ва умуман ҳар чӣ марбут ба Рӯдакист, дарҷ ёфтаанд. Асари мазкур на танҳо арзиши баланди иттилоотиву маърифатӣ дорад, балки дорои аҳамияти бузурги илмӣ буда, барои равшан кардани гӯшаҳои торик ва камтаҳқиқшудаи Рӯдакишиносӣ низ хеле судманд аст. Ин ҳоло охирин асари ҷамъбастӣ дар Рӯдакишиносӣ аст, ки барои таҳқиқи амиқу васеи аҳволу осори Одамушшуаро мусоидат менамояд.
Ҷашни иазкур барои таҳқиқи амиқу пурвусъат ва гуногунҷабҳаи осори боқимондаи шоир мусоидат намуд. Аз ҷумла дар асари набототшиноси тоҷик М.Ҳоҷиматов «Ҳаким Рӯдакӣ» тасвири гулу гиёҳҳо дар ашъори Рӯдакӣ ва муносибати шоир бо илмҳои гуногуни табиатшиносӣ ва тиб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар давраи Истиқлол нашри ашъори устод Рӯдакӣ низ хеле афзуда, матншиносии осори ӯ рушд пайдо кард. Тавре ки зикр карда будем, ҷамъоварӣ ва интишори осори бозмондаи Рӯдакӣ тақрибан аз асри ХУ11 шурӯъ шудааст [7].
Ба муносибати ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён дар соли 1999 ду маҷмӯаи осори Рӯдакӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба нашр расиданд. Дар пешгуфтори муфассали маҷмӯаи «Насими Мӯлиён» мираттиби он Асрори Раҳмонфар «тартибу танзими мероси манзуми Рӯдакиро…ба чаҳор марҳалаи шартӣ» ҷудо мукунад [10] ва роҷеъ ба ҳусну қубҳи корҳои дар ин замина анҷом ёфта изҳори андеша менамояд. Ӯ таъкид мекунад, ки «марҳалаи якум аз ибтидои садаи нуздаҳуи дар кишварҳои Мағрибзамин оғоз гирифтааст» ва Ҳ. Этеро аввалин шахсе медонад, ки ба ин кор даст задааст. Вале тавре ба субут расидааст, ҳанӯз соли 1616 Ҳасани Розӣ ибни Лутфуллоҳи Теҳронӣ аз китобхонаҳои гуногун осори парешони шоирро ҷамъ оварда, бо девони Қатрон муқоиса кардааст. Пас аз ӯ ин иқдомро донишманди дигари эронӣ Ризоқулихони Ҳидоят дар тазкираи маъруфи худ «Маҷмаъулфусаҳо» идома додааст. Асрори Раҳмонфар тартибу танзими осори бозмондаи Рӯдакиро, ки С.Нафисӣ муқаррар карда буд ва мураттибону ноширон онро идома медоданд, шикаста, қасидаҳо, ғазалҳо, марсияҳо, чистонҳо ва қитъаҳоро ба таври ҷудогона дастабандӣ ва танзим кардааст. Ҳарчанд ин дастабандӣ беъзе норасоиҳо дорад, барои муайян кардани анвоъи ашъори боқимондои шоир судманд аст. Китоб дорои шарҳи луғот ва тавзеҳоти муфассал буда, онро метавон нашри хуби оммавӣ донист.
Шодравон Абдулманнони Насриддин солҳои тӯлонӣ ба тартибу танзим ва таҳқиқи матни осори боқимондаи устод Рӯдакӣ машғул шуда, ба муносибати 1100-солагии лавлати Сомониён китоби «Рӯдакӣ (нусха-шиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда)»-ро ба табъ расонд, ки аз ду бахш иборат аст. Бахши аввал ҷустуҷӯйҳои илмии донишмандро дар матншиносии осори Рӯдакӣ дар бар мегирад. Дар ин бахш масъалаҳои муҳимми матншиносии осори боқимондаи Рӯдакӣ амсоли нусхашиносӣ, тасҳеҳи матн, омехташавии осори ӯ бо ашъори шоирони дигар, муайян кардани мансубияти ашъори ӯ ва ғайра баррасӣ шудааст [5].
Дар бахши дувуми китоб, ки «Девони устод Рӯдакӣ» номгузорӣ шуда, матни осори бозмондаи шоирро дар бар мегирад, ҳамаи ашъори то замони таълифи китоб ҷамъовардаи муҳаққиқони кишварҳои гуногун ҷой дода шудаанд. Тавре ки худи муаллифи китоб менависад, «бунёди ин нашрро «Девони Рӯдакии Самарқандӣ»-бар асоси нусхаи Саид Нафисӣ, И. Брагинский.Теҳрон, 1373 ташкил додаст» [1]. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки А.Насриддин дар зери ҳар шеъру байтҳои пароканда маъхази онҳоро зикр намудааст, ки ин раҳнамои хубест барои мураттаб кардани матни илмиву интиқодии осори шоир. Дар воқеъ китоби мазкур барои омода кардани матни саҳеҳи илмиву интиқодии осори бозмондаи Рӯдакӣ заминаи назариявӣ ва амалӣ фароҳам овард.
«Девон»-и Рӯдакӣ, ки бо тасҳеҳу тавзеҳоти Қодири Рустам дар шаҳри Олмотӣ соли 2007 ба истиқоли 1150-солагии шоир ба табъ расид, иқдоми тоза ва шоистае дар нашри матни осори боқимондаи Одамушшуаро буд. Қодири Рустам дар таҳияи матни девон хеле заҳмат кашида, ба ислоҳи чандин нуқсоне, ки дар нашрҳои гуногуни осори шоир ҷой доштанд, муваффақ шудааст. Иқдоми ӯ дар ҳалли масъалаҳои интисоби байтҳо ба Рӯдакӣ ва шоирони дигар, нусхабадалҳо ва ихтилоф дар шарҳи вожаҳои ашъори шоир, ки дар сарсухани китоб батафсил баён шидааст, шоистаи давом додан аст. Бахши «Ҳошия ва таълиқот»-и китоб низ хеле муфассал ва муфид буда, шарҳи масъалаи интисоби ашъори шоирони дигар ба Рӯдакӣ, вожаву истилоҳоти гуногуни дар матни девон ҷой доштаро дар бар мегирад [9]. Девони мазкур борҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон низ чоп шудааст.
Бо қарор ва пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри осори 50-ҷилдаи суханварони гузаштаву муосири тоҷик дар силсилаи «Ахтарони адаб» шурӯъ шуд, ки ҳодисаи муҳимме дар ҳаёти фарҳангии кишвар маҳсуб мешавад. Ин силсила бо нашри «Ашъор»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз ёфт. Дар пешгуфтори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Ганҷинаи бегазанд» ба арзишҳои адабиву маънавии мероси фарҳангии мардуми тоҷик ишора шуда, зарурати таҳқиқу нашри онҳо таъкид гардидааст. Мақолаи Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – поягузори адабиёти форс-тоҷик» хонандаро бо муҳимтарин лаҳзаҳои рӯзгору осор ва афкори шоир ошно менамояд. Мураттибон тартиби аз рӯи анвоъи шеърҳо муқаррар кардаи Саид Нафисиро шикаста, шеърҳо ва байтҳои парокандаро дар асоси тартиби алифбои арабӣ дар охири байтҳо овардаанд, ки ба назори мо дуруст нест. Зеро тартиби алифбои кириллии мо аз форсӣ фарқ мекунад.
Соли 2008 ба муносибати ҷашни 1150-солагии Рӯдакӣ чандин маҷмӯаи осори шоир ба табъ расид. Аз ҷумла Бунёди байналмилалии забони тоҷикии форсӣ бо кӯшиши Усмон Назир «Девон»-и Рӯдакиро интишор дод, ки бо Пкёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ оғоз меёбад. Тавре ки дар муқаддимаи китоб омадааст, матни девон дар асоси нашрҳои пешин, ки дар Теҳрон, Душанбе, Маскав ва Олмотӣ омода гардида, «барои ҳамагон таҳия шудааст» [8]. Дар муқаддимаи китоб, ки «Устод Рӯдакӣ – римзи ҷовидонаи миллоти фарҳангсози тоҷик» унвон дорад, шарҳи ҳоли шоир ва муҳимтарин корҳое, ки дар таҳқиқу нашри осори шоир анҷом ёфтаанд, баён шудаанд. Дар муқаддимиаи мазкур баъзе нуктаҳои баҳснок ба назар мерасанд. Аз ҷумла муаллиф таъкид мекунад, ки аз Рӯдакӣ «се қасидаи том» ба мо расидааст [8]. Дар ҳоле ки то имрӯз ду қасидаи томи шоир – «Модари май» ва «Шикоят аз пирӣ» маълум аст. Агар манзури муаллифм муқаддима шеъри «Баҳория» бошад, он тағаззули қасида буда, мутаассифона, то ҳол қисматҳои дигари он пайдо нашудааст. Шеъри машҳури Рӯдакӣ «Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме» ғазал номида шудааст. Аввалан шеъри мазкур дар аксари сарчашмаҳо мисли «Чаҳор мақолаи Низоми Арӯзии Самарқандӣ, «Лубобулалбоб»-и Муҳаммад Авфӣ қасида шуморида шудааст. Сониян баъзе муҳаққиқон, аз ҷумла О.Хоҷамуродов онро тасниф номидааст, ки ба назари мо дуруст аст.
Ба муносибати ҷашни 1150-солагии Рӯдакӣ ниҳоят бо кӯшиши Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ матни илмиву интиқодии «Девони ашъори Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ» бо ҳуруфи форсӣ дар чопхонаи «Пайванд»-и Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба табъ расид. Китоб бо пешгуфтори Алиасғари Шеърдӯст ва мақолаҳои Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ шурӯъ мешавад, ки дар онҳо роҷеъ ба мақому шуҳрати ҷахонии Рӯдакӣ, тадқиқу нашри осори боқимондаи шоир ва тартибу танзими девони мазкур сухан рафтааст.
Тавре ки худи мураттибон таъкид кардаанд, ин «аввалин маҷмӯаи осори бозмондаи шоир аст, ки аз рӯи усул ва талаботи илми матншиносӣ таҳия шудааст». [8] Китоб дар асоси матни омодакардаи Саид Нафисӣ ва бозёфтхои нави муҳаққиқони кишварҳои гуногун таҳия гардидааст. Аз ишораи муратибон маълум мегардад, ки онҳо аз бозёфтҳои Алиашрафи Содиқӣ ва С.Шаҳобиддинов истифода кардаанд, вале бозёфтҳои Сипонлу ва баъзе дигарҳо аз назарашон афтодааст. Аз ин рӯ, ҳоло наметавон матни девони мазкурро комил шуморид ва муҳаққиқонро зарур аст, ки ҷустуҷӯро дар ҷамъовариву тасҳеҳи ашъори шоир идома диҳанд. Аммо сабабу ҳадафи дар поёни китоб илова шудани «навишти лотинӣ дар асоси алифбои туркӣ» маълум нест.
Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ҳамчунин «Ашъори мунтахаби Рӯдакӣ»-ро барои мактабиён дар силсилаи «Китобхонаи мактаб»-и нашриёти «Маориф ва фарҳанг» нашр намуданд. Силсила мақолаҳои Алии Муҳаммадии Хуросонӣ «Нашрҳои осори бозмондаи устод Рӯдакӣ дар Тоҷикистон» (Маҷ. «Тоҷикистон», №1-2, 2008.-С.24-27), «Андешаҳо атрофии матншиносии ашъори бозмондаи Рӯдакӣ ва тасҳеҳи он» (Маҷ. «Хизонаи пурганҷ». –Теҳрон, 1387 (2009).- С.29-31), «Сарчашмаҳои қаламии қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» (Рӯз. «Ҷумҳурият», 21.09.2013.-С.3) ва ғ. ҳадафмандона навишта шудаанд.
Ба муносибати ҷашни мазкур ду тӯҳфаи зебо – китоби мусаввари «Шеърҳо»-и Рӯдакӣ бо сифати хеле хуб ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ чоп шуданд, ки барои тарғиби осори шоир судманданд. Ҳамчунин парду андарзҳои ҳакмонаи Одамушшуаро ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расиданд, арзиши баланди тарбиявӣ доранд. Дар шинохту тарғиби осори шоир тарҷума ва чопи асари И.С. Брагинский «Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ» ва А. Тоҳирҷонов «Рӯдакӣ. Рӯзгор ва осор. Таърихи таҳқиқ» ба забони тоҷикӣ низ асар гузоштанд. Як зумра асарҳои муҳаққиқони тоҷик, ки ба Рудакӣ бахшида шудаанд, дар кишварҳои хориҷӣ ҳам интишор ёфтанд.Аз ҷумла тарҷумаи асари А.Тоҳирҷонов «Рӯдакӣ…»-ро интишороти маъруфи Эрон «Амири Кабир» ду бор ба табъ расонд, «Андарзномаи Рӯдакӣ» дар интишороти ЭКО-и Эрон, «Перомуни Рӯдакӣ ва Рӯдакишиносон» дар интишороти «Илмӣ ва фарҳангӣ»-и Эронбо сифати баланд ба нашр расиданд. Дар нашриёти «Художественная литература»-и Маскав маҷмуаҳои дастҷамъии «Дурдонаҳои уқёнуси назм» ва «Назми ҳикмат ва муҳаббат» ба забони русӣ интишор ёфтанд, ки бахши умдаи онҳо ба Рӯдакӣ ва осори ӯ бахшида шудаанд.
Дар давраи Истиқлол низ ситоиши Рӯдакӣ дар ашъори шоирон рушд пайдо кард. Адибон суннатҳои С. Улуғзода ва Б. Кимёгаровро, ки бо филми «Қисмати шоир» шуҳрати ҷаҳонии Рӯдакиро бештар карда буданд, идоми дода,барои офаридани симои шоир саъй намуданд. Аз ҷумла дар романи Равшани Ёрмуҳаммад «Ишқи Рӯдакӣ», драмаи Ғаюр Ашӯри Растагор «Рӯдакӣ дар Самарқанд ё офтоб омад далели офтоб» лаҳзаҳои муҳимму пурмоҷарои рӯзгри шиор тасвир шудаанд.
Ҳоло муҳаққиқон дар муассисаҳои гуногуни илмиву таълимӣ амсоли Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, кафедраи таърихи адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти таърихи АИ ҶТ, кафедраи таърихи адабиёти донишгоҳҳои омӯзгорӣ ба Рӯдакишиносӣ машғуланд. Ҳамчунин аз соли 1999 маркази нави ғайридавлатии Бунёди Рӯдакӣ амал мекунад
Тавре ки мебинем, дар давраи Истиқлол дар Рӯдакишиносӣ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд.Вале ба назари мо ин барои шинохти Одамушшуаро басанда нест. Мо бояд пеш аз ҳама нусхаҳои хаттиии китобхонаҳои гуногуни олам, ба хусус Ҳиндустону Покистон ва Туркияву Муғулистонро ба таври ҷиддӣ баррасӣ намуда, ашъори парешони шоирро ҷамъоварӣ намоем ва барои пайдо кардани девони аслии шоир кӯшиши лозим ба харҷ диҳем. Ҳамчунин осори боқимондаи шоир бояд ба таври амиқ таҳқиқ шавад, рози бузургии шоир ва мондагории осори ӯ ошкор гардад. Бо мақсади густариши корҳои ҷамъоварӣ, таҳқиқу тарғиби ашъору осори шоир таъсиси як маркази илмии байналмилалии Рӯдакишиносӣ зарур аст. Рӯдакӣ, тавре устод Садриддин Айнӣ таъкид карда буд, мояи ифтихори тоҷикон аст, из ин рӯ мо бояд дар накӯдошту шинохти ӯ ва нашру тарғиби осораш чизеро дареғ надорем.
Мирзо Муллоаҳмад
Адабиёт
- Абдулманнони Насруддин. Рӯдакӣ (насхашмносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда / Н.Абдулманнони. -Хуҷанд, 1999.
- Афсаҳзод А. Одамушшуаро Рӯдакӣ/А. Афсаҳзод. -Душанбе, 2003.
- Афсаҳзод А. Одамушшуаро Рӯдакӣ/ А. Афсаҳзод - Душанбе, 2008. –С.190.
- Афсаҳзод А. Одамушшуаро Рӯдакиӣ / А. Афсаҳзод - Тошкент, 2008, -С.83.
- Дар бораи арзишҳои ин китоб ба таври муфассал дар мақолаи зейл сухан рафтааст: М.Муллоаҳмад. Рӯдакишиносӣ дар чашмандози илмии Абдулманнони Насриддин. Дар маҷм. «Офтоби маърифат». «Ношир», 2015. -С. 296 – 302.
- Муллоаҳмад М. Бори дигар дар бораи нобиноии Рӯдакӣ. Дар китоби М.Муллоаҳмад. Рӯдакӣ ва Рӯдакишиносон /М. Муллоаҳмад. -Душанбе: Адиб, 2012. –С.86-87.
- Роҷеъ ба ҷамъоварӣ ва нашри осори Рӯдакӣ то давраи Истиқлол .ниг.: Рӯдакӣ. Насими Мӯлиён, Душанбе: Адиб, 1999. -С. 5-39; Абдулманнони Насруддин. Рӯдакӣ (нусхашиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда), Хуҷанд, 1999. -С. 19 – 40; М.Муллоаҳмад. Рӯдакӣ ва Рӯдакишиносон. -Душанбе: Адиб, 2012. -С. 6-16.
- Рӯдакӣ. Девон, таҳия, муаллифи сарсухан ва луғат Усмон Назир / Рӯдакӣ. - Душанбе, 2008.-С. 35.
- Рӯдакӣ. Девон. Таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам / Рӯдакӣ. -Олмотӣ, 2007.
- Рӯдакӣ. Насими Мӯлиён Рӯдакӣ. - Душанбе: Адиб, 1999, саҳ. 11.
- Субҳон Амирзода. Устод Рӯдакӣ аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ / С. Амирзода. -Душанбе, 2015.
- Субҳон Амирзода. Падидаи нодир/С. Амирзода. - Душанбе: Адиб, 2008.
- Субҳони Амир. Рӯдакӣ – падидаи нодир ва ҷаҳонии твмаддуни аҳди Соcониён / С. Амир. -Душанбе, 1999.