Мутобиқи реҷаи барномавӣ, маҳфили илмӣ ва фарҳангӣ-ҳунарӣ аз ду бахш – бахши табрикотию илмӣ (суханрониҳои ифтитоҳию табрикотӣ ва гузориши илмӣ-ихтисосӣ) ва бахши адабӣ-ҳунарӣ (уханрониҳои хотиротӣ, қироати ашъор ва иҷрои зиндаи суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир) таркиб ёфта, бар мабнои барномарезии ҷолиби ихтисосӣ дар сатҳи баланди ташкилию илмию маданӣ ҷараён гирифт. Маҳфилро Зебонисо Малахова гардонандагӣ кард.
Дар бахши табрикотию илмии маҳфил сухани ифтитоҳии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтзода, сухани табрикии раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон профессор Қосимшо Искандаров, шодбошии муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода мавриди истимоъ қарор гирифта, баъдан гузориши илмӣ-ихтисосии ҳунарманди машҳури Афғонистонӣ Ваҳид Қосимӣ дар мавзуи “Аҳмад Зоҳир: зиндагии эҷодӣ, вежагиҳои ҳирфаӣ ва мушаххасоти ҳунарӣ” шунида шуд (зимнан, устод Ваҳид Қосимӣ бо ҳузури навозандагон чанд таронаву суруди Аҳмад Зоҳир ба таври зинда иҷро кард). Пасон, суханрониҳои ёддоштӣ-хотиротии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, донишманд, шоиру сиёсатмадори Афғонистон Муҳаммад Ёрманд, санъатшиноси матраҳи миллӣ, доктори саннъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ ва ҳунарнамоии Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан ва Мастона Эргаш ва амсоли инҳо шунида шуда, дар байни ҳар як суханронии хотиротӣ як таронае дар иҷрои зиндаи мухлисони Аҳмад Зоҳир бо шумули Каримҷон Мизонзода (ҳаводори суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз Дарвоз), овозхони ҷавону умедбахш Фирӯзаи Тоҳир мавриди истимоъи ҳозирини маҳфил қарор гирифт.
Ба ин тартиб, маҳфили илмӣ ва фарҳангӣ-ҳунариро гардонанда Зебонисо Малахова бо ашъори зебо ва такаллуми отифии ҷашнӣ оғоз карда, сухани ифтитоҳиро ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт вогузошт. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни сухани ифтитоҳӣ, аз ҷумла ишора фармуд, ки: “Савту навои хуш ва оҳангу садои гӯшнавоз, ки дар пардаи шеъру мусиқӣ мунсаҷим мешаванд, мардумро аз ҳар гӯшаву каноре даври ҳам ҷамъ меоваранд ва тантанаи дӯстию ҳамбастагиро таъмин месозанд. Аз тариқи шунидани созу оҳангу навою садои марғуб инсонҳо на танҳо қалбан таскин меёбанд, балки ба зиндагӣ дилгарм шуда, дар ҳавои шеъру мусиқӣ худро дарёфта, ҳамдигарро шинохта, эҳсоси ҳамдардӣ карда, даври ҳам ҷамъ омада, саранҷом ба ваҳдати куллӣ мерасанд. Ин аст, ки шеъру мусиқӣ ҷаҳонро тағйир ва дигаргуна мекунад ва шароити дӯстию ҳамбастагиро фароҳам меоварад. Мусиқии ҳирфаӣ, ки қалбҳоро ба шӯр оварда, эҳсоси истиқлолро дар вуҷуди инсонӣ туғён мебахшад, бемуҳобот, дар савту наво ва овозу садои ноткрори хунёгари маъруфи Шарқ Аҳмад Зоҳир зуҳур кардааст. Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар нимаи аввали моҳи июн, махсусан, санаи 14 июн, ки ҳам рӯзи таваллуд ва ҳам рӯзи даргузашти овозхони шаҳри Шарқ Аҳмад Зоҳир аст, доираҳои вежаи фарҳангию ҳунарӣ дар қолиби маҳфилу нишастҳо аз ин ҳунарманди нотакрор тамҷид мекунанду ёди ӯро гиромӣ медоранд. Маҳфили имрӯзаи мо ҳам, ки дар доираи ҳамкориҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон баргузор мегардад, ба 79-солагии хунёгари Шарқ Аҳмад Зоҳир ихтисос ёфтааст. Аҳмад Зоҳир 14 июни соли 1946 дар Кобул зода шуда, 14 июни соли 1979 ҳамагӣ дар синни 33-солагӣ аз дунё чашм пӯшидааст. Овозхони шаҳири Шарқ ҳамагӣ 33 сол зистааст, аммо барои чандин асру замон суруду таронаҳои ҷовиду мондагор эҷоду сабт кардаву ба мерос гузоштааст”. Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон профессор Қосимшоҳ Искандаров зимни суханронӣ бар он ишора фармуд, ки аз равобити дӯстию ҳамбастагии мардуми Тоҷикистону Афғонистон 65 сол сипарӣ шудааст ва тайи ин солҳо мардуми ду сӯғйи Омӯ бештар ба ҳам муттаҳид гардида, бо ибтикороти созандаи мутақобила сатҳи равобитро боло бурдаанд.
Баъдан, бо такя ба барномаи маҳфил, гардонанда батартиб суханро ба гузоришгари асосӣ вогузошт ва дар ин замина, ҳунарманди машҳури Афғонистонӣ Ваҳид Қосимӣ дар мавзуи “Аҳмад Зоҳир: зиндагии эҷодӣ, вежагиҳои ҳирфаӣ ва мушаххасоти ҳунарӣ” суханроии ҷолиби ихтисосӣ анҷом дода, аз ҷумла тазаккур дод, ки суруду тарона ва оҳангҳои Аҳмад Зоҳир нгтакроранд ва солҳои сол дили мардуми пешқадами минтақаро гарм нигоҳ медоранд.
Гардонандаи маҳфил Зебонисо Малахова бахши адабӣ-ҳунарии маҳфилро эълом дошт. Бахши ёддоштӣ-хотиротӣ ва адабӣ-ҳунарии маҳфил бо суханрониҳои Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, донишманд, шоиру сиёсатмадори Афғонистон Муҳаммад Ёрманд, санъатшиноси матраҳи миллӣ, доктори саннъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ, ҳунарнамоии Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасану Мастона Эргаш ҷараён гирифта, дар байни ҳар як суханронии хотиротӣ як таронае дар иҷрои зиндаи ҳаводорони Аҳмад Зоҳир бо шумули Каримҷон Мизонзода (ҳаводори суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз Дарвоз), овозхони ҷавону умедбахш Фирӯзаи Тоҳир ва дигарон манзур гардид. Махсусан, суруду таронаҳо дар иҷрои Ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодон Файзалӣ Ҳасан ва Мастона Эргаш, Мизонзода Каримҷон, ҳунарманди овозадори Хуросонӣ устод Ваҳид Қосимӣ маҳфилро рангу ҳусни тоза бахшиданд.
Ниҳоят, дар бахши ихтитомии маҳфил бо таваҷҷуҳ ба пешниҳодоти ҳозирини маҳфил ва бо такя ба хидматҳои бедареғи Аҳмад Зоҳир дар самти мусиқии Шарқӣ, ба хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳир лақаб-нисбаи “Устураи мусиқии Шарқ” эҳдо гардид.
Ба таври куллӣ, маҳфили илмӣ ва фарҳангӣ-ҳунарии “Садои дӯстӣ ва қаламрави ҳамбастагӣ”, ки ба ифтихори 65-солагии таъсиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва 79-умин солгарди хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳир созмон ёфта буд, дар сатҳи баланди илмию фарҳангию эҷодӣ ҷараён гирифт ва метавон гуфт, ки шароити мусоиди ифтихорофаринии миллӣ, аз як тараф ва василаи баҳамойиву ҳамбастагиро, аз тарафи дигар, фароҳам овард. Дар охири гузориш пораи манзумеро, ки ба ифтихори солрӯзи Аҳмад Зоҳир иншо кардаем, изофа мекунем.
Садои ту садои дӯстию ошноиҳо
(ба ифтихори 79-умин солгарди хунёгари бузурги Шарқ Аҳмад Зоҳир)
Тавони сеҳри савту сози ӯ дар пардаи соҳир,
Кунад ҷоду ҳазорон қалбро хунёгари моҳир,
Занад барҳам сукути зиндагӣ бевақфа-беохир,
Садои Аҳмади Зоҳир!
Қадам бигзоштӣ бар роҳи ишқу меҳрафзоӣ,
Ба сӯйи меҳрубонӣ бо дили пуршӯру савдоӣ,
Ҳама бори гарони ғуссаву ғамҳои дунёӣ
Кашидӣ бас ба танҳоӣ!
Ба савту созу оҳангу садои ноби аҷдодӣ,
Навои Шарқу Ғарб омехтӣ дар тарҳи эҷодӣ,
Раҳидӣ аз қафас – аз банди ғам, ай мазҳари шодӣ,
Намоду рамзи озодӣ!
Агарчи дар ҷавониҳо хазон гашта баҳори ту,
Агарчи холӣ аз шӯру шарар мулку диёри ту,
Зиёратгоҳи аҳли дил шудаст, аммо мазори ту,
Мазори хоксори ту!
Садои ту садои дӯстию ошноиҳо,
Садои эътироз аз душманию бевафоиҳо,
Садои дил, суруди васлати аз ҳам ҷудоиҳо,
Паёми ҳамсадоиҳо!
Туӣ устураи мусиқии давру замони мо,
Ҳам он “Алмоси Шарқ” андар ҷаҳони бекарони мо,
Ба поси хотират гирд омада пиру ҷавони мо
Ва ҷамъи ҳамзабони мо.
Ва то шавқу нишоту шӯру исёнҳои офоқист,
Ҳамеша Аҳмади Зоҳир ба базми нӯши мо соқист,
Ки то ин зиндагӣ бар рағми зулмат нуру ишроқист,
Суруду савти ӯ боқист!
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон