JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

     Албатта, бо исми оҳангсоз, муҳаққиқ, донишманди мусиқишинос, муаллим ва зиёии миллӣ Ҷӯрахон Обидпур (мутаваллиди соли 1940) аз дер боз ошноем ва ҳангоми дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (ҳозира Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода) фаъолият кардан, муколимаву гуфтугӯҳоро дар робита бо ин шахсияти матраҳи фарҳангу ҳунари ватанӣ мешунидем ва гоҳ-гоҳе худи устодро ҳам аз дур медидем. Вале шахсан бо ӯ ошноӣ надоштем. Мушаххасан, ошноии мо бо профессор Ҷӯрахон Обидпур аз моҳи декабри соли 2017 (дақиқтараш, аз 25 декабри соли 2017) шуруъ шудааст: дуруст, замоне ки дар доираи як сафари корӣ ҷиҳати ошноӣ бо вазъи фарҳангу ҳунари минтақа ба маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар) рафтем ва ҳангоми дидан кардан аз мактаби мусиқии шаҳри Қурғонтеппа бо ҳукми тасодуф бо устод Ҷӯрахон Обидпур, ки ҳамроҳи як гурӯҳи кории Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзишу санҷиши вазъи таълимӣ-тадрисӣ ва ташкилию эҷодии муассисоти фарҳангӣ-фароғатӣ ба минтақа ташриф оварда буд, ошно шудем.

    2 май ҷашни мелоди Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир ва сиёсатмадори бузурги садаи бисти тоҷик, устод Мирзо Турсунзода аст. Қаблан, зодрӯзи ин шахсияти нотакрори адабиёту фарҳангу сиёсати ватаниро барои кулли алоқамандону фарҳангиёну зиёиёни миллӣ табрик мегӯем.

     Зимнан, дар имтидоди садаи бист, ки ба унвони давраи таҳаввулоти ҷиддии сиёсӣ, мафкуравӣ, илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шинохта шудааст, дар маҳдудаи таърихи ватанӣ мо бо чеҳраҳои таъсиргузору мондагори миллию сиёсие назири устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафур ва Мирзо Турсунзода дучор меоем, ки бо ҷаҳду талошҳои фаровон на танҳо дар рушду нумуви адабу фарҳангу сиёсати тоҷик саҳми асосӣ гузоштаанд, балки дар радифи шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.

Якшанбе, 04 Майи 2025 01:00

Навиди фараҳбахши фарҳангӣ

   Имрӯз – 2 май зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода аст. Ҳамзамон, бо зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон ва ба муносибати 114-умин солгарди таваллуди шоири ширинсухан китоби муҳаққиқу адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода-ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар нашриёти “Дониш” аз чоп баромад.

Дипломатияи муваффақ пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷии як давлат, қобилияти дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва кушодани уфуқҳои нав дар сиёсати хориҷӣ мебошад. Дар илмҳои сиёсӣ пешбурди дипломатияи муваффақ — ин таҳлил, баррасӣ ва бартараф намудани тамоми ҷанбаҳои мушкилоте аст, ки дар раванди пешбурди сиёсати хориҷӣ монеа мегарданд. Аз ин рӯ, дипломатия дар муносибатҳои байнидавлатӣ нақши муҳим дошта, яке аз роҳҳои пурмаҳсули гуфтушунидҳои байнидавлатӣ дар иҷрои вазифаҳои сиёсӣ ва ҳалли мушкилот мебошад. Дастоварди асосӣ дар дипломатияи муваффақ — ин дониш, таҷриба ва кӯшишҳои ҳадафмандона барои ҳифзи манфиатҳои миллии як давлат ба шумор меравад.

Саҳифа аз 1 то 196