JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Якшанбе, 04 Майи 2025 01:00

Навиди фараҳбахши фарҳангӣ

   Имрӯз – 2 май зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода аст. Ҳамзамон, бо зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон ва ба муносибати 114-умин солгарди таваллуди шоири ширинсухан китоби муҳаққиқу адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода-ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар нашриёти “Дониш” аз чоп баромад.

Дипломатияи муваффақ пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷии як давлат, қобилияти дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва кушодани уфуқҳои нав дар сиёсати хориҷӣ мебошад. Дар илмҳои сиёсӣ пешбурди дипломатияи муваффақ — ин таҳлил, баррасӣ ва бартараф намудани тамоми ҷанбаҳои мушкилоте аст, ки дар раванди пешбурди сиёсати хориҷӣ монеа мегарданд. Аз ин рӯ, дипломатия дар муносибатҳои байнидавлатӣ нақши муҳим дошта, яке аз роҳҳои пурмаҳсули гуфтушунидҳои байнидавлатӣ дар иҷрои вазифаҳои сиёсӣ ва ҳалли мушкилот мебошад. Дастоварди асосӣ дар дипломатияи муваффақ — ин дониш, таҷриба ва кӯшишҳои ҳадафмандона барои ҳифзи манфиатҳои миллии як давлат ба шумор меравад.

      Накуйи расму роҳу пешаи мост,

    Хирад парвардаи андешаи мост.

       Дар миёни аъзои хориҷии Маҳфили “Ҷаҳони андеша” Лолаи чинитабор (исми комили чиниаш Ши Сяоюй) ҷавонтарин маҳсуб мешавад. Новобаста ба он ки ҷавони серкор ҳасту масруфиёти зиёди корию таҳсилию ҷамъиятӣ дорад, имкон пайдо карда, ба дидори аъзои ҳамешагии Маҳфил меояд ва аз тариқи ибтикороти мунҳасир ба фардаш мақому ҷойгоҳи сазовор дарёфтааст.

Саҳифа аз 3 то 197