Пеш аз ҳама, бо истифода аз фурсати муносиб, Рӯзи устод Рӯдакиро, тибқи муқаррарот, 22 сентябр таҷлил мегардад, барои кулли тоҷикону форсизабонон ва ихлосмандони шеъру адабу фарҳанги ориёӣ шодбош мегӯям. Воқеан, устод Рӯдакӣ ба унвони поягузори адабиёти классикии форсу тоҷик на танҳо дар шаклгирию ривоҷи шеъри форсии тоҷикӣ, балки дар тадовуми ҳикмату фалсафаи ориёӣ, таҳкими арзишҳои гузаштаи аҷдодӣ ва таҳаввули андешаи миллӣ дар давра ва шароити хоси таърихӣ саҳми асосӣ гузоштааст. Аз ин ҷост, ки бо гирифтани исми устод Рӯдакӣ мо на танҳо шеъру адабиёту забон, балки кулли фарҳанги замонро дар назар мегирем ва дар ойинаи…