JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Имрӯз аҳли фарҳангу ҳунар, мухлисону шогирдон ёдбуди ӯро қайд мекунанд. Аммо ёдбуди Давлатманд ду сол қабл, ҳанӯз аз навҳаи ҷонсӯзи писараш Лоиқшо, ки дар рӯзи мотами падари бузургвораш баланд шуда буд, оғоз гардида буд, зеро айнан ҳамон лаҳза ҳамаи мо, ҳамаи мардуми Тоҷикистон ногаҳон эҳсос кардем, ки дар пайкари фарҳанги муосири миллат, дар дунёи пурҳарорати суруду мусиқии тоҷик чи тарқише пайдо шуд. Ва худи ҳамон соат ҳис кардем, ки дар нолаҳои Лоиқшо, дар ҳар як рагу пайи ӯ хуни падар, дар садояш садои падар, дар дилаш меҳри ҳунар маъво дорад ва ин андаке таскини диламон…
Ҷумъа, 31 Октябри 2025 11:52

Матншиноси миллӣ ва шеъри иҷтимоӣ

Муаллиф:
(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ-эҷодӣ таҳти унвони “Матншиносии миллӣ ва шеъри муосири иҷтимоӣ” ба муносибати 55-солагии фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ ва рӯнамоии китоби тозанашри “Чархи Истиқлол” (Девони ашъор)-и матншинос, адабиётшинос ва шоири муосири миллӣ, мудири Шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттии Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ) Солҳои ахир гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмӣ ва илмӣ-эҷодӣ дар муҳити академӣ ба ҳукми анъана даромадааст, бахусус пас аз таъсиси маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нафарони зиёде аз ҷумлаи олимону муҳаққиқон ва адибону рӯшангарони муосири ватанию миллӣ аз минбари маҳфил…
Илми арабшиносии тоҷик ба мафҳуми академии он баъд аз таъсиси шуъбаи арабӣ ва кафедраи арабӣ дар назди факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) соли 1958 оғоз шуда, солҳои 70-уми қарни ХХ аввалин арабшиносони тоҷик, ки дар соҳаи филологияи арабӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд – Ҳ.К.Мӯминов, К.Мусофиров, Ф. Деҳотӣ, Н.Қаҳҳорова, С. Шукроева ва Т.Бердиева, ки ҳама фориғуттаҳсилони шуъбаи арабии Донишгоҳ буданд.
Дӯсту бародари гиромӣ Меҳрдод Субҳонӣ, хабари ба Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ сазовор гардиданатонро шунида, бениҳоят хушҳол шудем. На танҳо хушҳол аз онем, ки ҷавони баномусу донишманду меҳандӯсти тоҷик дар симои Меҳрдод Субҳонӣ сазовори Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ гардидааст, балки аз он меболем, ки мавсуф дар арсаи байналмилалӣ илми тоҷикро муваффақона муаррифӣ карда, бо заҳмату талошҳои фаровони илмию эҷодӣ миёни доираҳои илмию фаннии минтақавию Осиёӣ соҳибэҳтиром шудааст.