JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар гоҳшумории расмӣ имрӯз – 23-юми феврал ба унвони Рӯзи Артиши миллӣ шинохта мешавад ва ин рӯзро минҳайси Рӯзи мардонагӣ, ҷасорат, шуҷоат, далерӣ, меҳандӯстӣ, ватанпарастӣ ва ғуруру сарбаландӣ ҳамагон дар қаламрави Тоҷикистони азиз ҷашн мегиранд ва бо табрикоту таманниёти сарбозони Ватанро шодбош мегӯянд. Мо ҳам, бо истифода аз фурсат, ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ сарбозону афсарон ва кулли артишиёни Ватанро самимона шодбош мегӯем.
Алӣ Муҳаммадии ХУРОСОНӢ рӯзи 29-уми октябри соли 1950 дар деҳаи Нигноти Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент, дар оилаи омӯзгори маъруфу зиндаёд Муҳаммадии Аҳмади Зариф таваллуд шудааст. Маврид ба зикр аст, ки зиндаёд 104-соли расо умр дида, дар давраҳои маҳви бесаводӣ мавсуф дар минтақаҳои дурдасти кишварамон ҳамчун омӯзгори маъруф кору фаъолияти мондагор ба сомон расонидаанд.
(Мулоҳизоти куллӣ дар қолиби паёми шодбошӣ ба ифтихори 50-умин солгарди пажуҳишгар, донишманд ва рӯшангари варзидаи миллӣ Исомиддин Шарифзодаи гиромӣ) Имрӯз – 11-уми ноябри соли 2025 солрӯз ва ҷашни 50-солагии мелоди дӯст ва бародари хирадгаро ва заҳматқарини мо Исомиддин Шарифзода аст. Дар ин рӯз дӯстону ҳампешагон табрикоту таманниёти самимонаи худро ба Шарифзодаи гиромӣ арз медоранд ва имрӯз, дақиқан, ин лаҳзаҳо фарзанди содиқу барӯманди миллат Исомиддин Шарифзода 50-умин солгарди таваллудашро истиқбол мегирад. Сипардани пайроҳаи пурпечутоби нимасраи зиндагӣ ба назар саҳлу осон менамояд, вале дар асл, як марҳилаи мушаххасти таърихист, ки бо шебу фароз, комёбию нокомӣ, пастию баландӣ,…
Имрӯз аҳли фарҳангу ҳунар, мухлисону шогирдон ёдбуди ӯро қайд мекунанд. Аммо ёдбуди Давлатманд ду сол қабл, ҳанӯз аз навҳаи ҷонсӯзи писараш Лоиқшо, ки дар рӯзи мотами падари бузургвораш баланд шуда буд, оғоз гардида буд, зеро айнан ҳамон лаҳза ҳамаи мо, ҳамаи мардуми Тоҷикистон ногаҳон эҳсос кардем, ки дар пайкари фарҳанги муосири миллат, дар дунёи пурҳарорати суруду мусиқии тоҷик чи тарқише пайдо шуд. Ва худи ҳамон соат ҳис кардем, ки дар нолаҳои Лоиқшо, дар ҳар як рагу пайи ӯ хуни падар, дар садояш садои падар, дар дилаш меҳри ҳунар маъво дорад ва ин андаке таскини диламон…
Саҳифа аз 1 то 57