Хуб дар хотир дорам, ки зимни яке аз вохӯриҳояшон Муҳаммадии Аҳмад ба мо мактаббачагон нақл карда буданд, ки он касро аз зодгоҳашон - деҳаи Никноти шариф, ибтидои моҳи сентябри соли 1938 ҷавони навраси ҳамагӣ 24-соларо ҳуҷҷати омӯзгорӣ дар ҷайб аз Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакенти вилояти Ленинобод, рӯзе бо гурӯҳи калони ҷавонмуаллимон тавассути аробаи дучарха ба истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Самарқанд, яъне ба самти шаҳри Сталинобод - пойтахти мамлакат сафарбар намуданд...
Баъди чанд рӯзи тӯлонӣ ва баробари расидани ҳайати омӯзгорон ба пойтахти мамлакат, гурӯҳи омӯзгоронро намояндагони Коммисариати халқии маорифи ҷумҳурӣ пазироӣ карда, пас аз 3-рӯз онҳоро бо роҳхат ба водии Қаротегин барои таълиму тадриси мактаббачагон фиристоданд.
Он айём Ғарм, ки вилояти алоҳида маҳсуб меёфт, роҳи Сталинобод – Ғарм мисли имрӯза ободу зебо ва шаффофу тахту мумфарш не, балки басо ҳам пурпечутоб, ноҳамвор ва пур аз чангу ғубору азобу уқубати зиёде буд.
Зимни расидани гурӯҳи омӯзгорон, масъулини Шуъбаи маорифи вилояти Ғарм омӯзгори ҷавон ва болаёқат Муҳаммадии Аҳмадро ба мактаби миёнаи деҳаи Қочони болои Ҷамоати Навдӣ ба кор фиристоданд, ки мактаби мазкур он вақт ҳамагӣ чаҳор нафар муаллим дошт ва ҳамзамон ҳисоби кадрҳои донишманду соҳибихтисоси омӯзгорӣ ниҳоятан танқисӣ мекашид. Номбурда дар ин деҳа ба ҳайси муаллим солҳои тӯлонӣ ва ҳамзамон дар давраи басо ҳам душвори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар се баст омӯзгорӣ кардаю ба таври шоиставу боиста кору фаъолият намудааст.
Тавре, ки дар ин хусус, писари шоираш Алии Муҳаммадӣ хуб гуфта:
Ҳар куҷо роҳгузар хоҳам буд,
Номбардори падар хоҳам буд.
Қимати умри равон пурсӣ:- чист?
Баҳри номуси Ватан бояд зист!
Ногуфта намонад, ки соли 2016 муаллифи ин сатрҳо бо гӯрӯҳи калони олимону адибон дар назди мақбараи маликушшуаро, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ зимни зиёрат қарор доштем. Он рӯз устоди азизамон аз намояндагии Донишгоҳи миллӣ - муаллим Давлатбек Хоҷаев ҳамсафару ҳамроҳи мо буданд. Сипас, баъд аз зиёрат ман устодро ба зодгоҳам деҳаи дурдасту кӯҳистонии Артучи сар ба афлок кашидаи тобеи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ даъват намудам. Аммо, мутаассуф устод узр пеш овардаю гуфтанд, ки не шогирди азизам, таклифи Шумо қабулу вале, узри зиёд, ки ман ҳатман бояд ба зиёрати муаллими аввалинам Муҳаммадии Аҳмади Зариф – падари Алиҷон Муҳаммадии Хуросонӣ – шоир ва ховаршиноси маъруфамон ба деҳаи Нигнот равам...
Ҳамин тариқ, ниҳоятан устоди гиромӣ ба як автомашинаи сабукраве нишаста, саросема ҳаракат намуда, ин пири хираду машъалафрӯзи маърифатро аз наздик дар макони истиқоматиашон зиёрат карданд.
Ба ифодаи писарашон Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ:
Умри ӯ дакка мезанад бар сад,
Домани сад баҳор бигрифта-ст,
Домани рӯзгори пурфанро
Ҳар қадар устувор бигрифта-ст,
Падарам пири пир гардида-ст...
Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ дастпарвари мактаби миёнаи рақами 13-и ба номи Файзулло Ансории зодгоҳаш деҳаи Никнот ва баъдан факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Владимир Илич Ленин (хатми соли 1972) ба ҳисоб меравад.
Мавсуф пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин аввал ба ҳайси лаборанти калон, сипас солҳои 1974-1976 тарҷумони Вазорати геологияи Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, солҳои 1977-1978 ходими хурди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1978-1981 аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1981-1984 тарҷумони Вазорати маҳсулоти нафти Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, солҳои 1985 -1992 ходими хурд ва коромӯзи илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1987 рисолаи илмиашро таҳти унвони “Асадии Тӯсӣ ва достони ӯ “Гаршоспнома” дар шаҳри Ленинград бомуваффақият ҳимоя кардааст.
Сипас, солҳои 1988 -1999 ба ҳайси ходими пешбари Институти мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1999-2013 мудири шуъбаи таҳқиқ ва нашри Институти мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2017 ходими пешбари илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2017 инҷониб мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуда кору фаъолият менамояд.
Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ ҳамчун олим ва муҳаққиқи дақиқназар бештар дар бахши таҳқиқу адабиётшиносӣ, танқиди адабӣ ва инчунин ба чоп омода кардани матни классикии осори ниёгон, таълифи осори бадеӣ (шеърҳо) басо пурсамар ва бо дилу виҷдони басо покиза заҳмат мекашад. Ба қалами ӯ беш аз 150 асар, аз он ҷумла, китобу монографияҳо, мақолаҳои илмии дар нашрияҳои ҷумҳуриҳои бародарию бурунмарзии Афғонистон, Эрон, Покистон, Туркия, Россия, Ӯзбекистон ба табъ расида, тааллуқ доранд.
Мавсуф барои рисолаи «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» ҳамроҳи ховаршиноси шинохта, зиндаёд Ҷӯрабек Назрӣ ба гирифтани Ҷоизаи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе соли 2003 ба номи Аълохон Афсаҳзод мушарраф гардид. Инчунин номбурда соли 2016 бо дипломи пурмаҳсултарин олими Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 25-соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ сарфароз гардидааст. Соли 2018 бо ордени “Дӯстлик”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.
Бар замми ин маҷмӯаи мақолаҳояш аз қабили «Меҳру муштарӣ» (2010) ба масъалаҳои камомӯхтаи адабиёти классикии форс - тоҷик бахшида шудааст. Дар китобҳои таҳиянамуда ва мураттабнамудааш («Гулшани адаб», 1980; «Шоирони Мовароуннаҳр», 2006) ҳунари ӯ чун муҳаққиқ ва матншинос бештар зоҳир гардидааст.
Соли 2008 ба муносибати ҷашни 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ матни таҳия намудааш таҳти унвони «Девони ашъор»-и Рӯдакӣ ба табъ расид. Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ матншиноси басо серкору пухтакор мебошад. Ӯ матнҳои «Девони форсӣ»-и Навоӣ-Фонӣ (1987), «Соати саъд»-и Мирзолатиф Раҳимзода (1997), «Илоҳинома»-и Аттор (2000), «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ (2001; ҳамроҳи Б. Ализода). «Гузидаи ғазалиёт»-и Мазмуни Зарободӣ (2002), «Муфоиз-ул-анвор ва девони ашъор»-и Абулҳайи Муҷихарфӣ (ҳамроҳи Бӯрӣ Карим) (Москва, 2003), «Ҳазору як андарз»-и Низомии Ганҷавӣ, «Ҳикоёт ва ҳикматҳо аз «Гаршоспнома»-и Асадии Тусӣ, «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол (ҳар се 2007), «Панднома. Футувватнома. Ҳикоёт аз маснавиҳо»-и Аттор (2008), «Девони Кабир»-и Ҷалолуддини Румиро (солҳои 2007-2009) бо муқаддимаҳои муфассали илмӣ, шарҳҳову тавзеҳоти муфид дар чаҳор ҷилд омода карда, ба табъ расонидааст.
Бояд зикр кард, ки таҳти роҳбарии Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ чаҳор нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Олим ва шоири шинохта Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ бар замми ин гуфтаҳо солҳои тӯлонӣ вазифаи котиби масъули маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ»-ро ба зимма дошт. Соли 1999 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Лозим ба тазаккур аст, ки маҷмуаҳои ашъори Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ бо номҳои «Чашмаи нӯш» (1997), «Майи гулгун» (2002), «Насими тавҳид» (2004), «Вусъати ишқ» (2009) ва «Шукуфаҳои сабзи баҳор» (2010), «Садои вақт» (2017) чоп шудаанд. Мавзуъҳои ашъораш ишқу муҳаббат, меҳру муҳаббати Ватан, тараннуми Ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон ва инчунин ҳоказои дигар мебошанд. Ӯ шоирест, ки «илмро бо шеър ва шеърро бо илм мепайвандад» (Расулзода Ҳодизода). Шеърҳояш дар ҷумҳуриҳои бародарии Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Россия ва ҳоказои дигар дастраси хонандагон гардидаанд.
Ба қавли устод Ардамеҳр (Фотеҳ Абдулло) ифода намоем, агар: «Тору пуди шеъри Алии Муҳаммадии Хуросонӣ аз атласи ишқу муҳаббат аст. Ишқ ба Ватан, ишқ ба волидайн, ишқ ба зебосанамон, муҳаббат ба ёру дӯстон ва умуман гирем ишқ ба зиндагӣ ва гиру мони он. Аз ин рӯ, зарроти вуҷудаш аз гудозҳои ошиқона меларзад ва нағмаҳои сӯзон бадар аз ниҳодаш меояд. Ва ин ишқи заминӣ нардбоне ба сӯйи бекарониҳост барои шоир».
Дӯсти наздик ва ҳамкори шоир ва муҳаққиқи шинохта Нозим Нурзода перомуни эҷодиёти шоир ва олими асил Алии Муҳаммадии Хуросонӣ гуфта: «Агар ашъори Хуросонӣ, аз ҷумла ғазалиёти ӯро оморгирӣ намоем, мазомини иҷтимоӣ дар ҷойи аввал қарор мегиранд. Муҳимтар аз ҳама, шеъри Хуросонӣ бӯйи сабки сухани падарсолори шеъри форсии тоҷикӣ устод Рӯдакӣ ва кулли шоирони номовари классику муосири форсии тоҷикиро медиҳад, аммо шоир ҳаргиз муқаллиди маҳз нест, балки ба ҳар мавзуъ ва мазмуни шеъри классикию муосир эҷодкорона бархӯрд намуда, ҳатман бардошту дидгоҳҳои вежаи худро тариқи каломи манзум ироа мефармояд.
Ба ин тартиб, дар кулли ашъори шоир Алии Хуросонӣ, ки дар китоби «Чархи Истиқлол» гирдоварӣ шудаанд, рӯҳ ва мазомини иҷтимоӣ баланд аст. Шоир бо мақсади гӯшзад кардани айбу навоқиси ҷойдошта дар ҷомеа, баёни мушкилот, бахшидани ангеза ва пешниҳоди роҳҳалҳои муносиб шеър навиштаву менависад. Ба ин маъно, дар шеъри Хуросонӣ дар баробари мазмунҳои лироғиноӣ ва ишқию отифӣ, ки табиату сиришту хамирмояи шеъри ғиноӣ маҳсуб мешаванд, масъалаҳои иҷтимоӣ ва дардҳою ҳассосиёти замонӣ ҷойгоҳи махсуси худро доранд».
Барои далел, рӯ меорем ба як пора шеъри шоир таҳти унвони «Ай ҳамватан, биё!», ки ин шеър ҳанӯз моҳи январи соли 1993 нигошта шуда, бар замми ин бар матни он оҳанги хубе таҳия ва хидмати шунавандагони барномаи сершунавандаву зиёд ҷонибдори вақти «Хоки Ватан»-и Радиои Тоҷикистон қарор дошт. Чунки он айёми душвор ва муташанниҷ шеъри мазкур дар сархатти барномаи «Хоки Ватан»-и Радиои Тоҷикистон қарор дошта, ҳамзамон дар масъалаи ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ аз хоки давлати ҳамсарҳаду ҳамсояи Афғонистон бо нақароти «Ай ҳамватан, биё», «Ай ҷони ман, биё!» хулосабандӣ гардида, бо вуҷуди худ моҷарои ба сари миллати ҷафокашидаи тоҷик рух дода ва инчунин мусибату фоҷиаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар ҳамон айёми басо ҳам ҳассосу душвор дар кисвати назм хело олӣ бозтоб дода, рисолати меҳандӯстонаи худро ба сомон расонидааст. Ана ин аст, таъсири сухану сеҳри қалам:
Ай мурғи кӯчбаста зи боғу чаман, биё,
Оҳуи фандхӯрда, ба кӯҳу даман биё,
Кашмир хоҳад ар дилат, ҷон, сӯйи Ватан биё,
Ай ҳамватан, биё,
Ай ҷони ман, биё!
Бовар макун дигар ба фиреби саробҳо,
Дигар маҷӯ зи фитна ту таъбири хобҳо.
Дидӣ, ки то куҷо барад абри шитобҳо,
Ай ҳамватан, биё,
Ай ҷони ман, биё!
Ҳаббазо ба шоири дӯстдори марзу буми аҷдодӣ ва ваҳдатшиору нотакрор Алии Муҳаммадӣ. Ин аст дӯст доштани халқу Ватан ва муттаҳидию меҳанпарасти асил будани шоири шаҳири тоҷик, ки бо сеҳри калому сухан барои ба таври пурра баргаштани ҳамватанони бурунмарзӣ ба макони аҷдодиашон баргаштани эшон ва ба вуқуъ пайвастани Ваҳдати вуҷуди миллати тоҷик ҳамаҷониба мусоидат намудааст. Аҳсан, Офарин шоир!
Хулласи калом, дар фарҷоми гуфтор бояд зикр намуд, ки устоди гиромиқадр ва муҳаққиқу шоири шӯридадил, адабиётшинос, матншинос Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ соли сипаригардида ба синни мубораки 75-солагӣ қадам ниҳоданд, ин санаи фархундаи умри пурбаракатро ба мавсуф аз самими қалб шодбош гуфта, барояшон пеш аз ҳама комёбиҳои нави эҷодӣ ва инчунин беҳтарин хушиҳои рӯзгори пурнишоту босаодатро таманно намуда, зимнан аз забони шоир чунин гуфтанием:
Шамъи афрӯхтаи маҳфили ёрон ҳастӣ,
Резаборони сари сабзи баҳорон ҳастӣ.
Субҳи сар то ба қадам масти нигоҳи хуршед,
Рӯзи боландатар аз покшиорон ҳастӣ!
Мухбирҷон КӮҲСОРӢ,
рӯзноманигор, узви ИЖТ