JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 11 Ноябри 2025 06:51

Фазои миллӣ ва хидмати шоистаи рӯшангарӣ

Муаллиф:

(Мулоҳизоти куллӣ дар қолиби паёми шодбошӣ ба ифтихори 50-умин солгарди пажуҳишгар, донишманд ва рӯшангари варзидаи миллӣ Исомиддин  Шарифзодаи гиромӣ)

   Имрӯз – 11-уми ноябри соли 2025 солрӯз ва ҷашни 50-солагии мелоди дӯст ва бародари хирадгаро ва заҳматқарини мо Исомиддин Шарифзода аст. Дар ин рӯз дӯстону ҳампешагон табрикоту таманниёти самимонаи худро ба Шарифзодаи гиромӣ арз медоранд ва имрӯз, дақиқан, ин лаҳзаҳо фарзанди содиқу барӯманди миллат Исомиддин Шарифзода 50-умин солгарди таваллудашро истиқбол мегирад. Сипардани пайроҳаи пурпечутоби нимасраи зиндагӣ ба назар саҳлу осон менамояд, вале дар асл, як марҳилаи мушаххасти таърихист, ки бо шебу фароз, комёбию нокомӣ, пастию баландӣ, бурду бохт, ғаму шодӣ ва дарду давоҳо тавъам мебошад. Аз тарафи дигар, Исомиддин Шарифзода солҳост, ки бори гарони масъулияти  ватандорию меҳанпарастӣ  ва  хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш дошта, ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд, довталабона муқовимату мубориза мекунад. Дар воқеъ, Исомиддин Шарифзода дар садри феҳристи рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ қарор дорад.

   Исомиддин  Шарифзода дар баробари таълиму тадрису мудирияти умури тарбиятии насли ҷавон (мавсуф ду соли ахир ба сифати ноиби ректор оид ба умури тарбиятии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад), ба фаъолияти илмию эҷодӣ машғул шуда, тавассути ибтикороту ташаббусоти шахсӣ ва инфиродӣ бо таҳаввулоти иҷтимоию фарҳангӣ ва илмию ихтисосӣ ҳамқадам аст. Мавсуф рисолати иҷтимоӣ, фикрӣ, ихтисосӣ ва мадании худро дар раҳонидани ҷомеа аз қайдубандҳои ахлоқию ҳувиятӣ ва фикрию идеологӣ дида, дар ин масир ҳадафмандона гом бармедорад.

   Шарифзода ҳанӯз аз ибтидои солҳои навадуми садаи бист ба ҷараёни рӯшангарии миллӣ пайваста, то имрӯз дар ростои шинохти мероси куҳанбунёди миллӣ, арзёбии илмию ихтисосии осори мутафаккирони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҷаҳонбинии фалсафӣ ва таблиғи дастовардҳои илмии башарӣ саъю талоши фаровон меварзад. Чанд соли ахир таълифот, мутолибот, мусоҳибот ва гузоришоти ҷолиби илмӣ, ихтисосӣ ва илмӣ-оммавии Исомиддин Шарифзода дар ВАО-и ватанӣ ҷойгоҳи махсус пайдо кардаанд. Дар чанд соли ахир силсилаи мақола ва матолиби илмӣ-оммавии Шарифзода, ки ба муҳимтарин масоили фикрӣ, ҳувиятӣ, ақидатӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва миллӣ ихтисос ёфтаанд, сафаҳоти матбуоти даврии мустақили ҷумҳуриро рангин сохтаанд (муфассалтар таваҷҷуҳ шавад ба чанд намунаи матолиби солҳои ахири муаллиф: Шарифзода И. Таассубзадагӣ ва хурофот миллатҳоро нобуд месозад. //Самак, №1 (583), 12 январи соли 2023. –С.11; Шарифзода И. Таассубзадагӣ ва хурофот миллатҳоро нобуд месозад. //ИмрӯзNews №01 (2590), 10.01.2023. -С.1V; Шарифзода И. Низоми дунявӣ ин кафили пешрафт ва ҳуқуқу озодиҳои инсон аст. //ИмрӯзNews №03 (2592), 12.01.2023. -С.V1; Шарифзода И. Рушди маориф дар меҳвари сиёсати Президенти кишвар. //Фановар, №1-2 (170-171), 28 январи соли 2023. –С.3; Шарифзода И. Хурофот ва фақри фарҳангӣ. //Минбари халқ, №6 (1403), 8 феврали соли 2023. –С.7; Шарифов И. Терроризм – хатари глобалӣ. //Фараж, №4 (842), 2 феврали соли 2023. –С.4; Шарифзода И. Танҳо мубориза...Хурофот садди роҳи тараққиёт аст. //ИмрӯзNews №14-15 (2603-2604), 02-03-02.2023. –С 1V; Шарифов И. Мо дар даврони терроризму экстремизм зиндагӣ дорем. //ИмрӯзNews №16 (2605), 06.02.2023. -С. 1V; Шарифзода И. Ҷомеаи бозмонда ва ҷӯянда. //Минбари халқ №9 (1406), 1 марти соли 2023. –С 6; Шарифзода И. Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор. //Самак, №11-12 (594), 30 марти соли 2023. –С.11-12; Шарифов И. Хирадандешӣ камоли инсонист. //Самак, №15 (597), 20 апрели соли 2023. –С.13; Шарифзода И. Таҳкими ҳувияти фардӣ тақвиятбахши пайкараи иҷтимоӣ.  //Самак, №21 (603), 1 июни соли 2023. –С.11; Шарифзода И. Хирадбунёд. //Самак, №29-30 (611-612), 3 августи соли 2023. –С.14; Шарифзода И. Агар тағйире дар андешаат нест. //Самак, №43 (625), 2 ноябри соли 2023.  –С.11; Шарифзода И. Агар тағйире дар андешаат нест. //ИмрӯзNews №160 (2749), 30.10.2023. –СV; Шарифзода И. Дарки хирадӣ ва рушди тафаккури таҳлилӣ мебояд. //ИмрӯзNews №161 (2750), 31.10.2023. –С.1V; Шарифзода И. Хислатҳои умда ва бунёдии Пешвои муаззами миллат. //ИмрӯзNews №170 (2759), 15.11.2023. –С11; Шарифзода И.Худшиносӣ, хирадандешӣ ва камолоти инсонӣ. //Омӯзгор №47, 23 ноябри соли 2023. –С 5; Шарифзода И. Хурофот инсониятро аз инсон мегирад. //ИмрӯзNews №03 (2787), 17.01.2024. –С.V; Шарифзода И. Зарурату бартарияти ҷомеаи дунявӣ. //Самак, №7 (640), 15 феврали соли 2024. -С.2; Шарифзода И. Ҳақиқат дар бораи наҳзатиҳо. //ИмрӯзNews №39 (2823), 01.04.2024. –С. V11; Шарифзода И. Садоқати миллат дар дониш, огоҳӣ ва хирадгароист. //ИмрӯзNews №42 (2826), 04.04.2024. –С. 1V-V; Шарифзода И. Даврони истиқлол ва идомаи эҳёи арзишҳои миллӣ. //Фараж, №16 (905), 18 апрели соли 2024.  –С.12; Шарифзода И. Занситезӣ навъе аз ифротгароӣ. //Самак, №24 (657), 13 июни соли 2024.  –С.3; Шарифзода И. Гар мусулмонӣ ҳамин аст, ки чанде доранд... //Самак, №26 (659), 27 июни соли 2024.  –С.5; Шарифзода И. Гар мусулмонӣ ҳамин аст, ки чанде доранд... (вокуниш ба чанд мавлавии беҳувият). //ИмрӯзNews №83 (2867), 24.06.2024. –С. 11; Шарифзода И. Баҳси хурофот бо илм. //Фараж, №34 (923), 22 августи соли 2024.  –С.14; Шарифзода И. Нодониву таассуб – решаҳои ифротгароӣ. //Самак, №36 (669), 8 сентябри соли 2024.  –С.12; Шарифзода И. Хурофазадагӣ ва дармондагӣ. //Ҷавонони Тоҷикистон, №37 (9879), 12 сентябри соли 2024.  –С.7; Шарифзода И. Нодониву таассуб решаҳои ифротгароӣ дорад. //Минбари халқ, №39 (1487), 18 сентябри соли 2024.  –С.13; Шарифзода И. Дунявият низоми инсонмеҳвар ва рушдкунанда. //Омӯзгор, №44 (12477), 30 октябри соли 2024.  –С.10; Шарифзода И. Бартарияти низоми дунявӣ. //Самак, №66 (679), 14 ноябри соли 2024.  –С.7; Шарифзода И. Нодониву таассуб – решаҳои фиротгароӣ. //ИмрӯзNews, №115 (2899), 17.09.2024. –С.V; Шарифзода И. Худшиносии миллӣ ҳамчун иммунитети иҷтимоӣ дар баробари хатарҳои муосири сиёсӣ. //Маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф -- асоси саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон”. -Душанбе: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 2024.  -С.182-188; Шарифзода И. Инсон дар доираи барномаи сифатҳои ирсӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №1 (35), 2024.  –С.90-124; Шарифзода И. Маориф ва зиндагии шоиста. //Омӯзгор, №3, 16 январи соли 2025. -С.9; Шарифзода И. Паём рушди фардои дурахшон аст. //ИмрӯзNews, №11 (2966), 28.01.2025. –С.1V-V; //Садои мардум, №15 (4911), 31 январи соли 2025. -С.3; Шарифзода И. “Босмачиёни Фарғона кистанд”. // ИмрӯзNews, №48 (3003), 08.04.2025. –С.1V; Шарифзода И. Хирадгароӣ асли бунёди тамаддуни инсонӣ. //Самак, №20 (705), 15 майи соли 2025. -С.15). Зимнан, ин навъ матолиби илмӣ-оммавӣ дар шаклгирии тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии фалсафии насли ҷавон ва умуман, ҷомеаи тоҷик нақши калидӣ доранд.

    Афзун бар ин, барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир” (ҳар ҳафта шоми рӯзи якшанбе ва такроран зуҳри душанбе аз тариқи Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” пахш мешавад), ки  Шарифзода масъул ва муҷрии тарҳи мазкур маҳсуб меёбад, минҳайси минбари баҳсу мунозироти илмию фалсафӣ ва муколимоти адабию фарҳангӣ миёни бинандагони ватанӣ маҳбубият пайдо кардааст. Масъул ва муҷрӣ И. Шарифзода дар доираи барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир” бо ҳузури донишмандону пажӯҳишгарони миллию ватанӣ масоили муҳимми фалсафӣ, илмӣ, ахлоқӣ, адабӣ ва фарҳангиро матраҳ карда, ҷиҳати ҷалби ҷомеаи маданӣ ва фаъолони фарҳангӣ ба ин пружаи телевизионӣ  аз тамоми имконот истифода мебарад.                

    Мутмаинан, саъю талошҳои пайгиронаи шахсиятҳое назири Исомиддин Шарифзода аст, ки илму фалсафа ва фарҳанги миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ нуфузи чашмгире доранд ва ҳанӯз таассубу хурофазадагӣ ҷомеаро батамом дар қайдубанд нагирифтааст.

   Воқеан, дӯсту бародари гиромии мо марди чандбуъдист: бар иловаи омӯзгору мудир-омил, донишманд ва муҳаққиқи варзида будан, ҳамчунин истеъдоди хуби шоирӣ дорад ва дар заминаи мутолеоти густурда ва ҳифзи ашъори бузургони назми классикию муосир тамрини шеър ҳам мекунад. Тайи зиёда аз панҷ соли ахир намунаҳои ашъори Шарифзодаро, ки дар жанрҳои гуногуни адабӣ – аз ғазал шуруъ карда, то қасидаю рубоию дубайтӣ ва шеъри нимоӣ иншо гардидаанд, аз тариқи саҳифаи фейсбукии муаллиф (манзур саҳифаи фейсбукии Исомиддин Шарифзода аст) мурур ва мутолеа мекунем. Мавсуф намунаҳои тамриноти манзуми хешро, ки дар имтидоди соли 2020 рӯйи коғаз омадаанд, ҷамъоварӣ намуда, дар маҷмуае таҳти унвони “Оинаи вақт” (ниг.: Шарифзода, Исомиддин. Оинаи вақт (Маҷмӯаи ашъор). –Душанбе: Мулквар, 2021. -262 саҳ.) интишор дод. Шарифзода дар қолиби суннатӣ ва нимоӣ шеър суруда, дар баробари бозгӯйии эҳсосу авотифи инсонӣ, вуҷуду ҳастии инсониро дар бастагӣ бо ҳақиқати низоми кайҳонӣ мавзуи меҳварӣ қарор дода, дар ин замина тасвирсозӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки танаввуи мавзуӣ ва мундариҷавӣ маҷмуаи ашъори Шарифзодаро хонданбоб мекунад. Гузашта аз ин, ҳамарӯза Шарифзода дар ҷустуҷӯйи эҷодист ва тақрибан рӯзе нест, ки бо табъи саршор шеърпорае, рубоие, дубайтие, ғазале, қитъае, таронае ва билохира манзумаеро иншо нанамояд ва рӯйи сафаҳоти маҷозӣ накорад. Аз ин ҷост, ки Шарифзода дар баробари хадамоти омӯзгорӣ, илмӣ, ихтисосӣ, тарбиятӣ ва рӯшангарӣ, ба эҷоди шеър низ иштиғол меварзад ва дар қолиби шеър адабиётро бо фалсафа дармеомезад.

    Маҳфили  “Ҷаҳони андеша” бо доштани чунин дӯсту бародари самимию отифӣ ва дар айни замон пурталошу пурҷуръати миллӣ ифтихор мекунад. Фазои миллӣ рӯшангарони ҳамчуниниро тақозо мекунад. Панҷоҳумин солгарди умр фархунда бод, донишманд ва рӯшангари миллӣ Исомиддин Шарифзода! Бигзор, панҷоҳу анд соли дигар бо тавону қудрати илмию эҷодӣ дар қаламрави рӯшангарии миллӣ буда бошед ва минҳайси парчамбардори илму маърифат ва фалсафаву фарҳанги миллӣ дар фазои мадании ватанӣ ҳамчунон ҷилва намоед. Дар ҳақиқат:

    Ба рӯйи суфраи панҷоҳ солат,

    Бидидам поранони бемалолат,

    Чунин як зиндагии бемисолат,

     Исомиддин Шарифзода ҳалолат!

 

     Ба шӯри ишқи аслӣ, не маҷозӣ,

     Гузидӣ расму роҳи дилнавозӣ.

     Зи фарши сархамӣ бо бениёзӣ

     Расидӣ то ба арши сарфарозӣ!

 

   Бо арзи эҳтиром ва самимияти тамом,

   Маҳфили  “Ҷаҳони андеша”

 

 
Хондан 53 маротиба