JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 04 Ноябри 2025 03:59

Хунёгари нотакрор ва эҷодгари асил (чанд сухан доир ба  овозхони шаҳир Давлатманд Холов бахшида ба 73-солагии мавлудаш)

Муаллиф: Аслиддин Низомӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ

   Имрӯз аҳли фарҳангу ҳунар, мухлисону шогирдон ёдбуди ӯро қайд мекунанд. Аммо ёдбуди  Давлатманд ду сол қабл, ҳанӯз аз навҳаи ҷонсӯзи писараш Лоиқшо, ки дар рӯзи мотами падари бузургвораш баланд шуда буд, оғоз гардида буд, зеро  айнан ҳамон лаҳза ҳамаи мо, ҳамаи мардуми Тоҷикистон ногаҳон эҳсос кардем, ки дар пайкари  фарҳанги муосири миллат, дар дунёи пурҳарорати суруду мусиқии тоҷик чи тарқише пайдо шуд.

Ва худи ҳамон соат ҳис кардем, ки дар нолаҳои Лоиқшо, дар ҳар як рагу пайи ӯ хуни падар, дар садояш садои падар, дар дилаш меҳри ҳунар маъво дорад ва ин андаке таскини диламон шуда буд.

Гарчанде аз ҳамон рӯз то инҷониб ҳар лаҳзаву ҳар соат мушоҳида мегардад, ки ҷойи Давлатманд дар фазои фарҳангӣ холист, вале ифтихор дорем, ки писари азизаш Лоиқшо ва бародарони пурҳунараш бо тамоми ғайрат метавонанд ҷойгири мақоми ҳунарӣ, фарҳангӣ ва шаҳрвандии ин ҳунарманди бузург шаванд.

Олами зиндагонии Давлатманд олами ғайриодӣ буд, рафтораш, гуфтораш, муносибаташ ба ҳунару ҳунарманд, ба шогирдон, ба зиндагӣ низ ғайриодӣ буд. Нафарони соҳиби истеъдоди фавқулода ҳамеша дар назари атрофиён ҳамин хел ғайриодӣ метобанд. Чи гуна метавон ӯро шинохт ва асрори оҳангсозии ӯро кашф кард?

Имрӯз, ки мо ба хотири сипосгузорӣ ба ин шахсияти нотакрор ва мутлақо ғайриодӣ ҷамъ омадем, мехостам чанд андешаҳои хешро манзури шумо гардонам.

 Оид ба шахсияти Давлатманд.

 Нахуст бояд ёдовар гардид, ки давлатманд айнан мисли даҳҳо соҳибистеъдодҳо зодаи деҳоти дурдасти Тоҷикистон буда маҳз дар шароити пайвандӣ бо табиати зебову мардуми заҳматкаш ва самимияти хоси деҳотӣ  ба воя расидааст. Давлатманд дар қатори даҳҳо кӯдакони деҳа, бино ба гуфтаи худаш шавқу завқи хеле баланд ба мусиқӣ дошт, таблак мезад, ғиччак менавохт. Ӯ дар мактаб интернат таҳсил намуда ба воя расид, мисли Фаттоҳ Одина, Саидислом Шамсов, Миратулло Атоев, Вафо Назаров ва даҳҳо дигар соҳибистеъдодҳо, ки воқеан ба дараҷаи олии ҳунар расида буданд, ки ҳамаашон баъдан дар мактабҳои олии санъат таҳсил карданд. Он замон дар мактаб интернатҳо ҳатман маҳфилҳои ҳунар фаолият мекарданд ва бо ҳамин наврасон бо шавқу ҳавас вориди ҷаҳони савту наво мешуданд.

Давлатманд аз ҳамин айём ва  то ба синни балоғат расидан вориди муҳити шеъру мусиқӣ гардида, пайваста ба таҳсили ҳирфаӣ, назди устодони варзида фарогир шуда буд. Дар зиндагиномаи ӯ ин шарти асосии ба воя расидани истеъдоди нодир гардид. Таҳсил дар Донишкадаи санъат зери сарварии бузургтарин устодони ҳунари мусиқӣ  - устод Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Карим Ҳалимов омили асосии ба арсаи баланди ҳунар сазовор шудани Давлатманд буд. Ин омилро имрӯз баъзан сарфи назар мекунанд, гумон доранд, ки соҳиби овози хуш ва ё худ салиқаи мусиқидонӣ кофист, ки истеъдоди наврас ҳамин тавр худ ба худ рушду нумӯ ёбад. Вале маълум аст, ки маҳз панҷ соли таҳсил, азбар намудани илми назарияи ва таърихи мусиқӣ, навхтани созҳои мусиқӣ, такмили маҳорати овозхонӣ ва албатта муҳити дунёи мактаби олии ҳунар Давлатмандро ба зинаи болои олами ҳунар бароварданд.

 Оид хислатҳои шахсӣ ва эҷодии Давлатманд

 Ҳар касе бо Давлатманд аз наздик шинос буд, ҳамеша эҳсос мекарданд, ки ӯ соҳиби як намуд нерӯи нотакрор ва ҳаракати беисти ҳаётӣ, майли доимии чизеро кашф кардан, ҷустуҷӯйи ин ё он унсури эҷодӣ, ба услуби дигар навохтани созҳои гуногуни мусиқӣ буд. Ҳамин аст, ки Давлатманд дар андак муддат навохтани қариб ҳамаи созҳои миллии мусиқиро азхуд кард, назария ва таърихи мусиқиро омӯхт, ба шеъру адабиёт ва маънавият таваҷҷуҳ дошт, устодонашро эҳтиром мекард, лаҳзае ҳам ором наменишаст. Созҳои мусиқиро ӯ на ба хотири худнамоӣ, балки бо мақсади амиқтар шинохтани имкониятҳои садобарорӣ ва лаҳнофарии онҳо азбар менамуд.

Ин гуна сифатҳои футувватномаи ҷавононро масалан, дар Аврупо ба ҷавонони ҷануби Фаронса - ба “гаскониҳо” (баъзан ба мушкетерҳо – А.Дюма) нисбат медиҳанд, ки хеле боғайрат, эҳсосӣ, самимӣ ва боистеъдод буданд. Ғайрати Давлатманд аз даравгариҳои саҳрои Даштиҷум  оғоз гардидааст, аз муносибат ба замин ва эҳтиром ба аҳли заҳмат сарчашма мегирад, ӯ худаш низ заҳматкаши ҳунар буд ва шабу рӯз дар пайи эҷоди як равияи тоза, як услуби баён ҳаракат мекард.

Ҳамин гуна  ғайрату ҳаракати доимӣ дар ҷавонӣ Давлатмандро ба сӯйи  фазои озодманишӣ овард ва дар андак муддат дар эҷодиёташ, дар сурудҳояш як намуд навоварӣ пайдо гардид. Хислати асосии эҷодиёти Давлатманд аз оғоз то анҷом ин буд, ки ҳеч гоҳ ба тақлид роҳ намедод, яъне тақлидкорӣ намекард ва ҳамеша кӯшиш мекард, ки роҳи эҷодии худашро, услуби хоси пайдо намояд. Ҳамин буд, ки ӯ дар аснои офаридани садҳо таронаҳо, достонҳо, композитсияҳои мураккаби мусиқӣ ягон нола, ягон тақтеъ на аз мусиқии озарӣ, эронӣ, афғонӣ, туркӣ ва на аз дигар равияҳои ҳамон замон маъмулу машҳур ба оҳангҳояш ворид накардааст.

Озодманишӣ хислати шахсиаш буд ва дар эҷодиёташ таҷассум пайдо кард. Ӯ ҳамзамони  Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор ва Бозор Собир буд, ки маҳз ҳаминҳо дар солҳои 70-80-ми асри гузашта насими озодандеширо дар назми муосири тоҷик офарида буданд. Махсусан бо устод Лоиқ Шералӣ дӯсти наздик буд ва рӯҳияи замони навро аз ашъори Лоиқ меомухт. Ин рӯҳияи замон дар замири Давлатманд низ ҷой гирифта буд ва минбаъд дар кулли ҳаракатҳои эҷодияш, дар сурудҳояш таъсир расонид.

Ин гуна ҳаракати озодманишӣ Давлатмандро ба сӯйи олами андешаҳо ва ҳаракатҳо доир ба таҷдиди суруду мусиқӣ ва бунёди сабки тозаи эҷодӣ овард. Ба ҳамаамон маълум аст, ки ӯ чи қадар атрофи муаммоҳои назариявӣ, таърихӣ ва ҳунарии навъи фалаксароӣ андеша мекард, суҳбат мекард, баҳс мекард , баъзан бо пешниҳодҳои мутлақо ғайриодӣ дар конфронсу семинарҳои эҷодӣ суханронӣ мекард. Фаҳмост, ки ақидаҳои навсозии ӯро на ҳамеша ва на ҳама дарк мекарданд, зеро Давлатманд дар олами эҷодиаш табиатан қолабшикан буд, дар ҳунарварӣ ҷасур буд, ки рафтораш низ гоҳо на ба ҳама писанд меомад.

 Ҳамин андешаҳову ҷустуҷӯҳо буданд, ки  рӯзе самари худро аён карданд ва Давлатманд тавонист масалан ҳунари фалакхониро аз қолабҳои шахшуда, аз такрорҳои беҳуда, аз худнамоиҳои бемаънӣ берун оварад. Давлатманд ботинан эҳсос мекард, ки барои дар сатҳи ҷаҳонӣ бештару амиқтар шиносонидани санъати фалаксароӣ бояд ҳатман навоварӣ ворид намуд, бояд сатҳи ҳирфаӣ, моҳияти бадеӣ-эстетикӣ ва таърихии ин ҳунари қадимии мардумиро боло бардошт. Ӯ ки худ аллакай дар сатҳи баланрди дарки моҳияти фалаксароӣ қарор дошт, таассуф аз он мехурд, ки баъзе ҷавонон ҳунари фалаксароиро танҳо дар баровардани овози баланд ва фарёдҳои беҳуда мебинанд. Ин бесабаб набуд. Дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ҳамеша чунин мушоҳида мешавад, ки анъанаҳои бузург, суннатҳои олии эҷодӣ, услубҳои нозуки ҳунарӣ муддате, ҳатто садсолаҳо зери таъсири замону завқпарастиҳо шах мешаванд, аз рушду нумуъ бозмемонанд. Ва танҳо дар замони нав, бо қудрати истеъдодҳои фитрӣ ва заҳмати ҳунармандони воломақом эҳё мегарданд, зинда мешаванд. Ҳамин аст, ки имрӯз шояд бори дигар эътироф намоем, ки Давлатманд соҳиби истеъдоди фитрӣ буд ва тавонист ба доираи маҳорати фалаксароӣ навгониҳои арзишманд ворид созад.

Ба навохтани қариб ҳамаи созҳои мусиқӣ пардохтани Давлатманд ҳам идомаи ҳамин гуна ҷустуҷӯпарастии ӯ буд. Ӯ мехост худаш, бевосита аз нозукиҳои садобарорӣ, пардабанрдии созҳои мусиқӣ ошно шавад, дар ботинаш эҳсос кунад. Ҳамин буд, ки баъзан шӯхиомез  ҳатто ба ҷӯр кардани роял, навохтани арғунун, созҳои нафасии аврупоӣ мароқ зоҳир мекард. Хислаташ чунин буд, маҳдудиятро намепарастид, ҳаросе аз навгониву навсозӣ надошт.

  Эҷодиёти Давлатманд

 Маълум аст, ки дар тамаддуни халқи тоҷик ҷойи аз ҳама баландро назму мусиқӣ ташкил медиҳад, ин гапи нав нест, тамоми ҷаҳон медонад, ки ҳатто рамзи асосии тамаддуни мо шеър аст, шеъре ки бо мусиқӣ пайванд паст. Аҷдодони мо тамоми мушоҳидаву таҳлил, пешниҳоду роҳнамоиҳоро барои инсон дар қолаби назм офарида буданд, аз ҷумла садҳои ақидаҳои нодири илму маърифатро. Давлатманд  замоне ҳамин нуктаро хеле амиқ дарк карда ба омӯхтани шеъри классикӣ ва муосир машғул шуд.

Дар ин ҷода ӯ албатта аз устод Одина Ҳошим сабақ гирифтааст. Ҳамин буд, ки ашъори Мавлоно Балхӣ, Бедил, Ҳофиз, Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ ва иддаи зиёди шоирони муосири тоҷик вориди дафтари эҷодияш шуданд.

Ҷавобан ба ниёзҳои мардуми тоҷик ва оламиён, ки дар авохири қарни гузашта аллакай аз осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ огоҳии хуб пайдо намуда буданд, Давлатманд олами маъниҳои Мавлоноро бо навои оҳангҳои тоза ифшо кард. Ин худаш як намуд таҳаввулоти тозаи таърихӣ ва фарҳангӣ буд, зеро то ҳамин давра ягон ҳунарманди дигар ин намуд силсилаҳои наҷибро аз осори Мавлоно ба оҳанг надароварда буд ва ҳеч сароянда бо чунин овозу бо чунин услуб асрори ақидаҳои Мавлоноро ба самъи мардум нарасонида буд.

 Давлатманд бо ғайрату қудрати эҷодӣ тамоми созҳои мусиқии миллиро дар ҳамнавозии оҳангҳояш сарҷамъ кард, яъне як намуд оркестри миллӣ сохт, бо илова аз созҳои дигар мисли аккордеон, кларнет, скрипка, ситор, армунӣ ва ғ. Бо ҳамин ҳамсадоӣ иҷрои оҳангҳои ӯ симои комилан тоза пайдо карданд.

Давлатманд зиёда аз сад оҳанги асил ва бетакрор офаридааст, дар ин маънӣ ӯ композитори хеле моҳир аст ва имрӯз сурудҳояшро дар нисфи ҷаҳон медонанду мехонанд. Бубинед, ӯ солҳо дар бари устоди варзидаи мусиқӣ Одина Ҳошим ба воя расидааст, аз эҷодиёти  Акашариф Ҷӯраеву Абдулло Назриев огоҳии комил дошт, вале ҷое ҳам ба онҳо тақлид накардааст. Ба назар мерасад, ки Давлатманд пас аз шиносоии комил бо назокати оҳангҳои устодон, зуд ва чолокона худро ба сӯйи ҳаракатҳои дигари эҷодӣ мекашид.

Давлатманд фалакхониро бо роҳи таҳқиқи назариявӣ ва амалии ин ҳунари қадимӣ услуби тоза бахшид. Ӯ пардаҳои мусиқии фалакиро дақиқан омӯхт, даҳҳо маротиба дар баҳсҳои эҷодӣ андеша ва мушоҳидаҳояшро бо исрор ҳимоя мекард. Ҳамин буд, ки ӯ тавонист фалакхониро ба сатҳи дигари таҷдиди ҳунарӣ боло барорад, аранжировкаҳои бамаънӣ ворид кард, ғазалиёту рубоиҳои классикиву мардумиро ворид кард. Пайдост, ки барои иҷрои ин амал дар баробари  истеъдоди фитрӣ, маҳорати баланди оҳангсозӣ инчунин ҷаҳонбинии нав зарур буд.Борҳо аз суҳбатҳо бо ин шахсияти нотакрор эҳсос мекардам, ки ӯ худаш навсозиҳояшро пай намебурд ва мисли ҳама нобиғаҳои ҳунар пайваста дар тараддуди эҷоди навигарии тоза буд.

Чанд соли охир Давлатманд ба таҳқиқи фалак машғул буд, ба нота мегирифт, пардаҳои фалакро муайян мекард, бо роҳи худ ва бо самимияти махсус назарияи пардабандии онҳоро меомӯхт, фосилахониро ҷорӣ кард, исбот мекард, ки услуби аврупоии хроматизм, олами садоҳо ва навоҳои фалакро хароб мегардонад. Ин ҷараёни кӯшишҳои Давлатманд имрӯз низ дар фаолияти илмиву амалии мутахассисони соҳаи мусиқии анъанавӣ идома дорад.

Давлатманд бо маҳорати олӣ ва гайрати беназир суруди анъанавии халқи тоҷикро ба арсаи ҷаҳонӣ баровард. Дар андак муддат аҳли фарҳанги Аврупо ба эҷодиёти давлатманд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд, якчанд филмҳои мустанад бо забонҳои аврупоӣ ба навор гирифтанд (аз ҷкмла филми маъруфи “Чархо фалак”-и корпоратсияи Бибиси). Оламиён то ин давра албатта аз эҷодиёти Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Аҳмад Бобоқулов, Тӯҳфа Фозилова, Зафар Нозимов, огоҳӣ доштанд, вале сабки тозаи иҷрои Давлатманд, овози махсуси марғуладор, репертуари комилан нав, истифодаи мақсадноки созҳои зиёди мусиқӣ дар андак муддат шуҳрати ӯро дар ҷаҳон зиёд карданд. Давлатманд аз ин комёбиҳо кӯдаквор хурсанд мешуд, ҳамеша мегуфт, ки ордени Командори Фаронса барои ӯ як намуд қадршиносии аҳли ҷаҳон нисбат ба овозхонии ҳунарманди кӯҳистонии тоҷик буд.

Аз гуфтаҳои боло хулоса бароварда чунин пешниҳодҳо бармеоянд:

  • Минбаъд таҳқиқи ҳамаҷонибаи осори Давлатманд (сурудҳояш, осори илмӣ ва мақолаҳояш) ба роҳ монда шавад;
  • Таҳияи маҷмуаи мақолаҳо оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Давлатманд Холов;

Ин ҳама барои он зарур аст, ки аҳли ҷомеа, мутахассисон, шогирдони мактабҳои олӣ ва миёнаи мусиқӣ ҳарчи бештару амиқтар аз таълимоти эҷодии ӯ огоҳӣ пайдо кунанд, ки барои имрӯзу фардои рушди мусиқии миллии мо аҳаммияти махсус доранд.

 Аслиддин Низомӣ,

доктори илмҳои санъатшиносӣ

Хондан 70 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Матншиноси миллӣ ва шеъри иҷтимоӣ