Имрӯз -- 31-уми октябри соли ҷорӣ, соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо ҳузури доираҳои илмию академӣ ва адабию маданӣ нишасти махсуси илмӣ таҳти унвони “Матншиносии миллӣ ва шеъри муосири иҷтимоӣ”, ки ба ифтихори 55-солагии фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ ва рӯнамоии китоби тозанашри “Чархи Истиқлол” (Девони ашъор)-и матншинос, адабиётшинос ва шоири муосири миллӣ, мудири Шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттии Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ихтисос ёфтааст, баргузор гардид.
Маҳфил аз ду бахш – бахши илмӣ ва бахши эҷодӣ таркиб ёфта, дар бахши аввалӣ ба истиснои сухани ифтитоҳии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахтзода, гузориши директори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарими Давлат, суханронии муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, ҳамчунин 2 суханронии илмӣ (гузориши муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Шамсиддин Муҳаммадиев дар мавзуи “Матншиносии миллӣ: ҷойгоҳи Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар таҳқиқ, тадвин ва таҳияи мутуни адабӣ” ва суханронии мудири Шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри осори хаттии Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ таҳти унвони ”Чархи Истиқлол” – чархаи шукӯҳи давлати миллӣ ва илму адаби тоҷикӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ”) мавриди истимоъ қарор гирифтанд. Бахши эҷодии маҳфил бар уҳдаи матншинос ва шоири тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ вогузор шуда, аз қироати шеърҳо дар иҷрои худи шоир ва суруду таронаҳо бар матни ашъори Хуросонӣ дар иҷрои овозхонҳои маҳбуби кишвар устод Дона Баҳром, Алишери Қаноатзода, Фазилабону Каримова ва Акрам Мирзоев иборат буд. Дар пойини маҳфил мулоҳизоту музокироту бардошту хотироти дӯстону ҳампешагону ширкаткунандагон, аз ҷумла санъатшинос Аслиддин Низомӣ ва собиқодори маорифу адаби шаҳри Панҷакент низ сурат гирифт.
Ба ин тартиб, маҳфили илмӣ-эҷодиро ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори имлҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён бо сухани муқаддимотӣ оғоз намуда, аҳли илму адаб ва ҳаводорони шеъру адабиётро хайрамақдам гуфта, сухани ифтитоҳиро ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахтзода вогузошт. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахтзода сараввал устод Алии Муҳаммадии Хуросониро барои чоп ва рӯнамоии китоби тозанашри “Чархи Истиқлол” (Девони ашъор)-аш табрику таҳният гуфта, ба эшон умри дароз ва саодати рӯзгорро таманно намуда, баъдан доир ба шахсияти илмӣ ва адабии устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ гузориши илмии ҷолибе ироа фармуд. Академик Хушвахтзода зимни гузориш бар он ишора намуд, ки устод Хуросонӣ аз соли 1972 ба интараф дар Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки он замон Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ном дошт, фаъолият мекунад ва дақиқан 55 соли ҳаёташро дар муҳити академии ҷумҳурӣ сарфи таҳқиқу пажуҳиш намудааст. Монография ва китобҳои илмии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ “Муносибатҳои дӯстона ва равобити эҷодии Ҷомӣ ва Навоӣ” (-Душанбе, 1990), “Асади Туси и его эпическая поэма “Гершаспнаме” (-Душанбе, 1994, ба забони русӣ), “Нома ва номанигорӣ дар “Шоҳнома” (-Теҳрон, 1999, дар ҳаммуаллифӣ). “Таърихи адабиёти форсии дарии тоҷикӣ” (-Кобул, 2009, дар ҳаммуалифӣ бо Р. Ҳодизода), “Меҳру Муштарӣ” (Маҷмуаи мақолаҳо. – Душанбе, 2010), “Ҳунари номанигорӣ дар “Шоҳнома” (Душанбе, 2014, дар ҳаммуалифӣ), “Ҷозибаи калом” (Маҷмуаи мақолаҳо. – Душанбе, 2019) “Нома ва номанигорӣ дар “Шоҳнома” (Теҳрон, 2020, дар ҳаммуалифӣ), “Асадии Тӯсӣ ва “Гаршоспнома” (Душанбе, 2023) дар байни аҳли илми адабиётшиносии тоҷик ва шарқшиносӣ пазируфта шудаанд. директори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарими Давлат меҳмонон,
Баъдан, бо такя ба барномаи маҳфил, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори имлҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён суханро ба муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа вогузошт ва мавсуф паёми шодбошии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нипзом Қосимро ироа дошт. Сипас директори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарими Давлат сухан карда, аз ҷумла аз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахтзода барои ироаи гузориши ҷолиби илмӣ дар мавриди шахсияти илмию адабии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ изҳори сипос карда, чанд сухани муқаддимотӣ дар робита бо шахсит ва ибтикороти илмию эҷодии матншиноси миллӣ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ манзур сохт. Аз ҷумла, Раҳматкарими Давлат тазаккур дод, ки тайи муддатзамони ҳамкорӣ бо устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ аз заҳамоти ин матншиноси варзида, минҷумла таҳқиқу таҳия ва нашри матнҳои адабии классикии “Маснавии маънавӣ”, “Девони кабир” - и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар чаҳор ҷилд, “Муфизу-л-анвор ва девони ашъор”-и Абдулҳайи Муҷахарфӣ, “Гаршоспнома”-и Асадии Тӯсӣ, “Илоҳинома”, “Мантиқу-т-тайр”, “Девон”, “Асрорнома”, “Девони ашъор”-и Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (матни илмӣ ва интиқодӣ бо кӯшиш ва эҳтимоми Р. Ҳодизода, А. М. Хуросонӣ. –Душанбе: Пайванд, 2008), “Девони форсӣ”-и Алишери Навоӣ-Фонӣ, “Куллиёт”-и Сайидои Насафӣ ва амсоли инҳо хуб бохабар аст. Номбурда, ҳамчунин афзуд, ки ҳанӯз соли 1999 устод Хуросонӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, намунаҳои ашъори ӯ дар маҷмуаҳо ва китобҳои ҷудогонаи “Чашмаи нӯш” (1997), “Майи гулгун” (2000), “Насими тавҳид” (2004), “Вусъати ишқ” (2009), “Шукуфаҳои сабзи баҳор” (2010), “Майи гулгун” (2010), “Садои вақт” (2017), “Пайванди илму адаб” (2020) ва инак, “Чархи Истиқлол (Девони ашъор)” (2025) ба табъ расидаанд. Инчунин, директори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарими Давлат афзуд, ки нашри китоби “Чархи Истиқлол” (Девони ашъор)-и устод Хуросониро барои шахси шоир ва ҳаводорони шеъри муосири тоҷик табрик намуд. Ба дунболи ин, муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Шамсиддин Муҳаммадиев дар мавзуи “Матншиносии миллӣ: ҷойгоҳи Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар таҳқиқ, тадвин ва таҳияи мутуни адабӣ” ва мудири Шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри осори хаттии Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ сари мавзуи ”Чархи Истиқлол” – чархаи шукӯҳи давлати миллӣ ва илму адаби тоҷикӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ” гузоришу суҳбатҳои хуби илмӣ анҷом доданд.
Бахши эҷодии маҳфил бар уҳдаи матншинос ва шоири тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ вогузошта шуд. Хуросонӣ ба унвони муҷрии бахши эҷодии маҳфил чанд намунаи ашъорашро дар мавзуъҳои Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон, Ватан, Модар, Ваҳдати миллӣ ва амсоли инҳо қироат кард, инчунин аз тарафи баъзе иродатмандон ва наберагони шоир намунаҳои шеъри ӯ ифоданок қироат гардид. Бахусус, овозхонии устод Дона Баҳром, Алишери Қаноатзода ва ҳунарнамоии сарояндагони умедбахш – устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Фазилабону Каримова ва Акрам Мирзоев сатҳи эҷодию ҳунарии маҳфилро боло бурд. Дар анҷоми маҳфил иддае аз дӯстону ҳампешагону ширкаткунандагон бо шумули санъатшинос Аслиддин Низомӣ ва собиқадори маорифу адаби Панҷакент мулоҳизоту музокироту бардошту хотироти хешро дар робита бо шахсияти илмию адабии Хуросонӣ ва мушаххасоти китоби тозанашри “Чархаи Истиқлол” (Девони ашъор)-и шоир баён доштанд.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор М. Саломиён маҳфилро ҷамъбаст намуда, бар он ишора фармуд, ки гузаронидани чунин нишастҳои илмӣ-эҷодӣ ва рӯнамоию муаррифии китобҳои тозанашр талаботи замон буда, аз ин тариқ тарбияи насли ҷавони донишмандону муҳаққиқон роҳҳату осон хоҳад буд. Пас аз анҷоми суханронии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор М. Саломиён китоби тозанашри “Чархаи Истиқлол” (Девони ашъор)-и Алии Муҳаммадии Хуросонӣ аз ҷониби муаллиф ба ширкаткунандагони маҳфил ройгон туҳфа гардид.
Ба таври куллӣ, маҳфили илмӣ-эҷодӣ дар фазои муътадили фикрию фарҳангӣ ҷараён гирифт.
Дар охир манзумаеро, ки ба ифтихори 55-солагии фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ, адабию эҷодӣ ва рӯнамоии китоби тозанашри “Чархаи Истиқлол”-и устод Муҳаммад Алии Хуросонӣ ихтисос ёфтааст, манзуратон мекунем.
Чархаи рушди Ватан дар “Чархи Истиқлол”-и ту
(Ба ифтихори 75-солагии зодрӯзи устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ)
Чархаи рушди Ватан дар “Чархи Истиқлол”-и ту,
Бори ҳикмат мекашад “Девон”-и пурамсоли ту,
Фурсати хидматгузорӣ дар маҳу дар соли ту,
Дар замони мозиву дар ҳолу истиқболи ту,
Қудрати парвози авҷ андар пару дар боли ту,
Мекашад моро, ки лутфу меҳри моломоли ту,
Ҷазбаи иқболи ту,
Покии омоли ту!
Аз азал пайвастаӣ бо лутфу эъҷози сухан,
Шеърро пайванд додӣ бо адаб, бо илму фан,
Шеър, ар қалб аст, илм умру бақои ҷону тан,
Илму шеър оғушта андар боғу гулзору чаман,
Ай гулистони ту пур аз лолаву сарву суман,
Сарф кардӣ умр андар хидмати мулки куҳан,
Эй ҳамоварди Ватан,
Шуҳраи ин анҷуман!
Дар раҳи таҳқиқи матн, оре, гирифтӣ дасти пир,
Умр фарсудӣ даруни нусхахатҳои касир,
Тули умр омода кардӣ ҳай мутуни чашмгир,
“Маснавии Маънавӣ”-ю матни “Девони Кабир”,
Матни шеъри Рӯдакӣ, соирбузургони шаҳир,
Ин ҳама кардӣ ту андар ҷилдҳое ҷойгир,
Корҳои беназир,
Кардаӣ марди хабир!
Тули соли умр акнун сарҳади ҳафтоду панҷ,
Даргузаштӣ борҳо аз марзи дарду марзи ранҷ,
Дидаӣ бас пасту болои сароҷойи сипанҷ,
Печу тоби рӯдаи умр аз маризии қуланҷ,
Лек боре ҳам нагаштӣ ноумеду сусту ланҷ,
Аз даруну умқи маънӣ бо ҳазору анд ранҷ
Баркашидӣ кони ганҷ,
Нуктадону нуктасанҷ!
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
31 октябри соли 2025
 
	                    	                 
					