JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 28 Октябри 2025 04:58

Ёде аз муҳаққиқи осори арабии бузургони илму адаби тоҷик

Муаллиф:

   Илми арабшиносии тоҷик ба мафҳуми академии он баъд аз таъсиси шуъбаи арабӣ ва кафедраи арабӣ дар назди факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) соли 1958 оғоз шуда, солҳои 70-уми қарни ХХ аввалин арабшиносони тоҷик, ки дар соҳаи филологияи арабӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд – Ҳ.К.Мӯминов, К.Мусофиров, Ф. Деҳотӣ, Н.Қаҳҳорова, С. Шукроева ва Т.Бердиева, ки ҳама фориғуттаҳсилони шуъбаи арабии Донишгоҳ буданд.

  Доираи таҳқиқу омӯзиши насли аввали арабшиносони тоҷик  мухтас забони арабӣ ва адабиёти қарни  ХХ  кишварҳои арабӣ маҳсуб мешуд, аммо хидмати  онҳо дар таълиму тарвиҷи забони арабӣ  ва тарбияи мутахассисони босаводу варзидаи  арабидон хело бузург аст.

  Аз охири солҳои 70-ум ва ибтидои солҳои 80-ум насли дувуми арабшиносони тоҷик ба майдон омаданд, ки доираи омӯзишу таҳқиқи онҳо бештар пажуҳишу тафаҳҳуси осори арабии адибону донишмандони тоҷики асримиёнаӣ, масоили таъсири мутақобилаи  адабу фарҳанги арабӣ ва форсии тоҷикӣ,  тарҷимаву  тафсири осори онҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ,  тадвини фарҳангҳои арабӣ-тоҷикӣ ва ҳирфаӣ ба шумор меравад.  Хушбахтона, сафи ин муҳаққиқон рӯз аз рӯз  меафзояд ва рисолаву мақолаҳои  илмиашон  аз тарафи шарқшиносони ғарбӣ ва муҳаққиқони кишварҳои арабӣ эътироф мешаванд.

 Яке аз  арабшиносони ин насл, ки таҳқиқоташ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Руссияву кишварҳои арабиву Эрону Афғонистон мавриди таъйиду пазириш  қарор гирифтааст, доктори  илмҳои филологӣ, профессор шодравон Тоҷиддин Мардонӣ мебошад, ки аз рӯзи вафоташ як сол сипарӣ мешавад.

  Месазад, ки зикри хайре аз фаъолияти илмии дӯсти гаронқадр намоем, то равонаш шод бошад.

 Доираи фаъолияти профессор Тоҷиддин Мардонӣ густурдаву гуногунҷанба буд. Эшон дар баробари  адабиётшиноси шинохта, мутарҷими ботаҷрубаи забонҳои арабӣ ва русӣ будан, ҳамчунин донандаи хуби таъриху адабу фарҳанги мамолики арабӣ, дипломати варзида, коршиноси мумтози масоили сиёсӣ – иҷтимоии кишварҳои Шарқи Наздик ба шумор мерафт. Зеро Тоҷиддин Мардонӣ  зиёда аз шаш сол дар кишварҳои арабӣ (Яман ва Ироқ) ба ҳайси мутарҷим ва 12 сол дар симатҳои гуногун, аз сардори раёсат то муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ, сипас сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Туркманистон ифои вазифа намудааст.  Дар ҳаҷми ин мухтасар сухан гуфтан пиромуни ҳама фаъолияти ин донишманди пуркору хоксор аз имкон берун аст. Аз ин рӯ, ба таври фишурда мехохам танҳо доир ба фаъолияти адабиётшиносии дӯсти гиромӣ таваққуф намоям.

   Банда Тоҷиддин Мардониро аз овони донишҷӯӣ мешиносам.  Шиносоии мо аз моҳи сентябри соли 1966 дар айёми пахтачинӣ сурат гирифт. Ман курси дуюми шуъбаи форсӣ ва ӯ донишҷӯи  соли аввали шуъбаи арабӣ буд.  Баъд аз пахтачинӣ дар маҳфилҳои  илмии донишчӯён хело фаъол буд.  Забони русиро хело хуб медонист, ба шарикдарсон  дар тарҷумаи  матнҳои русӣ  кумак мекард ва дар омӯзиши забони арабӣ яке аз шогирдони беҳтарини устоди шодравон Иброҳим Ҳасани Наққош маҳсуб мешуд. Умуман, дар забономӯзӣ як истеъдоди фавқулодда дошт.  Масалан, дар соли аввали таҳсилаш дар айёми пахтачинӣ аз ҳамкурсаш Оразшо Пояндашоев забони шуғнониро ёд гирифт. Дар даврони донишҷӯӣ ашъори шоирони классикии  араб ва форсу тоҷикро ба забони русӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ мекард ва бо маърузаҳои илмӣ дар ҳамоишҳои илмии донишҷӯён суханронӣ менамуд.  Соли 1972, баъд аз хатми Донишгоҳ ба шуъбаи арабшиносии Институти шарқшиносии АИ ҶТ, ҳамчун корманди хурди илмӣ пазируфта шуд.

   Дар он солҳо (70-90 қарни ХХ) дар шуъбаи мазкур, ки роҳбарии онро донишманди шинохта ва ба зердастон ғамхору меҳрубон, номзади илмҳои филологӣ Наимахон Қаҳҳорова ба дӯш доштанд, як зумра ҷавонони  боистеъдоду закӣ, аз қабили Ғолибшо Ғоибов, Саиднуриддин Шаҳобиддинов, Аҳмадҷон Ҳоҷиев, Тоҷиддин Мардонӣ, Абдулло Юлдошев, Муҳаммадҷон Умаров, Н. Шамсов, Ф. Бобоев ва амсоли онҳо ҷамъ омада буданд, ки имрӯз ҳар яки онҳо дар рушди арабшиносии тоҷик саҳми муайянро  доранд.

   Дар рушди маънавӣ ва илмии ҳар яки онҳо нақши мудири шуъба, бонуи меҳрубону ғамхор Наимахон Қаҳҳорова басо назаррас аст.

  Тоҷиддини Мардонӣ соли 1986 таҳти роҳбарии Н.А. Қаҳҳорова дар мавзӯи “Ташаккул ва инкишофи анъанаи дузабонӣ дар адабиёти форсии  тоҷикии асарҳои IX-X” рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад. Баъдан бо такмилу таҳрир онро дар шакли китоб зери унвони “Дузабонии арабию тоҷикӣ дар назми асрҳои IX-X” соли 1993 ба забони русӣ ба чоп мерасонад, ки соли 1997 ин асар ба озмуни байнанмиллалии “Осори ворисони Имом Исмоил Ал-Бухорӣ” дар давлати Қатар пешниҳод гардида, сазовори ҷоизаи аввал мешавад. Гузашта аз ин, бояд мутазаккир шуд, ки рисолаи Тоҷиддин Мардонӣ дар адабиётшиносии татбиқӣ ва арабшиносии тоҷик пажуҳиши нахустин доир ба ашъори арабии шоирони дузабонаи асримиёнаии форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Баъд  аз рисолаи Тоҷиддин Мардонӣ солҳои баъд дар ин ҷода аз тарафи муҳақиқони боистеъдоде чун Низомиддин Зоҳидов, шодравон Абдушукури Абдусаттор, Умеда Ғаффорова, Файзулло Бобоев рисолаҳои номзадиву докторӣ ба миён  омаданд, ки дар адабиёти татбиқӣ ва арабшиносии тоҷик мақоме хосеро ишғол мекунанд.

  Профессор Тоҷиддин Мардонӣ бо вуҷуди  он ки чандин сол дар корҳои дипломатӣ буд, пайваста дар тафаҳҳусу таҳқиқу ҷамъоварии маводи илмӣ будааст. Натиҷаи ин заҳматҳои пайгиронааш буд, ки баъд аз фориғ шудан аз хидмати дипломатӣ боз ба Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ (ҳоло АМИТ) бармегардад ва соли 2006 дар Шурои дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ рисолаи доктории хешро дар мавзуи “Таъсири шеъри арабӣ ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷики асрҳои XI-XII” бомуваффақият дифоъ мекунад ва аз тарафи муҳаққиқини дохиливу хориҷӣ ҳамчун як таҳқиқоти ҷиддӣ ва дорои нуқоти ҷолиби таваҷҷуҳ шинохта мешавад.

  Бидуни муболиға, рисолаи доктории профессор Тоҷиддин Мардонӣ дар адабиётшиносии тоҷик, умуман шарқшиносии муосир як падидаи тоза ва таҳқиқоти бунёдист. Зеро то ба ӯ таъсирпазирии шеъри форсии тоҷикиро аз адабиёту фарҳанги арабӣ ба ин паймона ва дақиқу мудаллал бо назардошти дастоварҳои  назариявии адабиёти тадбиқии ҷаҳонӣ касе анҷом надодааст. Сониян, дар рисола доираи баҳси муаллиф  бо шарқшиносони маъруф ва муҳаққиқини шинохтаи Эрону араб, ба мисли Анри Корбэн, А. Зарринкуб, Меҳди Муҳаққиқ, Шафеъии Кадканӣ, Дамдоӣ, А. Ҳабибуллоҳӣ, Марун Аббуд  фаррох буда, назари хешро перомуни ашъори арабии Ибни Сино, Носири Хусрав, Масъуди Саъди Салмон, ки муғойири нақди эшон аст, бо далели мантиқӣ дифоъ  кардааст.

  Хушбахтона, ин таҳқиқоти хешро профессор Тоҷиддин Мардонӣ соли 2021 ба забони русӣ зери унвони “Влияние арабской поэзии на творчество персидско-таджикских поэтов XI-XII вв.” тавассути нашриёти  “Дониш”-и АМИТ дар ҳаҷми 378 саҳифа ба табъ  расонид, ки барои мутахассисони адабиёти татбиқӣ ва арабшиносон манбаи хуби назариявист.

 Ин донишманди пуркор чандин рисолаҳои илмӣ перомуни масоили гуногуни арабшиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик ба табъ расонидааст, ки аз баъзеи онҳо метавон ном бурд. Аз ҷумла “Мирзо Турсунзода ва ҷаҳони араб” (1990), “Носири Хусрав ва фарҳанги арабӣ” (2005), “Ашъори арабии Ибни Сино” ( ба забони русӣ, 2006),  “Масъуди Саъди Салмон ва шеъри арабӣ”(ба забони русӣ, 2006), “Аз таърихи равобити адабии арабҳо ва тоҷикон” (2007), “Рӯдакӣ ва адабиёти араб” (2010), “Мардумони Шарқ дар осори Садриддин Айнӣ” (2017), “Сухане чанд дар бораи  Абӯалӣ Сино. Таҳқиқ ва тарҷумаҳо” (2018). Гузашта аз ин, беш аз 200 мақолаи илмӣ, илмӣ - оммавиаш дар нашрияҳои ватаниву  кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон, Руссияву Арманистон, Афғонистону Эрон ва Яман чоп шудаанд.

  Бо асарҳои илмии хеш  профессор Тоҷиддин Мардонӣ  саҳми чашмгире дар рушду такомули арабшиносии тоҷик, хосса дар омӯзиш, таҳқиқ, таблиғи мероси илмӣ ва адабии арабии ниёкономон, ки бисёре аз саҳифаҳои торики таърихи адабиётамонро равшан сохтааст, мусоидат менамояд. Профессор Тоҷиддин Мардонӣ дар баробари муҳаққиқи пуркор будан,  муррабӣ ва раҳнамои аспирантону унвонҷӯён низ буд. Зери роҳбарии эшон чандин аспиранту унвонҷӯ рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, ба таҳқиқу тадриси адабиёту забони арабӣ ва робитаҳои адабии арабиву тоҷикӣ машғуланд.

  Беҳубҳа, шодравон профессор Тоҷиддин Мардонӣ дар радифи арабшиносон ва адабиётшиносони варзидаи тоҷик мақоми шоистаи худро дорад ва банда ифтихор дорам, ки бо чунин чеҳраи дурахшони илми тоҷик дӯст ва ҳамкор будам.

   Ёдаш ҳамеша дар дили дӯстон ҷовидонист ва поёни сухан ба қавли Саъдии бузург:

    Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,

    К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

 

             ОЛИМҶОН ХОЧАМУРОДОВ,

       доктори илмҳои   филологӣ, профессор, сарходими илмии

Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ

Хондан 328 маротиба