Ин ки Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомониро барои саҳмгузорӣ дар рушди илму техника сазовор гардидаед, ҷойи баҳс надорад, чаро ки новобаста ба синнусоли ҷавонӣ пайваста дар такопӯву талоши илмию эҷодӣ ҳастед ва ҷиҳати болоравии сатҳи илмҳои табиатшиносӣ саъю кӯшиши фаровон ба харҷ медиҳед. Ин аст, ки тайи се соли ахир бо даъвати коршиносони соҳавии хориҷӣ дар доираи Лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи алоқа ва иртибототи Чунсини Ҷумҳурии Мардумии Чин минҳайси профессори донишгоҳӣ фаъолияти илмӣ намуда, аз тариқи омӯзишу мутолеоту озмоишҳои ихтисосӣ ҳузуру нуфузи илми ватаниро дар миқёси байналмилалӣ таъмин мекунед. Ибтикорот ва талошҳои пайгиронаатон дар самти таҳқиқу озмоиш ҳамчунон идома доранд ва дар ин самт ба Шумо барору комёбӣ хоҳонем.
Меҳрдод Субҳонии гиромӣ,
аз фурсати муносиб истифода намуда, ба Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ сазовор гардиданатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи хонаводагию илмию эҷодии Шумо муваффақияту комёбиҳои беназир таманно мекунем.
Воқеан:
Ба илми миллати тоҷик вафодорӣ,
Ба ин Ҷоиза, оре, ту сазоворӣ!
Бо эҳтиром,
аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”