Воқеан дар бораи адабиёт ва мардони бузурги он хеле навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Месазад гуфт, ки тамоми адабиёти олам бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи онҳо арзишу муҳимияташон дар ҷомеа мисолу масалҳои хуберо кашшофона ва халлоқона баён кардаанд.
Бузургони илму адабиёти тоҷику форс Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Низомӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Бедил ва адибони муосири мо Айнӣ, Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Муҳаммадзамони Солиҳ, Кароматулло Мирзо, Абдулҳамид Самад ва дигарон дар осорашон адабиётро воситаи инъикоскунандаи ҳаёт ва хислатҳои гуногуни одамон дониста, такшифу тасвиру тавсифи воқеият ин ё он масоили давру замонро муҳимтарин нақш меҳисобанд. Бешак, забону адабиёт воситаи муассири шинохти масоили мухими ҳаётӣ буда, метавонад хонандаву соҳибзавқ барои донистан ва дарки мушкилот водор месозад. Тибқи овардаи донишманди тоҷик С. Ятимов адабиёти ҳақиқӣ чӣ тавр ва барои кадом ормонҳо зистан ва ҷонфидоӣ карданро амалан меомӯзад ва меомӯзонад. Он неруи бузургест, ки дар системаи ягонаи таъмини манфиатҳои миллӣ заҳмати зеҳнӣ кашида, дар пойдорӣ ва рушди тафаккури миллӣ хизмати босазо карда метавонад. Ҳамин тавр, метавон зикр кард, ки адабиёт чун неруи нарм дар рушд ва муносибатҳо миёни кишварҳо кӯмак намуда, дӯстиву ҳамбастагиро тавсеа мебахшад.
Донишманд Ҷозеф Ной низ мафҳуми «неруи нарм»-ро ба адабиёт, фарҳанг, арзишҳои сиёсӣ ва ормону орзуҳо дар самти сиёсати хориҷӣ дониста, адабу фарҳангро ҳамчун унсури он пиндошта, таъсири онро дар ҷаҳонбинӣ ва таҳаввули ташаккули шуури одамон муҳим арзёбӣ менамояд. Ӯ чунин андеша дорад, ки арзишҳои фарҳангию адабӣ саршор аз маъноҳои баланди гуманистӣ буда, мавқеи давлатҳоро дар ҷомеа устувор менамояд.
Шоир ва файласуфи Шарқ Муҳаммад Иқбол низ дар осораш ҷойгоҳи адабиётро бо латофат баррасӣ карда, дар маҷмӯаи ашъори урдуаш қисматеро зери унвони «Адабиёт» ва “Марди бузург” тахсис дода, шаҳомату бурзургии онро чунин васф кардааст:
Ишқ аб пайрави ақли худодод каре,
Обру кӯчаи ҷонон ме на барбод каре.
Куҳна пайкар ме нае руҳ ку обод каре,
Ё куҳанруҳ ку тақлид се озод каре.
Яъне, ҳамакнун ишқро пайраву тобеи ақли худод бояд намуд ва обруву симои худро дар кӯчаи ҷонон на бояд барбод дод. Ҳамин тариқ дар пайкараи кӯҳнаи худ рӯҳияи навро ворид карда, онро обод сохт ва ё инки онро аз тақлиди нобаҷо озод намуд.
Дар ин зимн, адабиётшинос ва шарқшиноси бениҳоят меҳрубону муаддаб, хоксору хайрхоҳ ва ҳиндшиноси маъруф ҷаҳон профессор Ҳабибулло Раҷабов барои хонандаи тоҷик аз забони адибони сарзамини Ҳинду Покистон ҳақиқату воқеиятро кашшофона баён намудааст, ки арзишу мақоми адабиётро аз муҳимтарин баёнкунандаи ҳаёту мамоти башарият меҳисобад. Санаи 30 июн 2025 дар маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маҳфили “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо ҳузури доираҳои илмию академӣ ва адабию маданӣ (аз ҷумла, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Хоҷамуродов, файласуфи миллӣ устод Комил Бекзода, адабиётшиноси варзида Шоҳзамон Раҳмон, рӯшангари миллӣ Ҷамолиддин Саидзода ва дигарон) нишасти вежаи илмӣ таҳти унвони “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда”, ки ба ифтихори 58-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов ихтисос дода шуд, баргузор гардид.
Маҳфилро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён ифтитоҳ намуда, ба таври иҷмолӣ аз вазъи ҳиндшиносии муосири миллӣ ва дар ин замина ибтикороту навовариҳои илмию эҷодии ҳиндшиноси муваффақи ватанӣ устод Ҳабибулло Раҷабов сухан ба миён оварда, сухани ифтитоҳиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода вогузошт.
Мояи ифтихору шараф аст, ки шиносоии нигорандаи мақола бо профессор Ҳабибулло Раҷабов, ки дар шаҳри бостоноии Лоҳури Покистони имрӯза, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст, аввалин маротиба дар рӯзҳои баргӯзории конфронси байналмилалӣ ба муносибати бузургдошти шоир ва файласуфи Шарқ Муҳаммад Иқбол нимаи охири моҳи апрели соли 2003 сурат гирифт.
Аз ҳамон рӯз бо ин марди маҳбуби адабу фарҳанг меҳри самимӣ пайдо карда, ӯро чун устод ва падари маънавӣ пайдо кардам. Дар дафтарчаи ёддоштҳои банда, ҳанӯз чун як роҳнамоӣ хотиравӣ ва насиҳатномаи падарвори устоди муҳтарам бо дасти муборакашон чунин қайд шудааст: “Ҳар як инсони ношинос аз ҷониби дигар ношинос ба ягон навъе кашф мешавад. Мо ҳамеша бо орзуи бе ниқоб дидани инсонҳо ҳастем”...
Ҳамин тавр, насиҳаташонро бо ин шеър хотима бахшиданд:
Ҳар ки аз илм тавонгар бувад,
Кай назараш бар гуҳару зар бувад.
Таҳия ва нашри китобҳои бешумори ин марди бузурги адаб ба хусус китоби “Тасвири воқеаҳои фоҷиавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд” гуфтаҳои болоро тасдиқ менамояд.
Ба қавли адабиётшинос ва шарқшиноси тоҷик Аҳмад Ҳоҷизода профессор Њабибулло Раљабов дар замони ҳозир муаррифии Њиндустонро барои муосиронаш чунон ки Абурайњон њазор сол пештар намуда буд, онро пайравӣ карда, идома медињад.
Доктори илмњои филология, профессор Њабибулло Раљабов аз олимони шинохтаи камназири кишвар мебошад, ки тамоми фаъолияти илмии худро ба тањќиќи мавзуъњои гуногуни адабиёт ва фарњанги Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Њиндустон бахшидааст. Ӯ дастпарвард ва шогирди олимони машњури донишгоҳи СанктПетербурги Россия (Ленингради пешин) мебошад. Ў баъд аз хатми мактаби миёна соли 1962 ба шўъбаи њиндї ва урдуи Донишгоњи давлатии Ленинград дохил шуда, онро дар соли 1967 бо муваффаќият ба анљом мерасонад. Сипас барои идомаи тањсил ба аспирантураи Институти шарќшиносии ИЉШС дар Маскав дохил шуда,фаъолияти илмиро аз он љо оѓоз намуда ба тањќиќи адбиёти муосири Њиндустон мепардозад. Баъд аз хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон баргашта, дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон бахши омӯзиши Ҳиндустону Покистон кору фаъолият мекунад. Ҳамин тавр, соли 1977 рисолаи номзадиро дар мавзўи «Новелистикаи Мохан Ракеш» бо муваффаќият дифоъ менамояд. Устод Њ. Раљабов дар мавзўи «Ташаккул ва инкишофи њикояи муосири њиндї» рисолаи докториро дифоъ намуда соли 1998 онро дар шакли монография ба табъ расонида, унвони илмии профессори кафедраи филологияи Њинду Покистони Донишгоњи миллии Тољикистонро мушарраф мегардад. Дар солњои 1984-2005 профессор Њабибулло Раљабов ба њайси мудири кафедраи филологияи њиндї адои вазифа намуда, њамзамон фаъолияти илмии пурсамаре нишон додааст. Профессор Њабибулло Раљабов солњои 2005-2008 вазифаи пурмасъулияти проректори аввали Донишгоњи миллии Тољикистонро бар уњда дошт ва номи ў дар рейтинги љањонии њиндушиносони машњур сабт аст.
Профессор Њабибулло Раљабов чун адабиётшинос завќи хуби шеърдониву шоирї низ дошта, ашъори эљодкардаи ӯ дар васфи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва инчунин тарљумаи мањсули эљодии шоирони маъруфи Њиндустон ва Покистон гувоҳӣ он мебошанд. Китоби «Муњаммад Иќбол – шоири абадзинда» маљмўаест, ки дар он маќолањои устод Раљабов Њ. бахшида ба пањлуњои гуногуни зиндагинома ва мањсули эљодии аллома ва Мавлонои асри XX – Муњамад Иќбол гирдоварї шудаанд.
Махсус ќайд кардан лозим аст, ки тарљумаи куллиёти ашъори шоири номдори Покистон Файз Ањмади Файз аз забони урду ба забони тољикї ба ќалами профессор Њабибулло Раљабов тааллуќ дошта, солҳои охир чанд китоби пурарзиши устод дастраси муњаќќиќон ва дўстдорони фарњангу адаб ва таърихи муосири Њиндустон гардид, ки метавон ҳамаи онро чун пайванднамои фарҳангӣ ё дипломатаияи мардумӣ ба муносибати ҳамкориҳои ҳасанаи Тоҷикистону Ҳиндустон ҳисобид, ки дар арафаи таҷлили 34 солагии Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон ва 78 солагии Рӯзи Истиқлоли Ҳиндустон чун барги сабз пешкаши хонадагон мегардад.
Мавриди зикр аст, ки кишвари Ҳиндустон дуввумин сераҳолитарин давлати дунё баъди Чин буда, санаи 15-умин августи соли 1947 аз зери мустамликаи Бритониё озод гардида, соҳибистиқлолу худмухтории худро эълон кард.
Ин кишвар дар минтақа мақоми хосаи худро дошта, аз нигоҳи адабиёту забон ва фарҳанги қадиму бостонӣ тафовут дорад, ки омӯзишу шиносоии он хело муҳим арзёбӣ мегардад.Лозим ба ёдоварист, ки минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дар қисми марказиву ҷанубии Осиё ҷойгир шуда, бо кишварҳои Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Малдив, Непал, Покистон, Ҳиндустон, Шри Ланка тақсимбандӣ мешавад.
Мавриди зикр аст, ки адабиёти халқҳои Ҳиндустон таърихи қадимаи беш аз чорҳазорсола дорад. Ҳамин тавр, он роҳҳои тӯлониро тай карда, рушду нуму ёфта то ба имрӯз кашфу тараққӣ кардааст. Дар рушди он саҳму нақши адибони Ҳиндустон хело бузург дошта, бо заҳмату талоши доимии онҳо адабиёт ба мо расид.Роҳи абрешим аз Ҳиндустон ва Осиёи Миёна мегузашт, ки ба инкишифи равобити тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон мусоидат мекард. Адабиётшиносону ҳиндшиносони тоҷик бо тавсияҳои хуби устод Айниву Турсунзода ва алалхусус академик Бобоҷон Ғафуров дар марказҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ ба монанди Академияи миллии илмҳо ва донишгоҳҳои олӣ низ дар рушди адабиёти ҳинд саҳм гузошта, бо таҳқиқу омӯзишу лексияҳои илмии худ рушду равнақ доданду то ба имрӯз идома дода истодаанд. Бешак қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров аввалин поягузорони ҳиндшиносӣ дар Тоҷикистон мебошанд.
Бо сарчашмаҳову манобеи дақиқ метавон зикр кард, ки забони форсӣ- дарӣ-тоҷикӣ дар ин кишвар беш аз 600 сол мавриди истифодаи давлатдорону адибон қарор гирифт, ки натиҷаи илмии онро аллома Муҳаммад Иқбол дар шеъраш чунин ифода кардааст:
Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфторӣ дарӣ ширинтар аст.
Дар ин зимн, аз ҷониби нашриёти “ЭР-граф” китоби “Тасвири воқеаҳои фоҷиавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд” дар ҳаҷми 272 саҳифа нашр гардид. Мундариҷаи китоб иборат аз муқаддима, 2 бобу 12 зербоб ва хулосаву рӯйхати адабиёт буда, муаррифии 9 адиби маъруфи адабиёти ҳинд, ки дар кашфи масоили мубрами таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва хусусан баёну тасвири воқеаҳои фоҷиавии тақсимшавии Ҳиндустон саҳми арзанда доштанд, барои хонандаи тоҷик мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шудааст.
Муаллиф дар китобаш оид ба нақши адибону адабиёти Ҳиндустон дар тасвири ҳодисаҳову воқеаҳо ва фоҷиаҳои даврони истиқлол ва пеш аз онро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода, роҳҳои ҳал ва тавсияву пешниҳодҳоро дар сохтани ҷомеаи хубу пешрафта барои мардумони гунонунандешаи кишвар ироа намудааст.
Бояд қайд кард, ки китоб аз ҷониби профессор ва ҳиндшиноси тоҷик Ҳабибулло Раҷабов бо назардошти таҳқиқоту тадқиқоти ихтисосиаш барои доираи васеи хонандагон, адабиётшиносон ва ҳиндшиносону мутахассисони адабиёти халқҳои ҷаҳон пешниҳод мешавад. Муаллифи китоб дар асоси корҳои тадқиқотии худ аз рӯи ихтисос ва забондониву ҳиндшиносиаш мавзуъро хело хуб баррасӣ ва андешаронӣ карда шудааст, ки хонанда метавонад аз масоили адабу забон ва нақши адибони ҳинд ва минтақаи Осиёи Ҷанубӣ огаҳии хуби илмӣ пайдо кунад.
Китоб зери таҳрири доктори илмҳои таърих, профессор Мирзоев Ниёз бо тақризҳои илмии ҳиндшиноси ДМТ Заррина Раҳматуллоева ва филолог ва аврупошиноси АМИТ Гулмоҳ Шозиёева рӯи чоп омадааст.
Китоби “Тасвири воқеаҳои фоҷиавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд” бо мундариҷа ва бобу зербобҳояш бар асоси достону романҳои адибони пешқадами шибҳиқора таҳия ва мураттаб гардидааст.
Дар муқаддима муаллиф чанд нуқтаи муҳим оид ба адибон ва асарҳои адабии онҳо ишорат карда, мавзуъро хело моҳирона таҳқиқу баррасӣ намуда, бо далелу аснодҳо аз достону роман ва ашъори адибони ҳинд нақл кардааст.
Муаллиф даврони пас аз Шӯриши сипоҳиёнро дар таърихи Ҳиндустон асри бузургтарин воқеаҳо ва пурфоҷиатарин қиёми мардуми истисморшуда ва ҷафокашидаи Ҳиндустони мустамликавӣ медонад. Зеро он омили шикастхӯрии шӯришгарон гардида, заминаҳоро барои таърихи нави адабиёти ҳиндӣ фароҳам овард. Ин ҷунбишҳо адибони пешқадами ҳиндро водор сохт, то бо ҳар роҳҳу восита дар майдони ҷанг ва муборизаҳои тақдирсози миллӣ иштирок намуда, ҳодисаҳоро воқеъбинона бо чашми хирад тасвир намоянд.
Ҳамин тариқ, воқеаҳои даврони озодихоҳӣ ва кашмакашҳову муборизаҳои даврро, адибони пешқадам бе тарсу ҳарос бозгӯи карданд, ки муаллиф дар китоб онро бо мисолҳои хубу возеҳ пешниҳоди хонанда кардааст.
Ҷолибиву ҷаззобият китоб дар онаст, ки муаллиф ҳар адибро барои хонанда ошнову муаррифӣ карда, муҳимияти осори эҷодшудаи онҳоро бо забонҳои ҳиндӣ, урду ва англисӣ дар тасвири ҳодисаҳои фоҷиавори давр мавриди баррасӣ қарор додааст.
Китоби мазкур метавонад барои кормандони илмӣ, мутахассисони соҳа, аспирантону докторантҳо, магистрантҳо ва устодону омӯзгорони донишгоҳову марказҳои таҳқиқотии соҳавӣ ҳамчун дастури хуби таълимӣ истифода гардад.
Мавриди зикр аст, ки профессор Ҳабибулло Раҷабов яке аз чеҳраҳои забону адаби Тоҷикистон буда, дорандаи ордени “Нилуфар”-и Ҳиндустон ва аз зумраи 43 ҳиндшиноси ҷаҳон мебошад, ки оид ба тарвиҷу тарғиби забону адабиёти ҳиндӣ ва мавзуъҳои марбут ба Ҳиндустону Осиёи Ҷанубӣ даҳҳо китобу мақолаҳо навиштааст. Таҷриба ва фаъолиятҳои зиёда аз 40 солаи ин марди адабу донишманд буд, ки баррандаи ҷоиза адабии (орден)-и “Падма Шри”-и кишвари Ҳиндустон гардид. Ин марди наҷибу накукор аз нахустинҳо дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна аст, ки сазовори чунин ҷоизаи адабӣ гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки ҷоизаи адабӣ (орден) Падма Шри яке аз чаҳор орденҳои давлатии Ҳинд ба мисли Бҳарат Патна,Падма Вибҳушан, Падма Бҳушан аст, ки дар соли 1954 бо ибтикори давлати Ҳинд барои хадамоти маорифу маданият, саноату табобат, адабиёту фарњанг ва варзишу иҷтимоиёт дар “Рӯзи ҷумҳурӣ” аз тарафи раиси ҷумҳур барои мушаррафшудагон тақдим мешавад.
Тибқи маълумотҳои дарёфтшуда аз кишвари Россия ва собиқ Иттиҳоди Шўравӣ донишмандони зерин ба монанди Г. М. Бондаревский (2000) Т. М. Елизаренкова (2004) Р. Б. Рыбаков (2007), М. Л. Салганик (2007) ва Г. М. Печников (2008) сазовори орден шуда, то имрӯз 2840 нафар ба он мушарраф шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки профессор Ҳабибулло Раҷабов яке аз ҳафтод ҳиндшиноси дунё буда, тамоми неруи зениву қаламии худро ба забону адабиёт алалхусус, ҳиндӣ ва урду бахшида, ба ҳайси роҳнамову узви фаъоли Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон симову пайвандгари дипломатияи фарҳангӣ нақш бозида, аз беҳтарин адабиётшиносони пуркору пуртаҷриба мебошад. Ҳамин тавр, донишмандоне, ба монанди Ҳабибулло Раҷабов, пули фарҳангӣ миёни халқҳо нақш офарида, дар таҳкими робитаҳои илмию фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Хулосаи калом, бо њусни анљом нигорандаи сатрҳо чун шогирду фарзанди маънавии устод зањматњои профессори кафедраи филологияи Њинди Донишгоњи миллии Тољикистон ва роҳбару собиқадори шуъбаи Осиёи Љанубї ва Шарќии Институти омўзиши масъалањои давлатњои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмњои Љумњурии Тољикистон устод Њабибулло Раљабовро ба муносибати 80 солагии камоли умри муборакашон, ки дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлоляити Тоҷикистон ва 78-уми солгарди Истиқлолияти Ҳиндустону Покистон сурат мегирад, табрику муборакбод намуда, ба устоди меҳрубон ва аҳли хонадону шогирдон саломативу саодатмандӣ таманно мекунем.
Раҳмонов Мирсаид
ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ