JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 14 Апрели 2026 10:38

Фановарӣ ва пайванди миллатҳо: бардоштҳои шахсӣ ва таҷрибаҳои ихтисосӣ дар чаҳорчӯби сафари омӯзишӣ ва сайри фарҳангӣ-фароғатӣ

Муаллиф:

 (сафарнигошт)

 Дӯстиву ҳамгироӣ миёни миллатҳо аз қадим яке аз унсурҳои асосии ақвоми ориёӣ буд. Пайкорҳои шоистаи Куруши Бузург ва дигар сарварони давлати миллии Ҳахоманишӣ, аз ҷумла озодии куллӣ додан ба намояндагони миллатҳои гуногун барои ҳифзу нигаҳдориву густариши фарҳангҳои худ, намунаи хубест барои тасдиқи он. Дар замони муосир давлати миллии тоҷикон -- Тоҷикистони соҳибистиқлол, низ бар пояи ин фарҳанги воло дар сатҳи минтақаву ҷаҳон ҳамеша дӯстиву ҳамгироӣ меҷӯяд. Ба қавли устод Мирзо Турсунзода:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Ин ҷусторҳо моро бо аксари кишварҳои ҷаҳон наздик намуданд ва дар густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо онҳо нақши бориз мегузоранд. Ҳиндустони афсонавӣ яке аз ин кишварҳо мебошад. Ин кишвар низ бо мо муштаракоти фарҳангии зиёд дорад ва яке аз ҳадафҳои ҳукумати он дар замони муосир ба вуҷуд овардани шароити дӯстиву ҳамгироӣ бо миллатҳои гуногун мебошад. Ин ҳадаф тариқи ниҳодҳо ва барномаҳои гуногун амалӣ мегардад, ки Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC) яке аз онҳо мебошад.

Хушбахтона, мо ҳам ба сифати яке аз иштирокчиёни Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC) пазируфта шуда, бо даъвати дастандаркорони пружа ба Ҳиндустон сафар карда, муддати 14 рӯз дар чаҳорчӯби Барномаи мазкур аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаштем. Дар муддати омӯзишу будубош, ки фурсати хеле камро фаро мегирифт, дар баробари омӯзишу таҳқиқ, бо намояндагони миллиятҳои гуногуни ҷаҳонӣ, урфу одатҳои мардуми маҳаллӣ, мушаххасоти ахлоқию ҳувиятию муоширатии сокинони минтақавӣ ва билохира беҳтарин намунаҳои фарҳангу маънавиёти Ҳиндустон аз наздик ошно гардидем. Бо таваҷҷуҳ ба ин, худро муваззаф ҳисобидем, ки бардошту таассуроти фардиро дар доираи сайру сафари омӯзишию фарҳангӣ-фароғатӣ ба кишвари афсонавии Ҳиндустон дар қолиби сафарнигошт ироа  намоем.   

 

Барномаи ITEC чӣ барномаест ва кӣ метавонад дар он иштирок намояд?

Барномаи ITEC (Indian Technical and Economic Cooperation Programme) ё Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон платформаи пешбар дар болобарии зарфияти мутахассисон аз кишварҳои рӯ ба рушд мебошад, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон ба роҳ монда шудааст. Ин барнома аз соли 1964 амал карда, то имрӯз зиёда аз 200 ҳазор мутахассисро аз 160 кишвари ҳамкор пазируфтааст. Ҳамасола дар доираи ин барнома тақрибан 400 курси омӯзишӣ ташкил мешавад, ки дар он зиёда аз 10 ҳазор нафар дар беш аз 100 ниҳоди илмиву таълимӣ ва пажуҳишии Ҳиндустон ба омӯзиш ҷалб карда мешаванд. Ҳатто дар солҳои мавҷудияти пандемияи COVID-19 ин барнома фаъолияти худро қатъ накарда, беш аз 10 ҳазор мутахассисро ба курсҳои омӯзишии онлайнӣ ҷалб карда буд.

Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар бораи ҳадафҳои барномаи ITEC чунин мегӯяд: "Ҳиндустон кишваре аст, ки ҳамвора нақши созанда дар саҳнаи ҷаҳонӣ ифо кардааст. Пешниҳоди кумакҳои тавсеавии мо, модели рушди мо бар асоси "бидеҳу бигир" нест, балки бо талаботи рушди кишварҳои шарик ҳидоят мешавад. Тамаркузи мо ҳамеша бар зарфиятсозӣ ва рушди манобеи зеҳнӣ будааст". Ин ба он маъност, ки ҳадафи асосии барномаи ITEC саҳмгузорӣ дар рушди кишварҳои шарик тариқи бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва нишон додани таҷрибаи муваффақи Ҳиндустон ба иштироккунандагон мебошад.

 

Раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон

Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон раванди ҳуҷҷатгузориро барои довталабони курсҳои ITEC бо сифати хеле баланд ба роҳ мондааст, ки ҳар як довталаб ба осонӣ, бе харҷи вақту маблағи зиёд онро мегузарад. Масъули асосӣ дар ҳоли ҳозир ҷаноби Санҷай Кумар Бҳат мебошад, ки аз нозукиҳои кори худ пурра бохабар аст ва ба ҳар як довталаб кумаки арзанда менамояд. Ӯ ҳуҷҷатҳоро дурустҳисобӣ санҷида, барои такмилу пурра кардани онҳо ба довталабон кумак менамояд. Агар курси интихобкардаи довталаб бо ихтисоси вай созгор набошад, барои интихоби курси мувофиқ гузинаву пешниҳодҳои созгор манзур месозад. Ҳатто баъзе довталабон бе интихоби курс ва пур кардани санади дархостӣ (форма) ба қабулгоҳи онҳо мераванд ва аз ҷаноби Санҷай Кумар Бҳат барои интихоби курси мувофиқ кумаки лозимаро дарёфт менамоянд.

Пас аз тасдиқи ҳуҷҷату санадҳо ва курси интихобкардаи довталаб аз ҷониби ҷаноби Санҷай Кумар Бҳат боз ду вохурии дигарро бояд гузашт. Нахуст, вохурӣ бо муовини сафир мегузарад. Вай ҳам ҳуҷҷатҳои довталаб, ҳам курси интихобшуда ва ҳам забондонии ӯро санҷида, розигии худро барои қабули дархост медиҳад. Баъдан, маълумот ба ниҳоди илмии интихобшуда дар Ҳиндустон барои тасдиқ меравад, ки дар ин масъала аз ҷониби довталаб чизе талаб карда намешавад. Дар ин миён раванди визагирӣ оғоз меёбад.

Пас аз тасдиқ шудани иштироки корманд аз ҷониби ниҳоди илмии Ҳиндустон ва омода шудани виза вохурии охирин бо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике  баргузор мешавад. Дар ин вохурӣ, асосан сухан дар бораи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар меравад ва бори дигар касбу кор, ҷойи кор ва курсҳои интихобкардаи довталабон мавриди муҳокима қарор мегирад. Дар ин вохурӣ виза ва чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба иштироккунандагон дода шуда, маълумоти пурра дар бораи хатсайрҳо ва ниҳодҳои илмии интихобшуда дода мешавад. Дар маҷмуъ, ин раванд хеле шаффоф ба роҳ монда шудааст.

 Интихоби курс

Имрӯз истифодаи дуруст ва боинсофонаи зеҳни сунъӣ дар коргоҳ ба мавзуи муҳим мубаддал гаштааст. Технологияҳои мавҷудаи зеҳни сунъӣ ба инсонҳо дар ҳама соҳаҳо кумаки зиёд карда метавонанд. Истифодаи дурусту хирадмандона аз ин фановарӣ самаранокии меҳнатро бамаротиб боло бурда, ба рушди иқтисоди миллӣ суръат мебахшад. Албатта, мо аз ин фановарӣ то дараҷае истифода мекардем, вале таҷрибаи муассисаҳои илмии Ҳиндустон дар ин росто метавонист барои мо омӯзанда бошад. Ин буд, ки вақте рӯйхати курсҳои дарпешистодаро дидем, дар он курсе зери унвони “Зеҳни сунъӣ дар коргоҳ” вуҷуд дошт, ки дар Маркази рушди ҳисоббарории пешрафта воқеъ дар минтақаи Моҳалии шаҳри Чандигари иёлоти Панҷоб, аз 5 то 18 марти соли 2026 нақшабандӣ шуда буд, беш аз пеш таваҷҷуҳи моро ҷазб намуд ва мунтаҳо, бедиранг онро интихоб кардем.

Дар зимн, рӯйхати курсҳои дастрас ҳамасола аз моҳи январ дар сомонаи ITEC (ниг.: itecgoi.in/upcoming_courses) ва сомонаи Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон (ниг. eoidushanbe.gov.in/page/itec-training-programmes) мунташир мешаванд. Ҳар як довталаб метавонад ба осонӣ онҳоро аз назар гузаронида, барои худ як курси мувофиқ интихоб намояд. Дар ҳамон ҷо метавонад формаи дархост барои иштирокро пур намуда, ирсол кунад. Аз ҳамон лаҳзаи ирсоли санади дархостӣ раванди кор шуруъ мешавад.

Дар курсҳои барномаи ITEC ҳар як мутахассисе, ки 5 сол ва зиёда аз он таҷрибаи корӣ дорад, иштирок карда метавонад. Пештар шахси аллакай дар ин барнома иштирокнамуда, танҳо баъди 5 сол такроран ҳаққи иштирок пайдо мекард, ҳоло муҳлати он 4 сол муқаррар шудааст. Кормандон аз муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ иштирок карда метавонанд.

Барномаи ITEC тақрибан дар ҳама соҳаҳо курсҳои омӯзишӣ дорад. Феҳристи умумии соҳаҳои дарбаргиранда чунин аст:

  • Баҳисобгирӣ, аудит, бонкдорӣ ва молия.
  • Кишоварзӣ.
  • Зеҳни сунъӣ.
  • Фановариҳои сайберӣ.
  • Маориф.
  • Забономӯзӣ.
  • Муҳити зист ва энергияи барқароршаванда.
  • Мудирияти давлатӣ.
  • Банақшагирӣ ва рушди захираҳои зеҳнӣ.
  • Ирригатсия ва захираҳои об.
  • Мудирият ва раҳбарӣ.
  • Рӯзноманигорӣ ва медиа.
  • Рушди деҳот ва коҳиши камбизоатӣ.
  • Бизнес ва корофаринӣ.

 

Дар бораи муассисаи илмӣ – CDAC.

Маркази рушди ҳисоббарории пешрафта муассисаи пешсафи таҳқиқ ва рушди Вазорати электроника ва фановариҳои иттилоотӣ буда, соли 1988 таъсис ёфтааст ва дар рушди технологияҳои рақамии Ҳиндустон саҳми зиёд дорад. Ин муассиса дар чандин иёлоти Ҳиндустон филиалҳо дошта, дар соҳаҳои ҳисоббарории баландсуръат, ҳисоббарории квантӣ, зеҳни сунъӣ ва муҳосиботи чандзабона, нармафзорҳо, информатикаи тиббӣ, омӯзиш ва такмили ихтисос ва бехатарии сайберӣ фаъолият мебарад. Идораи марказии он дар шаҳри Пуне ҷойгир буда, 11 филиали он дар дигар шаҳрҳо мебошанд. Мо дар филиали ин муассиса дар шарҳи Моҳалии Панҷоб будем, ки он CDAC-Mohali ном дорад ва соли 1989 таъсис ёфтааст. Моҳалӣ шаҳри алоҳида мебошад, вале бо шаҳри Чандигар пайваст аст, ҳамчунон ки як меҳмон марзи онҳоро дида наметавонад. Ин ду шаҳр бо шаҳри Панҷкула  сешаҳра (Tricity)-ро ташкил медиҳанд.

 Бинои CDAC-Mohali якошёна буда, аз хишти пухта тавре сохта шудааст, ки ҳеҷ болопуше барои деворҳои он лозим нест ва ҳаргиз ба поксозиву нигоҳубини махсус ниёз надорад. Дар дохили он дар канори синфхонаҳову утоқҳои корӣ сабзазорҳои хурд ҷойгир шудаанд. Ин марказ дар баробари коркарди нармафзорҳо ва таҳқиқотҳо дар соҳаи ҳисоббарории пешрафта, ба таълим низ машғул аст. Донишҷӯёну кормандони зиёд дорад, вале ҳамагӣ саргарми кори худ буда, дар ҳавливу сабзазорҳои дохили он ягон мағалу ғавғо дида намешавад. Хеле муҳити хубе дорад, барои кору эҷод ва коркарди технологияҳои рақамии навтарин.

Кормандони ин муассиса вазифаи худро бо дараҷаи хеле баланд иҷро менамоянд. Рӯзи расидан онҳо моро бо гулу гулдастаҳо пешвоз гирифта, бо тамоми қоидаву қонунҳо шинос намуданд. Координатори курси омӯзишии мо ҷаноби Аҷай Мудгил (Ajay Mudgil) ҳар як масъаларо хеле сода мефаҳмонад. Дар баробари он, ҳар як масъалае, ки дар дохил ё берун аз муассиса бояд иҷро шавад, бону Аша дар як муддати кутоҳ ба ҳама иштироккунандагон кумак намуда, онро ҳал менамояд.

Ду омӯзгоре, ки ба мо дарс гуфтанд -- Ҳиманшу Раҷак (Himanshu Rajak) ва бону Шабнам (Shabnam) ҷавон буданд, вале бо мавзуъ хеле ошно буда, бо як маҳорати хуби омӯзгорӣ ҳар як технологияро муаррифӣ менамуданд.

Ҳар саҳар, пеш аз оғози дарси нав Ҳиманшу Раҷак ба воситаи нармафзори махсус як санҷиши махсус мегузаронд, ки дар он ба воситаи телефонҳои ҳушманд дониши дирӯз андухташуда мавриди санҷиш қарор мегирифт. Барои ҳар савол 10 сония вақт ҷудо шуда буд ва бояд ҳарчи зудтар ҷавоби дурустро пайдову интихоб кард. Ин тарзи санҷиш дар баробари муфид будан хеле шавқовар низ ба назар расид.

 Қисмати дуюми рӯз дарсҳои амалӣ ба роҳ монда шуда буданд, ки дар лабораторияҳои ҳамон марказ гузаронида мешуданд. Ин лабораторияҳо бо компютеру интернет муҷаҳҳаз буданд, ки мо ҳар як технологияи мавҷудаи зеҳни сунъиро бо истифода аз он дида мебаромадем. Гуфтан метавон, ки тими CDAC-Mohali тавонист курси омӯзиширо ба дараҷаи баланд ба роҳ монда, аз худ маҳорати баланди ташкиливу омӯзишӣ нишон доданд.

 Дар бораи шаҳри Чандигар

Шаҳри Чандигар аз дигар шаҳрҳои Ҳиндустон фарқи зиёд дорад. Як шаҳрест тозаву озода ва сарсабз. Ин нахустин шаҳрест, ки баъди ба истиқлол расидан дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта, ба таври нақшабандии муосир сохта шудааст ва аз ҷониби меъмори машҳури шведӣ-фаронсавӣ Лэ Корбузиер тарҳрезӣ шудааст. Он ба секторҳо тақсим мешавад, ки ҳар сектор дар баробари биноҳои маъмуриву истиқоматӣ бозору марказҳои савдо ё боғу гулгаштҳои зебо дорад. Кӯчаҳо дар ин шаҳри 4-миллиона хеле камодам буда, барои сайругашт хуб ҳастанд. Ҳукумати ин шаҳри сарсабз сиёсати гузариш ба дучархаро пеш гирифта, дар тамоми кӯчаҳо пайроҳаи дучархаронӣ сохтааст. Нақлиёт, либоса, хурока, тарабхонаҳо ва музею паркҳо ҳамагӣ нархи нисбатан арзон доранд. Қариб ду баробар аз нархҳои Душанбе арзон ҳастанд. Мардуми он хеле хушмуомила ва меҳрубон мебошанд.

 Шаҳри Чандигар аз шарҳи Душанбе қариб ду баробар хурд аст, вале аз сабаби он ки бо ду шаҳри дигари дар боло зикргардида (Моҳалӣ ва Панҷкула) пайваст аст ва марзҳои онро ба осонӣ дида намешавад, бузургтар менамояд. Меҳмонхонаи мо дар сектори 24-и Чандигар буд ва CDAC-Mohali дар минтақаи саноатии шаҳри Моҳалӣ қарор дошт. Ҳангоми сафар аз меҳмонхона ба муассисаи таълимӣ аслан эҳсос намешуд, ки мо аз як шаҳр ба шаҳри дигар омадем.

Чуноне ки зикр гардид, шаҳри Чандигар баъди қисмат шудани Ҳиндустон ҳамчун маркази маъмурии иёлоти Панҷоб аз ҷониби меъмори машҳури шведӣ-фаронсавӣ Лэ Корбузиер тарҳрезӣ ва сохта шудааст. Маркази ин вилоят шаҳри Лоҳур буд, ки баъди тақсимот дар Покистон монд. Ҳукумати Ҳиндустон тасмим мегирад, ки як маркази маъмурӣ барои ин иёлот созад, ки рамзи истиқлолу пешрафти Ҳиндустон бошад. Ин кор ахиран ба уҳдаи ду меъмори фаронсавӣ ва ду меъмори бритониёӣ вогузор карда мешавад. Онҳо шаҳрро бо усули антропоморфикӣ тарҳрезӣ мекунанд, ки секторҳои он дар шакли узвҳои бадани инсон тасвир ёфтааст. Дар ҷойи сар (калла) онҳо Маҷмааи Капитол (Capitol Complex), дар ҷойи дил қимати тиҷоратӣ ва дар ҷойи дасту пой секторҳои иҷтимоиву маорифро ҷойгир кардаанд.

Маҷмааи Капитол се шохаи ҳокимияти ду иёлот -- Панҷобу Ҳарианаро дар бар мегирад. Он ҷо ҳукумат, парлумон ва додгоҳи олии ин ду иёлот ҷойгир шудааст. Маҷмаа ба ёдгориҳои меъмории UNESCO ворид мегардад ва хеле ҷиддӣ ҳифз мешавад. Сайёҳон аз он дидан карда метавонанд, вале бо маҳдудиятҳо. Ҳар рӯз се маротиба масъулони ин маҷмаа сайёҳонро ба воситаҳои нақлиёти барқӣ ба он ворид месозанд ва баъди дидану тамошо муҳтарамона гусел мекунанд. Меҳмон бояд тақрибан 30 дақиқа пеш аз соатҳои 10, 12 ва 15 ба идораи кор бо сайёҳони ин маҷмаа ҳозир шавад ва баъди аз қайд гузаштан интизори роҳбаладон бошад. Бақайдгирӣ, нақлиёт ва хизматрасонии роҳбаладон ройгон мебошад. Дар фарқият аз шаҳрҳои Деҳлӣ ва Колката, ки дар онҳо нархи даромади муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ барои хориҷиён нисбат ба шаҳрвандони ин кишвар бамаротиб гаронтар аст, дар Чандигар чунин ҷудоиандозиҳо нест, ҳама як маблағро пардохт мекунанд.

 Дар паҳлуи Маҷмааи Капитол Боғи сангини Чандигар (Rock Garden of Chandigarh) ҷойгир аст. Ин боғ, ки имрӯз 16 гектор заминро ишғол кардааст ва яке аз мавзеъҳои сербинанда маҳсуб меёбад, аз ҷониби як корманди давлатӣ, дар ҷангалзори ҳимояшаванда сохта шудааст. Номи ӯ Нек Чанд Саитнӣ (Nek Chand Saini) буд, ки сар аз соли 1957 дар вақтҳои холигии худ, бо истифода аз ашёҳои бекорхобидаи сохтмонҳо, партовҳо ва биноҳои тахрибшуда дар ин ҷангалзор пайкараи одамону ҳайвонотро пинҳонӣ сохтааст. Ин кор ҳаждаҳ сол идома меёбад ва соли 1975 масъулони давлатӣ аз кори вай огоҳӣ пайдо мекунанд. Масъулон кори ӯро бозмедоранд, вале мебинанд, ки корҳои вай арзиши фарҳангӣ доранд ва ба ҷойи хароб намудани он идомаи корро маблағгузорӣ карда, онро ба мавзеи сайёҳӣ табдил медиҳанд. Пас аз ин дастгирии давлатӣ ин боғ рушди бештар намуда, дар он шаршараҳо, музейи лухтакҳо, аквариум дар дохили деворҳои сангин, театри кушода ва дигар бахшҳои тамошоӣ сохта шудаанд. Ҳоло ин ба як боғи зебои фарҳангӣ-фароғатӣ табдил ёфтааст, ки рӯзона аз он 3000-4000 нафар дидан мекунанд.

 Каме дуртар аз ин боғ кули Сукна (Sukhna Lake) ҷойгир аст. Дар атрофи он тарабхонаҳо, марказҳои фароғатӣ ва боғҳо мавҷуд ҳастанд, ки меҳмонон метавонанд вақти худро хуш гузаронанд. Меҳмонон метавонанд, аз қайиқҳо истифода кунанд ва дар соҳили он сайругашт намуда, ба варзиш машғул шаванд. Дар тарафи ғарбии ин кул боғи хомушӣ (Garden of Silence) ҷойгир аст, ки дар он пайкараи Буддо ҷой дода шудааст. Ин ҷойи хубе барои медитатсия ва тафаккуру эҷод мебошад.

 Дар ин сафар мо тавонистем танҳо аз як осорхона дидан кунем. Осорхонаи давлатӣ ва галереяи санъат (Government Museum and Art Gallery) дар ҷойи хеле зебову ором ҷойгир шудааст. Арзиши даромад дар он ҳамагӣ се сомониро ташкил медиҳад ва роҳбалад ройгон таъмин карда мешавад. Дар он бозёфтҳои археологии зиёде вуҷуд доранд, ки ба ҳазорҳо сол пеш мерасанд. Аз асрҳои миёна китобҳо бо забони порсӣ-тоҷикӣ низ нигаҳдорӣ мешаванд.

 Маъбади тиллоӣ дар шаҳри Амристар

Маъбади тиллоӣ (Golden Temple) ё ба забони панҷобӣ Дарбор- соҳиб ба маънои Хонаи Худо аст, ки дар шаҳри Амристари иёлоти Панҷоб ҷойгир мебошад. Ин парастишгоҳи асосии пайравони ойини Сик мебошад. Ин маъбад аз ҷониби чорумин пешвои Сикҳо Гуру Ром Дос (Guru Ram Das), дар давоми солҳои 1585-1604 сохта шудааст.

 Дар доираи барномаи омӯзишӣ, ташкилкунандагон моро ба ин парастишгоҳ бурданд. Дар роҳи сафар як воқеияти хеле ҷолиб таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб кард. Дар ҳар истгоҳ, ошхона ва ё мағозае, ки автобуси мо истод мешуд, ҳатман ҷойҳои дастшуии тозаву замонавӣ ва ройгон вуҷуд дошт. Ин инфрасохтор барои сайёҳон хеле муфид буда, сафарро осону бемушкил месозад. Тасаввур кунед, барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар Тоҷикистон низ агар чунин инфрасохтор вуҷуд дошта бошад. Ин як воситаи дигари ҷалби сайёҳони бештар буда метавонад.

Шаҳри Амистар қадима буда, ба монанди Чандигар нақшагирии замонавӣ надорад. Бо вуҷуди ин, кучаҳои наздик ба Маъбади тиллоӣ васеъ буда, хеле серодам ҳастанд. Ин кучаҳо пур аз фурӯшгоҳҳои хурду миёна буда, дар онҳо барои сайёҳон маҳсулоти зиёд пешниҳод мегардад. Майдони калоне пеш аз даромадгоҳ вуҷуд дорад, ки меҳмонону зиёраткунандагон дар он ҷо барои ворид шудан омодагӣ мегиранд. Дуконҳои атрофи он низ ба меҳмонон иҷозат медиҳанд, ки пояфзолҳои худро он ҷо гузоранд. Чун яке аз талаботҳо дар ҳоли ворид шудан ҳамин аст. Бояд пояфзолу ҷуробҳо кашида шаванд ва сар пушонида бошад.

Пеш аз ҳар воридгоҳи маъбад ҷӯйҳои хурде ҳаст, ки дар онҳо оби тоза равон аст. Ҳар як зиёраткунанда ё меҳмон ҳатман бояд онҳоро убур кунад, то пойҳо шуста шаванд. Атрофи маъбад биноҳои вобаста ба он ҷойгир шудаанд, ки бо даромадгоҳҳо пайваст шудаанд. Дар ин биноҳо ҳама воситаҳои ёрирасони маъбад ҷой дода шудаанд. Дар ин иншоот як низоми комили таъмини хайрияҳои бовармандон ба зиёраткунандагону меҳмонон ҷой дода шудааст. Дар ин биноҳо коргоҳҳои омодасозии таомҳо ҷой дода шудааст, ки хизматрасонҳо ҳамагӣ ихтиёрӣ ҳастанд. Онҳо тибқи ойинҳои қадима хамир мехеланд, онро ороста карда, чапотӣ мепазанд ва онҳоро бо дигар хурокҳои омодашуда, ройгон ба зиёраткунандагону меҳмонон пешкаш месозанд. Дар ошёнаи дуюм ҳамин раванди кор автоматӣ шудааст. Он ҷо таҷҳизоте насб карда шудааст, ки ордро хамир мекунад, онро ороста карда нон ё чапотӣ мепазад. Ин ҳам ройгон пешкаш мегардад. Дар боми ин бино дар майдони васеъ, чапотиҳо барои хушксозӣ гузошта шудаанд. Дастандаркорон мегӯянд, ки ин нонҳо ё боқимондаи хуроки мардум аст ё нонҳоеанд, ки каме сухтаанд ва дигар барои истеъмол созгор нестанд. Ҳамаи онҳоро хушк карда, ба халтаҳо пур мекунанд ва ба хоҷагиҳои кишоварзиву чорводорӣ равон намуда, дар бештар маврид ҳамчун хуроки чорво истифода мебаранд. Бо чунин кор ҳеҷ талафоте дар маблағҳои хайркунандагон ба миён намеояд.

Худи Маъбади тиллоӣ дар мобайни ин биноҳо ҷойгир буда, атрофи онро кулли кучаке иҳота кардааст. Зиёраткунандагон тариқи як пули борике вориди маъбад мешаванд. Доимо навбати бузурге барои ворид шудан ба он вуҷуд дорад. Рӯзи ташрифи мо он ҷо навбати бузурге буд, ки шояд 4-5 соат лозим буд, то ворид тавон шуд. Мардуми боварманд, новобаста аз гармии ҳаво, навбат мепоиданд. Вале мо як давр атрофи кул гашта, аз маҷмаа берун шудем.

 Пайванд бо намояндагони миллатҳои гуногун

Барномаи ITEC дар баробари омӯзиш ва такмили ихтисос барои иштироккунандагон имконияти ошно шудан бо намояндагони миллатҳои гуногун ва фарҳангу одатҳои онҳоро медиҳад. Дар гурӯҳи мо 37 нафар, намояндагони 16 давлат буданд, ки ҳар кадом аз миллату давлати худ намояндагӣ мекарданд. Дар ин миён намояндагони Тоҷикистон, ҷавононе ки ҳамроҳи ман буданд, бо фаъолу ташкилотчӣ будан, дониши худро ба намоиш гузоштан, саховатмандӣ ва бо доштани муносибати сатҳи баланди инсонӣ бо дигарон миллати моро дар сатҳи хеле баланд муаррифӣ карданд. Кор то ҷойе буд, ки намояндагони баъзе кишварҳои дигарро низ мепурсиданд, ки шумо ҳам аз Тоҷикистон ҳастед, аз ҷумла намояндагони Узбекистону Қазоқистонро. Агар устодон ё иштирокчиён ягон кишварро барои мисол ба забон оварданӣ мешуданд, ҳатман Тоҷикистонро намуна меоварданд. Ки барои мо, воқеан, ифтихор буд.

Рафтан ба Тоҷмаҳал дар доираи барнома набуд, аммо ҷавонони тоҷик онро ташкил карданд ва 14 нафар аз чанд кишвар ба Агра рафта, аз Тоҷмаҳалу Агра Форт (Agra Fort) дидан карданд. Дар худи Чандигар низ намояндагони Тоҷикистон ба ҳама мавзеъҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, сиёсӣ ва тиҷоратӣ рафта, тариқи муоширати самимию отифӣ миёни соири ақвому милали ҳузурдошта худро ҳамчун миллати фарҳангию мутамаддин муаррифӣ карда тавонистанд. Ба осорхонаҳо танҳо мо таваҷҷуҳ доштем ва ҳангоми дидан кардан аз Осорхонаи давлатӣ ва галереяи санъати Чандигар, мутаассифона, намояндаи ягон кишвари дигар моро ҳамроҳӣ накард. Хулоса, намояндагони Тоҷикистон тавонистанд аз уҳдаи муаррифии дурусти фарҳанги миллӣ бароянд. Ин воқеиятро дар суханронии худ дар маҳфили бахшида ба хатми курси омӯзишӣ махсус таъкид карда, изҳор намудам, ки бо чунин рафтори ҳаммеҳанони худ ман ҳамчун тоҷик ифтихор дорам.

 Омӯзиш дар як синфхона, иқомат дар як меҳмонхона, саёҳат, истеъмоли хурок дар як тарабхона ва гуфтугӯҳои зиёд иштирокчиёнро бо ҳам наздик мекунад. Дӯстиву рафоқате, ки дар ҷараёни курсҳои ITEC ба миён меояд, даҳсолаҳо идома меёбад. Барномаи мазкур на танҳо  пайвандгари Ҳиндустон бо дигар кишварҳо, балки даҳҳо кишвари дигарро низ бо ҳам пайванд месозад ва дар муддати зиёда аз шаш даҳсола ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмати шоистае кардааст.

 Натиҷагирӣ аз сафар ва курси омӯзишӣ

Хулоса, бо боварӣ метавон гуфт, ки курси омӯзишӣ барои мо хеле муфид буд. Дар ин муддати кутоҳ устодони Маркази рушди ҳисоббарории пешрафта Ҳиманшу Раҷак ва бонуи ҷавон бо номи тоҷикии Шабнам даҳҳо технологияи зеҳни сунъиро ба мо муаррифӣ намуда, ҷой ва тарзи истифодабарии онҳоро омӯзонданд. Албатта, як қисми онҳоро мо аллакай истифода мебурдем ва мешинохтем, вале як қисми дигар барои мо комилан нав буд ва дар оянда истифода хоҳем бурд. Илова бар ин, дигар кормандони маркази мазкур моро бо маҳсулоти нармафзории сохташуда дар ин марказ шинос карданд. Маълум шуд, ки дар ин марказ барои давлати Ҳиндустон маҳсулоти зиёди нармафзорӣ коркард карда мешавад.

Мусалламан, пайванди инсонӣ, ки миёни намояндагони миллатҳои гуногун дар ин сафар барқарор шуд, натиҷаи мусбати дигари он буд. Намояндагони Тоҷикистон тавонистанд кишвари моро дар сатҳи баланд муаррифӣ кунанд. Ҳамчунин, бо намояндагони дигар миллатҳо пайванди дӯстиву ҳамкорӣ барқарор карда шуд. Хулоса, дар доираи барномаи худ ҳукумати Ҳиндустон на танҳо фарҳангу миллати хешро муаррифӣ мекунад, балки барои намояндагони кишварҳои ҳамкори худ имкон фароҳам меоварад, ки бо якдигар шинос шаванд ва пайванди дӯстиву ҳамкорӣ ба роҳ монанд. Ин барномаҳо ба манфиати ҳама кишварҳои ҳамкор хоҳад буд.

Бояд таъкид кард, ки фаъолияти пурсамари кормандони Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон сазовори таҳсини такрорӣ мебошад. Онҳо раванди ҷалбсозии мутахассисони тоҷикро ба курсҳои Барномаи ITEC хеле шаффоф ба роҳ монда, бо роҳи такмили ихтисоси неруи зеҳнии Тоҷикистон, дар рушди иқтисоди миллии мо нақши созандаи худро мегузоранд.

Дар охир, ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахтзода барои дастгирӣ ва кумак ҷиҳати иштирок дар барномаи ITEC  изҳори сипос менамоям. Дар воқеъ, иқдомоти саривақтии устод дар заминаи роҳандозии низоми самаранок ҷиҳати такмили ихтисоси ходимони илмии АМИТ дар дохилу хориҷи кишвар сазовори таҳсину офарин мебошанд.

 

Меҳр Собириён

Душанбе-Тошкант-Деҳлӣ-Чандигар-Деҳлӣ-Боку-Душанбе

Хондан 53 маротиба