JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 03 Феврали 2020 07:14

Фридрих Нитше: Солҳои сарнавиштсоз дар зиндагии шахсии файласуф

Муаллиф:

(1)

  Муҳаққиқони осори Фридрих Нитше (1844-1900) бештар аз ҳама урупоиён, дар таҳқиқотҳои худ доир ба солҳои муҳим ва ҳодисасози зиндагии Нитше, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Ин таҷрибаи мусбат аст. Чаро ки доир ба мутафаккир ва файласуфе чун Нитше, намешавад дар ҳаҷми як мақола ва ё китобе ихтисосӣ, хонандагонро қонеъ кард. Пас, зарурате пеш меояд, ки муҳимтарин ҳодисаҳои зиндагии шахсӣ ва эҷодии ӯро ба таври мухтасар ва феҳраствор ба хонандагони фозил пешкаш намоем.

(2)

  1. 15 октябр: Нитше дар Рукен (Rocken) ба дунё  меояд. Падараш, кашише (рӯҳоние) Лютеримазҳаб, номи ӯро бо номи подшоҳи Прус (Олмон) Фридриш Вилҳелм (Friedrich Wilhelm)  мегузорад.

Модари Нитше духтари рӯҳонии деҳкадае дар Саксония (вилояте дар шарқии Олмон) буд. Аҷдоди Нитше, ҳам аз сӯи падар ва ҳам аз тарафи модар, пушт андар пушт, рӯҳониёни лютеримазҳаб буданд.

(3)

  1. 10 июл: Элизабетта ягона ва танҳо хоҳари Нитше ба дунё меояд.

(4)

  1. 30 июл: Падари Нитше дар асари осеби мағзӣ (ё шояд навъе бемории ирсии мағзӣ?) мемирад.

(5)

  1. Хонаводаи Нитше ба Наумбург (Naumburg) шаҳре қадимӣ дар шарқи Олмон нақли макон кард (кӯчиданд).

(6)

  1. Нитше аз дабистони маҳаллӣ ба мадрасаи хусусӣ ва сипас ба Домгимназиум (Domgymnasium) ё дабиристони Наумбург меравад. Камтар бо дигарон муошират мекунад. Дар соли 1856 ба иллати (сабабҳои сардардҳои шадид) ва дарди чашм аз мадраса ғоиб мешавад.

(7)

  1. Дар дафтари хотироташ, аввалҳои кори оҳангсозии худро ба ёд меоварад ва осори адабии хеш (дар ҳудуди панҷоҳ қитъаи шеърӣ)-ро баррасӣ мекунад (Дар синни 18 солагӣ).

(8)

1858-1864. Ба Шулфорта (Schulptorta)-маъруфтарин мадрасаи шабонарӯзии протестантӣ дар Олмон меравад ва дар забону маорифи лотинӣ ва юнонӣ омӯзиши дурахшон мебинад. Дар соли 1861 дар маросими таъйиди (confirmation) мазҳабӣ ширкат мекунад. Пайкар ва ҷисмаш ҳамчунон заъиф аст. Бо ду тан аз дӯстонаш анҷумане (маҳфиле) ҳунарӣ ба номи “Германия” таъсис мекунад.

(9)

  1. Октябр: Нитше дар донишгоҳи Бонн қабул мешавад ва дар риштаи забон ва маорифи лотинӣ ва юнонӣ номнависӣ мекунад ва ба яке аз маҳфилҳои донишҷӯйӣ ба номи “Франкония” (Franconia) мепайвандад.

(10)

  1. Феврал: Нитше аз русипихонае (фоҳишахонае), ки дӯстонаш қасдан ӯро ба онҷо бурдаанд, мегурезад. Дӯсташ Деусен (Deussen), ҳиндшиноси маъруф, баъдҳо дар ин бора мегӯяд: “Ҳаргиз ба зане даст намезанад” (Масали лотинӣ).

Бо Ричл (Ritschl) яке аз устодонаш дар Бонн, ба Лепсиг меравад. Бо фалсафаи Артур Шопегауэр (1788-1860) ошно мешавад. Бо Эрвин Роде (Erwin Rohde) ки ӯ низ дар забон ва маорифи лотинӣ ва юнонӣ тахассус дорад, дӯстӣ оғоз мекунад.

(11)

  1. Чанд таҳқиқи олимона аз ҷумла пажӯҳишеро, ки дар бораи Теогнис (Theognis), асри 6-уми пеш аз мелод юнони шоири андарзгӯи юнонӣ, карда буд, аз нав менависад ва дар соли 1867 мунташир мекунад.

(12)

  1. Рӯзи 9 октябр, шурӯъ ба хидмати вазифа дар як гурдони (баталёни) саворанизом мекунад.

(13)

  1. Март: Дар натиҷаи ҳодисае ҳангоми саворӣ, синааш осеб мебинад.

Октябр: Ба Лепсиг бозмегардад. Сахт дар бораи “тоифаи забоншиносон...ва фаъолиятҳояшон, ки монанди муши кӯр нақб (роҳи пинҳон) мекананд... ва беэътиноияшон нисбат ба масоили ҳақиқӣ ва таъҷилии зиндагӣ” ошкор аст, дучори шакк ва тардид мегардад. (Ба нақл аз номае ба таърихи 20 октябр дар Роде).

Ноябр: Нахустин мулоқот бо Ричард Вагнер (Richard Wagner) (1813-1883) оҳангсози олмонӣ.

(14)

  1. Феврал: Устодёри (ёвари устоди донишгоҳи) забоншиносии таърихии лотинӣ ва юнонӣ дар донишгоҳи Базел мешавад.

Май: нахустин дидор аз Вагнер ва Козима Фон Булов (Cosima von Bulow) дар Трибшен (Tribchen). Нахустин мулоқотҳо бо Якоб Буркхардт (Jakob Burckardt) (1817-1897)-муаррихи ҳунаршиноси  шведӣ.

(15)

  1. Апрел: Ба курсии устодӣ мансуб мешавад. Аз моҳи август дар ҷанги Фаронса ва Прус довталабона ба унвони мустахдим дар беҳдории артиш хидмат мекунад.

Бо Франс Овербек (Franz Overbeck), ки мутахассиси таърихи дини Масеҳ, вале мулҳид ва мункири вуҷуди Худост, дӯст мешавад. Дар номаи ба таърихи 15 декабр ба Роде, нисбат ба арзишҳо, усул ва нигариши ахлоқии аҳли шуғл ва ҳирфаи худ ибрози нороҳатӣ мекунад ва менависад, “дар донишгоҳҳо расидан ба ҳеҷ ҳақиқати бунёдӣ имконпазир нест”.

Барои нахустин бор аз вуҷуди таклифи (масъулияти) тарбиятии бузурге, ки шахсан бояд бар уҳда бигирад, огоҳӣ нишон медиҳад, ки ҳадафи он бояд “тарбияти илмӣ ва ахлоқии миллати мо бошад”. (Номаи 12-уми декабр ба Карл Фон Герсдорф)  (Carl von Gersdorff).

(16)

  1. Ба идомаи кор дар забоншиносии таърихии лотинӣ ва юнонӣ рӯз ба рӯз берағбаттар мешавад.

Дар моҳи феврал ба мураххасии дармонӣ (табобатӣ) ба кӯҳҳои Алпи Шветсия меравад.

(17)

  1. Аввали моҳи январ: (Зоиши трагедия аз рӯҳи мусиқӣ). Дар аввалҳо ҳатто як нақд ва баррасӣ дар бораи китоби “Зоиши трагедия” ба чашм намехӯрд. Сипас, Ҳ.Узнер (H.Usener), яке аз ҳамкорони Нитше дар Бонн, дар мазҳари ом (дар ҳузури мардум) ба накӯҳиш ва айбҷӯӣ аз он мепардозад ва мегӯяд: “Ҳар кас ки чунин чизе навишта бошад, ба унвони муҳаққиқ кораш тамом аст”. (Яъне муҳаққиқ нест).

Январ-март: Панҷ суханронии умумӣ “дар бораи ояндаи муассисаҳои омузишии мо” дар Базел. Матни ин суханрониҳо пас аз марги Нитше ба чоп мерасад.

Май: дар маросими гузоштани нахустин санги бинои театри Байрет (Bayreuth) ширкат мекунад. Ҳанс Фон Булов (Hans von Bulow) (1830-1894) пианист ва раҳбари оркестр ва мусиқишиноси олмонӣ-ҳеҷ гуна шоистагӣ ва ҳусне аз назари мусиқӣ дар жарфандешии Манфред Медитейшн (Manfred Meditation), сохтаи Нитше намебинад.

Ин нахустин сол аз солҳои офаринандагии Нитше аст ва охирин соли бархӯрдории ӯ аз тандурустии нисбӣ.

(18)

  1. Нахустин қисмат аз андешаҳои нобаҳангом (ки тохтутозест ба таҳрири соли 1864-и китоби Давид Штраус (D.F.Strauss) “Зиндагии Масеҳ, бо бознигарӣ барои истифодаи миллати Олмон”.

Вагнер меранҷад, вале ором мешавад. Дӯстӣ бо Пол Ри (Paul Ree), нависандаи матолибе дар равоншиносӣ.

Мубтало ба судоъ (сардард) (ё мигрен-нимасардард) ва заифтар шудани биноӣ.

(19)

  1. “Андешаҳои нобаҳангом”: қисмати 2: “Дар боби қавоиди таърих”. Қисмати 3: “Шопенҳауэр дар мақоми мураббӣ”.

Тартиби зиндагии Нитше акнун дигар муайян аст: табобат ва дармон дар марказҳои оби маъданӣ; сафар дар кӯҳҳои Алпи Шветсия; гузаронидани соли таҳсилӣ дар Базел.

(20)

  1. Дӯстӣ бо Питер Гаст (Н.Koselitz) (Peter Gast)-мусиқидони ҷавоне, ки аз ин пас тақрироти (гуфторҳо)-и Нитшеро менависад ва дастнавиштаҳои нохонои ӯро омодаи чоп мекунад.

“Машғули тамринам, ки шитоби ношӣ (пайдошуда) аз шавқ ба донистанро, ки ҳамаи донишварон ба он дучоранд, фаромӯш кунам...зудтар аз он, ки истеҳқоқ (шоистагӣ) дошта бошам, ба тандурустӣ даст нахоҳам ёфт...” (Номаи 13-уми декабр ба Герсдорф).

Афзоиши буҳронҳои рӯҳӣ ва маънавӣ.

(21)

  1. “Андешаҳои нобаҳангом”: қисмати чаҳор: Ричард Вагнер дар Байрет (“Richard Wagner in Bayreuth”).

Афзоиши эҳсоси танҳоӣ пас аз издивоҷи чанд тан аз дӯстон. Пешниҳоди издивоҷи ногаҳонӣ ва тавъам бо бемайлӣ ба зани ҳоландии ҷавоне бо номи Матилда Трампедах (Mathilde Trampedach).

Аз 15 октябр: мураххасии табобатии яксола. Женева, Напол, Соренто.

Вагнер ва ҳамсарашро дар Соренто мебинад. Вагнер дар бораи нақшмояҳо ва намодҳои (символҳо)-и  масеҳии операи Парсифал (Parsifal) вориди шарҳу тафсил мешавад. Ба назари Нитше, эътиқодоти масеҳии Вагнер, “тазоҳур ба бозигарии маҳз” ва кӯшише ба тақозои рӯз “барои расидан ба тартибе ба масодири (сарчашмаҳо)-и  қудрат дар Олмон аст, ки ҳоло обид ва порсо шудаанд”. Вагнер ва Нитше дигар аз ин пас ҳаргиз бо якдигар мулоқот нахоҳанд кард.

(22)

  1. Соранто, Рагаз (Ragaz ё  Ragatz)-айлоқе дар Кантон Сингал дар Шветсария ва маҳалли чашмаи оби гарми маъруфе дар 100- километрии ҷануби шарқии Сюрих.

“Танҳо самараи тафаккури масъаласоз ва саргардонкунандаи ман то кунун ин буда, ки маро сахт бемор кардааст: то ҳангоме ки ба ростӣ муҳаққиқ будам, тандуруст будам!” (Номаи аввали июл ба Мойзембуг).

Манзумаи “Прометейи гусастазанҷир” асари Шелли (P.B.Shelly)-шоири англисро мехонад ва дар номаи ба таърихи 28 август ба Роде менависад: “Ман дар баробари касе, ки қодир ба таҷриба кардани чунин чизе дар даруни худ ва шакл додани ҳунарӣ ба он бошад, то камар таъзим мекунам”.

Ман дар оташи иштиёқ ба хештан месӯзам: мавзӯи доимии зиндагии ман дар даҳ соли гузашта ба ростӣ чизе ҷуз ин набудааст”. (Номаи 30 август ба Мария Баумгартнер).

 (23)

  1. “Инсонӣ, зиёд инсонӣ”: китобе барои ҷонҳои озода. Фалсафа дар мояи навин, мояи “шудан”: “на ҳеҷ воқеияти ҷовиде вуҷуд дорад ва на ҳеҷ ҳақиқати мутлақе. Бинобар ин, он чи аз ин пас лозим аст, тафаккури фалсафӣ аз назаргоҳи таърихӣ аст ва фазилати қаноат ба он”.

Шикоят аз “бегона шудани ин ҳама дӯстон ва ошноён” (Номаи 31-уми май ба Гаст).

Конуни хонавода дар Базел аз ҳам мепошад. Номае аз таърихи 15 июл: Нитше худро файласуфи зиндагӣ меномад” (philosopher of  life). Рӯзи 18 ноябр аз “бунёди дарҳамшикаста”-и хеш сухан мегӯяд.

  1. Замимае иборат аз калимаҳое андарзгуна ба китоби “Инсонӣ, зиёд инсонӣ”, илова мекунад.

“Дар айни танҳоӣ...бар зидди худам ва ба тарафдорӣ аз ҳар чӣ маро–махсусан, маро меозорад ва осон ба дастам намерасад, ҷабҳа гирифтам” (Дебоча –и соли 1886).

14 июн: вазъи ҷисмонии Нитше ҳамчунон харобтар мешавад. Аз курсии устодӣ (муаллимӣ) истеъфо медиҳад. Нахустин сафар ба Энгадин (Engadine) –минтақае зебо дар шарқи Шветсария.

“Дар нимароҳи зиндагӣ, марг чунон маро дар муҳосира гирифта аст, ки ҳар соат мумкин аст бар ман даст ёбад...медонам, ки қатраи ҷононае аз равған дар ман рехтаанд ва он чи кардаам, фаромӯш нахоҳад шуд” (Номаи 11 сентябр ба Гаст). “Дастнавиштаи китоби “Инсонӣ, зиёд инсонӣ”...ба баҳои ончунон гарон ва ба қимати он қадар сахте ва машаққат тамом шудааст, ки ҳеҷ кас агар соҳибихтиёр буд, ба чунин баҳое онро наменавишт” (Номаи 5 октябр ба Гаст).

(24)

  1. Бахши поёнии китоби “Инсонӣ, зиёд инсонӣ”: ду: “тафарруҷгар ё нигоҳкунанда ва сояи ӯ” (The Wanderer and his Shadow).

Наумбург, Болзано, Венетсия, Меринбад, Франкфурт, Ҳайделбург, Локарно, Стреза, зимистон дар як хонаи яхбандон зери шервонӣ (боме), ки аз тунукаи оҳанин сохта шуда буд, дар Женева зиндагӣ мекард.

 (25)

  1. Китоби “Сапедадам: андешаҳое дар бораи пешдовариҳои ахлоқӣ”.

“Дар мавриди нигариши ман нисбат ба масеҳият...ман ҳақиқатан, дар қалбам ҳаргиз қадри онро поён наовардаам ва аз рӯзҳои кӯдакӣ, борҳо дар дарунам бо кӯшиши тамом хостаам, ки ба сӯи ормонҳои он гом бардорам, ниҳоятан дар чанд соли охир, ҳамеша бархурдаам ба ин ки ин кор муҳол аст” (Номаи 23 июн ба Овербек).

Нахустин иқомат дар Силс-Мария (Sils Maria). Дар инҷо “ду ҳазор метр бар фарози (болотар аз) инсон ва замон” чизе ба хотири Нитше расид, ки баъдҳо (дар “Инсонӣ, зиёд инсонӣ”, соли 1888), номи онро гузошт: Мафҳуми бунёдии (Чунин гуфт Зардушт), яъне тасаввури Бозгашти Ҷовидона  ё давр ё такрори абадӣ (Eternal Recurrence).

Давраҳои афсурдагӣ: “Ман худро хате каҷ ва печида мебинам, ки неруи ношинохта барои имтиҳон кардани қаламе нав рӯи коғаз мекашад” (Номаи поёни август ба Гаст).

(26)

  1. Китоби “Дониши тарабнок”.

Нахустин мавриди баёни андешаи ниҳоии худ доир ба дин.

Нитше ошиқи духтари русии ҷавоне бо номи Луи (Луиза) Фон Салома мешавад (Оё ин танҳо моҷарои ишқии Нитше аст). Нитше аз Пол Ри, ки худ ба доми ишқи Луи Фон Салома гирифтор аст, мехоҳад, ки аз тарафи ӯ (Нитше) аз духтар хостгорӣ кунад. Луи дасти рад ба синаи ҳар ду мезанад.

Бо дӯстонаш бакуллӣ қатъи робита мекунад. Сахт ба ин эҳсос дучор аст, ки Луи ва Пол Ри ба ӯ хиёнат кардаанд.  

“Хаёлбофиҳои ман чӣ фарқе ба ҳоли Шумо мекунад? Ҳатто ҳақиқатгӯиҳои ман барои Шумо аҳамияте надоштааст. Дилам мехоҳад ҳар ду ба ин фикр кунед, ки мани нимадевонае дучори сардардам, ки аз рӯзи танҳоӣ ба ҷунун гирифтор шудаам” (Номаи  миёнаҳои  декабр  ба Луи Салома ва Пол Ри).

“Агар муваффақ ба кашфи ҳаққаи (ростини) кимиёгарон нашавам, ки ҳатто ин касофат (беморӣ)-ро табдил ба тилло кунам, дармонда  хоҳам шуд” (Номаи рӯзи таваллуди Масеҳ ба Овербек).

(27)

  1. “Чунин гуфт Зардушт: китобе барои ҳама кас ва ҳеҷ кас”. Бахшҳои аввал ва дуввум. Арзёбии худи Нитше аз ифрот (муболиға) ва тафрит (кӯтоҳӣ) меравад: “...умқи ҷиддият ва кулли фалсафаи ман дар паси он калимаҳои сода ва ғариб нуҳуфта аст” (Номаи 28 июн ба Гирсдорф), вале аз сӯи дигар: ҳеҷ чизеро наметавон хуб аз об дар- овард, ман дигар ҳеҷ чизи хубе дуруст нахоҳам кард, асосан чаро бояд чизе дуруст кард. Ин маро ба ёди охирин ҳамоқатам меандозад, манзурам китоби Зардушт аст” (Номаи охирҳои моҳи март ба Мойзенбург).

13 феврал:  Марги Вагнер. “Вагнер комилтарин ва саршортарин инсоне буд, ки то кунун шинохтаам” (Номаи 22 феврал ба Овербек).

“Шаш сол душмани касе будан, ки шахсе аз ҳама кас ба ӯ бештар эҳтиром мегузошта, бисёр душвор буд...”. (Номаи 19 феврал ба Гаст).

Мегӯяд, тасмим гирифтаам дигар дар Олмон ва бо бастагонам (хешу таборам) зиндагӣ накунам” (Номаи 27 октябр ба Овербек).

 

Комил БЕКЗОДА

файласуф

Дидавар БЕКЗОДА

равоншинос

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (19), 2020

Хондан 1407 маротиба