JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 01 Ноябри 2025 12:10

Тоҷикистон дар рӯзҳои "Дарҳои кушод" дар Донишгоҳи Ҳирошимаи Ҷопон муаррифӣ гардид

Муаллиф:

  1 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи Ҳирошимаи Ҷопон чорабинии байналмилалии “Рӯзҳои дарҳои кушод” баргузор гардид. Дар ин рӯйдоди фарҳангӣ ва таълимӣ бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон, ки дар он хизматчиёни давлатии кишварамон, ки тибқи барномаи Бурсияҳо барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS) таҳсил менамоянд, фаъолона ширкат варзиданд.

  Донишҷӯёни тоҷик дар қатори беш аз 40 кишвари ҷаҳон таърих, фарҳанг, тамаддун, имкониятҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва сайёҳии кишварро муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ҷалб намуданд.

  Дар гӯшаи миллӣ инчунин хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки меҳмонон бо завқ онҳоро чашиданд ва аз меҳмоннавозии тоҷикон таассуроти нек гирифтанд.

  Ин чорабинии мазкур барои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва илмӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон мусоидат намуда, саҳми донишҷӯёни тоҷикро дар муаррифии симои мусбати кишвар дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам тақвият бахшид.

 

 

Хондан 50 маротиба