JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 01 Ноябри 2025 13:16

Сомониён ва шукуфоии илму фарҳанги халқи тоҷик (мулоҳизоти куллӣ)

Муаллиф: Зиёева Зебонисо Идибековна

  Асрҳои IX–Х замони шукуфоии илму фарҳанги халқи тоҷик буд. Эҳёи нави маданияти халқи тоҷик дар замони Тоҳириён ва гулгулшукуфии он дар даврони Сомониён рух дода буд. Мусаллам аст, ки дар он давра забони тоҷикӣ (форсӣ-дарӣ) забони арабиро дар корҳои давлатию адабиёти бадеӣ, назму наср ва қисман дар илм танг карда буд. Сомониён дар дарбори худ шоирон, олимон, адибу санъаткоронро гирд оварда, машҳури ҷаҳониён гашта буданд. Дар ин кор саҳми вазирони бузурги Сомонӣ Балъамӣ ва Ҷайҳонӣ хеле бузург буд. Шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Балх, Марв, Нишопур, Ҳирот, Хуҷанд, Ҳулбук ва амсоли онҳо марказҳои асосии илму фарҳанг ба ҳисоб мерафтанд.

   Дар Бухоро саромадони забардасти илму фарҳанги тоҷик ба дунё омада, бузургтарин асарҳои илмию адабӣ ва ёдгориҳои муҳташами меъмориву кандакориро офариданд. Дар китобхонаи Сомониён «Сивону-л-ҳикмат» («Ганҷинаи ҳикмат») нодиртарин асарҳои илмӣ-адабӣ, санъат ва ғайра маҳфуз буданд. Бозори китобфурӯшӣ низ дар авҷ буд. Дар шаҳрҳои он давра теъдоди мадраса ва масҷидҳо кам набуд.

Дар асарҳои офаридаи уламо ва удабои он замон ҳаёту маишат ва рӯзгори аъёну ашроф санохонӣ шудаанд. Дар асрҳои IX–Х афкори ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фалсафии халқи тоҷик хеле пеш рафта буд. Ба ин фалсафаи Эрон, Ҳиндустон, Арабистон ва Юнон таъсири хуб расонида буд. Мавқеъ ва мақоми равияҳои фалсафӣ ва ҷараёнҳои фалсафӣ, ба мисли асҳоби ҳаюло, даҳрия, исмоилия, қарматия, тасаввуф дар эҷодиёти мутафаккирони халқи тоҷик мавқеи хосса дошт. Бузургтарин файласуфони халқи тоҷик дар он замон Абубакри Розӣ, Абӯнасри Форобӣ ва Абӯалӣ Ибни Сино буданд.

Абӯалӣ ибни Сино (980–1037) дар тиб, фалсафа, мантиқ, ахлоқ, равоншиносӣ, риёзиёт, тасвири олам, кимиё, ботаника, забоншиносӣ, мусиқӣ ва дигар илмҳо асарҳои зиёде офаридааст. Асарҳои оламшумули ӯ «Китобу-ш-шифо», «Ал-қонун фи-т-тиб», «Донишнома» ва ғайра ӯро машҳури ҷаҳон гардонидаанд. Ӯ, ки энсиклопедисти замони худ буд, дар се соҳаи илм – тиб, фалсафа ва адабиёт, хизматҳои шоён кардааст. Асари тиббии ӯ «Қонуни илми тиб» дар тули асрҳо китоби рӯимизии табибони Шарқу Ғарб буд. Аз 200 асари илмии Абӯалӣ ибни Сино 50-тояш ба фалсафа бахшида шуда, дар байни онҳо «Донишнома» ва «Китоб-уш-Шифо» ҷойи намоёнро ишғол менамоянд. Дар соҳаи адабиёт ҳам Абӯалӣ ибни Сино як қатор асарҳо навиштааст. Сино тарафдори ақидаҳои дуалистии Арасту буд.

Муҳаммад Абубакр Закариёи Розӣ (864–925) яке аз машҳуртарин олимони замони худ буд. Ӯ оид ба фалсафа, тиб, кимиё як қатор асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Асарҳои машҳури ӯ «Тибби руҳонӣ», «Сирату-л-фалсафа», «Қонунҳои табиии фалсафа», «Мулоҳизаҳо дар бораи вақт ва фазо» мебошанд, ки дар онҳо таълимоти фалсафии худро баён кардааст. Аз ҷумла, ба ақидаи ӯ, Офаридгор, руҳи умумӣ, фазои мутлақ ва вақти мутлақ асоси оламро ташкил медиҳанд. Дар таълимоти худ Закариёи Розӣ материяро бо ҳамаи хусусиятҳояш бо Худо баробар нишон медиҳад, ки дар ҳамон вақт ин таълимот аҳамияти бузург дошт. Ӯ ҳаракатро хосияти материя мешуморид. Мутафаккир масъалаи асосии фалсафаро аз мавқеи материалистӣ ҳал менамояд. Дар баробари ин Закариёи Розӣ дар таълимоти худ ба идеализм ҳам гузаштҳо кардааст. Масалан, ӯ чунин мешуморид, ки чизҳои материалӣ ва умуман табиат, ба монанди Офаридгор – Худо табиатан якбора пайдо шудаанд. Баъдтар мутафаккирони бузурги Аврупо – Голбах, Гелветсий ва Фейербах дар ин бора муҳокимаронӣ кардаанд.

Файласуфи маъруфи дигари он замон Абунаср Муҳаммад ибни Тархон Форобӣ (870–950) буд. Ӯ риёзидон, табиб ва файласуфи бузург ба шумор мерафт. Вай тафсиргари асарҳои Арасту буд, аз ин рӯ, лақаби «Шореҳ» ва «Муфассир» ва «Муаллими сонӣ»-ро гирифта буд. Мутафаккир масоили асосии фалсафаро ба таври идеалистӣ ҳал карда буд. Мисли дигар мутафаккирони асримиёнагӣ Форобӣ Худовандро сабаби асосии ҳастӣ мешуморид. Олами моддӣ, ба ақидаи Форобӣ, аз шаш унсур иборат аст, ки инҳоянд: элементҳои оддӣ, минералҳо, растаниҳо, ҳайвонҳо, инсон ва ҷисмҳои осмонӣ. Вай чунин мешуморид, ки сарчашмаи дониш органҳои ҳис мебошанд ва олам донисташаванда аст.

Мутафаккири намоёни дигари он замон Абурайҳони Берунӣ (тақрибан 973–1084) мебошад. Фаъолияти илмии ӯ гуногунҷабҳа аст. Як қатор асарҳо, ба монанди «Солшумории халқҳои қадим», «Нақл дар бораи Ҳиндустон» ва дигар рисолаҳои илмӣ эҷод кардааст. Берунӣ масъалаҳои асосии фалсафаро ба таври идеалистӣ ҳал карда, дар асарҳои табиатшиносиаш як қатор ақидаҳои материалистӣ баён кардааст. Берунӣ ба мавҷудияти объективии табиат ва қонунҳои он шубҳа надошт. Ба ақидаи ӯ, табиат дар тағйирот ва ҳаракати доимӣ мебошад. Материя худаш шаклҳои чизҳоро тағйир медиҳад. Ҷон (тафаккур, ҳодисаҳои руҳӣ) хосият ва мағзи тан мебошад. Ӯ мегуфт, ки олам донисташаванда аст.

Дигар олими машҳури асри IX Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ буд. Ӯ асарҳояшро асосан дар Академияи илмҳои Бағдод эҷод кардааст. Хоразмӣ ба илми риёзии ҷаҳонӣ тартиби ҳисобкунии ҳиндӣ ва асосҳои алҷабрро дохил намуда, дар риёзиёт давраи навро кушод. Дар соҳаи нуҷум Хоразмӣ ҷадвалҳои пурқимате тартиб дода буд, ки онҳо асоси корҳои илмии мунаҷҷимони баъдинаи ҷаҳон гардиданд. Ӯ илми алгебраро ҳамчун шохаи нави математика ба вуҷуд овард. Хоразмӣ ҳамчун табиатшиноси машҳур якчанд асар, аз ҷумла «Ҷадвалҳои астрономӣ» «Нишонаҳои шакли замин», «Рисолаи соатҳои офтобӣ»-ро навишт, ки баъдтар ба забони лотинӣ чоп шуда, мутафаккирро дар Ғарбу Шарқ машҳур гардониданд. Асарҳои мутафаккир дар ташаккули тафаккури фалсафии мутафаккирони ояндаи ҷаҳон кӯмаки калон расонидаанд.

Олимони машҳури он замон риёзидонҳо Аҳмад ибни Абдуллоҳи Марвазӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Аҳмади Насавӣ, мунаҷҷимони машҳур Ҷаъфар ибни Муҳаммади Балхӣ, Абулаббоси Фарғонӣ, Абулмуҳаммади Хуҷандӣ ва дигарон буданд. Абулмуҳаммади Хуҷандӣ ихтироъкунандаи асбоби зовиясанҷии радиусаш 40 метра буда, он дар расадхонаи Улуғбек ба таври васеъ истифода шудааст. Дар соҳаи ҷуғрофия асарҳои Аҳмад ибни Муҳаммади Сарахсӣ, Марвазӣ, Балхӣ асоси асарҳои ҷуғрофияшиносони араб – Истахрӣ, ибни Ҳавқал, Муқаддасӣ ва дигарон гардидаанд. Хусусан асарҳои Балхӣ «Сурати иқлимҳо», «Намуди мамлакатҳо», «Тақсимоти шаҳрҳо» хеле машҳур буданд.

Вазири бомаърифати Сомониён Ҷайҳонӣ дар асарҳои ҷуғрофии худ тасвири дунё, гуфторҳо оиди офариниши олам, тасвири даррандаҳо, шаҳрҳо, пойтахтҳо, баҳрҳо, дарёҳо, иқлимҳо, халқҳо ва ғайраро додааст.

Асари ҷуғрофии муаллифи номаълуми асри Х «Ҳудуду-л-олам», ки бо забони тоҷикӣ навишта шудааст аз беҳтарин асарҳои ҷуғрофӣ буда, илова ба маълумоти нодири ҷуғрофӣ, боз роҷеъ ба масоили савдо, кишоварзӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ хабар медиҳад.

Дар ин давра инкишофи илми тиб, саноати кӯҳӣ, истеҳсоли рангҳо, шиша, қоғаз ва коркарди пӯст ба густариши илми кимиё сабаб шудаанд.

Олими машҳури соҳаи кимиё Ҷобир ибни Ҳайён (Гебер)-ро дар Ғарб падари алхимия медонанд.

Асарҳои Абубакри Бухороӣ «Ҳидояту-л-мутааллимин», «Китоби набз» ва «Китоби ташреҳ» («Анатомия») бо забони тоҷикӣ иншо шуда, ба анатомия, физиологияи одам ва бемориҳою усули табобати онҳо маълумоти умумӣ медиҳанд. Олимони дигари соҳаи тиб ва кимиё Ҳаким Майсарӣ, Абумансури Ҳиравӣ ва сарвари онҳо Абӯалӣ ибни Сино буданд.

Дар баробари олимони табиатшинос олимони соҳаҳои таърих, забон ва ғайра кам набуданд. Хусусан, асарҳои муаррихон Абӯабдуллоҳ Муҳаммади Ахборӣ («Таърихи Саффориён»), Саломӣ («Таърихи ҳокимони Хуросон»), Абӯбакри Наршахӣ («Таърихи Бухоро»), Муҳаммади Балъамӣ «Таъриху-р-русули ва-л-мулук» дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошанд. Таърихдонҳои дигари он замон Аҳмади Фарғонӣ, Абумуайади Балхӣ, Абуабдуллоҳи Хоразмӣ ва дигарон буданд.

Замони Сомониён давраи равнақ ва нашъунамои забону адабиёти тоҷик буд. Забони тоҷикӣ забони умумихалқӣ ва забони илму адаб гардида буд. Бо ин забон шоирони асри IX Ҳаким Абӯҳафси Суғдӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Муҳаммад бинни Васиф (асосгузори қасида), Бассоми Курд, Фирӯзи Машриқӣ, Абӯсаҳли Гургонӣ ва дигарон шеър гуфтаанд.

Асри Х даврони гулгулшукуфии адабиёти тоҷик буд. Сомониён, ҳокимону вазирони онҳо аз қабили Тоҳир ибни Фазли Чағонӣ, Амир Абулмузаффари Чағонӣ, Ҷайҳонӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абӯалии Балъамӣ, ки шоиру адабиётдӯст буданд, дар пешрафти адабиёти тоҷик саҳми босазо гузоштанд. Адабиёти нодир тарҷума ва гирд оварда мешуд. Шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Марв, Ҳирот, Балх, Чағониён, Нишопур марказҳои адабӣ гардида буданд.

Дар асри Х шоирон Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абӯшукури Балхӣ, Абӯтоҳири Хусравонӣ, Хаббозии Нишопурӣ, Маъруфи Балхӣ, Шокири Бухороӣ, Истиғнои Нишопурӣ, Турки Киштӣ, Абӯмуайяди Балхӣ, Равнақи Бухороӣ, Дақиқӣ, Киндӣ, Кисоии Марвазӣ ва дигарон дар ганҷинаи адабиёти тоҷик ҳиссаи бузург гузоштаанд. Онҳо дар офаридаҳои худ ҳақиқати ҳаёт, зиндагии дарбор, воқеаҳои таърихӣ, ишқу муҳаббат, ахлоқ, хирадмандӣ, накӯкорӣ, зебоиҳои табиат ва шириниҳои зиндагиро сурудаанд. Жанрҳои маълуми назми асри Х тоҷик аз қасида, маснавӣ, ғазал, рубоӣ, қитъа ва ғайра иборат буданд.

Дар байни шоирони асри Х сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абӯабдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакӣ ҷойи аз ҳама намоёнро ишғол менамояд. Истеъдоди баланди шоирӣ, ромишгарӣ ва овози форам Рӯдакиро ба дарбори Сомониён овард, ки зиёда аз нисфи умрашро дар он ҷо гузаронд. Рӯдакӣ на танҳо шоири моҳир, балки донишманди бузург низ буд. Ӯ дар асарҳои худ ҳаётдӯстӣ, инсонпарварӣ, зебоиҳои табиат, ақлу хирад, мардонагӣ ва накӯкориро месарояд. Дар шароити иҷтимоӣ-сиёсии ҳамон давра Рӯдакӣ хушбахтии инсонро дар аз худ намудани илму маърифат медид.

Дигар шоири намоёни форсу Абулқосим Фирдавсӣ (941–1020) – шоири забардасту ватандӯст, офарандаи эпоси қаҳрамонии форсу тоҷик буд. Фирдавсӣ тамоми донишҳои замони худ, бахусус таърихи форсу тоҷикро азхуд карда, ҳамчун донандаи хуби забони форсӣ ва арабӣ дар тӯли 30 соли заҳмат асари безаволи худ «Шоҳнома»-ро дар ҳаҷми 60 ҳазор байт эҷод кард. Дар «Шоҳнома» Фирдавсӣ ҳаёти асотирӣ ва таърихии халқҳои эронинажодро тасвир намуда, воқеаҳоро ба ҳаёти замонаи худ наздик ва алоқаманд кунонидааст. Ӯ ҳамчун шоҳиди воқеии ҳодисоти таърихии замонааш гоҳ аз номи қаҳрамонон ва гоҳ аз номи худаш муносибаташро нисбат ба он воқеаҳо баён кардааст. Замони Фирдавсӣ даврае буд, ки мавҷудияти давлати Сомониёнро ҳуҷумҳои душманони хориҷӣ ва муборизаҳои байнихудии дохилӣ дар зери хатар гузошта буд. Дар чунин вазъият ғояҳои ҳимояи ватан, садоқат ба он, муттаҳидшавӣ, қаҳрамонӣ ва далерӣ, ки дар «Шоҳнома» инъикос ёфтаанд, аҳамияти калони ватанпарварӣ доштанд. Дар «Шоҳнома» ҳаёти осоишта ва меҳнати одамон дар ҷои аввал гузошта шудааст. «Шоҳнома» монанди асарҳои «Одиссея» ва «Иллиада» ганҷи бебаҳоест дар хазинаи маданияти ҷаҳонӣ.

Дар асрҳои IX-Х назм бо мусиқӣ иртиботи ногусастанӣ дошт ва назарияи мусиқӣ ба вуҷуд омада буд. Яке аз ромишгарону овозхонони маъруф Рӯдакӣ якчанд асбоби мусиқӣ, аз ҷумла ӯд, чанг ва барбатро моҳирона менавохт. Рӯдакӣ асбоби мусиқӣ – ӯдро ихтироъ карда, ду оҳанги классикӣ – тарона ва уфарро ба вуҷуд овардааст. Шоирони навозанда Абӯҳафси Суғдӣ, оҳангсоз Абӯсалики Гургонӣ, шоир Хуросонӣ, чангнавоз Лукарии Чангзан, ромишгар Абулаббоси Бахтиёр, тамбурчӣ Алибегӣ, найнавоз Зилзили Резӣ, найнавоз Исои Барбатӣ, сарояндаи хушовоз Ситти Заррина ва дигарон устодони моҳири санъати он давра буданд.

Дар соҳаи назарияи мусиқӣ Абуалӣ ибни Сино чор асари махсус навиштааст, ки яке аз онҳо «Рисолаи мусиқӣ» аст. Дар «Донишнома» ва «Китобу-ш-шифо» ба мусиқӣ бобҳои махсус бахшидааст. Ӯ ба ҷойи мусиқии яккаовозаи қадимӣ мусиқии дуовозаро дар мусиқии халқӣ ҷорӣ намуд. Абӯалӣ ибни Сино сурнай ва ғижжакро ихтироъ кардааст. Мусиқӣ дар ҳаёти шахсӣ, ҷамъиятӣ, сиёсӣ, динӣ, иду хурсандиҳо ва рӯзҳои ғаму мотам истифода мешуд.

Дар асрҳои IX–Х оҳангҳои мусиқии достонӣ, суруд, тарона, хусравонӣ, ушшоқ, рост, бода, ироқ, зерафканда, бӯсолиқ, сипоҳонӣ, наво, баста ва ғайра иҷро карда мешуданд. Танбӯр, рубоб, чанг, барбат (панҷтор), руд, най, сурнай, шоҳнай, шоҳруд, шайпур, карнай, даф (доира), табл ва дигар асбобҳои мусиқӣ мавҷуд буданд ва ба таври васеъ истифода мешуданд. Халқи тоҷик дар ин давра сарояндагон, навозандагон, ромишгарон, назариётчиёни мусиқӣ, асбобҳои гуногуни мусиқӣ, оҳангсозони зиёдеро ба вуҷуд овард, ки мусиқии классикии тоҷикро аввал дар шакли «Дувоздаҳмақом» ва дертар дар шакли «Шашмақом» дар асоси анъанаи қадимаи худ мураттаб сохта, онро минбаъд такмилу инкишоф доданд.

Ҳамин тавр, дар давраи ҳукмронии Сомониён Мовароуннаҳру Хуросон ба марказҳои муҳими илму фарҳанги халқи тоҷик табдил ёфта буд. Илму фарҳанги халқи тоҷик аз Машриқ то ба Мағриб паҳн гашта, дар дилу дида ва ҳаёти халқҳои ҷаҳон мавқеъ ва мақоми хоса пайдо кард.

                                                                Зиёева Зебонисо Идибековна

                                                              ходими калони Институти

                                                   фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи

                                                                 ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Хондан 50 маротиба