Вожаи «секуляризм» аз калимаи лотинии “saecularis” гирифта шуда, маънои дунявӣ ва инҷаҳониро ифода мекунад ва ба ҳайси истилоҳ бо чанд маъно истифода мешавад: якум, ба маънои бадалшавии моликияти ибодатгоҳҳои динӣ ба дунявӣ; дуюм, мусодираи амволи муассисаҳои динӣ ва интиқоли онҳо ба ҳукумати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ; севум, аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ озод намудани таъсири дин. Ба ин тартиб, секуляризм ё дунявият чизеро аз таъсири ибодатгоҳҳо баровардан ва ба муассисаҳои шаҳрвандӣ супурдан ва аз таъсири маъбад раҳо карданро ифода мекунад (ниг.: Словарь иностранных слов. –Москва: Русский язык, 1990. –С.457). Секуляризм дар муқобили клерикализм қарор дорад. Клерикализм аз вожаи лотинии “klericalism” гирифта шуда, маънои калисоӣ буданро далолат карда, ба ҷараёни сиёсии иртиҷоие нисбат дорад, ки ҳадафаш дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ афзудани таъсири дин мебошад (ниг.: Словарь иностранных слов. –Москва: Русский язык, 1990. –С.235). Аз ин ҷост, ки давлати секулярӣ барои бурузи ҷомеаи дунёмадор шароити мусоид фароҳам меоварад ва бад-ин тартиб хирад ва фазилати ҷамъӣ дар миёни ақшори иҷтимоӣ доман мегустурад.
Масъалаи хирад ва фазилати ҷамъӣ решаи ҷаҳоншиносӣ ва биниши мардуми форсу тоҷикро тайи таърихи миллӣ ташкил додааст. Ҳатто дар бовардошту асотири куҳани аҷдодӣ масъалаи давлатсозӣ ва нақши мардум дар сохтмони давлати хирадмеҳвар хотирнишон шуда, меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ ба унвони мафҳумҳои калидии ҷомеасолорӣ ва давлатмадорӣ матраҳ гардидааанд. Тибқи бовардоштҳои бостонии миллӣ, ҳар дин ва ҳар миллате, ки ба мардуми ҷаҳон аз равзанаи меҳру хирад нигоҳ мекунад, мардуми ҷаҳон ин навъ таваҷҷуҳро бо таҷриботи мустақими худ мепазирад ва саранҷом риштаи иттиҳоди ҷомеа ва давлат гусаста намегардад (барои иттилои бештар муроҷиат шавад ба: Ҷамолӣ Манучеҳр. Густохӣ дар гусастан. Аз гусастагони густох. Ландан: Курмали Пресс, 1996. –С.50). Зимнан, шиоргунаҳои манзуми ахлоқӣ-фалсафии:
Агар меҳр бо меҳр пайванд шуд,
Ҳама тухмаи мо хирадманд шуд.
Ва ё ин ки:
Агар меҳр бо меҳр бонӣ будӣ,
Ҳама базмгоҳи каёнӣ будӣ –
аз боварҳои қадимаи форсӣ-тоҷикӣ сарчашма гирифта, дар низоми эътиқодоти сиёсӣ ҷойгоҳи вежа касб кардаанд. Бовару асотири пешин талқин мекунанд, ки чун давлат ва ҷомеа бар мабнои хирад роҳи дунявии пешрафтро интихоб мекунанд, дар партави дунёмадорӣ (secularization) аз тобеияти дину идеологияҳои хирадситез наҷот меёбанд. Ва ҷомеае, ки дар пайи сохтани давлати демократӣ ва дунявӣ гом мебардорад, дар мадди аввал ба хирад арҷ мегузорад ва онро меъёри асосӣ талаққӣ мекунад.
Ба назари муҳаққиқон, мардуми форсу тоҷик се ҳазору сад сол пеш системаи хирадгаройи мардумсолорро поярезӣ карда, се ҳазор пеш роҳу равиши зиндагии иҷтимоии мутамаддин, тарзи зисти инсони такомулёфтаро арза намуда, ду ҳазору панҷсад соли пеш ҳуқуқи табиии инсон ва таҳаммули дигарандешро ба ҷомеаи башарият ироа додаанд (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -С.20). Ба сухани дигар, касби огоҳӣ, ки марҳилаи ибтидоии дониш маҳсуб меёбад, фардҳои алоҳида ва дар маҷмӯъ, ҷомеаро ба сӯйи таҳаввулоти фикрӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маданӣ савқ медиҳад. Дар муқобили огоҳӣ ва хирадмандӣ нодонию ҷаҳл қарор мегирад. Мавлоно хеле хуб ба ин нукта пай бурда, ишора фармудааст: «Дар ҷаҳон як фазилат вуҷуд дорад ва он огоҳист ва танҳо як гуноҳ ва он ҷаҳл аст». Бинобар ин, агар ҷомеа аз илму дониш бехабар бошад ва пешгомони он дар пайи хомӯш шудани он иқдом варзанд, ҳама гуна истеъмору истибдод ба он ҷо роҳ меёбад (ниг.: Зебокалом Содиқ. Мо чӣ гунна мо шудем: решаёбии иллали ақибмондагӣ дар Ирон. –Теҳрон: Интишороти Равзана, 1378. –С.346-347). Ин аст, ки илм ва ҷомеаи хирадмеҳвар мисли сипар ҷомеаро аз тири буҳронҳои гуногун, ки ба заъфу нотавонии сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунанд, ҳифз менамояд ва намегузорад, ки истеъмор реша давонида, ҷомеаро ба инҳитот ва пастравӣ мувоҷеҳ созад. Муҳимтар аз ҳама, комёбии як миллат, як давлат ва як ҷомеа дар гарави огоҳӣ ва шикасту нокомиаш дар ҷаҳлу нодонӣ аст. Маҳз ҷомеае, ки ба сӯйи донишу хирад роҳ мепаймояд, ояндаи дурахшон дорад ва метавонад дар баробари таҳоҷумоту тааррузоти берунӣ довталабона муқовимат намояд.
Бояд тазаккур дод, ки низоми давлатдории дунявӣ бар баробарӣ ва мусовоти инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфтааст. Иттифоқан, мудирон-менеҷерони низоми секулярӣ дар асоси қонунмандӣ ва меъёру принсипҳои инсонӣ, барои пайравони тамоми адёну мазоҳиб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ақидаву мафкура ба таври баробар, бидуни бартарият ва афзалият додан ба гурӯҳе ва ё ниҳоде, шароити ибодӣ, фароғату истироҳат ва шуғлу мутолиот таҳия мекунанд ва ба ин васила муҳиту фазои солими ҳамкорӣ ва ҳамзистиро дар байни созмону ҳаракатҳои иҷтимоӣ, ақаллиятҳои миллӣ-этникӣ, динӣ-мазҳабӣ, сиёсӣ ва амсоли инҳо ба вуҷуд меоваранд.
Дар маҷмӯъ, дунёмадорӣ ва ё секуляризм намунаи беҳтарини давлатдорӣ ва ҷомеасолорист, чунки он ба илму хирад ва донишу фазилати инсонӣ такя мекунад. Дигар ин ки дунёмадорӣ инсонҳоро аз бандубастҳои фикрию ақидатӣ, ки маҳсули таъсиру нуфузи хурофоту таассуби ҷамъӣ мебошанд, раҳонида, шароити озоду муътадили фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию маданиро фароҳам меоварад.
Ардамеҳр Ашурзода