Ҷашни Сада ҳамчун яке аз қадимтарин ва мураккабтарин падидаҳои фарҳангии марбут ба тамаддуни мардуми форс на танҳо як оини тақвимӣ ё маросими мавсимӣ, балки сохтори бисёрқабатаи семиотикӣ ва идеологӣ мебошад, ки дар худ маҷмӯи унсурҳои асотирӣ, космологӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва ахлоқиро мутамарказ месозад. Таҳқиқи илмии ин оин имкон медиҳад, ки равандҳои бунёдии ташаккули ҷаҳонбинии ориёӣ, низоми рамзҳои муқаддас, механизми танзими муносибати инсон бо табиат ва замон, ҳамчунин усулҳои интиқоли арзишҳои фарҳангӣ аз насл ба насл дар ҷомеаҳои бостонӣ ва баъдӣ бозсозӣ карда шаванд. Ҷашни Сада аз ҷумлаи он падидаҳои фарҳангиест, ки бо вуҷуди тағйироти шадиди таърихӣ, ивазшавии низомҳои динӣ ва сиёсӣ, ҳамчунон қобилияти мутобиқшавӣ ва бозтаъбиркунии маъноиро ҳифз намуда, дар зеҳни фарҳангии мардуми ориёитабор ҷойгоҳи устувор касб кардааст.
Дар харитаи сиёсии ҷаҳони муосир марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон танҳо як хатти одии ҷуғрофӣ нест. Ин марз, ки беш аз 1344 километр тӯл дорад, имрӯз ба сифати “меҳвари амниятӣ”- и Осиёи Марказӣ ва кафили суботи минтақаи Авруосиё шинохта мешавад. Таҳаввулоти ахир ва ҳодисаҳои фоҷиабор дар минтақаҳои наздимарзӣ нишон доданд, ки ин минтақа дубора ба маркази таваҷҷуҳи абарқудратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
(чанд мулоҳиза дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле ироа гардид, ки Ватани азизи мо дар марҳилаи навини тараққиёт ва рушд қарор дорад. Ин марҳилаи таърихи миллӣ ва ватанӣ, аз як тараф, ба уфуқҳои тозаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва рушди иқтисоди ватанӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, моро дар рӯбарӯ бо мушкилоту хатароти глобалӣ вомегузорад. Ин аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ дар баробари воқеиятҳои имрӯзӣ амри зарурӣ ба шумор меравад. Дар зимн, шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди даҳшатбор дар манотиқи гуногуни сайёра, гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми сиёсӣ-давлатиест, ки охири ҳар сол дар ҳузури вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, роҳбарони мақомоту сохторҳои давлатӣ, намояндагони тамоми қишрҳои аҳолӣ ироа гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати кишварро фаро мегирад. Ҳар як Паём бо доираи фарогирии мавзуъ, фазои таҳлилу қиёс ва масъалаҳои ҳаётан муҳимми сиёсати давлатӣ мутафовит аст.