Ҷаҳонбинии илмӣ бар асоси озмоишпазирии таҷрибавӣ, раддияи илман асоснок, мувофиқати мантиқӣ ва қобилият ба худислоҳӣ бунёд ёфтааст. Ин вижагиҳо ба қавли яке аз бузургтарин файласуфони асри ХХ Карл Раймунд Поппер имкон медиҳанд, то илм батадриҷ тавсеа ёфта, хатогиҳоро ба механизми такмили назарияҳо табдил диҳад. Ин файласуфи бонуфузи англис принсипи калидии рӯйкарди илмиро тавассути тезисе, ки инсон ногузир ба иштибоҳ роҳ медиҳад, вале имкон дорад, то хатогиҳои худро бо роҳи озмоиши интиқодии фарзияҳо ислоҳ намояд, нишон медиҳад. Модели илмии шинохт бар он асос ёфтааст, ки тамоми донишҳо тахминӣ ва қобили таҷдидпазирӣ бар асоси додаҳои ҷадид ҳастанд. Маҳз ҳамин тафовути асосӣ бартарии ҷаҳонбинии илмиро аз низомҳои идеологӣ, ки барои камоли ҷазмӣ ва пойдории ҳинҷорӣ талош мекунанд, ба сатҳи баландтар мебарад.
Таърихи илм собит месозад, ки ҷаҳонбинии илмӣ дар натиҷаи дасткашии ботадриҷ аз тафсирҳои ҷазмии воқеият ташаккул ёфтааст. Ба зарурати раҳо кардани зеҳн аз «бутҳо» - хатогиҳои мудовими идрок ва тафаккур, ки ба дарки табиат монеъ мешаванд, аллакай дар асри XVI яке аз файласуфони бонуфузи давраҳои авохири Эҳё ва ибтидои Замони ҷадид Фрэнсис Бэкон таъкид кардааст. Маҳз идеяи ӯ дар мавриди он, ки дониши воқеӣ ба таҷриба ва озмоиш такя мезанад, появу асоси равиши илмиро ба унвони як падидаи фарҳангии мутамойиз бино ниҳод. Инқилобҳои илмии баъдии Коперник, инчунин назарияҳои нисбият ва механикаи квантӣ тавоноии илмро дар бартарафсозии маҳдудиятҳои худ, бознигарии моделҳо ва эҷоди нақшаҳои тавзеҳии дақиқтар нишон доданд. Ҳамин тариқ, ҷаҳонбинии илмӣ ба унвони як системаи пӯё бо гароиш ба кушодагӣ ва такмили мудовим шакл гирифт.
Дар навбати худ ҷаҳонбинии идеологӣ як моҳияти мутафовите дорад. Тибқи таърифи сотсиолог ва файласуфи маъруфи англис Карл Маннгейм, идеология – ин «тафсири комили ҷаҳон» аст, ки дар он далоил тобеъи низоми арзишҳо ва меъёрҳои қаблан таъиншуда мебошанд. Идеология на бар асоси усули тасдиқи таҷрибавӣ, балки бар асоси усули мутобиқсозии далоил бо арзишҳо ва қолабҳои пешакӣ муайяншуда сохта шудааст. Идеология вазифаи иҷтимоӣ – ҳамгироиро иҷро намуда, ҳувияти гурӯҳӣ ва модели пойдори устувори ҷаҳонбиниро таъмин мекунаду, дар як вақт имкони таҳлили интиқодиро маҳдуд месозад. Системаҳои идеологӣ бозбинии асосҳои худро намепазиранд, зеро ин амал метавонад ҳамбастагии дохилӣ ва самаранокии иҷтимоии онҳоро коҳиш диҳад. Ҳамин тариқ, ҷаҳонбинии идеологӣ аз рӯи сохти худ як системаи пӯшидаи маърифатӣ боқӣ мемонад.
Ҷаҳонбинии илмӣ, бо далели тавоноии баназаргирии печидагии воқеият ва созгорӣ бо додаҳои ҷадид, нисбат ба ҷаҳонбинии идеологӣ бартарии ҷиддӣ дорад. Дар соҳаҳое, ба монанди тиб, биология, зистмуҳит, муҳандисӣ ва иқтисод, ки дар онҳо хатогӣ оқибати ҷиддӣ дорад, рӯйкарди илмӣ амри на танҳо афзалиятнок, балки зарурӣ аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки даст кашидан аз донишҳои илмӣ ва иваз намудани онҳо ба қолабҳои идеологӣ ба оқибатҳои системавӣ ва аксаран баргаштнопазир оварда мерасонад. Мисолҳои таърихии инкори генетика, муқовимат дар баробари додаҳои эпидемиологӣ ё нодида гирифтани илми иқлим нишон медиҳанд, ки тафаккури идеологӣ барои корбурди кофӣ бо печидагиҳои воқеъӣ қодир нест. Дар навбати худ, донишҳои илмӣ абзорҳои таҳлилиро ба миён меоранд, ки барои баррасии равобити иллатӣ – маълулӣ (причинно-слественный), вобастагиҳои оморӣ ва сенарияҳои эҳтимолӣ имкон медиҳанд.
Бартарии ҷаҳонбинии илмӣ дар андозаи ахлоқии он низ ба таври рушан мушоҳида мешавад. Фарҳанги илмӣ риояи садоқати фикрӣ, шаффофияти равишҳо ва омодагӣ ба интиқодро талаб мекунад. Тавре, ки яке аз асосгузорони электродинамикаи квантии муосир Ричард Филлипс Файнман ишора кардааст, унсури аслии рӯйкарди илмӣ пеш аз ҳама тавоноии муҳаққиқ дар худдорӣ аз гумроҳ кардани худ мебошад. Ин нигариш навъи хосе аз тафаккурро, ки ба эҳтиром аз воқеият ва эътирофи маҳдудияти дониш равона шудааст, шакл медиҳад. Дар муқобил, ҷаҳонбинии идеологӣ ба эътиқоди меъёрӣ, ки дар он мансубият ба низоми ақоид авлотар аз расмиёти таҳлилӣ эътироф мешавад, такя мезанад. Ин амр илмро барои муколамаи байнириштаӣ ва тасмимгирии дастаҷамъӣ муносибтар мекунад.
Ҷаҳонбинии илмӣ бе асосҳои арзишӣ вуҷуд надорад, зеро муҳиммияти он дар табиати маърифатӣ, аз ҷумла интиқодпазирӣ, ақлгароӣ, шакгароӣ ва талош барои воќеъият мебошад. Ҷаҳонбинии идеологӣ бошад, ба арзишҳои дигар, аллалхусус сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ такя мезанад. Ин арзишҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ нақши муҳим доранд, вале ҳангоми иддао барои касби ҳолати ҳаќиќати универсалӣ вориди мухолифат бо воқеияти таҷрибӣ мегардад. Илм, бар хилофи идеология, ба думболи тавсифи ҷаҳон бо истилоҳоти меъёрӣ нест, балки худро ба эҷоди моделҳое маҳдуд мекунад, ки падидаҳоро тавзеҳ ва пешбинӣ менамоянд. Аз ин рӯ, ҷаҳонбинии илмӣ эҳтимоли таҳрифи маърифатие, ки ба тамоюлҳои арзишӣ вобаста аст, ба ҳадди ақал мерасонад.
Бо нигариш ба оянда, тамойиз байни руйкардҳои илмӣ ва идеологӣ аҳамияти вижа пайдо мекунад. Идеология талош дорад, то сохторҳои гузаштаро бозтавлид кунад, дар ҳоле ки илм дар самти ҷустуҷӯи ношинохтаҳо гароиш дорад. Чолишҳои глобалии ҷадид, аз ҷумла тағйироти иқлимӣ, тавсеаи ҳуши маснуъӣ, ахлоқи зистмуҳитӣ ва пӯёи (динамика) иқтисоди ҷаҳонӣ, чандирӣ ва қобилияти таҳлилии ба худ хоси рӯйкарди илмиро тақозо мекунанд. Илм имкон медиҳад, то сенарияҳои эҳтимолиро тарҳрезӣ кунем, хатарҳоро арзёбӣ намоем ва тасмимотро бар асоси додаҳо бигирем. Дониши идеологӣ чунин абзорҳо надорад, зеро аҳамиятгирии он ба самти таъйиди қоидаҳои худ, ки ҳатман бояд қабул гарданд, равона шудааст.
Аз ин рӯ, бартарии ҷаҳонбинии илмӣ бар ҷаҳонбинии идеологӣ на дар вуҷуди посухҳои “саҳеҳтар”, балки дар вуҷуди равияҳое аст, ки имкон медиҳанд то ин ҷавобҳо санҷида, ислоҳ ё иваз карда шаванд. Ҷаҳонбинии илмӣ шароитеро фароҳам меорад, ки дар он ҷустуҷӯи ҳақиқат ба раванди мудовим ва системанок табдил меёбад. Ҷаҳонбинии идеологӣ бошад, вазифаҳои муҳими иҷтимоиро иҷро менамояд, аммо маҳдудиятҳои маърифатии он имкон намедиҳанд, то дар соҳаҳое, ки дақиқият ва масъулият лозим аст, ҷойгузини рӯйкарди илмӣ гардад. Маҳз ҳамин омил имкон медиҳад, то натиҷагирӣ кунем, ки ҷаҳонбинии илмӣ муассиртарин ва муносибтарин шакли дарки оқилонаи ҷаҳон дар даврони муосир мебошад.
Шозедов Х. Н. – ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти
стратегии назди Раёсати АМИТ