JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 11 Декабри 2025 02:25

Раҳи худро ба заҳматҳо тай намудааст... (Оид ба эҷодкори шаҳир, шоир ва драмнавис Сафармуҳаммад Аюбӣ  (1945-2011)

Муаллиф: Аслиддин Низомӣ

     Дар олами эҷоди нимаи дуюми асри гузашта Сафармуҳаммад Аюбӣ яке аз чеҳраҳои намоён ва таҷассумгари бадеии даҳҳо паҳлуҳои ҳаёти фарҳангиву иҷтимоии ҷомеаи замон маҳсуб меёбад. Роҳи эҷодии ӯ нахуст аз фаолияти рӯзноманигорӣ оғоз шудааст, вале маълум аст, ки дар марҳилаҳои аввали ба арсаи эҷод қадам монданаш Сафармуҳаммад аз фазои хеле рушан ва пурғановати фарҳангии минтақаи Кӯлоб, аз пайвандӣ бо эҷодкорони давр, аз ҳамкориву дӯсти бо устодони номии кишвар Одина Ҳошим, Ҳақназар Ғойиб, Мирзоватан Миров, Абдусалом Раҳимов ба хубӣ ва самаранок баҳрабардорӣ намудааст.

   Солҳои 80-м дар шаҳри Кӯлоб фаолияти театри овозадори драмаи мусиқӣ ба номи Саидалӣ Вализода  дар ҷӯшуш хуруш буд, саҳна ҳамеша бо барномаҳои консертӣ ва намоишҳои шавқовари театрӣ пурҷило гардида буд. Ҷавонони Кӯлоб, донишҷӯёни донишкадаи педагогӣ аз ашъори шоирони маъруфи давр Муъмин Қаногат, Гулрухсор, Бозор Собир, Ҳақназар Ғойиб, Ашур Сафар нишастҳои назму мусиқӣ баргузор мекарданд.

   Махсусан ҳамон давра дар байни ҷавонони Кӯлоб эҷодиёти Лоиқ Шералӣ хеле маъруф гардида буд. Сарояндагони хушовоз Одина Ҳошим, Давлатманд Холов, Сурайё Қосимова, Мирзоватан Миров иддаи зиёди ашъори шоирони муосирро ба оҳанг дароварда пешкаши мардум мекарданд. Дар маҷмуъ муҳити адабӣ, фарҳангӣ дар шаҳр хеле гуворо ва фараҳбахш гардида буд.  

   Соли 1984 дар пайи мушоҳидаҳо аз яке аз сафарҳои хидматӣ ба шаҳри Кӯлоб ба роҳбарияти вақти Ҷумҳурӣ чанде таҳлилҳо пешниҳод намуда будам ва дар онҳо хоссатан аз ҷумла зикр гардида буд, ки мардуми шаҳри Кӯлоб, аҳли илму эҷод ҳама ба забони  адабӣ суҳбат мекарданд,  толори театри вилоятӣ доимо пур аз тамошобин буд, маҳфилҳои адабӣ-мусиқӣ доир мегардиданд.  Яъне шаҳр воқеан маркази фарҳангӣ гардида буд. Дар ҳамин айём Сафармуҳаммад ҳамчун рӯзноманигор ба арсаи эҷодӣ қадам гузошта буд ва пайдост, ки чунин рӯҳияи илҳомбахши замон ба вуҷуди ӯ ва ба олаи эҳсосту эҷодиёташ таъсири хоса ворид намуда буд.

   Сафармуҳаммадро аз ҳамон солҳо мешинохтам, борҳо бар Кӯлоб аснои нахустнамоишҳои театр, ё худ вохуриҳо бо аҳли эҷод бо ҳам вомехурдем, суҳбат мекардем. Нахустин таассуроте, ки аз ҳамон замон дар ёд дорам ин як хислати хеле нодири гуфтору рафтори Сафармуҳаммад буд, ки ҳамеша баръало ба назар мерасид. Ӯ табиатан шӯхтабиат, дар суҳбат тезгуфтор, дар ҳаракатҳояш хеле ҳам ҷаққон, андешарониҳояш бидуни талаби раддия, ҳақгӯиҳояш хеле далерона буд. Ӯ чизеро ки медонисту ба он эътимод дошт, бидуни тарсу ҳарос ё ягон намуд эҳтиёткориҳо (ки ба бисёриҳои он давр хос буд) мегуфту тасдиқ мекард ва ҳамеша  кушиш мекард, ки ҳамсуҳбаташро низ ба он андеша қоил намояд.

    Ҳамин ҷавони чусту чолок андаке нагузашта ба яке пурмаҳсултарин ва нодиртарин шахсияти эҷодии солҳои охири асри 20 ва аввали асри нав ба воя мерасад ва ҳамчун муаллифи садҳо шеърҳои хушоҳанг ва достону драмаҳои овозадор шӯҳрат пайдо мекунад. Ҳамин гуна хислати ҷасуриву шуҷоатнокиаш буд, ки ӯ аввалин шуда дар олами драматургияи тоҷик мавзуи хеле нозук, яъне дарди асосии олами ботинии шахсро тавонист руйи қоғаз биёрад. Ин драмаи хеле овозадори ӯ бо номи “Фишор” буд, ки соли 1984 дар театри ба номи С.Вализодаи ш. Кӯлоб руйи саҳна омад.

   Он замон аз ин гуна таҳлилҳои ҷиддии ҳаёти иҷтимоии мардум драматургон ва театрҳои пойтахт худдорӣ менамуданд, вале коргардони бомаҳорат Мирзоватан Миров тавонист ин драмаи Аюбиро бо услуби хеле пуртаъсири бадеӣ саҳнасозӣ намояд. Аюбӣ дар ин драма рӯҳияи хеле фарсуда гардидаи ҷомеаро, ки дар асари фишори беинтиҳои идеолоҷӣ азияти мекашид, тасвир намудааст. Дар асар бештар қаҳрамононро фишори ботинӣ – виҷдонашон азоб медод, зеро қариб ягон илоҷ ё имкони ба берун ифода намудани эҳсосот вуҷуд надошт.

    Ҳамин тавр, бо ҳамин асари хеле ҳам пурарзиш Сафармуҳаммад ба олами драматургия қадам зад ва баъдан муаллифи даҳҳо асарҳои драмавӣ гардид, ки аксари кулли онҳо дар саҳнаҳои театрҳои пойтахт ва шаҳру вилоятҳои ба саҳна гузошта шудаанд.

     Дар Душанбе  давраи нави эҷодиёти Сафармуҳаммад оғоз мегардад, ӯ соли 1982 ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул гардида, минбаъд дар бари устодони номии шеъру адаб машғули фаолияти эҷодӣ мешавад. Дар ҳамин давраи ӯ гӯё ҷавобан ба тақозои замон ҳарчи бештар ба эҷоди яке аз навъҳои хеле нозук ва душвори назм – ба таълифи сурудҳо камар мебандад. То имрӯз ба ҳамагон аён аст, ки на ҳама шоирон қудрати эҷоди матни суруди дилнишин ва хушоҳангро доранд.

    Ин ҷо зарур намешуморем, ба таҳлили муҳтавои ашъори Сафармуҳаммад бипардозем, зеро бешубҳа, даро маҷмуаи мазкур ин корро устодони назм албатта ба тасвиб хоҳанд расонид. Вале муроҷиат ба навъи суруд, ки воқеан яке аз дастовардҳои бузурги шоир маҳсуб меёбад, бамаврид аст.

   Сафармуҳаммад аз таҷрибаи олии устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муҳиддин Фарҳат, Аминҷон Шукуҳӣ сабақ гирифта, дар як муддати кутоҳ зиёда аз 30 адад шеърҳои гуогунвазн ва гуногунмазмуне, ки ҳамаашон ҷавобгӯи ин ё он марҳилаи ҳаёти ҷомеаи давраи истиқлол буданд, эҷод мекунад, ки ҳамаи онҳо фавран аз ҷониби оҳангсозони мамлакат ба қолаби сурудҳои дилангез ворид карда шуданд.

   Ҳамин ҷанбаи фаолияти ӯро мардуми Тоҷикистон, аҳли адабу ҳунар бо камоли мамнуният иқбол намуданд ва сурудҳояш дар иҷрои сарояндагони номӣ – Сурайё Қосимова, Файзалӣ Ҳасанов, Парда Қосимов, Давлатманд Холов, Миралӣ Достизода,Саидқул Билолов, Мирзоватан Миров, Афзалшо Шодиев, Суҳроби Сафарзод, Лоиқшо Холов ва дигарон танинандоз шуданд. Азбаски Сафармуҳаммад дар иншои матни суруд маҳорати хеле баландро соҳиб гардида буд ва худаш аз аҳли мусиқӣ буд (дутор, най  менавохт) дар ҳар мисраи матнҳои сурудаш гӯё оҳанг илова мекард. Ҳамин буд, ки композиторони номии тоҷик Талабшо Сатторов, Файзалӣ Ҳасанов, Мирзоватан Миров, Қудратулло Яҳёев, Ҷ. Исмоилов, С.Билолов ба зиёда аз дусад сурудҳои сафармуҳаммад оҳанг эҷод намуданд. Ин маврид бояд ногуфта намонад, ки дар ҳоли ҳозир ягон шоири дигари замони мо аз ҷиҳати шумораи шеърҳои ба оҳанг дароварда шудааш ба Сафармуҳаммад баробар шуда натавонистааст.

   Ин ҷо албатта сухан танҳо аз шумораи шеърҳо намеравад, зеро маҳз маънии асарҳои Аюбӣ, мувофиқи зарбу лаҳни миллӣ эҷод гардидани онҳо хеле амиқтар аз теъдоди осор аст. Муҳимтараш он аст, ки ҳар як аз намунаҳои ашъори Сафармуҳаммад гӯё ба яке аз лаҳзаҳои зиндагонии мардуми Тоҷикистон дар айёми истиқлолият бахшида шудааст. Доираи мавзуъҳои сурудҳои Аюбӣ хеле фарох буда дар онҳо оҳангҳои ифтихор аз замон, каломи фараҳбахши давр аз номи қаҳрамонон, лирикаи ватандӯстӣ, ҳасрату ормонҳои ботинии инсон бо ифодаҳои зоширан сода, вале хеле пурмаънои бадеӣ таҷассум ёфтаанд.

    Масалан, дар як лаҳза Сафармуҳаммад Аюбӣ эҳсос намуда буд, ки бахшида ба бузургтарин неъмати табиати кишвари азиз – обҳои мусаффо ва чашмасори ширин  шеър эҷод намояд ва матни суруди “Сайёраи об” –ро пешниҳод кард, ки фавран дар иҷрои хор ва оркестр дар бузургтарин маъракаҳои фарҳангӣ иҷро гардиданд.

   Парда Қосимов дар яке аз маҳфилҳои эҷодӣ достони “Тавоф”-ро бар матни Аюбӣ бо оҳанги хеле ҳам ҳазин ва муассир иҷро намуд ва фавран ба оҳанги “Қаламқош” гузашт. Яъне дар ду намунаи эҷодии Сафармуҳаммад Аюбӣ замину замон олами ҳастии инсон, эҳсоси хотираҳо ва шӯри лирикӣ ба ҳам омаданд.

    Зарбу лаҳни сурудҳои эҷод намудаи Сафармуҳаммад воқеан дарак аз он медиҳанд, ки муаллиф худаш мусиқиро хеле хуб эҳсос мекунад. Масалан, оғози суруди “Душанбе” чунин аст:

“Шаҳри кибриё, рўҳи ориё,

Маснади ниё, тоҷи Осиё..”

          Фавран аён мешавад, ки гӯё худи сатрҳо бо қадамҳои устувор ва пур аз ифтихор садо медиҳанд, яъне ин ҷо матн комилан ба мусиқӣ моил аст. Ё худ дар матни дигари суруд дар васфи об чунин мисраъҳоро мехонем:

“Дарёб, ки мо зодаи сайёраи обем,

 Дар рўи заминем, вале пораи обем”.

  Ин ҷо низ сиккаҳои шеър ҳатман ба садо медароянд ва барои эҷоди оҳанги мувофиқ ҳеҷ душворие эҷод намекунанд.

  Матни сурудҳои Сафармуҳаммад дар баробари ҷанбаҳои лирикӣ ҳамчунин нидоҳои баланди шаҳрвандӣ ва инсонгароиро ифода менамоянд. Даро ҳамон давра Аюби бо садои баланди бародарона матни суруди навро бахшида ба Эрони бародар таҳти унвони “Ту танҳо нестӣ, Эрон” ҳадя кардааст:

“Худоёри худодорон, ту танҳо нестӣ, Эрон,

 Дилат пур бод аз ёрон, ту танҳо нестӣ, Эрон...”

 

  Маълум аст, ки дили  шоири закӣ ва дунёшинос ҳамон давра эҳсос мекард, ки Тоҷикистону Эрон замоне аҳди дӯтиву бародарӣ мебанданд.

 

  Доир ба яке аз асарҳои хеле ҳам ҷолиб ва рамзии Сафармуҳаммад сухан нагуфтан номумкин аст. Соли 2000 ӯ бо илҳом аз иқдоми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эҳёи шоҳасари мусиқии халқи тоҷик Шашмақом асареро таҳти унвони “Драмаи Шашмақом” эҷод кардааст, ки воқеан аз маҳорати фарҳангшиносӣ ва посдори мерос буданаш шаҳод медиҳад.

  Аюби дар ин асар воқеан фоҷиаи оғози қарни бистумро дар баробари амалҳои пантуркистон бар зидди нашри Шашмақом дар Москва хеле далерона ва бо дониши олии ин муаммо тасвир кардааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки он замон, соли 1924 аснои омода намудани нашри аввалини Шашмақом дар Москва ҳамаи матнҳои тоҷикии он аз ҷилд хориҷ карда шуда буданд ва дар ин кор, тибқи маълумоти дақиқи ҳуҷҷатҳои саҳми Абдурауф Фитрат, ҳамон шахсе, ки худаш нахуст ташкилкунандаи ҳамин амал буд,  ҳалкунанда гардид. Сафармуҳаммад чунин фоҷиаро рӯйи қалам оварда тавонист ва бо такя ба ҳуҷҷатҳои таърихӣ таҳлили бадеии онро тасвир кард. Аз чунин фоҷиа дар мисоли Шашмақом қисса намудани муаллиф бори дигар ба ҳамагон ҳушдор дода буд, ки ба мероси бузурги миллат, ба маҳсули заҳматҳои садҳои фидоиёни шеъру мусиқии тоҷик бо ифтихор ва бо эҳтиёт муносибат намоянд.

  Ҳамин буд чанд андешаи банда бахшида ба олами эҷодии яке аз шоирони сарсупори миллат, фарзанди шуҷоъи халқи тоҷик, дилсӯзи миллат ва фарҳанг, устод Сафармуҳаммад Аюбӣ.

                              Аслиддин Низомӣ,

доктори илмҳои санъатшиносӣ.

 

 
Хондан 59 маротиба