JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

(Паёми шодбошӣ ба муносибати зодрӯзи файласуфи муосири миллӣ Нуриддин Шаҳобиддин)

 Бародари гиромӣ, Нуриддин Шаҳобиддин!

          Мелоди Шумо, барои ҷамъи дӯстон ба унвони  мелоди озодандешии миллӣ талаққӣ мешавад. Муҳимтар аз ҳама, Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

 (Паёмномаи ҷашнӣ ба ифтихори 80-солагии файласуф, андешаманд ва рӯшанфикру рӯшангари муосири миллӣ Устод Комил Бекзода)

   Барои аъзои маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” 9 январ рӯзи вежаи сол аст. Дар ин рӯз поягузори маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” – Устод Комил Бекзода зодрӯз доранд ва имсол – дар оғози Сони нави мелодӣ ба синни 80 қадам мениҳанд. Дар зимн, ҳамасола дар ин рӯз дӯстону алоқамандони шахсияти Бекзода гирди ҳам омада, дар доираи нишасту маҳфили хосса сари буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ ва ҳассосиёту чолишҳои имрӯзӣ баҳс мекунанд. Устод Бекзода, ки аз унвони эҳтиромию ифтихории “Устод” сахт ҳазар доранд, бо доштани дониши фарогири илмию фалсафию ихтисосӣ дар гӯшае сокит менишинанд ва бо тавозуъу назокати вежа суҳбати дӯстону алоқамандонро мутаваҷҷеҳ мешаванд. Ҳама гуна андешаву афкори зидду нақиз ва ҳатто ғайриилмиро оромона таҳаммул мекунанд ва пасон муаддабонаву мудаббирона ба суҳбат ҳамроҳ мешаванд. Суҳбаташон одӣ, бетакаллуф, вале мудаллал аст. Бидуни далелу бурҳони илмию фаннӣ суҳбат намекунанд ва мусоҳибро ба масири муғолата намекашанд. Ин шева ва сабки сухану андешаи Устод аст.

 Рӯзноманигори ҷавони мо, Зоҳиршоҳи гиромӣ!

   Имрӯз – 3 январ дар рӯзҳои нахустини Соли нави мелодӣ дӯсту бародари гиромии мо – Зоҳиршоҳи Сайфулло ҷашни мелод доранд. Ҷуръату ҷасорати Шумо на танҳо дар навиштану таҳия кардани маводи дархури миллӣ, балки дар муборизаву муқовимат алайҳи нодонию ҷаҳолату хурофазадагӣ сутуданист. Дар зимн, зиёд нафаронеро мешиносему медонем, ки бо хурофогту таассубу ҷаҳолату нодонӣ, ки вабои ҳамаи давру замон маҳсуб мешаванд,  созиш мекунанд, ба иддаоҳои хушкандешон посух намедиҳанд, фазлфурӯшиҳои аҳли хурофаро бошавқ гӯш мекунанд ва дар баробари хурофадовариҳо таҳаммулпазиранд, аммо Шумо-Зоҳиршоҳи азиз, новобаста ба синнусоли ҷавонӣ, ҳадафмандона бар рағми тоифаи хушкандешу беҳувияту худбохта теғи андеша баркашида, аз асолати миллӣ меросу арзишҳои аҷдодӣ, меросу фарҳанги бумӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дифоъ мекунед.

(мулоҳизоте иҷмолӣ дар ҳошияи маҳфили илмӣ-фалсафии Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии фалсафа)

    Ҳамасола дар муҳитҳои академӣ ва муҳитҳои донишгоҳии ҷумҳурӣ панҷшанбеи ҳафтаи севуми моҳи ноябр Рӯзи ҷаҳонии фалсафа таҷлил мегардад. Одатан, дар Рӯзи ҷаҳонии фалсафа, ки бо Қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО таъсис ёфтааст, дар донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмӣ-пажуҳишӣ бо ҳузури файласуфону мутафаккирон, донишмандону муҳаққиқон ва унвонҷӯёну донишҷӯён маҳфилҳои вежаи ихтисосию фалсафӣ ва нишастҳои илмӣ доир шуда, дар ин замина гузоришҳои илмӣ ва мубоҳисаҳои фалсафӣ ироа мегарданд.

Саҳифа аз 1 то 193

Китобҳо