(матни суханронии И.В. Сталин дар маросими пазироии ширкаткунандагони Даҳаи санъати тоҷик ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 14 октябри соли 1924 иттифоқ афтода, аз он рӯзи таърихӣ ҳамакнун 100 сол сипарӣ мегардад, манзур мешавад)
Рафиқон!
Мамнун аз эътимод, ҳамдардӣ ва орзуи шумо. Аммо мардум як одати бад доранд, тамҷид аз зиндаҳо ва фаромӯш кардани гузаштагон. Ҳамон тавр ки дар қадим мегуфтанд бутҳо ё ба қавли имрӯзӣ, раҳбаронро то замоне ки зинда ҳастанд, меситоянд ва пас аз марг гоҳҳо фаромӯш мекунанд. Ба назари ман, ин як фазилат нест ва бо суннатҳои болшевикӣ мутобиқат надорад...
(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи иқтисодшиноси миллӣ Нуралӣ Собирзода)
Мусалламан, тасаллут дар илми иқтисод ва равандҳои иқтисодӣ, ки аз ҷумлаи қисматҳои муҳимми зиндагию рӯзгори инсонист, кори саҳлу осоне нест. Аз тарафи дигар, омӯзишу таҳқиқи ҷиддии иқтисоди миллию ҷаҳонӣ ва ташхиси мушкилоту муаммоҳои соҳавӣ, ки ба болоравии сатҳи зиндагии фардию ҷамъӣ оварда мерасонад, рисолати касбӣ-ҳирфавии иқтисодшиносони банангу баҷуръату боғурури миллию ватанӣ маҳсуб мешавад. Яке аз нафарони сазоворе, ки дар самти омӯзишу таҳқиқи мушаххасоти иқтисоди миллӣ ва равандҳои иқтисодӣ саҳми муносиб гузоштааст, доктори илми иқтисод, профессор Нуралӣ Собирзода мебошад.
Дӯсту ҳамрафиқи азизу гиромӣ,
Ҳар сол рӯзи мелоди Шумо мо-дӯстону ҳампешагон ва ҳамрафиқону ҳамшарикон зиёд майна об мекунем, ки чанд ҷумлаи шоистае рӯйи саҳафоти сомонаӣ ва фейсбукӣ бикорем, то ифодагару арзандаи ҳайсияту шахсиятатон бошад. Мутаассифона, шахсияти Шумо ончунон ҷаззоб ва ба истилоҳ, харизматик аст, ки тасвир ва наққошии он мушкил мебошад ва ноилоҷ таманниёти ҷамъиро ба як қолиб дароварда, дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахшу нашр менамоем, ба умеди ин ки писанди ҳамандешону озодагон омада бошад. Ҳоло ки дар ҷараёни ҷашни сисолагиатон қарор дорем, албатта, ҳиссиёту ҳаёҷонотамон низ хеле зиёд аст. Ба ҳар сурат, мекӯшем чанд ҷумлаи отифию дӯстонаро манзур намоем, шояд ки писанди хотири шахси шумо гардад.
Дидору мулоқот бо аҳли завқу адабу маърифат, ки аз қадим дар қолиби табақотии “соҳибдилону рӯшандилон” ғунҷоиш ёфтаанд, ба кас ҳаловати тоза мебахшад. Бар илова, ишораи нозуки Ҳаким Носири Хусрав, “Рӯшандилони Рӯшон ойинаи сафоянд” бар сиришти поку беолоиши қишри соҳибдилу рӯшандили ҷомеа далолат мекунад. Ба ин маъно, соҳибдилон дар ҳар давру замоне виҷдони ҷомеа будаанд ва барои бурунрафт аз мушкилоту буҳронҳои ахлоқию фикрию ақидатию маданию маърифатӣ саъю талош варзидаанд. Аз ҷониби дигар, ин табақа барои боло бурдани сатҳи саводу маърифату огоҳии ҷомеа ҳадафмандона кӯшида, дар ин роҳи мушкилписанди рӯзгор ҳиммат гуморида, сарбаландона рисолати иҷтимоию маданиашонро адо кардаанд.