Дар ин матлаб китоби донишманди дигари амрикоӣ Марк Закари Тейлор зери унвони “Сиёсатгузориҳои навоварӣ: чаро дар илму технология баъзе кишварҳо аз дигарон беҳтаранд” (MARK ZACHARY TAYLOR, The Politics of Innovation
Why Some Countries Are Better Than Others at Science and Technology, Oxford University Press, New York, 2016, 449 p.) мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки ӯ дар баробари таҳлили назарияҳои гуногун дар атрофи мавзуи рушди илму технологияҳо ва дар заминаи он пешравии иқтисодию иҷтимоии давлатҳо, назарияи худро низ пешниҳод мекунад. Махсусан таъсири ниҳодҳо ба пешрафти илму технология ва дар заминаи ин пешрафт таъмини рушди иқтисодии босуръати онҳо мавриди омӯзиши ӯ қарор гирифтааст. Марк Тейлор таъсири мусбати ниҳодҳоро дар ин ҷода агарчи инкор намекунад, вале таъкид мекунад, ки ниҳодҳо бахше аз омилҳои аслии рушд ё ақибмондагии давлатҳо мебошанд. Ба қавли ӯ, бо вуҷуди саҳми муайян доштани ниҳодҳо наметавон як бастаи муайяни онҳоро ҳамчун намуна барои рушди кишварҳои ҷаҳон пешниҳод кард. Илова бар ин, ниҳодҳо нишон медиҳанд, ки чӣ тавр як кишварро ба пайроҳаи рушд метавон ворид кард, аммо ба саволи чаро як кишвар мехоҳад ба пайроҳаи мазкур ворид шуда, дар баробари дигар давлатҳо рақобату истодагарӣ кунад, ҷавоб дода наметавонанд. Ин ҷо муаллиф назарияи нави худро бо номи "ноамнии офаринанда" пешкаши хонандагон месозад. Ӯ мегӯяд, ки "Ноамнии офаринанда ин идеяе мебошад, ки нигарониҳои амниятии ҳар миллат дар ростои тағйири баланси хатароти дохиливу хориҷӣ, ба дараҷаи навовариҳо дар он таъсир мерасонад. Махсусан, нигарониҳои амниятӣ ба омодагиҳои мардум барои пазириши ҳазинаҳои сангину хатарҳо ва гузаштҳои лозимӣ барои эҷоди иқтидори илмӣ-технологии миллии рақобатпазир, таъсири мусбат мерасонад" (саҳ. 5).
Марк Закари Тейлор доктори(PhD) илмҳои сиёсатшиносӣ буда, айни замон дотсенти факултети сиёсати давлатии Институти технологии Ҷорҷиаи ИМА мебошад. Ӯ кори доктории худро зери унвони "Иқтисоди сиёсии тағйироти технологӣ: тағйирот дар баҳс" соли 2006 дар Институти технологии Массачусетси ИМА ҳимоя намудааст, ки ин асар барандаи ҷоизаи Вирҷиниа Волш дар соли 2008 барои беҳтарин рисола дар ҳавзаи илм, технология ва сиёсатҳои зистмуҳитӣ гардидааст. Соли 2024 ӯ аз Институти технологии Ҷорҷиа ду ҷоиза ба даст овардааст. Яке ҷоиза "Барои дастовардҳои мумтоз дар тадрис" (барои дарсдиҳӣ дар сатҳи бакалавриат ва магистратура) ва дигар ҷоиза "Барои навоварӣ дар таълими беруназсинфӣ" (барои коркард ва амалисозии барномаи GTDC) аз Маркази омӯзиш ва тадриси Донишгоҳи технологии Ҷорҷиа. Ду китоб ва даҳҳо мақолаи илмӣ дар соҳаҳои иқтисоди сиёсӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳукумати ИМА, сиёсати иҷтимоӣ ва сиёсати илмӣ мунташир намудааст, ки баъзе аз онҳо дар платформаи илмии Google Scholar садҳо ва баъзеи дигар даҳҳо маротиба иқтибос шудаанд. (саҳифаи ӯро дар ин платформа бо линки зерин дарёфт карда метавонед: scholar.google.com/citations?user=WcsW-j4AAAAJ&hl=en)
Китоби“Сиёсатгузориҳои навоварӣ: чаро дар илму технология баъзе кишварҳо аз дигарон беҳтаранд” дуюмин асари калонҳаҷми Марк Тейлор буда, соли 2016 бо забони англисӣ мунташир шуда, соли 2019 бо забони чинӣ ва соли 2024 бо забони португалии Бразилия, дар нашриёти Донишгоҳи Оксфорд ба нашр расидааст. Китоби мазкур соли 2017 сазовори Ҷоизаи Дон К. Прайс барои беҳтарин китоб дар бораи илм, технология ва сиёсат гардид, ки аз ҷониби Бахши илм, технология ва сиёсати зистмуҳитии Анҷумани улуми сиёсии Амрико (American Political Science Association) дода мешавад. Ин китоб аз се боб, даҳ зербоб ва хулоса иборат мебошад. Боби аввал (саҳ. 2-66) зери унвони "Қонуни Кардвел" се зербоб дошта, дар он қонуни мазкур баррасӣ шуда, мафҳумҳо дар риштаи омӯзиши илм ва технология муҳокима мегарданд ва таҷрибаи кишварҳои гуногун дар давраҳои гуногун дар роҳи илму технология ва навовариҳо мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Дар боби дуюм (саҳ. 67-180), ки "Чӣ тавр миллатҳо навоварӣ мекунанд? Сиёсатҳо ва ниҳодҳо" ном дорад, муаллиф масоили вобаста ба сиёсатгузориҳои давлатӣ дар соҳаи илму технологияро баррасӣ намуда, ба пурсишҳои чаро миллатҳо шикаст мехӯранд ва чӣ тавр миллатҳо муваффақ мешавад посух медиҳад. Дар боби сеюм (саҳ. 181-274), ки "Чаро миллатҳо навоварӣ мекунанд? Ноамнии офаринанда" ном дорад, муаллиф ба асоснок кардани назарияи "ноамнии офаринанда"-и худ пардохта, моҳият, зарурат ва татбиқи амалии онро мавриди баҳс қарор додааст.
Боби 1. Қонуни Кардвел
1. Муқаддима: Муаммои Қонуни Кардвел. Дар зербоби 1 тадқиқоти таърихшиноси бритониёӣ Доналд Кардвел, ки ба муайян кардани ҷаҳишҳои асосӣ дар таърихи технологияҳо дар кишварҳои Ғарб нигаронида шуда буд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Моҳияти Қонуни Кардвел ин аст, ки ҳар як ҷомеа, агар ба таври худ гузошта шавад, танҳо барои як марҳилаи кутоҳ навовариву офарандагӣ мекунад, дер ё зуд қувваҳои иртиҷоие пайдо мешаванд, ки пеши роҳи онро бо ҳар баҳона мегиранд. Марк Тейлор эътироф мекунад, ки дар воқеъ баъзе аз ҷанбаҳои Қонуни Кардвел дар замони муосир низ коршоям ҳастанд. Масалан, мегӯяд ӯ, чанд кишвари ангуштшумор имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ихтироъ ва истеҳсоли илм ва технология пешсаф ҳастанд, ки баъзе аз онҳо то солҳои чилуми асри гузашта он қадар ҳам дар ин ҷода дастовард надоштаанд ва ҳатто як қисми онҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон вуҷуд надоштанд. Ба ин гурӯҳи пешсаф кишварҳои ИМА, Ҷопон, Олмон, Тайван, Шветсия, Корея, Исроил ва чанде дигар ворид мешаванд. Баъзе кишварҳои дигар собиқаи зиёди пешсафӣ дар илму навоварӣ доштанд, ки имрӯз хеле кам навоварӣ мекунанд, ба монанди Испания, Италия ва Австрия. Ҳамчунин даҳҳо кишваре вуҷуд дорад, ки ба таври ғайри қобили тавзеҳ, ҳамеша хеле кам навоварӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки шароити хубе барои пешрафти илму навоварӣ донад. Ба ин гурӯҳ метавон Аргентина, Чили, Филипин, Африқои Ҷанубӣ, Тайланд ва Туркияро дохил кард. Кишварҳои номбаршуда то дараҷаи лозимӣ ниҳодҳои ба ҳам монанд доранд, вале дар ростои эҷоди илм ва инноватсия аз ҳам фарқ мекунанд. Дар ҳоле, ки Кардвел баландшавӣ ва афтиши кишварҳоро дар замону макон эътироф мекунад, на ӯ ва на каси дигар то ҳол натавонистааст, ки ба пуррагӣ ин фарқият дар имконоти миллӣ байни кишварҳоро, тавзеҳ диҳад(саҳ. 3-4). Ин муамморо муаллиф кӯшиш мекунад дар дар ин асари худ ҳал кунад.
Дар доираи муҳокимаи "Қонуни Кардвел" Марк Тейлор Ҷопон ва Фаронсаро ҳамчун мисол меорад, ки таҷрибаи онҳо метавонад қонуни мазкурро дар амал нишон диҳад. Ҷопон, ки то Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва давоми солҳои 1950-ум дар соҳаи навовариву ихтироъкорӣ ақибмонда шинохта мешуд, дар чанд соли минбаъда тавонист ба як ҷаҳиши назаррас дар ин ҷода даст ёбад, ки аллакай дар соли 1970 маҳсулоти инноватсионии ин кишвар ҷаҳонро тасхир карда, бо маҳсулоти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон рақобат мекарданд. Дар солҳои 1960-1990 Ҷопон тибқи Қонуни Кардвел парчами навоварии сатҳи ҷаҳониро дар даст дошт. Марк Тейлор ин ҷо Фаронсаро бо Ҷопон муқоиса карда мегӯяд, ки ин кишвар бо доштани садсолаҳо собиқаи навовариву пешсафӣ дар илму технология дар ин муддат натавонистааст, дар ин ҷода натиҷаҳои наздик ба Ҷопонро ба даст оварад. Дар ҳоле, ки дар ин давра Фаронса ҳамаи шароитро барои баробар шудан бо Ҷопон дошт. Захираи зеҳнӣ, сармоя, ниҳодҳои мувофиқ ва сиёсати дурустро барои пешбурди босуръати илму технология дошт, вале ҳамчун кишвари навовари сатҳи миёна буд, на монанди Ҷопон пешсаф дар навоварӣ. Ин ҷо метавон гуфт, ки давраи пешсафии Фаронса гузашта буд ва тибқи қонуни номбаршуда дар ин марҳила парчами илму навоварӣ дар дасти ҷопониҳо афтода буд (саҳ. 5-6).
Таҷрибаи Британия Кабир ва ИҶШС низ то дараҷае "Қонуни Кардвел"-ро тасдиқ мекунанд. Британия Кабир дар асрҳои 17-18 дар илму навоварии технологӣ пешсафи ҷаҳон буд, вале дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ҷойи худро ба ИМА вогузошт. Дигар ин ИМА буд, ки дар ин ҷода пешсафиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба даст гирифта буд. Албатта, наметавон гуфт, ки ин кишвар дигар ҳеҷ навоварие надошт ва дар асри 21 ҳам навоварӣ надорад, вале яқинан он пешсафии худро, ки дар давраи Инқилоби саноатии аввал дошт, дигар аз даст додааст. Иттиҳоди Шуравӣ низ чанд даҳсолаи баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар илму технология пешсафиро ба даст оварда буд. Ин пешравии босуръат кишварҳои Ғарбро нигарон карда буд ва онҳо роҳҳои даст ёфтан ба суръати баландтари рушди илму навовариҳоро меҷустанд. Вале баъдтар суръати рушди ИҶШС дар ин ҷода якбора паст шуд ва дигар ҳеҷ таҳдиде ба Ғарб дошта наметавонист.
Чӣ тавр метавон таъсири "Қонуни Кардвел"-ро ба рушди илму навоварӣ дар як кишвар кам кард ва онро дар сафи пеши навоварони ҷаҳонӣ нигаҳ дошт? Ин масъала дар қисмати охири зербоби яки китоб мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дуруст аст, ки масъалаи ба роҳ мондани ниҳодҳову сиёсатҳои мувофиқ барои рушди илму навоварӣ бояд мавриди назар бошад. Чунин ниҳодҳову сиёсатҳои мувофиқ метавонанд аз ҳамдигар фарқ кунанд ва дар ин ҷода баҳсҳо зиёданд. Як гурӯҳи коршиносон ба ин назар ҳастанд, ки онҳо ҳатман бояд демокративу ғайримутамарказ бошанд, то рақобати солимро ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод таъмин карда, ширкатҳову марказҳои илмиро ба бештару самараноктар кор кардан водор намоянд. Ин назария дар китоби мазкур мавриди нақд қарор гирифтааст. Муаллиф мегӯяд, ки ниҳодҳову сиёсатҳои дохилӣ наметавонанд ба дурусти дараҷаи навоварӣ дар як кишварро муайян кунанд. Чунки кишварҳои зиёди дорои ниҳодҳову сиёсатҳои хуб вуҷуд доранд, ки дар навоварӣ пешсафӣ надоранд (масалан Норвегия, Австрия, Италия) ва ё кишварҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки бо доштани ниҳодҳову сиёсатҳои на он қадар "хуб" ғайричашмдошт навоварии зиёде кардаанд(масалан Тайван, Исроил, Кореяи Ҷанубӣ)(саҳ. 12). Муаллиф менависад, ки барои дастёбӣ ба дараҷаҳои баланди навоварӣ давлат на танҳо бояд ниҳодҳову сиёсатҳои дурустро ба роҳ монад, балки шабакаҳои иҷтимоиро низ дар ин ҷо дар назар гирифта, барои ба роҳ мондани муносибатҳои хуби донишмандону ширкатҳои ватанӣ бо ҳамтоёни хориҷии онҳо чораҳои зарурӣ андешад. Ин ҷо шабакаҳои иҷтимоӣ ба маънои Фейсбуку Инстаграм набуда, балки робитаи тахассусии навоварони дохилӣ бо ҳамтоёни хориҷии онҳо дар назар дошта шудааст.
Ниҳодҳо, сиёсатҳо ва шабакаҳои иҷтимоии мувофиқ танҳо ба саволи ин ки чӣ тавр миллатҳо навоварӣ мекунанд ҷавоб дода метавонанд, на ба ин савол, ки миллатҳо аз чӣ ангеза мегиранд, то чунин низомро барои рушди босуръати илму технология ва навовариҳо дар кишвари худ ба роҳ монанд. Назарияи "ноамнии офаринанда"-и худро муаллиф барои пайдо кардани ҷавоб ба ин савол пешкаш карда, мавриди муҳокима қарор медиҳад.
Дар воқеъ, ҳама раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар ду садсолаи охир аз рушду пешрафт сухан мегӯянд, вале бо вуҷуди дар сад соли охир дастраси ҳамагон гаштани роҳу воситаҳои ворид шудан ба пайроҳаи рушди босуръату устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву технологӣ, аксари онҳо аз ин воситаҳо истифодаи дуруст намекунанд. Чаро? Чаро як гурӯҳи хурдтари кишварҳои ҷаҳон дар дусад соли охир дар солҳои муайян ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида пешрафт карданд, вале як гурӯҳи калони дигар наметавонанд ва ё намехоҳанд аз онҳо истифодаи самаранок намуда, давлат ва аҳолии худро ба дараҷаи баланди рушду пешрафт расонанд? Марк Тейлор назарияи "ноамнии офаринанда"-и худро дар таҷрибаи чанд кишваре, ки дар марҳилаҳои муайяни таърихии худ ба рушду пешрафти илмӣ-технологӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоӣ даст ёфтанд, аз санҷиш гузаронида, нишон медиҳад, ки аз ноамниҳои дохилӣ дида хатароти беруна бештар ангезабахши ҳукумат ва мардуми ин кишварҳо шуда, имкони амалӣ кардани ислоҳоти ҷиддиро барои онҳо фароҳам овардааст. Дар ростои ниҳодҳову сиёсатҳо таъкид мекунад, ки "ниҳодҳо ва сиёсатҳо аслан абзорҳое ҳастанд, ки миллатҳо барои тақвияти қобилиятҳои илмиву технологии хеш аз онҳо истифода мекунанд. Аммо на сиёсатҳо ва на ниҳодҳо боиси навоварии миллатҳо шуда метавонанд. Бо пеш овардани ин иддао ин китоб эътироф мекунад, ки ҳатто абзорҳои муносиб низ агар дар дасти афроди номуносиб ё касоне, ки ангезаи истифодаи дурусти онҳоро надоранд, қарор гиранд, натиҷаи хубе нахоҳанд дод (саҳ. 13)".
Ҳар як навоварӣ дар ҷомеа барандагону бозандагони худро дорад, ки аввалиҳо барои ҷорӣ намудани он ҳам омодагӣ доранд ва ҳам тайёр ҳастанд риску хатарҳои дарпайдоштаи онро қабул намоянд. Вале дуюмиҳо ҳамеша мекӯшанд, ки бо ҳар роҳе ҷорӣ шудани он навовариро пешгирӣ намуда, ҳолати истисноии хешро нигаҳ доранд. Агар давлат ва ҷомеа аз берун хатарҳои бузургтарро эҳсос намояд, эҳтимолӣ ислоҳоти ҷиддӣ ва ҷорӣ шудани навоварӣ дар он зиёд мегардад. "Ноамнии офаринанда вазъияте аст, ки дар он таҳдиди хатароти хориҷӣ аз рақобатҳои дохилӣ бештар эҳсос мешаванд. Ин тафовути мусбат байни таҳдидҳои рақобатҳои иқтисодӣ ё ҳарбӣ аз хориҷ ва хатароти рақобатҳои сиёсӣ-иқтисодӣ дар дохил аст. Яке аз ёфтаҳои аслии бадастомада аз далелҳои овардашуда дар ин китоб ин аст, ки ноамнии офаринанда дар умум ангезабахши ҳимояти густардаву пойдор аз илму фановарӣ аст. Ҳар чӣ ноамнии офаринанда зиёд бошад ва ҳар чӣ як миллат муддати тӯлонитаре бо он рӯ ба рӯ бошад, мардуми он бештар ҳозиранд сармояи сиёсӣ ва манбаъҳои иқтисодии худро барои пешрафти босуръати илму технология ба хатар биандозанд. Ин робита новобаста аз ниҳодҳо ё сиёсатҳои пешгирифтаи як кишвар нигаҳ дошта мешавад. Нуктаи аслӣ ин аст, ки кишварҳое, ки таҳдидҳои хориҷӣ барои онҳо нисбатан бештар аз танишҳои дохилӣ аст, бояд дараҷаи навоварии миллии болотаре нисбат ба кишварҳое дошта бошанд, ки танишҳои дохилӣ дар онҳо нисбат ба таҳдидҳои хориҷӣ бештар аст. (саҳ.13)".
2. Ченкунии қуттии сиёҳ. Зербоби 2 марзҳо, мафҳумҳо, ченакҳо ва додаҳоро, ки барои муайян кардани ҷойгоҳи як кишвар дар радабандиҳои навоварони ҷаҳонӣ истифода мешаванд, муҳокима мекунад. Посух ба ин суол,ки навоварӣ чист ва чӣ тавр мо онро арзёбӣ мекунем, як масъалаи осон ба назар мерасад, вале ин масъала баҳсҳои хеле мураккабро ба миён меорад. Агар мафҳумро дақиқ нашаванд, марзҳо муайян нагарданд ва додаҳои қобили эътимод дастрас набошанд, наметавон ҷойгоҳи як кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ аз рӯйи навовариҳои илмӣ ба дурустӣ муайян намуд. Марк Тейлор дар ин зербоб кӯшиш кардааст, ки ба ин масъала равшанӣ андозад ва дар се замима (1. Баҳси бузурги мафҳумҳо, 2. Таърихи мухтасари ченкунии навовариҳо, 3. Сайре ба ченакҳои навоварӣ, додаҳо ва манбаъҳо) ин масъаларо амиқ муҳокима кардааст ва таърифи мафҳумҳои лозимиро барои истифода дар ин китоб пешниҳод намудааст. Ҳамин тариқ:
-Технология ин як маҳсули физикӣ ё раванди тағйирдиҳии физикии маводҳо аст, ки барои ҳалли мушкилу масъалае, кумак мерасонад (саҳ. 28).
-Илм бо афзудан ба ганҷинаи дониши умумӣ сарукор дорад. Ин ба унвони равишшиносии умумӣ ва такрорпазир барои тавзеҳ, пешбинӣ ё контроли робитаҳои сабаб ва натиҷа дар табиат (физикӣ ё иҷтимоӣ) ё ҷамъовариву табақабандии додаҳо барои он шинохта мешавад (саҳ. 28).
-Навоварӣ ба унвони кашф, муаррифӣ ва ё коркарди технологияи нав ё татбиқи фановарии мавҷуда бо як усули нав ё дар як муҳити физикӣ ё иҷтимоии нав таъриф мешавад (саҳ. 28).
-Дараҷа ва ё сатҳи навоварии миллӣ тағйироти технологии бумии як кишвар дар як давраи замонии мушаххас мебошад (саҳ. 28).
-Ниҳодҳо дар ин ҷо ба унвони маҷмуи равияҳо, қоидаҳо ё қонунҳои расмие шинохта мешаванд, ки равобити байни афрод, гурӯҳҳо ва созмонҳоро танзим мекунад (саҳ. 30).
-Сиёсатҳо ин иқдомот, ҳадафҳо ва изҳороти давлатҳо дар мавриди мавзуъҳои хос буда, қадамҳоест, ки барои иҷрои онҳо бояд бардошта шаванд ва тавзеҳоте, ки онҳо барои ҳодисаҳои рухдода медиҳанд (саҳ. 30).
Бисёре аз навовариҳо барои аксари кулли мардум ҳамчун қуттии сиёҳ ҳастанд, чун мо танҳо қисме аз онҳоро истифода карда, зоҳирашонро мебинем. "Аксарият эҳсос мекунем, ки тавассути қуттиҳои сиёҳе, ба монанди телевизиорҳо, мошинҳо, телефонҳои мобилӣ ва ҳатто яхдонҳои худ иҳота шудаем. Мо метавонем воридот ва таҷрибаи гирифтани натиҷаро аз онҳо бинем, вале он чиро, ки даруни қуттии сиёҳ мегузарад барои аксари мо номаълум аст" (саҳ. 33). Ҳатто коршиносони соҳа низ дар баъзе ҳолат дар шинохти навовариҳо хато мекунанд. Ин масъаларо Марк Тейлор бо овардани мисолҳои зиёд дар ин зербоб мавриди баррасӣ қарор додааст.
3. Қонуни Кардвел дар амал. Дар зербоби 3 муаллиф сайри кутоҳе ба таърих намуда, мегӯяд, ки "бо нигоҳе ба таърихи чандҳазорсолаи башар, метавон дарёфт, ки парчами пешсафии ҷаҳонӣ дар илму фановарӣ, зоҳиран ба таври тасодуфӣ, дар тули панҷ ҳазор соли гузашта, байни ҷомеаҳои гуногун даст ба даст шудааст. Чанд таҳқиқоти амиқи таърихи тағйироти технологӣ нишон медиҳанд, ки феҳристи кутоҳи пешсафони навоварии ҷаҳонӣ кишварҳои гуногунеро дар бар мегирад, ба монанди мисриёни қадим, юнониҳо, румиҳо, хилофатҳои аввалини исломӣ, сулолаи Юани Чин, давлатшаҳрҳои Италия, Ҷумҳурии Ҳоланд дар "даври тиллоӣ"-и он ва Британия дар давраи инқилоби аввалини саноатӣ, ки танҳо чанд намунае аз онҳо мебошанд" (саҳ. 40).
Дар ин рӯйхат Эрони бостон нест, ки бояд мебуд. Аммо гуноҳи мо аст, ки таъриху фарҳанги худро бештар тарғиб накардем ё онҳо моро нодида гирифтанд, номаълум боқӣ мемонад.
Муаллиф қайд мекунад, ки то охирҳои асри гузашта илму навоварӣ ҳамчун низом роҳандозӣ нашуда буд ва имкони танзими давлатии раванди рушди илму технологияҳо вуҷуд надошт. Илму навоварӣ машғулияти гурӯҳи хурди ҳавасмандон ва сарватмандон буд. Дар чунин ҳолат Қонуни Кардвел бештар амал мекард. Ҷомеаҳои муайян дар саргаҳи навигариҳо ногаҳон пайдо мешуданд ва баъди муддате ҷойгоҳи худро ба дигарон вогузор мекарданд.
Дар замони муосир муносибат ба илму технология ва навовариҳо ба куллӣ дигар шудааст. Ҷомеаҳо зарурати онро дарк карда, дарёфтанд ки рушди илму технологияҳо метавонад сатҳи зиндагӣ, рақобатпазирии иқтисодӣ ва амнияти онҳоро боло баранд. "Дар натиҷа тақрибан ҳамаи кишварҳо акнун ҳадди ақал бахше аз манбаъҳои худро ба дунбол кардани илму фановарӣ ихтисос медиҳанд. Ин тағйироти чашмгир мумкин аст, ҳар чизе ба монанди "Қонуни Кардвел"-ро беасар карда бошад" (саҳ. 41). Барои муайян кардани ин, муаллиф ҷойгоҳи кишварҳои ҷаҳонро дар илму технология ва навовариҳо дар чанд даҳсолаи охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба хулосае меояд, ки бо вуҷуди дахолати давлатҳо ба раванди рушди илму технология ва кӯшишҳои нигаҳ доштани ҷойгоҳи худ дар ин ҷода, Қонуни Кардвел ҳанӯз ҳам эътибори хешро гум накардааст. Дар 70 соли охир чанд давлати ангуштшумор дар иқтидори илмӣ-технологии худ рушди хеле баландсуръат доштанд (Ҷопон, Финландия, Исроил, Тайван, Корея, Сингапур, Ирландия). Баъзе кишварҳои дигар тавонистанд ҷойгоҳи баланди хеш дар ҷодаи илму технологияро нигаҳ доранд (ИМА, Шветсария, Олмон, Шветсия). Чанд кишвари дигар ҳамчун навоварони миёна боқӣ монданд (Фаронса, Британияи Кабир, Дания, Белгия). Ва чандин кишвари дигар бо вуҷуди доштани шароити хуб дар зинаи поёни навоварӣ боқӣ монданд (Венгрия, Малайзия, Португалия, Полша, Африқои Ҷанубӣ, Туркия, Аргентина, Филипин, Мексика).
Боби 2. Чӣ тавр миллатҳо навоварӣ мекунанд? Сиёсатҳо ва ниҳодҳо
4. Технологияҳо ба давлат ниёз донанд? Панҷ сутуни навоварӣ. Дар зербоби 4 саҳми давлат дар раванди рушди илму технология ва навоварӣ баррасӣ мегардад. Муаллиф ду мактаби фикриро ин ҷо баррасӣ мекунад. Аввалӣ бар ин аст, ки давлат дар навовариҳо нақши калидӣ дорад. Давлат ниҳодҳову сиёсатҳои муайянеро барои пешбарии илм ва навовариҳо роҳандозӣ карда, шароити мусоид барои рушди илму технология фароҳам меоварад. "Барои ҳимоят аз ин бовар, пажуҳишгарон намунаҳои зиёдеро дар мавриди чигунагии осеб расонидани ниҳодҳо ва сиёсатҳои нобуда, нокоромад ё фосид ба пешрафти илму навоварӣ, ироа мекунанд. Дар ҳамин ҳол, таҷрибаи муваффақи бисёр миллатҳо шомили ниҳодҳову сиёсатҳои давлатие аст, ки барои тақвияти навоварӣ иқдом мекунанд" (саҳ. 69).
Мактаби дигар бардошти баръакс дошта, мегӯяд, ки даст надоштани давлат дар раванди рушди илму технология навовариро бештар мекунад. Агар танзими ин раванд ба бозор гузошта шавад, қонунҳои бозорӣ худ онро ба пайроҳаи дуруст мебаранд ва истеҳсолкунандагон барои рақобатпазир будан кӯшиш мекунанд, ки навгонӣ кунанд. Талаботу таклифот дар бозор беҳтарин танзимкунанда ва таҳрикдиҳандаи фаъолияти илмӣ ва навоварӣ барои дарозмуддат мебошанд. Онҳо барои тасдиқи ин ақидаи худ таҷрибаи нокоми ИҶШС ва ҶМЧ дар давраи Мао Зедунро ҳамчун мисол меоранд, ки аввалӣ баъди як давраи нисбатан кутоҳи пешравиҳои назаррас бо суқут мувоҷеҳ шуда, барҳам хурд ва дуюмӣ, то даст ба ислоҳоти ҷиддӣ назад ва муносибатҳои иқтисодии бозаргониро ба роҳ намонд, муваффақ нашуд. Аммо бозор ҳам ба таври идеалӣ кор намекунад ва бе дахолати давлат ба буҳронҳои амиқ гирифтор мегардад. Ин аст, ки танҳо ба бозор вогузоштани раванди мазкур наметавонад ҷомеаҳоро ба сатҳи баланди навовариҳои илмӣ расонад. Марк Тейлор бо мисолҳо камбудиҳо ва сабабҳои шикасти қонуни бозорро баррасӣ карда, хулоса мекунад, ки "давлат метавонад бо танзими бозор хатару шикастҳои онро камтар намуда, як иқтисоди навоваронаро роҳандозӣ намояд. Ҳатто дар миёни ҷонибдорони бозори озод аксарият ҷонибдори онанд, ки давлат бояд масъалаи шикастҳои бозорро ҳал намояд" (саҳ. 73). Дар идомаи ин зербоб муаллиф ба баррасии 5 роҳкори асосӣ барои пешгирии шикасти бозор ва ё кам кардани таъсири манфии буҳронҳо ба рушди илму технология ва навовариҳо пардохта, онҳоро "панҷ сутуни навоварӣ" меномад.
а) Сутуни якум: Ҳуқуқи моликият. Маълум аст, ки фаъолияти илмӣ ва навоварӣ риску хароҷоти зиёде дорад. Барои дастёбӣ ба як технологияи сифатан нав ва ё тақвияти назарраси технологияи мавҷуда ниҳодҳои илмӣ, ширкатҳо, соҳибкорон, гурӯҳҳо ва ё шахсиятҳои алоҳида вақту пули зиёд сарф мекунанд. Вале дар ҳар давру замон ва махсусан асри технологияҳои иттилоотӣ паҳн шудани маълумот ва нусхабардорӣ шудани он аз ҷониби дигарон ба маротиб арзону камсарф аст. Ин нусхабардории натиҷаҳои бо заҳмату масрафи зиёд бадастомада манфиати худи навоварро кам карда, ангезаи идомаи фаъолияти навоваронаро коҳиш медиҳад. Барои пеши роҳи чунин раванди манфиро гирифтан давлатҳоеро, ки мехоҳанд мизони навоварии худро болотар баранд, лозим аст, ки ҳуқуқи моликият барои навовариҳоро таҳияву ҷорӣ намуда, ба навоварон имкони ба даст овардани манфиат тахминан барои 20 солро фароҳам оваранд. Ин ҷо боз таҷрибаи Иттиҳоди Шуравиро ҳамчун намуна баррасӣ карда, шикасти ин давлатро дар роҳи илму технология ва навовариҳо баъди 20 соли пешсафӣ дар ин ҷода, ба дуруст таъмин накардани ҳуқуқи моликият рабт медиҳад. Қайд мекунад, ки "патентҳо ва ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ як муомилаи муҳим байни ҷомеа ва ихтироъкунандагон аст: агар навоварон дониш ва ихтироъҳои нави худро бо ҷомеа ба иштирок бигузоранд, ҷомеа ба онҳо як монополияи кутоҳмуддатро, маъмулан 20 сол барои патентҳои технологӣ, 18 сол барои истеҳсоли маҳсулот бар асоси он навоварӣ, таъмин менамояд, то навоварон тавонанд сармоягузории худро ҷуброн карда, даромади муайянеро ба даст оваранд. Дар ИМА ин муомила дар Низоми патентие, ки соли 1790 роҳандозӣ шуда буд, муқаррар шудааст. Аз он замон патентҳо ба унвони як абзори сиёсии асосӣ барои пешбурди рушд дар илму фановарӣ дар ИМА мавриди истифода қарор гирифтаанд" (саҳ. 76).
б) Сутуни дуюм: Дастгирии давлатии пажуҳишҳо ва коркард. Навоварӣ гаронарзиш аст, мегӯяд Марк Тейлор, "рушди илму навоварии тоза, маъмулан як раванди тулонии озмоиш ва хаторо дар бар мегирад, ки метавонад натиҷаҳои ғалати фаровонеро ҳам бо худ дошта бошад. Илова бар ин, ин раванд ҷалби кормандони баландихтисосу таҷрибадор дар илм, технология, муҳандисӣ ва риёзиро тақозо мекунад, ки дар бештар маврид талабот ба онҳо зиёд буда, пешниҳод камтар аст ва бинобар ин, гаронарзиш мебошанд. Сармояи физикӣ ба монанди лабораторияҳо ва марказҳои озмоишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти илмӣ, ҳазинаҳои навовариро афзоиш медиҳад. Аз ин рӯ, агар қарор бошад, ки сиёсатмадорон фақат аз як навъи иқдомоти давлатӣ барои кумак ба болоравии ҷойгоҳи кишвар дар навоварии ҷаҳонӣ ҳимоят кунанд, пас он метавонад афзоиши маблағгузорӣ дар ҷодаи рушди илму фановарӣ бошад. Ин аст, ки кумакҳои давлатии пажуҳишу коркард ба таври суннатӣ сутуни дуюми классикии иқдомоти давлат барои кумак ба навовариро ташкил медиҳанд" (саҳ. 82).
Албатта, ин ҷо дигар паҳлуҳои масъала низ бояд дар назар гирифта шуда, банақшагирӣ ва назорат аз болои маблағҳои барои рушди илму пажуҳиш ва коркарду беҳсозии маҳсулоти нав равонашуда дуруст ба роҳ монда шавад. Ба худии худ зиёд кардани маблағгузорӣ ба ин соҳа навовариро зиёд намекунад. Ин маблағҳо ба осонӣ метавонанд бесамар ва ғайримақсаднок истифода шаванд.
Аҳамияти дастгирии давлатии илму таҳқиқоти илмӣ ҳанӯз аз асрҳои қадим маълум буд. Ҳамеша олимон ва мактабҳои илмӣ аз ҷониби шоҳону раҳбарони давлатҳо дастгирӣ меёфтанд. Олимон аз қаламрави давлатҳое, ки ба ин соҳа таваҷҷуҳ надоштанд ва ё бадтар аз он бо ҳар сабабе, ба вижа бо сабаби таассуботи диниву мазҳабӣ онҳоро мавриди озор қарор медонанд, берун шуда, ба кишварҳое мерафтанд, ки баръакс барои онҳо муҳити мусоид офарида, дастгирии молиявӣ мекарданд. Ин ҳам метавонад то ҷое муаммои Қонуни Кардвелро равшан кунад. Дар минтақаи мо низ намунаҳои таърихӣ вуҷуд дорад. Ба мисоли Академияи Гундишопури давраи Сосониён, ки шароити хуби пешбурди фаъолияти илмӣ тадқиқотиро барои олимону донишмандон фароҳам оварда буданд ва олимони зиёде аз Юнону Рум бинобар пайгирии мазҳабиёни насронӣ гурехта ба ин ҷо омада, фаъолияти илмӣ мекарданд.
в) Сутуни сеюм: Маориф. Аҳамияти маориф ва таълиму тарбияи босифати аҳолӣ дар тули таърих на ҳамеша эътироф мешуд. Вале баъди пайдо шудани давлатҳои миллӣ ва инқилоби санъатӣ эҳтиёҷ ба қувваи кории босаводу соҳибтахассус зиёд гардида, аҳамияти онро зиёд намуд. Марк Тейлор қайд мекунад, ки "маориф бо се роҳ навовариро тақвият медиҳад. Якум, олимон ва муҳандисони омӯзишдида имкони мустақиман иштирок кардан дар раванди навовариро доранд. Муайян шудааст, ки кормандони баландихтисос муназзам дар раванди навоварӣ ва тақвияти маҳсулот саҳмгузорӣ мекунанд. Дуюм, ҳатто агар кормандон дар офариниши технологияҳои нав саҳм надошта бошанд, бисёре аз онҳо ҳанӯз ҳам барои иҷрои вазифаҳои худ ба омӯзиши илму фановарӣ ниёз доранд. Барои мисол, тағйироти технологӣ метавонанд маҳорати кормандонро такмил диҳанд, ба тавре, ки афзоиши яке талабот ба дигареро зиёд менамояд. Сеюм, истеъмолкунандагони таҳсилкарда низ майл ба пешбурди тағйироти технологӣ доранд. Барои мисол, Эрик Вон Ҳиппел нишон додааст, ки дар бисёре аз заминаҳо на тавлидкунандагон, балки истеъмолкунандагон навовариро ҳидоят мекунанд. Ӯ қайд намудааст, ки чӣ гуна дар соҳаҳои мухталиф, аз таҷҳизоти илмӣ гирифта то нармафзору маҳсулоти варзишӣ, истеъмолкунандагон масъули бахши қобили таваҷҷуҳе аз тағйироти технологӣ ҳастанд" (саҳ. 88-89).
г) Сутуни чорум: Донишгоҳҳои таҳқиқотӣ. Пажуҳишгоҳҳо дар донишгоҳҳо низ яке аз сарчашмаҳои рушди илму технология ва навоварӣ дар ҷаҳон мебошанд. Марк Тейлор менависад, ки "донишгоҳҳо аз чандин тариқ ба рақобатпазирии миллӣ дар илму фановарӣ кумак мекунанд. Маълум аст, ки озмоишгоҳҳои донишгоҳҳо ҷойе мебошанд, ки бисёре аз таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳои технологӣ дар онҳо анҷом меёбад. Кашфиёт ва ихтирооти бешуморе, монанди қалби маснуӣ, шабакаи ҷаҳонии интернет ва эгергияи атомӣ натиҷаи мустақими пажуҳишҳои донишгоҳӣ будаанд. Донишгоҳҳо ҳамчунин ба таври ғайримустақим, аз тариқи иртибот бо саноат ва давлат, тағйироти технологиро тақвият медиҳанд" (саҳ. 95).
д) Сутуни панҷум: Сиёсати тиҷорӣ. Сиёсати тиҷорӣ олимону пажуҳишгарон, соҳибкорону истеҳсолкунандагони маҳсулоти инноватсиониро бо ҳамтоёни худ дар дигар давлатҳои ҷаҳон пайваст мекунад. Пеш аз ҳама онҳо ба донишҳо, идеяҳои нав ва маҳсулоти навоваронаи кишварҳои дигар дастрасӣ пайдо карда, тарзи истифода ва тиҷорати онҳоро аз худ мекунанд. Илова бар ин, мегӯяд Марк Тейлор, тиҷорат рақобатро миёни соҳибкорону ширкатҳои кишварҳои гуногун ба ба вуҷуд оварда, мусобиқоти байналмилалиро барои ба даст овардани самаранокии бештар ва маҳсулоти навтар ба миён меоварад. Ҳамчунин, тиҷорат сабаби тахассусманд шудани давлатҳо дар соҳаҳои муайян мегардад, ки ин имконоти ба даст овардани навоварӣ дар он соҳаҳоро бештар месозад. Муҳимтар аз ин, тиҷорат сарвату дороии ширкатҳову давлатҳоро зиёд карда, имкони бештар сарф кардани маблағ барои пажуҳишҳову коркарди маҳсулоти навро фароҳам меоварад (саҳ. 99). Ин ҷо аз ҳама бештар кишварҳои нисбатан хурд метавонанд манфиат ба даст оваранд. Чунки ин кишварҳо наметавонанд аз имконоти иқтисодиёти ҳаҷм дар доираи бозори хурди худ истифода намоянд. Тиҷорат бозори маҳсулоти навоваронаи онҳоро васеъ намуда, имконоти молиявиашонро зиёд мекунад ва ангезаи идома додани фаъолиятҳои илмӣ-таҳқиқотии онҳоро ҷиҳати кушодани марзҳои нави технологӣ нигаҳ медорад.
Албатта, сиёсати тиҷорӣ нозукиҳои худро дорад ва имкон надорад ба якборагӣ ҳама маҳдудиятҳои гумрукиро бардошт. Дар ин росто, шарти асосӣ ёфтани он миёнгине аст, ки ҳам корхонаҳои навтаъсиси ватанӣ дар пайи фишори ширкатҳои соҳибтаҷрибаи хориҷӣ варшикаста нашаванд ва ҳам маҳдудиятҳо то ҳадде набошанд, ки дар ҷавоб кишварҳои дигар бозори худро ба рӯи ширкатҳои ватанӣ банданд. Маҳдудиятҳои тиҷорӣ барои дастгирии ширкатҳои ватаниро метавон танҳо барои як муддати кутоҳ ҷорӣ кард. Он ширкатҳо дар навбати худ вазифадор ҳастанд, ки дар ин муддат то дараҷае қавӣ гарданд, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобат карда тавонанд. Дар ин қисмат муаллиф ҳамаи ин нозукиҳоро бо овардани мисолҳо ва таҳлили додаҳо муҳокима намудааст.
5. Чаро миллатҳо шикаст мехуранд: капитализм, демократия, ғайримутамарказӣ. Дар зербоби 5 муаллиф эътироф мекунад, ки панҷ сутуни навоварие, ки мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифт, ба пуррагӣ наметавонанд фарқият байни миллатҳоро дар ҷодаи илму навоварӣ нишон диҳанд. Боз ҳам баъзе паҳлуҳои нофаҳмои ин масъала вуҷуд доранд. Бинобар ин, дар боби 5 таъсири капитализм, демократия ва ғайримутамарказӣ (десентрализатсия)-и сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъсири онҳо ба илму навоварӣ дар давлатҳои гуногун санҷида мешавад. Дар ин қисмат муаллиф чанд назарияи дигарро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст:
а) Низоми навоварии миллӣ. Дар миёнаи солҳои 1980-ум, ки пешсафони навоварӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди ИМА, Британияи Кабир ва Ҷопон дар ин ҷода заифтар шуда, чанде аз кишварҳои дигар босуръат пеш мегузаштанд, ба монади Тайван ва Кореяи Ҷанубӣ, парадигмаи Низоми навоварии миллӣ ба вуҷуд омад. "Маҷмуи ниҳодҳову сиёсатҳое, ки дар ҳамоҳангӣ амал намуда, навовариро тақвият медиҳанд, ҳамчун Низоми навоварии миллӣ шинохта мешавад, ки барои тавзеҳи ҷойгоҳи як кишвар дар илму навоварӣ истифода мегардад" (саҳ. 108).
Парадигмаи Низоми навоварии миллӣ бар он аст, ки навоварӣ новобаста аз он, ки аз ҷониби кӣ ба даст оварда мешавад, дар доираи ниҳодҳои иқтисодиву сиёсии муайян ба миён меояд. Ин "ниҳодҳо ва сиёсатҳо ба ҳам омада, системаеро ташкил медиҳанд, ки ҷойгоҳ ва самти ҳаракати як кишварро дар ростои илму навовариҳои ҷаҳонӣ муайян менамоянд. Азбаски ин ниҳодҳову сиёсатҳо дар кишварҳои гуногун аз ҳам фарқ мекунанд ва дар воқеъ миллатро то дараҷае муаррифӣ мекунанд, онҳо Низоми навоварии миллиро ташкил медиҳанд" (саҳ. 109).
Ҷонибдорони ин назария Низомҳои навоварии миллии кишварҳои гуногунро мавриди таҳлил қарор дода, дарёфтанд, ки тағйирёбандаҳои зиёде дар он вуҷуд доранд, ки ҳар кишвари муваффақ аз як қисми онҳо истифода бурдааст ва наметавон як бастаи умумиеро пайдо кард, ки ҳама кишварҳо истифода намуда, ба пешравиҳои илмӣ ва навовариҳои ҷиддӣ даст ёфта бошад. "Барои мисол муҳаққиқони Низомҳои навоварии миллӣ дар мавриди ИМА ба ин натиҷа расиданд, ки дар он муҳаррикҳои калидии пешрафти илмӣ-технологӣ аз замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ барномаҳои низомӣ, иқдомоти зиддиинҳисории саривақтиву қавӣ, ширкатҳои хурд ва донишгоҳҳо будаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳеҷ як аз ин тағйирёбандаҳо ба таври қобили таваҷҷуҳ дар Низоми навоварии миллии Ҷопон нақш надорад. Балки қудрати навоварии Ҷопон дар давраи баъдиҷангӣ ба назорати қавии давлат аз болои тиҷорату сармоягузорӣ, равобити хоси корхонаҳову кормандон ва усули хоси мудирияти ширкатҳо рабт доштааст, ки ҳеҷ кадом аз онҳо дар мавриди ИМА вуҷуд надоштааст. Пажуҳишҳои монанд дар ростои Британия Кабир, Олмон, Фаронса, Корея ва Тайван низ нишон медиҳанд, ки ҳамчунин тағйирёбандаҳои мазкур дар онҳо дигаргуна буда, феҳристро васеътар мекунанд. Ҳар кишваре маҷмуи фарқкунандаи ниҳодҳову сиёсатҳоеро дорад, ки Низоми навоварии миллии хоси ҳамон миллатро ташкил медиҳанд." (саҳ. 110).
Илова бар ин, як бастаи ниҳодҳову сиёсатҳои муайян дар як кишвар натиҷаи хуб медиҳад, вале ҳамин баста дар кишвари дигар ҳамон натиҷаро дода наметавонад. Ин аст, ки назарияи Низоми навоварии миллӣ низ натавонист фарқияти кишварҳоро дар илму навоварӣ ба таври қаноатбахш тавзеҳ намояд.
б) Намудҳои капитализм. Назарияи дигаре, ки кӯшиш мекунад фарқият дар сатҳи пешрафти илму технология ва навовариҳоро дар кишварҳои гуногун маънидод намояд, назарияи "Намудҳои капитализм" мебошад. Ин назария бар он аст, ки "ҳар чи қадаре, ки як давлат ба бозор имкон медиҳад, ки худ робитаҳои иқтисодиашро танзим намояд, ба ҳамон андоза бозингарони иқтисодии он навовартар хоҳанд буд. Баракс, ҳар чи қадаре, ки як давлат робитаҳои иқтисодии дохилиро танзим намуда, аз механизмҳои ғайрибозорӣ истифода мекунад, ҳамон андоза навоварии бозингарони иқтисодӣ дар он кундтар ва тадриҷитар мешавад"(саҳ. 111).
Яъне ин назария бештар ба озодиҳои иқтисодӣ ва ё ба қонунҳои бозор вогузор кардани раванди рушди илму навовариҳо таваҷҷуҳ намуда, сатҳи озодиҳои иқтисодиро омили асосии пешрафт дар ин ҷода медонад. Ин назария ширкатҳоро дар маркази диққати худ қарор дода, мегӯяд, ки фаъолияти босамари як ширкат аз муносибати он бо қувваҳои корӣ, сармоягузорон, давлат ва дигар ширкатҳо вобаста аст. Ба ибораи дигар, озодии бештар дар фаъолият, камтар будани дахолати давлат ба кори онҳо, таъмин будани рақобати солим дар кишвар ва мавҷудияти қонунҳои коршоям барои мубориза ба зидди ҷинояткориву монополизм муҳити хуберо барои рушди илму навоварӣ таъмин карда метавонад. Ин ҷо муаллиф ду намуди капитализмро таҳлили амиқтар мекунад: иқтисодҳои бозории либералӣ(ИМА, Австралия, Канада, Британияи Кабир, Ирландия, Зеландияи Нав) ва иқтисодҳои бозории ҳамоҳангшуда(Австрия, Белгия, Дания Финландия, Олмон, Ҷопон, Нидерландия, Норвегия, Шветсия, Шветсария). Дар иқтисодҳои бозории либералӣ озодии бештар буда, ширкатҳо бештар тибқи қонунҳои бозор кор мекунад ва дар иқтисодҳои бозории ҳамоҳангшуда ширкатҳо бештар муносибати дӯстона дошта, фаъолияти хешро бар хилофи қонунҳои бозор дар бисёр ҳолат ҳамоҳанг мекунанд (саҳ. 112).
Дар ин зербоб Марк Тейлор навовариҳоро ба ду гурӯҳ тақсим мекунад: навовариҳои қатъӣ ва навовариҳои тадриҷӣ. "Навоварии бунёдӣ навоварие аст, ки маҳсулот ва ё хизматрасониҳои комилан наверо ироа менамояд. Аз ин рӯ, он тағйироти зиёд дар хатҳои тавлид ва раванди истеҳсолотро талаб мекунад. Навоварии тадриҷӣ, аз тарафи дигар, тақвиятҳои кучак, вале муназзамеро дар хатҳои тавлид ва раванди истеҳсолот бо худ дорад. Бар хилофи тавлид бар асоси навоварии бунёдӣ, ки дар он суръат ва тағйирпазирӣ бисёр муҳим ҳастанд, тавлид бар асоси навоварии тадриҷӣ ҳифзи сифати баланди маҳсулоти мавҷударо дар авлавият қарор медиҳад" (саҳ. 113).
Кишварҳои дорои иқтисоди бозории либералӣ имкони ба даст овардани навовариҳои қатъиро дошта, дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи устувортарро ишғол мекунанд. Дар кишварҳои дорои иқтисоди бозории ҳамоҳангшуда бештар навовариҳои тадриҷӣ дида мешаванд (саҳ. 114). Барои санҷиши ин назария ва тасдиқи таъсири он ба сатҳи навовариҳо дар кишварҳои ҷаҳон, муаллиф дар саҳифаҳои 115-122 додаҳои зиёдеро аз ташхис гузаронида ба хулоса меояд, ки бо вуҷуди он, ки наметавон ин назарияро ба пуррагӣ рад кард, вале ин ҳам наметавонад ба пуррагӣ фарқияти кишварҳоро дар илму навоварӣ тавзеҳ диҳад. Чунки ташхис нишон медиҳад, ки баъзе кишварҳо бо ҷорӣ кардани озодиҳои хеле зиёд дар иқтисоди хеш навовариҳои зиёде надоштаанд ва дар радабандиҳо ҷойгоҳи нисбатан пасти худро нигаҳ доштаанд, ба монанди Руминия, Ангола, Молдова Албания, Никарагуа, Словения, Ботсвана, Булғористон, Перу ва Хорватия. Кишварҳои дигар, ки озодиҳои иқтисодии зиёдеро тули даҳсолаҳо доштанд, вале ҳанӯз ҳам кишварҳои миёна аз ҷиҳати навовариҳо шинохта мешаванд, ба монанди Австралия, Зеландияи Нав, Британияи Кабир ва Чили. Дар баробари ин, чанд кишвари дигар бо доштани иқтисоди бозории ҳамоҳангшуда ва маҳдудтар будани озодиҳои иқтисодӣ тайи чанд даҳсолаи охир навовариҳои зиёде ба вуҷуд оварда, ҷойгоҳи худро дар ин ҷода дар сатҳи ҷаҳонӣ ба таври назаррас боло бурдаанд, ба монанди Тайван, Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ. Дар маҷмуъ, наметавон як намуди хоси капитализмро дарёфт кард, ки фарқият миёни кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи навовариҳоро ба таври қонеъкунанда нишон диҳад.
в) Демократия. Дар саҳифаи 123 Марк Тейлор аҳамияти мавҷудияти низоми демократиро дар як кишвар барои навовариҳо баррасӣ намуда, назари барандаи ҷоизаи Нобели соли 1993 дар иқтисод Дуглас Норсро меорад. Ӯ мегӯяд, ки мавҷудият ва коршоямии ҳамаи сутунҳои навоварӣ аз сиёсат вобаста аст ва бояд сиёсат пеш аз ҳама самаранок, яъне демократӣ, бошад. Ба ақидаи Норс "самараноктарин ниҳодҳои сиёсӣ онҳое ҳастанд, ки қонуну сиёсатҳоеро ба тасвиб мерасонанд, ки иқтисодро тадриҷан рушд медиҳанд. Чунин қонунгузориҳо метавонанд ба рушди илму навовариҳо, сохтани саноатҳои нав, кушодани бозорҳои нав, тақвияти маҳорати кормандон ва кашфи захираҳои табиии нав суръат бахшанд" (саҳ. 123).
Дар як низоми демократӣ қудрат, агарчи дар байни ниҳодҳои иҷтимоӣ тақсим шудааст, вале ҳама ниҳодҳо ба дурустӣ назорат мешаванд ва ҳеҷ кас берун аз қонун нест. Ин аст, ки дар чунин низом шароити мусоид барои кору фаъолияти навоварона фароҳам меояд ва бинобар ин, демократия метавонад ба навовариҳо таъсир расонида, ҷойгоҳи кишварро дар радабандиҳои навоварӣ боло барад. Дар ҷомеаҳои ғайридемократӣ ба эҳтимоли зиёд қудрату дороиҳо дар дасти як гурӯҳи муайян афтида, ба манфиати худи онҳо истифода мешаванд ва онҳо монеи навовариҳое мешаванд, ки метавонанд боиси аз даст рафтани манфиатҳо ва ҷойгоҳашон гардад. Барои тасдиқи ин нуқтаи назар Марк Тейлор додаҳоро аз рӯйи ду тағйирёбанда 1)тағйири сатҳи демократия ва тағйирот дар ҷойгоҳи онҳо дар радабандиҳои мизони навоварӣ дар 40 кишвари ҷаҳон, барои солҳои 1970-2010 мавриди ташхис қарор медиҳад (саҳ. 126-127). Натиҷа нишон медиҳад, ки тағйири сатҳи демократия ба тағйирот дар ҷойгоҳи онҳо дар радабандиҳои мизони навоварӣ таъсири мусбат надорад, баръакс таъсири он каме манфӣ аст. Ташхис нишон медиҳад, ки кишварҳое, ки собиқаи зиёди доштани сатҳи баланди демократияро доранд(Ҳиндустон, Коста Рика, Ямайка) дастоварди болое дар навоварӣ надоранд, ҳатто агар онҳо кишварҳои бо даромади миёна ва боло шинохта шаванд(Италия, Зеландияи Нав ва Австралия). Хулоса, сатҳи болои демократия низ наметавонад фарқияти кишварҳо дар илму технология ва навовариҳоро ба пуррагӣ тавзеҳ диҳад.
г) Ғайримутамарказии сиёсӣ. Марк Тейлор менависад, ки ғайримутамарказии сиёсӣ аз демократия фарқ дорад. Баъзе кишварҳои демократӣ низоми сиёсии мутамарказ дошта, баъзеи онҳо хеле зиёд ғайримутамарказии сиёсӣ доранд. Шояд ин гуногунӣ сабабгори фарқияти зиёди кишварҳо дар илму технология ва навовариҳоро бошад. Ҳукумати ғайримутамарказ, ки ҳар минтақа дар он мухторияти зиёд дорад, метавонад хеле рақобатпазир бошад, самаранок кор кунад ва ҳамин тариқ фазои беҳтареро барои илму навоварӣ ба вуҷуд оварад. Дар баробари ин, дар ҳукумат ва ё ташкилотҳои аз ҳад зиёд марказонидашуда дар бештар ҳолат навовариҳо ва идеяҳои нав рад мешаванд ва ё хеле дер қабул мегарданд. Ин аст, ки чунин кишварҳо ё ташкилотҳо дар ҷодаи навоварӣ дастовардҳои зиёде дошта наметавонанд (саҳ. 127-128). Муаллиф барои тасдиқи ин нуқтаи назар ИМА-ро ҳамчун мисол баррасӣ мекунад. Ин кишвар сатҳи ғайримутамарказии баланд дорад. Ҳатто иёлотҳо байни якдигар дар рақобати шадиди сиёсиву иқтисодӣ қарор доранд. Аз як ҷониб чунин ғайримутамарказии сиёсӣ шумораи сармоягузорони лоиҳаҳои инноватсиониро зиёд намуда, аз ҷониби дигар, рақобатро миёни онҳо ба вуҷуд меорад. Ин рақобат самаранокии манбаъҳои ба илму навоварӣ равонашударо зиёд карда, ҷойгоҳи кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло мебарад. Ҳатто гурӯҳҳои манфиатхоҳ наметавонанд дар чунин низомҳо ба осонӣ ворид шуда, ҳаққи дигаронро ғайриқонунӣ соҳиб шаванд.
Бо вуҷуди мантиқӣ будани назарияи ғайримутамарказии сиёсӣ, таҳлили додаҳо ва муқоисаи кишварҳои гуногун нишон медиҳанд, ки баъзе кишварҳои пешсаф дар ҷодаи навовариҳо бо доштани низомҳои марказонидашуда, дар чанд даҳсолаи охир натиҷаҳои мусбат доштаанд (Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Сингапур), вале баъзе кишварҳое, ки даҳсолаҳо низоми ғайримутамаркази сиёсӣ доранд навовариҳои кам доштаанд(Австралия, Зеландияи Нав, Британияи Кабир) ва дигарон бо чунин низом навовариҳои зиёдеро дар сатҳи ҷаҳонӣ ироа карда натавонистаанд (Белгия, Бразилия, Чили, Коста Рика, Юнон, Ҳиндустон, Италия, Норвегия, Португалия, Тайланд).
Дар хулосаи ин зербоб муаллиф менависад, ки "такроран таъкид кунам, ман бар он нестам, ки демократия, ғайримутамарказии сиёсӣ ва бозори озод ба сатҳи навовариҳои миллӣ таъсире надоранд. Балки ман муътақидам назарияеҳое, ки ин ниҳодҳоро барои пешрафт ва устувории раванди илмӣ-технологӣ кофиву лозимӣ медонанд, муболиға кардаанду аз ҳад зиёд соддашуда мебошанд ва бояд бозбинӣ гарданд. Онҳо он қудрати пешбиникунандаву тавзеҳдиҳандаеро, ки мо мехоҳем, надоранд. Ниҳодҳову сиёсатҳои дохилӣ ҷойгоҳ ва самти ҳаракати фаъолияти ихтироъкории миллиро муайян намекунанд. Монанди асбобҳои дуредгар, ниҳодҳову сиёсатҳо ба натиҷаҳо таъсир мегузоранд, аммо онҳо қувваи таҳрикдиҳанда нестанд. Асбобҳои хуб касеро ба як дуредгари соҳибкасб табдил намедиҳанд, ниҳодҳову сиёсатҳои хуб низ як ҷомеаро ба навоварӣ водор намекунанд" (саҳ. 139).
6. Чӣ тавр миллатҳо муваффақ мешаванд: шабакаҳо, кластерҳо ва стандартҳо. Дар зербоби 6 (саҳ. 140-180) Марк Тейлор бо назардошти ин ки усулҳои назариявӣ дар ростои илму навоварӣ ё умуман наметавонанд фарқият дар навоварии кишварҳоро тавзеҳ диҳанд ё қисман ин корро анҷом медиҳанд, бештар ба омӯзиши таҷрибаи кишварҳои муваффақ дар ин ҷода пардохта, чанд паҳлуи дигари ин масъаларо (шабакаҳо, кластерҳо ва стандартҳо) мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст. Кишварҳо чӣ кор карданд ва ё чӣ корҳоеро накардаанд, ки дар илму навоварӣ пешсафиро ба даст оварданд, дастовардҳои миёна доштанд ва ё дар ин ҷода шикаст хурданд. Ду кишвар, Исроилу Тайван, ки дар солҳои 1950-ум нисбатан ақибмондаву кишоварзӣ буданд ва дар чанд даҳсола тавонистанд ба гурӯҳи кишварҳои аз ҷиҳати навоварӣ ва илму технология пешсафиро ба даст оварданд, як кишвар Ирландия, ки дар даҳсолаҳои охир дастовардҳои миёна дошт, як кишвари дигар Мексика, ки қисман шикастхурда маҳсуб меёбад мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
а) Исроил. Исроил дар солҳои аввали истиқлоли худ ба мавҷи муҳоҷирони яҳудӣ аз Африқо, Аврупо ва Шарқи Миёна мувоҷеҳ шуд, ки ин сатҳи умумии саводнокии аҳолии онро хеле поён бурд. Дар ин солҳо илму инноватсияҳо маблағгузории кам мешуданд, неруи давлативу зеҳнӣ барои ба ҳам овардани ин аҳолии аз ҳам фарқкунанда масраф мешуд. Дар саҳифаҳои 244-250 вазъияти ногувори Исроил дар солҳои аввали истиқлол мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ин кишвар маҷбур мешавад илму технологияро канор гузошта, аввал болои ҳувияти мардум кор карда, ваҳдату иттиҳоди умумиро таъмин намояд. Дар баробари зиёд шудани таҳдидҳо аз берун дар охири солҳои 1960-ум ва аввали солҳои 1970-ум ҳувияти миллӣ боло рафта, гурӯҳҳои манфиатдор барои нигаҳ доштани давлат ва пирӯзии миллӣ гузаштҳо намуда, барои рушди илму технологияҳо ва фаъолиятҳои навоварона маблағҳои зиёдро сарф карданд. Давлат дар пайи фишорҳои амниятӣ ба маҳсулоти технологии баланд ниёзи бештар пайдо кард, сиёсати илммеҳварро пайгирӣ карда, фазои мувофиқ барои илму навовариро фароҳам овард ва бо истифода аз робитаҳо бо яҳудиёни кишварҳои аз ҷиҳати илму технологӣ пешрафта ширкатҳои байналмилалиро ҷалб намуд ва низоми миллии навоварии хешро роҳандозӣ кард. Дар ин муддат барои яҳудиён аз Амрикову Аврупо, ки сатҳи баландтари донишу тахассусро доштанд, кӯчидан ба Исроил муфид гардид. Махсусан, яҳудиён аз Иттиҳоди Шуравӣ солҳои 1970-1990 ба ин кишвар зиёд мерафтанд, ки сатҳи баланди донишҳоро дар илмҳои дақиқ доштанд. Муҳити мувофиқи кору фаъолият, сармояву технологияи ширкатҳои байналмилалӣ ва зиёд шудани захираҳои зеҳнӣ, ҳамчунин фишорҳои амниятӣ дар баробари бад шудани муносибатҳо бо ҳамсояҳои араб, шароите ба миён овард, ки ин кишвар дар як муддати кутоҳ илму технологияи муосирро аз худ карда, навовариҳои зиёд ба даст овард. Ин кишвар бештар ба ширкатҳои хусусӣ ва донишгоҳҳо барои ба даст овардани технологияҳои нав такя мекард ва ба кори онҳо камтар дахолат мекард.
б) Тайван. Тайван низ баъди ҷудо шудан аз Чин ҳамчун кишвари ақибмонда аз ҷиҳати илму технология мавҷудияти худро оғоз намуд. Солҳои зиёд ин кишвар танҳо ашёи хом, озуқаворӣ ва маҳсулоти нассоҷии оддиро ба бозори ҷаҳонӣ содирот мекард. "Ба монанди Исроил, ин кишвар низ дар ҳоли дасту панҷа нарм кардан бо масъалаҳои ҳувияти миллӣ ва ташкили давлат буд ва умдатан илму навовариро нодида мегирифт" (саҳ. 250). Чунки баъди сарозер шудани 2 миллион чинӣ аз Чини материкӣ ба Тайван танишҳо миёни онҳо ва маҳаллиҳо ба авҷи аълои худ расида буданд. Ба ғайр аз ин, худи сокинони бумии Тайван аз замони ҳукмронии ҷопониҳо миёни ҳамдигар, аз рӯйи маҳал, биниши сиёсӣ ва шароити иқтисодӣ, мубориза мебурданд. Чиниҳои муҳоҷир низ дар симои як гурӯҳ аз тайваниҳо душман ва ҳамкорони Ҷопонро медиданд. Барои ин кишвар як идеологияи миллӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ лозим буд. Ҳизби миллигарои Чин, ки акнун раҳбарӣ мекард аввалин вазифаро барои хеш тақвияти ҳувияти миллӣ ва таъмини ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа мешуморид. Ин вазифаро дар муддати тақрибан 20 сол, тариқи таблиғи забону фарҳанг ва худшиносии чинӣ, ҳамчунин ҳизби худро пуштибони асосии ин фарҳанг эълон намудан, ба анҷом расонида тавонист. Дар ин давра ҳамаи захираҳои барои илму маориф ҷудошуда ба илмҳои гуманитариву иҷтимоӣ сафарбар карда мешуданд (саҳ. 252). Аз нимаи дуюми солҳои 60-уми асри гузашта дар баробари кам шудани танишҳои дохилӣ, хатарҳои хориҷӣ зиёд шудан гирифтанд. Ҳукумати Тайван вазъияти навро дар назар гирифта, сиёсати худро иваз намуд ва рӯ ба илмҳои дақиқ ва технологияҳои нав овард. Акнун ҳукумат сиёсати илммеҳвари худро роҳандозӣ намуда, тадриҷан ба як кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи маҳсулоти инноватсионӣ мубаддал гашт. Фазои муносиб барои соҳибкорӣ сохта шуд ва ба роҳ мондани робитаҳо бо ширкатҳои байналмилалӣ тавассути муҳоҷирони чинӣ дар Аврупову ИМА, айнан ба монанди Исроил, ба ин кишвар низ сармояву технологияҳои навтарини он замонро ворид намуд. Ба тафовут аз Исроил ҳукумати Тайван ба равандҳои иқтисодӣ бештар дахолат карда, лоиҳаҳои бузургро худ интихоб мекард ва барномарезиҳои илмиро дар дасти худ гирифта буд, ки саранҷом навовариҳои бадастомадаро ба бахши хусусӣ интиқол медод. Таҳдидҳои амниятӣ низ ба Тайван ангезаи ба даст овардани технологияҳои навро медоданд. Ин кишвар ҳам ба монанди Исроил хатароти зиёдеро аз берун, махсусан аз Чин эҳсос мекард.
в) Ирландия. Ирландия ҳарчанд истиқлоли худро барвақттар ба даст оварда буд (1919-1921), вале даҳсолаҳо ҳамчун кишвари аграрӣ боқӣ монда буд. Танҳо аз соли 1990 содироти маҳсулоти технологии баланд аз ин кишвар оғоз шуд, вале ин маҳсулоти Ширкатҳои байналмилалӣ буданд ва саҳми зеҳнии ирландиҳо дар онҳо ночиз буд. Ба тафовут аз Исроилу Тайван Ирландия ба сохтани марказҳои илмӣ-пажуҳишӣ барои аз худ кардани технологияҳои нав ва навоварӣ кардан таваҷҷуҳи зиёд надошт. Танҳо шароити мусоидро барои Ширкатҳои байналмилалӣ фароҳам оварда, онҳоро ҷалб карда буд. Маҳсулоти ин кишварҳо дар Ирландия истеҳсол шуда асосан ба бозори Иттиҳоди Аврупо ворид карда мешуданд. Ҳамин тариқ, Ирландия тавонист ҳамчун кишвари навовари сатҳи миёна шинохта шавад, вале ба гурӯҳи кишварҳои пешсаф дар навовариҳо ворид нашуд. Шояд набуди хатари амниятии ҷиддӣ аз берун бошад, ки ин кишвар таҷрибаи Исроилу Тайванро такрор накард.
г) Мексика. Бо вуҷуди он ки Мексика дар чанд даҳсолаи охир тавонистааст, ки дар содироти масолеҳи технологии баланд, махсусан санъати автоматикунонӣ, электроника ва телекоммуникатсия, ҷойгоҳи қавӣ пайдо кунад, вале аксари кулли ширкатҳои истеҳсолкунандаи онҳо хориҷӣ ҳастанд (саҳ. 153). Ин кишвар дар солҳои 70-уми асри гузашта дар соҳаи компютерсозӣ каме пешравӣ дошт, вале баъдан он ҳам шикаст хурд ва ҳоло илму навовариро дар ин кишвар танҳо ширкатҳои хориҷӣ дар даст доранд. Инҳо дар бештар ҳолат ҳама таҳқиқоту коркардро дар кишварҳо худ гузаронида, дар Мексика, бо истифода аз қувваи кории арзон, истеҳсол менамоянд ва ба хориҷа, махсусан ИМА ва Канада содирот мекунанд. Аз миёнаҳои солҳои 1980-ум Мексика сиёсати ҷалби Сармояи мустақими хориҷиро ба роҳ монда, ба ширкатҳои хориҷӣ сабукиҳои зиёд додан гирифт. Ин ба умеде буд, ки ин ширкатҳо раванди таҳқиқу коркарди маҳсулоти навоваронаи худро низ дар ҳамин кишвар ба роҳ мемонанд, ки билохира донишу технологияи навин ба аҳолӣ ва ширкатҳои миллии Мексика мегузарад (саҳ. 154). Вале чунин нашуд, ҳукумати ин кишвар ба монандаи ҳукуматҳои Тайвану Исроил ба тақвият додани илмҳои дақиқ, дастгирии давлатии марказҳои таҳқиқотиву коркард ва маблағгузории стартапҳои дохилӣ дар соҳаи технологияҳои баланд таваҷҷуҳи зиёд надошт (саҳ. 155). Дар натиҷа ин кишвар танҳо ба таъминкунандаи қувваи кории арзон ва фазои мусоиди кориву содирот барои ширкатҳои байналмилалӣ табдил ёфт, ки метавон гуфт дар ҷодаи илму навовариҳо шикаст хурд. Албатта, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ низ кори дурусте буд ва рушди баландсуръати иқтисодиро барои ин кишвар таъмин карда, сатҳи зиндагии аҳолии онро боло бурд, вале он ҳанӯз ҳам дар радабандиҳои байналмилалии навовариҳои илмию технологӣ дар сатҳи поён қарор дорад.
Пас аз таҳлили таҷрибаи ин кишварҳо ва ҷустуҷӯи сабабҳои бурду бохтҳои онҳо Марк Тейлор ба хулосае меояд, ки наметавон як бастаи ниҳодҳо ва ё сиёсатҳоеро таҳия кард, ки ҳар кишвар тавонад бо истифода аз он рақобатпазирии хешро дар илм ва технологияҳо тақвият диҳад. Ҳукуматҳо бояд ниҳодҳои илмӣ-технологӣ ва сиёсатҳои худро мувофиқ ба фарҳанг, таърих ва вазъияти сиёсӣ-иқтисодии худ роҳандозӣ намуда, бастаи барои кишвари худ хосеро интихоб намоянд (саҳ. 156). "Ҳанӯз ягон ниҳод ё сиёсати ягона ва ё маҷмуае аз онҳо, ки барои пешбурди рақобатпазирии илмӣ-технологӣ лозимӣ ё кофӣ бошад, дарёфт нашудааст. Ҳар ниҳоду сиёсати илмӣ-технологӣ паҳлуҳои заифу қавии хешро дорад. Ҳамчунин кишварҳои навовари зиёде вуҷуд доранд, ки бо доштани ниҳодҳову сиёсатҳои муҳими сиёсӣ дар илму технология ва навоварӣ имтиёзи пойинеро касб кардаанд, дар ҳоле ки бисёре аз кишварҳое, ки ниҳодҳои солиме доранд, аслан навовариҳои зиёде намекунанд. Дар воқеъ, чандин кишвар (масалан Тайван, Кореяи Ҷанубӣ ва Исроил) танҳо баъд аз он ки ҷойгоҳи худро дар радабандиҳои илму навоварӣ ба таври назаррас боло бурданд, ниҳодҳои "хуб"-ро ба роҳ монданд. (саҳ. 157).
Дар ин зербоб таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, кластерҳо ва стандартҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ навоварону соҳибкорони дохилиро бо сармоягузорон, бозорҳо ва донишу технологияҳои хориҷӣ пайваст намуда, суръати рушдро дар илму навоварӣ боло мебаранд. Марк Тейлор ба роҳ мондани чунин шабакаҳоро баҳри ба даст овардани рақобатпазирии илмӣ-технологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле муҳим мешуморад (саҳ. 157). Таҷрибаи Исроил ва Тайван, ки бо истифода аз яҳудиёну чиниҳои муҳоҷири кишварҳои нисбатан пешрафта, тавонистанд шабакаи иҷтимоиро ба роҳ монанд ва маълумоти муҳиме, ки давлату бозор инъикос карда наметавонанд, ба даст оранду низоми миллии навоварии худро созанд, ҳамчун намуна оварда шудааст.
Дар як минтақаи алоҳида ба роҳ мондани таҳқиқот, коркард ва истеҳсоли маҳсулот гуногуни як соҳаи муайян, ки тавонад ҳамчун кластер амал намуда, мутахассисон, сармоягузорон ва соҳибкорон дар ҳамон соҳаро дар як ҷо ҷамъ кунад, метавонад ба илму навоварӣ дар ҳамон соҳа таъсири мусбат дошта бошад. Кластерҳо ба аъзои худ пайвандҳову ҳамкориҳои бештарро ироа намуда, додугирифти технологияҳо, маълумот ва таҷрибаҳоро осон месозад. Ҳарчанд дар асри технологияҳои информатсионӣ ва ҷаҳонишавӣ ба ҳам омадан ва ё пайванди навовар, сармоягузор, соҳибкор ва харидор хеле осон гардидааст ва бе ҷамъ омадани онҳо дар як минтақаи муайян самаранокии корашонро таъмин намудан мумкин аст, вале додаҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам кластерҳо ба рушди соҳаҳои зеҳнталаб таъсири мусбат доранд.
Стандартҳо ҳамчун хусусиятҳои техникии равшан таърифшуда ва дуруст ҳуҷҷатшудаи маҳсулот, хизматрасониҳо ва фаъолиятҳо дар арзёбии навовариҳо, мутобиқати маҳсулоти истеҳсолкунандагони гуногун ва татбиқу бозоргир кардани он нақши ҳалкунанда доранд. Дар ҳоле ки ҳама намуди стандарту меъёрҳо дар ҷомеа муҳим ҳастанд, стандартҳои технологӣ дар асри 21 яке аз абзорҳои муҳим барои тақвияти низоми навоварии миллӣ маҳсуб меёбанд (саҳ. 172). Стандартҳо дар соҳаҳои гуногун ҳамчун воситаи муколама ва ҳамкорӣ истифода шуда, аъзои як шабакаи навовариву истеҳсолиро ба ҳам меоваранд. Ашхоси алоҳида, ширкатҳо, соҳаҳо ва давлатҳо ҳамкориҳои илмӣ-техникии худро тариқи стандартҳои қабулгардида ба роҳ монда, суръати рушди навоварӣ, истеҳсолот ва бозорёбии худро боло мебаранд. "Навоварон як технологияи навро тавлид нахоҳанд кард, магар ин ки мутмаин бошанд, ки бо технологияҳои мавҷуда ё оянда кор карда метавонанд. Дар ҳамин ҳол, истеъмолкунандагон метавонанд аз хариди маҳсулоти нав даст кашанд, агар ба сифат, бехатарӣ ва ё мутобиқати он бо технологияҳое, ки аллакай харидорӣ намудаанд, боварӣ надошта бошанд" (саҳ. 174).
Аз ин рӯ, давлатҳо ниҳодҳои алоҳидаи миллӣ ва байналмилалии арзёбӣ, қабулсозиву роҳандозӣ ва назорати стандартҳоро ба роҳ мемонанд. Ин ниҳодҳо на танҳо стандартҳоро муайянро қабулу назорат мекунанд, балки аз монополия шудани соҳаҳои алоҳида аз ҷониби ширкатҳои бузурге, ки маҳз навоварии онҳо ҳамчун стандарт қабул мегардад, пешгирӣ мекунанд. Хулоса, стандартҳо аз ҷониби давлат ва созмонҳои марбутаи байналмилалӣ арзёбиву қабул гардида, барои навоварону истеҳсолкунандагон ва ҳамчунин истеъмолкунандагон шароити мувофиқ барои навоварӣ, истеҳсол ва истеъмоли маҳсулоти технологиро фароҳам меоваранд.
Боби 3. Чаро миллатҳо навоварӣ мекунанд: ноамнии офаринанда
7. Бозандагони технологӣ ва муқовимати сиёсӣ дар баробари навоварӣ. Ниҳодҳо, сиёсатҳо, шабакаҳо, кластерҳо ва стантартҳо, ки то кунун мавриди баррасии муаллиф қарор гирифтанд, нишон медиҳанд, ки чӣ тавр миллатҳо навоварӣ мекунанд. Дар зербоби 7 Марк Тейлор ба баррасии масъалаи чаро онҳо навоварӣ мекунанд пардохтааст. Дар ин зербоб, бо овардани мисолҳои зиёд назарияи "ноамнии офаринанда"-и худро мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Сабаби ақибмонии миллатҳо дар илму навоварӣ на танҳо ниҳодҳои бесамар ва аҳолии бесаводи онҳо ҳастанд, балки муқовимати сиёсиву иҷтимоӣ низ сабаби камранг шудани фаъолиятҳои навоварона дар як кишвар буда метавонанд. Илму технологияҳои нав барои баъзеҳо манфиат ва барои баъзе дигар зиён меоранд. Онҳо метавонанд дороиву қудратро аз дасти як гурӯҳе, ки бо донишу технологияи куҳна онро ба даст овардаасту нигаҳдорӣ мекунад, ба дигарон гузаронанд. Ниҳодҳову, сиёсатҳо ва шабакаҳои нав низ ҳамин хатарро барои гурӯҳе аз одамон дар ҳар ҷомеа эҷод карда метавонанд. Ин аст, ки ҳамеша ин гурӯҳҳои бозанда ба офаридан, маблағгузорӣ намудан ва татбиқи донишу технологияҳои нав дар ҷомеа бо ҳар роҳу усул муқобилият нишон медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки одамон, дар маҷмуъ, худро ҳамчун ҷонибдори илму технологияи нав муаррифӣ мекунанд (саҳ. 187). Ба қавли иқтисодшиноси амрикоӣ Ҷозеф Шампетер: "бозандагон тақдири худро дар хатар мебинанд. Навоварӣ метавонад ба ҷомеа манфиати зиёд овард, аммо он қурбониёни худро дорад ва ин қурбониён муқовимат мекунанд" (саҳ. 188). Дар ин муқовимати худ гурӯҳҳои бозанда, бештар ба сиёсат рӯ меоранд. Ё дар такя ба мавқеи иқтисодиашон фишангҳои сиёсиро мустақиман дар даст доранд ва ё аз тариқи мутақоид намудани сиёсатмадорон, ки қонунгузориву захираҳои молии ҷомеаро дар даст доранд, сари роҳи паҳншавии навовариҳоро мегиранд ва ё маблағгузориро ба ниҳодҳое, ки ба эҷод ва ё татбиқи навовариҳо машғул ҳастанд камтар мекунанд ё ин ки пурра қатъ менамоянд. Ҳатто камтарин муқобилияти сиёсӣ ба навовариҳо таъсири манфии бузурге дошта метавонад (саҳ. 188). Бо вуҷуди он ки дар ҳама ҷомеаҳо гурӯҳҳои алоҳидае ҳастанд, ки ба илму навоварӣ ошкору пинҳонӣ муқовимат мекунанд, боз ҳам кишварҳои муайян дар ин ҷода пешравӣ мекунанд ва ҷойгоҳи худро дар илму навовариҳои ҷаҳонӣ боло мебаранд. Чаро? Марк Тейлор мегӯяд, ки хатароти иқтисодӣ ё ҳарбии бештар аз хориҷ метавонад дар дохил муқовиматро ба илму навовариҳо камтар карда, ҷомеаро ба ҳолати "ноамнии офаринанда" ворид созад. Ин "ноамнии офаринанда" барои маблағгузории бештару устувортар ба илму технология ва қабули осонтари онҳо дар ҷомеа шароит фароҳам меоварад. Ҳарчанд ин хатар бузургу дарозмуддат бошад, ҳамон андоза мардум ва давлат бори гарони молиявӣ ва риски фаъолияти илмиву навовариро ба душ мегирад. (214).
8. Ноамнии офаринанда. Дар оғози зербоби 8 муаллиф суханро аз рабт доштани раванди рушди илму технологияҳо ба сиёсат оғоз мекунад. "Навоварӣ ба таври табиӣ ба вуҷуд намеояд, балки танҳо баъди сармоягузории қобили таваҷҷуҳ ба сармояи инсонӣ, манбаъҳои моливу моддӣ ва вақт ҳосил мешавад. Ин манбаъҳо бояд ба фаъолиятҳои навоварона, маъмулан дорои риски зиёд ва дур аз барномаҳои иҷтимоиву масрафӣ, ихтисос дода шаванд. Бинобар ин, дар сатҳи миллӣ, тасмими навоварӣ, як тасмими сиёсӣ аст. Он сиёсӣ аст, чунки ҳадафҳои миллии муайяне (илму фановарӣ)-ро ба қимати нодида гирифтани дигар ҳадафҳо (ҳар чизи дигаре) дар авлавият қарор медиҳад. Он талаб мекунад, ки давлат ниҳодҳо, сиёсатҳо ва шабакаҳои гаронарзишро, барои кумак ба навоварӣ, сохта нигаҳдорӣ намояд. Аммо монанди дигар тасмимгириҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои манфиатдори гуногун бар сари ҳазинаҳо, даромадҳо ва ҷанбаҳои тақсимотии прогресси илмӣ ва тағйироти технологӣ, бо ҳам мубориза мебаранд. Дар бештари маврид бозандагон аз илму технологияҳои нав дар маҳдуд намудан ё дасткории ниҳодҳову сиёсатҳое муваффақ мешаванд, ки ба манфиатҳояшон хатар эҷод мекунанд. Паёмад ин мешавад, ки ин ҳамлаҳо метавонанд бо мурури замон боиси дилсардии навоварон, корфармоён ва сармоягузорон шаванд ва дар натиҷа сатҳи навоварии миллиро ба таври куллӣ коҳиш диҳанд" (саҳ. 215).
Ӯ илова мекунад, ки агар рушди илм ва навовариҳо ба сиёсат рабт дошта бошад ва гурӯҳҳои манфиатдор ҳамеша дар пайи маҳдуд кардани он бошанд, пас ҳеҷ миллате наметавонист аз ин варта берун шуда, марзи илму технологияи замони худро убур намуда, навоварӣ кунад. Вале дар таҷриба чунин набуду нест ва миллатҳои муайян дар ҳар давру замон дар илму технологияҳо пешсафӣ намуда, навовариҳои зиёдеро ба ҷомеаи башарӣ ба армуғон овардаанд. Ба қавли Марк Тейлор, яке аз омилҳое, ки ба миллатҳо барои омӯзиши илм ва офаридани технологияҳо ангеза медиҳад ин хатарҳои берунӣ мебошанд, ки онро "ноамнии офаринанда" меномад. "Ноамнии офаринанда вазъияте аст, ки дар он таҳдидҳо аз душманони хориҷӣ нисбат ба хатарҳо аз рақибони дохилӣ зиёдтар ҳастанд. Ин тафовути мусбат байни хатароти рақобати иқтисодӣ ё ҳарбӣ аз берун ва таҳдидҳои рақибони сиёсӣ-иқтисодӣ дар дохил мебошад. Ба ибораи оддитар, мардум сари ин кӣ чӣ тавр бояд кулча тақсим карда шавад, дигар баҳс намекунанд, агар бегонагон таҳдиди пурра гирифтани онро дошта бошанд. Ва дар шароити таҳдидҳои муайян беҳтарин роҳ барои ҳифзи кулча пешрафт дар илму фановарӣ аст." (саҳ. 216).
Дар ин бахши китоб таҷрибаи зиёда аз дусадсолаи ИМА дар ростои муборизаҳои дохиливу хориҷии мардуми ин кишвар, ки ба раванди рушди илму технология ва паҳншавии навгониҳо дар он таъсиргузор буданд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Ин таҳлил нишон медиҳад, ки дар ҳар даврае, ки хатари беруна ба ИМА таҳдиди ҷиддӣ мекард, қувваҳои гуногун ба ҳам омада, барои пешрафти илму технология қувваҳои зеҳниро сафарбар карда, ба осонӣ маблағҳои зиёдеро барои он ҷудо мекарданд. Вале дар давраҳои кам будани хатарҳои беруна гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо ҳам дар рақобати дохилӣ афтида, таваҷҷуҳро ба илму навовариҳо кам мекарданд, ки дар натиҷа ин соҳа маблағгузории кофӣ ба даст намеовард. Хулоса, назарияи ноамнии офаринанда ин нуктаро таъкид мекунад, ки калиди дарки дараҷаи навовариҳои миллӣ на дар ин аст, ки кадом ниҳодҳо ё қонуну қоидаҳоро як кишвар бояд ба роҳ монад, то дар илму технологияҳо пешсаф бошад, балки чӣ сиёсатҳое пушти ангезаҳои як кишвар дар пайгирии инноватсияҳо меистанд. Чӣ шароите ба сиёсатмадорон ва гурӯҳҳои манфиатдор ангеза медиҳад, ки илму навовариро дастгирӣ кунанд ва қисман ё пурра аз манфиатҳои шахсии худ даст кашанд (саҳ. 225). Маълум аст, ки илм гаронарзиш аст ва на ҳама вақт сармояи ҳангуфти ба он сарфшуда натиҷаи мусбат дода метавонад. Барои розӣ шудани ҳама гурӯҳҳои манфиатдор ва равона кардани сармояи миллӣ ба чунин соҳаи рискдору пешбининашаванда, хатарҳои ҷиддии берунаи иқтисодиву иҷтимоӣ барои ҷомеа зарур аст.
Хулосаи китоб. Марк Тейлор саҳми ниҳодҳову сиёсатгузориҳои дурустро барои расидан ба рушди босуръати илму технология ва навоварӣ рад намекунад. Вале бо овардани мисолҳои зиёд аз таҷрибаи кишварҳои муваффақу номуваффақ нишон медиҳад, ки ниҳодҳову сиёсатгузориҳо як абзор ҳастанд, ки ҳар кас ё гурӯҳ метавонад онҳоро ба таври худ истифода кунад. Будани низоми демократии ғайримутамарказ ва либералӣ ҳанӯз кафолати пешравӣ дар илму технологияҳо ва зимнан рушди иқтисодии устувор нест. Ин аз нияту бардошти давлатмардон ва гурӯҳе, ки қудрату сарвати миллатро дар даст доранд вобаста аст, ки онҳо дар асл чӣ мехоҳанд ва чӣ ҳувият доранд. Агар ҳувияти миллӣ доранду меҳанашонро дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон гузошта, рушди онро нақшабандӣ менамоянд ва агар хатарҳои беруна ба давлат зиёд таҳдид мекунанд, пас ҳатман рӯ ба илму технология оварда, маблағҳои зиёдро ба ин соҳа сафарбар менамоянд. Ин аст, ки назарияи "ноамнии офаринанда"-ро пешниҳод карда, мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳад. "Аслан паёми ин китоб равшан аст: рақобат боиси навоварӣ мешавад, на ниҳодҳо ё сиёсатҳо. Ангезабахштарин шакли рақобат, рақобате аст, ки байни давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ рух медиҳад. Бидуни рақобати байналмилалӣ дар шакли таҳдидҳои хориҷӣ ба амнияти дохилии ҷомеа, сатҳи навовариҳои миллӣ тамоил ба поёнравиро дорад. Таҳдидҳои хориҷӣ муҳим ҳастанд, зеро онҳо муборизаҳои дохилӣ сари тақсимоти дороиҳоро, ки ангезаҳову манфиатҳои навовариро кам мекунанд, аз байн мебаранд. Дар ҳолати набудани эҳсосоти ниёз ба навовариҳо, ниҳодҳои дохилӣ ба дурустӣ сохта, истифода ва нигаҳдорӣ намешаванд, то сатҳи навоварии миллиро тақвият диҳанд. Баръакс, онҳо нодида гирифта мешаванд ва ё барои дигар ҳадафҳо истифода мешаванд, бештар ҳадафҳои масрафӣ ё идеологӣ. Бинобар ин, маҳз баланс байни хатароти хориҷӣ ва рақобатҳои дохилӣ аст, ки дар ниҳоят, тариқи таъсиргузорӣ ба самаранокии ниҳодҳову сиёсатҳо, амалкарди илму фановарии миллиро пеш мебарад." (саҳ. 250).
Ҳамчуноне, ки Дарон Осимуғлу ва Ҷеймс Робинсон дар асари худ, бо вуҷуди он ки ниҳодҳоро барои рушду пешрафти як давлат калидӣ медонанд, вале ин назари худро ҳақиқати кул ҳисоб намекунанд ва дари баҳсҳо барои коршиносон кушода мегузоранд, Марк Тейлор низ назарияи ноамнии офаринандаи хешро охири баҳс намедонад. Мегӯяд, ки "дар сатҳи як миллат-давлат ноамнии офаринанда яке аз омилҳои ангезабахш ҳаст, на лузуман омили ягона. Ман шахсан ҳадс мезанам, ки фарҳанг, идеология, раҳбарии фардӣ, иқлим ва шояд ҳатто равоншиносии иҷтимоӣ низ мумкин аст, нақши муҳиме дар тавзеҳи фарқияти давлатҳо дар сатҳи навоварии миллӣ дошта бошанд. То кунун ҳар яке аз ин омилҳо камтар мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтаанд ва шоистаи таваҷҷуҳи бештари муҳаққиқони падидаи навоварӣ мебошанд." (саҳ. 280). Ҳамин тариқ, Марк Тейлор низ дари баҳсро кушода мегузорад, то омилҳои дигари таъсиррасон ба рушду пешрафти илмӣ-технологӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоӣ кашф карда шаванд.
Хулоса
Дар натиҷаи баррасии амиқи нақши ниҳодҳо дар дастовардҳои як кишвар Марк Тейлор ба хулоса меояд, ки ниҳодҳо чизеро муайян намекунанд, онҳо абзор ҳастанд, на қувваи сабабӣ. Ӯ намегӯяд, ки ниҳодҳо дар ин ҷо ҳеҷ аҳамияте надоранд, балки таъкид менамояд, ки "ниҳодҳову сиёсатҳо абзорҳое ҳастанд, ки ҷомеаҳои муосир барои дастёбӣ ба ҳадафҳои технологии худ аз онҳо истифода мебаранд, вале ба монанди ҳар абзори дигаре, ниҳодҳо метавонанд нодида гирифта шаванд, маблағгузории кофӣ нашаванд, суйистифода гарданд ё аз бемасъулиятӣ ба шикаст рӯ ба рӯ шаванд. Нияти корбарони абзорҳо аҳамият дорад. Ҳамон ниҳодҳое, ки метавонанд барои суръат бахшидани навовариҳо истифода гарданд, ҳамчунон метавонанд барои ҳадафҳои дигари берабт истифода гарданд ва ё ба куллӣ нодида гирифта шаванд." (саҳ.17).
Ин дар воқеъ нишон медиҳад, ки сарчашмаи асосии роҳандозии ислоҳоти ҷиддӣ, дар як кишвари нисбатан ақибмонда, ҳадафу иродаи давлатмардон ва гурӯҳҳои таъсиргузор ба сиёсати он мебошад. Агар ин гурӯҳҳо аз хориҷ хатари бештар эҳсос намоянд ба рушди илму технология ва дар заминаи он ба мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории хеш таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, абзорҳо ё худ ниҳодҳои заруриро ба роҳ мемонанд ва аз онҳо ба дурустӣ истифода мекунанд. Дар китоби мазкур чандин кишварҳо ҳамчун намуна оварда шудаанд, ки дар баробари ба маротиб зиёд шудани хатарҳо аз хориҷ нисбат ба танишҳои дохилӣ онҳо тасмимҳои дуруст гирифта, ба як ҷаҳиши илмӣ-технологӣ даст ёфтанд. Аммо кишварҳоеро, ки хатарҳои берунаи зиёд доранд, вале ҳеҷ ислоҳоти хирадмандонаеро дар тули даҳсолаҳо роҳандозӣ накардаанд ва ҳамоно нисбатан ақибмонда маҳсуб меёбанд, мавриди баррасии амиқ қарор намедиҳад. Танҳо мегӯяд, ки чунин давлатҳо дар дохил низ бо хатару танишҳои зиёд рӯ ба рӯ будаанд. Ҳарчанд дар чанд ҷойи китоби худ нақши фарҳангро дар шаклгирии сиёсатҳо ёдовар мешавад, лекин онро таҳлили ҳамаҷониба намекунад. Танҳо менависад, ки "фарҳанг аҳамият дорад, зеро дар сатҳи болотарин он интизориҳои бунёдиро бобати рискҳо, подошҳо ва имконоте, ки фаъолиятҳои иқтисодиро раҳнамоӣ мекунанд, эҷод мекунад. Ҳамчунин, фарҳанг сатҳи эътимод дар як ҷомеаро муайян менамояд, ки он ба соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ба вусъату умқи муомилоти иқтисодие, ки навоварии муваффақ ба онҳо вобаста аст, таъсир мегузорад. Чуноне ки як муаррихи навоварӣ менависад: "ҳама ҷомеаҳо ба ғизо ниёз доранд, аммо омилҳои фарҳангӣ муайян мекунанд, ки беҳтарину боҳуштарин афроди як ҷомеа бо мошинолот ё маводи кимиёвӣ сару кор хоҳанд дошт ва ё шамшербозии хешро тақвият дода, Талмуд мехонанд"" (саҳ. 64).
Яъне ба эҳтимоли зиёд нақши фарҳанги миллатҳо дар фароҳам овардани ангезаи меҳансозии ҷиддӣ дар вуҷуди давлатмардону таъсиргузорон ба сиёсати он, хеле ҳалкунанда аст ва ин масъала омӯзиши бештарро талаб мекунад. Ин ҷо нақши ҳувияти миллӣ ва номуси миллӣ бояд амиқтар арзёбӣ гардад. Чунки маҳз ҳувияти миллӣ аст, ки гурӯҳҳои таъсиргузорро барои ҳифзи давлат мутаҳид намуда, водор месозад, ки барои ҳифзи манфиатҳои умумӣ қисман аз манфиатҳои худ даст кашанд. Вагарна дар ҷаҳони муосир агар ватанро душман ба оташ кашид онҳо метавонанд ба осонӣ ба кишварҳои дигар куч баста, роҳат зиндагӣ кунанд. Аммо ҳувият ва номуси миллӣ онҳоро водор мекунад, ки риску хатарҳоро қабул намуда, ислоҳоти ҷиддиро роҳандозӣ намоянд. Ислоҳоте, ки навоварӣ меорад ва ин навоварӣ барандаву бозандагони худро дорад ва бозандагон ҳатман муқобилият хоҳанд кард.
Дар воқеъ, сиёсату сиёсатмадорон дар бурду бохти давлатҳо нақши асосиро доранд. Онҳо қудрату сарвати миллиро дар даст доранд ва имкон доранд, ки муҳити муайянеро дар кишвар созанд. "Сиёсатгузориҳо, ниҳодҳо ва сиёсатҳои миллӣ шароитеро фароҳам меоваранд, ки дар он навоварӣ рух медиҳад. Яъне агарчи афрод ва ширкатҳо истеҳсолкунандаи бевоситаи навовариҳо мебошанд, баҳраоварии онҳо ба хусусиятҳои давлат-миллате, ки дар он фаъолият доранд, сахт вобаста аст. Муҳити миллӣ барои тавзеҳи ин ки чаро беҳтарину боҳуштарин шаҳрвандон қувваи хешро ба ҷойи дин, ҷанг, санъати тасвирӣ ё фаъолияти ғайриқонунӣ, ба илму фановариҳо равона месозанд, кумак мекунад" (саҳ.27). Агар ҳувияти миллӣ дар як кишвар қавӣ бошад, дар баробари хатарҳои хориҷӣ ҳукумат ҳатман муҳити солим барои рушди илму навоварӣ сохта, давлатро аз ҷиҳати иқтисодиву ҳарбӣ қудратманд месозанд. Агар ҳувияти миллӣ дар сатҳи паст қарор дошта бошад, гурӯҳҳои таъсиргузор дунболи манфиатҳои шахсиву гурӯҳии хеш гашта, муҳити носолим ба миён меоранд, ки ин боиси шикасти миллатҳо мешавад. Чунки чунин гурӯҳҳои таъсиргузори худхоҳ рушди илму технология ва навовариҳоро омили хатар ба манфиатҳои худ дониста, ҳатман ошкору пинҳонӣ бо он муқобилият мекунанд.
Китоби мазкур дар воқеъ як асари арзишманд буда, баҳси омилҳои рушду ақибмондагии миллатҳоро ба зинаи болотар мебарорад. Агар ниҳодҳо дар ин ҷо ҳамчун абзор барои расидан ба ҳадафҳо хизмат кунанд, хатарҳои хориҷӣ барои роҳандозии ислоҳотӣ ҷиддӣ ангеза медиҳанд. Дар маҷмуъ, паёми Марк Тейлор ин аст, ки ниҳодҳову сиёсатҳо, демократия, ғайримутамарказии сиёсӣ, бозори озод ва дигар роҳкорҳо, ки нишон медиҳанд чӣ тавр метавон ба рушди босуръат даст ёфт, барои расидан ба ҳадаф кофӣ нестанд. Як омили ангезадиҳанда дар ин ҷо лозим аст, то давлатмардонро водор созад, ки дастбакор шаванд. Ин омил ноамнии офаринанда буда метавонад. Мо дар Шуъбаи таҳқиқоти стратегии назди Раёсати АМИТ баъди таҳлилҳо ва баҳсҳои зиёд сари ин мавзуъ ба хулосае омадем, ки ноамнии офаринанда низ бо иловаи тағйирёбандаҳои дигари зикргардида, ҷиҳати ангеза додани миллат ва давлат дар роҳи рушд, кофӣ нестанд. Омили дигари таъсиргузоре бояд бошад, ки давлатмардонро водор созад, то хатарҳо ба давлату миллати хешро ҳамчун мушкили шахсиву гурӯҳии худ дониста, ноамнии офаринандаро ҷиддӣ гиранд. Ин омил ҳувияти миллӣ буда метавонад. Ҳувият ва номуси миллӣ давлатмардонро маҷбур месозад, ки манфиатҳои миллиро дар авлавият гузошта, риску хароҷоти истифода ва пайгирӣ намудани илму технология ва навовариҳоро қабул кунанд ва давлату миллати хешро ба сафи кишварҳои аз ҷиҳати илму технология ва иқтисоду сиёсат пешрафта дохил намоянд. Яъне ворид кардани ислоҳоти ҷиддӣ дар фарҳанги ҷомеа ва тақвияти ҳувияти миллӣ низ дар баробари ноамнии офаринанда ба феҳристи тағйирёбандаҳо ҳангоми таҳлили масъалаҳои иқтисодиёти рушд бояд дар назар гирифта шавад.
Меҳр СОБИРИЁН
ходими пешбари илмии
Шуъбаи таҳқиқоти стратегии
назди Раёсати АМИТ