JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 30 Майи 2025 03:11

Терроризму экстремизм - хатари ҷомеаи ҷаҳонӣ

Муаллиф: Зиёева Зебониссо

  Дар суханронияш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо тероризм ва эксремизмро ҳамчун масъалае, ки доғи рӯзи ҷаҳонӣ гардидаасту ба мазҳабу дин ҳеҷ робитае надорад қайд намудааст. Сари роҳи онро гирифтан вазифаи ҳар фарди бошуур мебошад.

 Қайд намудан зарур аст, ки дар олами муосир мавҷҳои гуногуни хосияти ифротию радикалӣ дошта бо шаклҳои гуногун амал менамоянд, ки яке аз онҳо ин эктремизми сиёсӣ мебошад. Мафҳуми экстремизм аз забони лотинӣ «extremus» гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад. Фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯии худ, зуригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ террор ва фитнаро истифода мебарад. Экстремизми сиёсӣ самти осоиштаи ҷомеаро халалдор намуда ҳалли зиддиятҳои сиёсиро дучанд гардонида, террорро васеъ истифода мебарад, ба тезу тундшавии зиддиятҳои байнимиллӣ кумак мерасонад ва вонамуд месозад, ки масъалаҳоро ҳал менамояд. Дар низоми навини олам яке аз масъалаҳои мураккабтарин ва пурихтилофтаринро, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар ташвиш мондааст экстремизм ва навъҳои воқеъгардии он ташкил медиҳад. Он дар навъҳо ва шаклҳои гуногун ба амал омада, вобаста ба макон ва замон хусусиятҳои мухталифро ба худ мегирад. Масъала асосан, дар ду сатҳ гузашта мешавад. Аввал, кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд, ки ба моҳияту хусусиятҳо, сабабу оқибатҳои экстремизми сиёсӣ ва шаклҳои мухталифи зуҳури он амиқ сарфаҳм рафта шавад.

 Баъдан, роҳҳои самараноки пешгирӣ аз он дарёфта шаванд. Дар мавриди зарурӣ дарёфти роҳу воситаҳои муборизаи фаъолу воқеии зидди он ҷустуҷӯ мегарданд.

 Экстремизми сиёсӣ худ ба худ ва дар ҷойи хушку холӣ ташаккул наёфтааст ва аз ҳавою ҳавас ва хоҳиши кадоме аз ифротиён насабзидааст. Он заминаи васеи ташаккул ва омилҳои зиёду гуногуни инкишофро соҳиб аст. Сатҳи инкишофи умумии давлатҳо ва минтақаҳо, масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, бахусус сиёсӣ дар ташаккули экстремизми сиёсӣ ва шаклҳои мухталифи зуҳури он заминаи мусоид фароҳам меоранд. Экстремизм дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Махсусан, экстремизми сиёсӣ, динӣ ва миллӣ намоёнтаранд.

 Экстремизми миллӣ талаботу манфиатҳои миллату қавми хешро ҳимоя намуда, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои дигари миллию этникиро сарфи назар месозанд. Дар бисёр ҳолатҳо ва ба ҷараёнҳои сепаратистӣ пайваста, ҷудо намудани ноҳияҳо, минтақаҳои алоҳидаро мақсади худ медонанд.

 Экстремизми динӣ ҳамаи минтақаҳо ва ҳамаи давлатҳои оламро фаро гирифтааст. Бадбини нисбат ба динҳои дигар, ҳатто муқовимати дохилидинӣ хосияти асосии онро ташкил медиҳанд.Дар бисёр ҳолатҳо экстремизми динӣ хосияти сиёсӣ пайдо намуда, барои ҳокимият мубориза мебарад. Махсусан, дар мамлакатҳои исломии Шарқӣ ва Осиёи Миёна амали мазкур бештар мушоҳида мегардад. Мураккабтарин ва хатарноктарин зуҳури экстремизм он аст, ки агар дар заминаи эътиқоди динӣ хосияти асос идеологӣ пайдо намуда бошад. Чунин шакли экстремизм хело мураккаб аст. Зеро раванди ташаккули он асосан ноаён мегузарад. Он метавонад дар доираи маҳдуди вақт фазои номаҳдудро фаро бигирад ва дар муносибатҳои ҷомеаи сиёсӣ нақши барҷаста пайдо намояд. Инро бояд қайд кард, ки фақат ба ислом мансуб донистани экстремизм ва терроризм начандон асос дорад, чунки террорист аз номи он фаъолият мекунаду аммо бо таълимоти ислом муқобил аст, ӯ сохташуда аз ҷониби гурӯҳи манфиатхоҳ баҳри амали гардонидани мақсадҳо мебошад.

 Экстремизми сиёсӣ шакли маъмултарини он аст. Махсусан, дар низоми нави олам яке аз шаклҳои манфуртарини эктремизми сиёсӣ ин терроризм ба ҳисоб меравад, ки мақоми хоса пайдо намуда, ақлу ҳуши бисёр муҳаққиқон ва ходимони давлативу ҷамъиятиро ба худ кашидааст.

 Олами мавҷуда чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз дар ҳар як зинаи тараққиёт дучори ҳазорон падидаҳои ғайримуқаррарӣ гардидааст, ки баъзеи ин падидаҳо худ омили бавуҷудорандаи зинаи нави рушди олам будаанд. Инқилоб, муборизаҳои озодихоҳонаи халқу миллатҳо, намоишҳои эътирозӣ, гирдиҳамоиҳои оммавии кӯшиш баҳри ислоҳоти соҳаи идории давлат барин саҳнаҳо дар ҳар як гӯшаи олам сар задаанд ва ҳатто аз доираи як давлат берун баромада, мувофиқи дараҷа ва характери зоҳиршавии худ тағйироти ҷузъиву куллиро дар олам падид овардаанд. Ҳамроҳ бо ин ҳама воқеот ва он пешрафту тараққиёте, ки ба вуҷуд омадаанд, якчанд падидаҳои канораву харобу фасодсози ҷомеа амсоли шовинизм, генотсид, сионизм, экстремизм, терроризм ва ғайра пайдо гардида, рушд мекунанд, ки бо характеру хусусияти худ майлонҳои дар боло овардашударо рад месозанд, аммо дар муаррифӣ худро муборизони он роҳ, яъне ё озодихоҳу инқилобчӣ ва ё гуманисту адолатҷӯ ва саркӯбсози душман эълон медоранд. Ҳамаи ин зуҳурот ҳамқадами инсон ва ҷомеа буда, доимо дар олам чун занги таҳдид садо медиҳад, ки дар байни онҳо терроризм ҷои махсусро соҳиб аст.

 Асри XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ карда меистад. Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав нест. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд буд ,аммо дар замони муосир он тарзу усули хосаи худро ба вуҷуд овардааст. Терроризм яке аз он масъалаҳоест, ки диққати ҷаҳониёнро моили худ сохтааст. Он борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф намешавад, балки рӯз аз рӯз рушд намуда, ҷонибдорони зиёде пайдо мекунад. Ҳаррӯза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гӯшаҳои олам ва садҳо таркишоту ҳазорон қурбонии ин таркиш ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд. Дар раванди глобализатсия он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти умумидавлатӣ пайдо мекунад ё бо ибораи дигар, он масъала ташвиши ҷаҳониён мегардад. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризие дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад.

 Бояд қайд кард, ки ҳар як амали бад аз майнаи бадхоҳ бармеояд. Терроризм низ маҳсули ҳамин навъи майнаи инсонист. Он як навъ таҳдидест ба инсоният. Имрӯзҳо ҳолати фаъолияти терроризм тавре шакл гирифтааст, ки аз кӯдаки хурдсол то мӯйсафед метавонад амали террористӣ содир кунад. Бинобар ин, дар назди давлатҳои олам вазифаи меҳварӣ - бо роҳҳои самараноку таҳқиқшуда ҳар чи зудтар маҳв ё нест намудани сатҳи фаъолияти он меистад. Давлатҳои абарқудратро зарур ва вазифаи аввалиндараҷа мебошад, ки ин хати сиёҳи сурхгашта аз хуни ҳазорҳо кудакону модарони бегуноҳро аз миёни худ нест созанд.

Зиёева Зебониссо Идибековна

н.и.ф. ходими калони

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ

ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Бознашр: https://farazh.tj/sahifai-asosy/amniyat/jekstremizm-vaboi-asr/ 

 
Хондан 68 маротиба