JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 30 Майи 2025 11:33

Инсоншиноси ватанӣ дар хидмати илми миллӣ

Муаллиф:

                        (гузориши ихтисосрӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи антропология дар системаи илмҳо” ба ифтихори 50-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ)

  Гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва чанд соли ахир дар Раёсати АМИТ Маҳфили илмии “Хирад” таъсис ёфта, дар доираи он бо ҳузури донишмандону муҳаққиқон, магистрону коршиносону донишҷӯён силсиласуҳбату гузоришҳои хуби илмӣ ироа мегарданд.

  Бо таваҷҷуҳ ба ин, 30-юми майи соли ҷорӣ, соати 14:00 дар  маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо ҳузури доираҳои илмию академӣ ва адабию маданӣ (аз ҷумла, академик Кароматулло Олимзода, академик Собит Неъматуллоев, файласуфи миллӣ устод Комил Бекзода, узви вобастаи АМИТ Абдураҳмон Маҳмад ва дигарон) нишасти махсуси илмӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи антропология дар системаи илмҳо”, ки ба ифтихори 50-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ихтисос дода шуд, баргузор гардид.

  Дар маҳфил ба истиснои сухани ифтитоҳию ихтитомии ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён, 2 суханронии илмӣ (суханронии директори Маркази антропологияи назди Раёсати АМИТ, доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ дар мавзуи “Ҷойгоҳи антропология дар системаи илмҳо”, гузориши устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон адабиётшиноси варзида Ҳафиз Раҳмон таҳти унвони “Ҷаҳони фалсафии устод Музаффарӣ”, мулоҳизоту музокироту бардошту хотироти дӯстону ҳампешагону ширкаткунандагон дар назар гирифта шуда буд.

  Ба ин тартиб, маҳфили илмиро ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён ифтитоҳ карда, роҷеъ ба шахсияти илмӣ-фалсафии Муҳаммадалӣ Музаффарӣ гузориши илмии ҷолибе ироа намуд. Мавсуф зимни гузориш бар он ишора фармуд, ки устод Музаффарӣ аз соли 1970 интараф дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дақиқан 50 соли ҳаёташро дар муҳити академии ҷумҳурӣ сарфи таҳқиқу пажуҳиш намудааст. Зимнан, узви вобастаи АМИТ, профессор Музаффарӣ солҳои тулонӣ дар муҳити академии кишвар, махсусан дар ниҳодҳои зертобеи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар симати раҳбарӣ ва ходими илмӣ фаъолияти пурсамар карда, дар рушди илми ватанӣ саҳми муносиб гузоштааст. Гузашта аз ин, устод Музаффарӣ поягузори антропологияи миллӣ маҳсуб шуда, дар ин замина ҷустуҷӯҳои зиёди илмӣ анҷом дода, китобу мақолот ва матолиби илмӣ-таҳқиқӣ ба табъ расонидааст.

  Баъдан, бо такя ба барномаи маҳфил ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён суханро ба гузоришгарони асосӣ вогузошт. Ба ин тартиб, директори Маркази антропологияи назди Раёсати АМИТ, доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ дар мавзуи “Ҷойгоҳи антропология дар системаи илмҳо”, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон сари мавзуи “Ҷаҳони фалсафии устод Музаффарӣ”, гузоришҳои хуби илмӣ ироа карданд. Устод Музаффарӣ зимни суханронӣ бар он тазаккур дод, ки барои муайян намудани ҷойгоҳи антропология дар системаи илмҳо ҷиддӣ ба омӯзиши таърихи таснифоти илмҳо пардохта, дар ин самт ба дастоварди илмие дар таснифоти системавии дониш ва илм ноил гардидааст. Дар натиҷаи таҳқиқу пажуҳишҳо, ҷойгоҳи антропология дар системаи илмҳо муайян гардида, дар коркарди таснифоти илму дониш дастоварди беназиреро ба даст омадааст. Гузоришгари баъдӣ - устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон таъкид кард, ки аз овони донишҷӯйӣ хислатҳои наҷиби устод Музаффариро ба ёд дорад ва файласуф-антропологи ватанӣ устод Муҳаммадалӣ илми атропология (инсоншиносӣ)-ро ба унвони илми мустақил ба ҳавза ва муҳитҳои академӣ ва донишгоҳии миллӣ ворид карда, бемуҳобо, метавон ӯро асосгузори илми антропология ва ягона мутахассиси ҳирфаӣ дар ҷумҳурӣ номиду муаррифӣ намудааст.

   Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён маҳфилро ҷамъбаст намуда, бар он ишора фармуд, ки мо ҳамагӣ муваззафем, ки дар шароити феълии бархурдҳои фикрию тамаддунӣ ва муҳронҳои амиқи ҳувиятию ахлоқӣ дар самти ташаккули ҷаҳоншиносии илмӣ-фалсафӣ ва тафаккури миллӣ саъю талоши фаровон варзем.

   Ба ин тариқ, маҳфили илмӣ дар фазои муътадили фикрию эҷодӣ  ҷараён гирифт.

               

Нозим Нурзода

                Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Хондан 48 маротиба