JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Панҷшанбе, 18 Январи 2024 06:54

Ҷавонон - нерӯи созандаи ҷомеа

  Суҳбати ихтисосии муҷрии барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Исомиддин Шарифзода бо ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, Мирсаид Раҳмонов дар мавзуи "Ҷавонон - нерӯи созандаи ҷомеа”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.

  Суҳбати ихтисосии муҷрии барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Исомиддин Шарифзода бо н.и.ф., Беҳрӯзи Забеҳулло дар мавзуи "Тақвияти ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.

  Дар раванди сиёсати давлатии “дарҳои кушода” олимони кишвар имкон пайдо намуданд, ки натиҷаҳои худро дар маърази байналмиллалӣ изҳор намоянд. Дар ин маврид, аз дастгирию мусоидати ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимон изҳори миннатдорӣ баён менамоянд.

  Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна, доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Институти астрофизикаи АМИТ ва ҳамзамон и.в. ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АМИТ мебошад. Натиҷаҳои бадастовардаи назарраси Қоҳирова Г.И. дар конференсияҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардида, дар маҷаллаҳои кишвар ва маҷаллаҳои тақризшавандаи бонуфузи байналмилалии ба нашр расидаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Қоҳирова Г.И. коршинос-кайҳоншиноси маълум дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад ва корҳои илмии ў эътироф гардидаанд.

 Дӯсти гиромӣ Нуриддин Шаҳобиддин,

    Шумо ҳанӯз аз замони таъсисёбии Маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” (соли 1993) ба ҳаракати бедории фикрӣ ва озодандешии миллӣ ҳадафмандона пайваста, то ба имрӯз бидуни вақфаю танаффус дар ин масири мушкилписанди зиндагӣ бурдборона ва устуворона гом бармедоред. Аз тарафи дигар, Шумо аз ҷумлаи нахустин ташаббускорону мубтакирони ошноӣ ва дидору мулоқот бо файласуфи фарзонаи миллӣ устод Комил Бекзода маҳсуб меёбед ва мутмаинан, дӯстону рафиқони зиёдеро ба ҳалқаи Маҳфили “Ҷаҳони андеша” овардаед. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо, қабл аз ҳама, дар муҳити маърифати музофотӣ шакл гирифта, пасон дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

Саҳифа аз 10 то 192

Китобҳо