JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Феврали 2025 06:48

Зуҳурӣ – шахсияти батамом фарҳангӣ

Муаллиф:

(паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи шахсияти фарҳангӣ ва дӯсти ҳақиқӣ Абдухолиқ Зуҳурӣ )

    Дар феҳристи дӯстони донишманду фарҳангии мо Абдухолиқ Зуҳурӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳарчанд ки дертар ба Маҳфили илмӣ-фарҳангии “Ҷаҳони андеша” шомил шуд, зуд аз вуҷуду ҳузури фарҳангӣ-маданиаш дарак дод. Хеле камгап аст, аммо зиёд гӯш мекунаду бисёр фикр. Баъзан соатҳо ба гуфтугӯ ва суханрониҳои дӯстону ҳампешагон таваҷҷуҳ мекунад ва пас аз мулоҳизаҳои тулонӣ ба сухан гуфтан меоғозад: суханаш самимӣ, бидуни ғаразу такаллуфоти муқаррарӣ; сабки гуфтораш отифӣ; муҳокимарониҳояш мантиқӣ, суҳбаташ кӯтоҳу иҷмолӣ, вале ҷиддӣ. Маводу матолибу китобҳои хубу дархуру ҷиддиро ба забонҳои русӣ ва хатти арабӣ тариқи электронӣ зиёд мутолеа мекунад ва аз ин ҳисоб донишу ҷаҳонбиниашро тавсеъа мебахшад. Чун дар умури фаннӣ-техникӣ мусаллат аст, барои соири дӯстону ҳампешагону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маводи ҷолибу хонданиро пайдо мекунад ва дар ихтиёри онон вомегузорад. Хидмат ба дӯстону ҳампешагонро вазифаи ҷонию виҷдони мадании хеш  медонад. Ба ин маънӣ, шахсияти батамом фарҳангист. Аз тарафи дигар, марди заҳмат аст, шабу рӯз заҳмат мекашад, то нони ҳалол дарёфт намуда, зиндагиашро сару сомон бахшад.

      Бояд ёдовар шуд, ки мақола ва матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавии Абухолиқ Зуҳурӣ дар матбуоти даврӣ ва маҷмуаҳои гуногуни илмию адабӣ интишор ёфтаанд, ки ғолибан ба мавзуъ ва масоили адабиёти миллӣ ва ҳақиқати таърихӣ ихтисос ёфтаанд (барои намуна, таваҷҷуҳ шавад ба матлаби зер: Зуҳуров Абдухолиқ. Ҷалол Икромӣ – воқеанигори таърих. //Фараж, №37 (926), 12 сентябри соли 2024.  –С.11). Афзун бар ин, Абдухолиқ Зуҳурӣ аз замонҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардан ва алалхусус, айёми кору фаъолият дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ алоқаи бештар пайдо менамояд ва дар ин замина омӯзишу таҳқиқро давом медиҳад. Ишқу ихлоси самимонаи Абдухолиқ ба достонҳои ин ҳамосаи бузурги миллию ҷаҳонӣ боиси тағйир ёфтани донишу биниши ӯ мегарданд ва сатҳи огоҳию шинохташро боло мебаранд.

      Ба ин тартиб, мавсуф дар заминаи муҳтавои “Шоҳнома” ва мавқеъгириҳои миллии Ҳакими Тӯс матолиби ҷолиби илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ ба чоп расонидааст. Ҳамчунин, Зуҳурӣ бо такя ба достонҳои калидии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва дастуроти илмӣ-методии ватанӣ барои доираи васеи тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва муҳассилини синни хурди мактабӣ (синфҳои ибтидоӣ)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ рисолаи мухтасаре таҳти унвони “Достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” (-Душанбе, 2014. -64 с.) таҳия намуд, ки аз лиҳози фарогирии маводи иттилоотӣ, вежагиҳои миллӣ, санъати тасвиргарӣ, ҳунари ороишӣ ва мутобиқат ба зеҳну тафаккури кӯдакону хонандагони синни хурди мактабӣ  хеле ҷолиб аст. Ба сухани дигар, Зуҳурӣ мехоҳад аз пахшу нашри маводи зарурию муассири миллӣ дар мисоли достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ зеҳниёти тарбиятгирандагони парваришгоҳҳо ва муҳассилини синфҳои ибтидоии муассисоти таҳсилоти миёнаи умумии ватаниро тағйир бидиҳад ва меҳанпарастию мавқеъгирии миллиро ба унвони қарзи виҷдонию имонии кӯдакону наврасон бозсозӣ намояд. Ин аст, ки Зуҳурӣ талош меварзад, ки минбаъд низ аз тариқи омӯзишу таҳқиқу нашри мероси арзишманди ниёкон дар ростои тағйироту таҳаввулоти зеҳнию ақлонии насли наврасу ҷавони тоҷик иқдломоти ҷиддӣ рӯйи даст бигирад. Бешак, ин навъ ибтикорот, ки ба мавқеъгирии шахсию инфиродии Абдухолиқ Зуҳурӣ пайвандӣ дорад, шахсияти миллии дӯсти моро ба ҷилва меоварад ва боиси ҳамовозии ҷомеаи илмию миллӣ ва маданӣ ҳам мегардад. Дар ин роҳ ба Абдухолиқ Зуҳурӣ муваффақияту комёбӣ таманно менамоем.

       Имрӯз, ки 21 феврал аст, рӯзи мелоди дӯсти фарҳангии мо Абдухолиқ Зуҳурӣ низ ҳаст. Аз фурсати мусоид истифода бурда, рӯзи мавлуди дӯсти донишманд ва шахсияти батамом фарҳангӣ Абдухолиқ Зуҳуриро шодбош гуфта, дар зиндагии хонаводагӣ ва эҷодиаш барору комёбӣ таманно мекунем. Бигзор, фараҳу оромиш, тандурустию осоиш ва болидагию ромиш ҳамқисмати рӯзгори Шумо ва хонаводаатон бошад.

      Зодрӯз муборак, Абдухолиқ Зуҳурии гиромӣ!

 

 

    Маҳфили “Ҷаҳони андеша”

      21 феврали соли 2025

Хондан 61 маротиба