Якум. Табиист, ки устод Саидзодаро ба лиҳози фикрию ақидатию ҳувиятӣ на ҳама мепазиранд ва афкору андеша ва дидгоҳу мавқеъгириҳояшро, ки баъзан бо тундӣ ироа мегарданд, меписанданд. Хуб, ин кори маъмулист ва ҳар кӣ дар шароити истиқлоли давлатӣ ва низоми секулорӣ-дунявӣ бо такя ба донишу ҷаҳоншиносию завқу салиқа мавқеъгирӣ мекунад ва дидгоҳу андешаҳояшро озодона матраҳ месозад. Аз сӯйи дигар, низоми давлатдории миллию дунявӣ, ки усулан бар мабнои ақлу мантиқ ва донишу биниши илмӣ устувор аст, ба хотири пешравию шукуфоию рушду тараққӣ аз ҳар навъи нақди солиму дархур пазироӣ мекунад ва роҳро барои бурузу ҳузуру нуфузи андешаву орои созанда ҳамвор месозад. Аз ин ҷост, ки бар асоси нақду арзёбиҳои илмию ихтисосӣ мушкилоту муаммоҳои асрӣ бозшиносӣ мешаванд ва аз ин тариқ раванди бедории фикрӣ таҳким ёфта, рушду таҳаввулоти миллӣ имконпазир мегардад. Ба ин маънӣ, ҳар нафари огоҳ, дидгоҳи илмӣ ва мавқеъгирии миллӣ-давлатидошта дар баҳсу мунозира ва нақду арзёбиҳоро фаъолона иштирок намуда, дар самти раҳоӣ бахшидани миллат аз вартаи нохудогоҳию худбохтагию беҳувиятию хурофазадагию ҷаҳолатписандӣ, ки аз ҷумлаи бемориҳои музмину вогири фикрию ақидатӣ будаву ҳастанд, ҳадафмандона мубориза бурдаву самимона талош меварзад. Аз ҷумлаи ин гуна шахсиятҳои фавқулода устод Ҷамолиддин Саидзода аст, ки умрро вақфи хидмат ба миллат намуда, дар ин роҳ фидокориҳо мекунад.
Дувум. Ба ин тартиб, устод Ҷамолиддин Саидзода як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажуҳиши масъалаҳои муҳимми адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Аз ин ҷост, ки устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагии шахсию эҷодӣ қарор дода, дар ин масир то имрӯз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад.
Севум. Мазмуну мундариҷаи кулли осори эҷодӣ-адабӣ, илмӣ-оммавӣ ва таҳқиқӣ-пажуҳишии устод Ҷамолиддин Саидзода, ки теъдодашон хеле зиёданд (барои намуна, таваҷҷуҳ шавад ба чанд китобу рисолаҳои устод: Саидзода, Ҷамолиддин. Ҷалолиддин Балхии Румӣ. –Душанбе, 2008. -143 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ. –Душанбе, 2009. -100 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Дар силсилаи Фиғонӣ. –Душанбе, 2010, -100 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Нақши Рӯдакӣ дар шеъри замони Сомониён. –Душанбе, 2011. -92 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм. –Душанбе: Ирфон, 2011. -116 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Калим – “халлоқулмаонии сонӣ”. –Душанбе: Ирфон, 2012. -100с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Бозор Собир – тасвиргари моҳир. –Душанбе: Адиб, 2009. -130 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Мевае нест беҳ зи озодӣ. –Душанбе, 2012. -100 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Ақидаҳои педагогии Соиб. –Душанбе: Ирфон, 2012. -144 с.; Саидзода , Ҷамолиддин. Назаре ба шеъри муосири Эрон. –Душанбе: Ирфон, 2012. -104 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Назаре ба шеър ва мусиқии Афғонистон. –Душанбе: Ирфон, 2012. -104 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун. –Душанбе: Ирфон, 2012. -104 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Иқбол дар роҳи бузургони Аҷам. - Душанбе: Бухоро, 2014. –174 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Соиб – шоири халлоқулмазомин. –Душанбе: Адиб, 2015. -168 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Нақди солим ва носолим. Китоби 1. –Душанбе, 2021. -200 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Хоқонӣ – ҳассони Аҷам. –Душанбе, 2021. -320 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Дигарон пайравони Рӯдакианд. Китоби 1. –Душанбе, 2021. -176 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Рӯ ба Ҳинд. Китоби 2. –Душанбе: Ирфон, 2021. -120 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдавсӣ кист ва “Шоҳнома” чист? - Душанбе: Дониш, 2011. - 108 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. “Шоҳнома” ва ҳувияти миллӣ. Нашри дувум. - Душанбе, 2015. -113 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдавсӣ – шоири ватанпараст ва сарояндаи ормонҳои миллӣ. –Душанбе, 2021. -292 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Шуҳрати ҷаҳонии “Шоҳнома” ва паёми ватандӯстонаи Фирдавсӣ. –Душанбе, 2021. -216 саҳ.) Устод шоҳномапажӯҳиро идома бахшида, дар ин замина соли 2022 китоби муфассалеро таҳти унвони “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” (муфассал нигаред: Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. -574 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. “Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст” (Дастури ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ). -Душанбе: Дониш, 2024. -416 саҳ.) меҳанпарастӣ, мардумсолорӣ, озодманишӣ, озодагӣ, адабпарварӣ ва ҳувиятшиносӣ барин мушаххасоти миллатсозӣ мебошанд.
Чаҳорум. Як қисмати муҳим ва ба истилоҳ, калидии фаъолияти илмӣ-эҷодӣ ва маданӣ-иҷтимоии устод Саидзода тарғибу ташвиқи густурдаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва шахсияти фавқулодаи Ҳакими Тусӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки мавсуф дар заминаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва моҳияти ҳувиятии ин асари безаволи миллӣ зиёд муруру пажуҳиш карда, ҳосили мутолеоту баррасиҳояшро дар чандин маҷмуаҳо ва монографияҳои алоҳида ба нашр расонидааст. Устод қариб дар тамоми гуфтугӯю муколимот ва гузоришу суханрониҳояш бар мабнои таъкиду паёмҳои Фирдавсӣ бар он ишора мекунад, ки дар шароити тезутунд шудани бархурдҳои тамаддунӣ, буҳронҳои фикрию ахлоқӣ ва танишҳои ақидатӣ раванди ташаккули ҳувияти миллиро метавон аз тариқи пахшу нашри саросарии “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ва осоре шоҳномагуна таҳкиму тақвият бахшид. Ба ин маъно, устод Саидзода ҳосили мутолеоту бардошт ва диду мушоҳидоташро дар заминаи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” дар китобҳои алоҳида мунсаҷим карда, манзури хонандагони соҳибзавқи миллӣ гардонидааст (барои иттилооти бештар таваҷҷуҳ шавад ба: Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдавсӣ кист ва “Шоҳнома” чист? - Душанбе: Дониш, 2011. - 108 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. “Шоҳнома” ва ҳувияти миллӣ. Нашри дувум. - Душанбе, 2015. -113 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдавсӣ – шоири ватанпараст ва сарояндаи ормонҳои миллӣ. –Душанбе, 2021. -292 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Шуҳрати ҷаҳонии “Шоҳнома” ва паёми ватандӯстонаи Фирдавсӣ. –Душанбе, 2021. -216 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. -574 саҳ.) Дар китоби ахирӣ (манзур Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. -574 саҳ.) устод дар 3 муҷаллад ё китоб – Китоби якум “Фирдавсӣ кист ва “Шоҳнома” чист?” (ниг.: Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. С.4-99), китоби дувум “Шуҳрати ҷаҳонии “Шоҳнома” ва паёми ватандӯстонаи Фирдавсӣ” (ниг.: Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. С.101-298), китоби севум “Фирдавсӣ – шоири ватанпараст ва сарояндаи ормонҳои миллӣ” (ниг.: Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. С.299-570) масоили марбут ба ҳувияти миллиро дар қаламрави “Шоҳнома” мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Иқдомоте, ки устод Саидзода дар заминаи шоҳномашиносӣ ва фирдавсипажуҳӣ пеш гирифтааст, аз шахсияти матраҳи миллӣ ва билохира фидоӣ будани ӯ далолат мекунад.
Ногуфта намонад, ки дар заминаи муаррифии китоби устод Саидзода “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” (ниг.: Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. -574 саҳ.) 28 апрели соли 2023 дар маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури доираҳои илмӣ-пажуҳишӣ ва адабию мадании ҷумҳурӣ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Фирдавсӣ ва замони мо” баргузор гардид. Дар конфронс атрофи вежагиҳои миллӣ-ҳувиятии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва мушаххасоти китоби Ҷамолиддин Саидзода “Фирдасӣ – шоири паёмрасон” президенти собиқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, академик Кароматулло Олимов, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдулҳай Маҳмадамин, доктори имлҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷаб, шарқшинос Умед Назар, шоир ва донишманди матраҳи миллӣ Назрӣ Асадзода ва дигарон изҳори назар карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки монографияи ахирии Саидзода ба доираи васеи хонандагон манзур гардида, ҳамчун манбаи зарурии илмӣ-оммавӣ дар ташаккули тафаккури миллӣ ва ҳувиятсозии бумӣ хеле корсоз аст.
Панҷум. Воқеан, устод Ҷамолиддин Саидзода аз пайравону мудофеони содиқу сарсахти устод Айнӣ мебошад. Як соли пеш – дақиқтараш, моҳи феврали соли 2024 монографияи устод Ҷамолиддин Саидзода таҳти унвони “Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст” (Дастури ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ). -Душанбе: Дониш, 2024. -416 саҳ.) ба табъ расид. Монография аз пешсухан (С.4-11), 3 боб (С.12-390) ва пайнавиштҳо (С.391-412) таркиб ёфтааст. Боби якум 8 матлабро фаро гирифта, муаллиф дар матолиби ҳаштгона -- “Рӯдакӣ ва Айнӣ” (С.12-45), “Фирдавсӣ ва Айнӣ” (С.46-52), “Хоқонӣ ва Айнӣ” (С.53-63), “Мавлавӣ ва Айнӣ” (С.64-73), “Ҷомӣ ва Айнӣ” (С.74-90), “Урфӣ ва Айнӣ” (С.91-105), “Нозим ва Айнӣ” (С.106-117), “Соиб ва Айнӣ” (С.118-136) пайванди фикрию ақидатии устод Айниро бо бузургони адабиёти классикӣ арзёбӣ мекунад ва дар ин замина натиҷагирию хулосабандиҳояшро мураттаб баён менамояд. Бобои дуюми монография ба мабнои 5 матлаб устувор шудааст, ки ба мавзуи иртиботи фикрию адабии устод Айнӣ бо Аҳмади Дониш ва Туғралу Турсунзода ихтисос ёфта, баррасиҳои муаллифро дар заминаи вазъи забону адабиёт ва мактабу маорифи даврони амирсолорӣ ва мунтаҳо, ҷойгоҳи адиби саршиносу рӯшангари миллӣ дар қаламрави адабиёти муосири тоҷик дар бар мегирад. Ин аст, ки устод Саидзода мавзуъ ва масъалаҳои болоиро дар матлабҳои панҷгонаи илмӣ-оммавии “Айнӣ-идомадиҳандаи кори Аҳмади Дониш дар мубориза бар зидди тақлиди Бедил” (С.137-172), “Вазъи забону адабиёти тоҷик дар замони Аҳмади Дониш ва Айнӣ” (С.173-201), “Ҳолати таълим ва мактабу маориф дар замони Айнӣ” (С.202-212), “Айнӣ ва Туғрал” (С.213-223), “Айнӣ ва Турсунзода” (С.224-240) матраҳ намудааст.
Боби севуми монография аз 10 матлаби илмӣ-оммавӣ иборат буда, дар доираи мавзуоти “Қайдҳо дар ҳошияи баъзе андешаҳои устод Шакурӣ дар бораи устод Айнӣ” (С.241-247), “Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст“ (С.248-264), “Дар фикри ошноии аҳли сухан мабош!” (С.265-287), “Айнӣ ва худшиносии миллӣ” (С.288-304), “Айнӣ ва алифбои арабӣ” (С.305-317), “Бурду бохти айнишиносӣ дар замони истиқлол” (С.318-350), “Ватандӯстиро аз Фирдавсӣ ва Айнӣ бояд омӯхт...” (С.351-359), “Аҳамияти асарҳои ватандӯстонаи Айнӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ” (С.360-373), “Айнӣ-адиби миллӣ ва шуубӣ” (С.374-390) мунсаҷим шуда, ба масоилу мушаххасоти зерин: ташхиси мантиқии воқеиёту чолишҳои дирӯзу имрӯзу ояндаи миллӣ; дарки ҳассосиёти имрӯзӣ; вазъи айнишиносӣ дар замони соҳибистиқлолӣ; сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ; ватандӯстӣ ҳамчун василаи амалисозии аҳдофи миллӣ-давлатӣ; сабабу иллатҳои заъфи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ; тақвияти руҳияи миллӣ дар вазъияти бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва нақши китоби сарнавиштсози устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” дар раванди бедории фикрию сиёсии халқи тоҷик бахшида шудаанд.
Шашум. Саидзода, новобаста ба солмандӣ ва заъфи ҷосмию баданӣ, шахсияти пурэнержист. То имрӯз ҳазорон мақолаву матолиби ҷолиби илмӣ, адабӣ ва илмӣ-оммавии ин рӯшангари муосири миллӣ дар матбуоти даврии ватанӣ чоп шуда ва мешаванд. Ҳафтае нест, ки як матлаби илмӣ-оммавии устод Саидзода дар матбуоти даврӣ нашр нагардад ва ё ин ки устод бо ҳузури фаъоли худ сари мавзуъҳои муҳимми адабӣ, фалсафӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ дар экранҳои телевизорҳои ватанӣ пайдо нашавад ва садояш аз эфир пахшу нагардад. Солҳост, аҳолии маҳаллию музофотӣ аз тариқи барномаҳои телерадиоӣ ин чеҳраи саршиноси миллиро мешиносанд ва суҳбату гузоришҳои ҷолиби ӯро, ки сари масъалаҳои умдаи миллӣ ироа мегарданд, хуш мепазиранд. Дар ин авохир устод дар матбуоти даврӣ сари масъалаҳои ҷиддӣ тамаркуз намуда, дар заминаи бозсозии тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи ғуруру ҳамияти миллӣ, ташхиси буҳронҳои ҳувиятӣ, бозбинии мушкилоти фикрӣ матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ интишор додааст (барои намуна, таваҷҷуҳ шавад ба матолиби зерин: Саидзода, Ҷамолиддин. Афғонистон ва Хуросон – ду кишвари мустақил. //Минбари халқ, №44 (1338), 3 ноябри соли 2021. –С.12-13; Саидзода Ҷамолиддин. Афғонистон ва Хуросон – ду кишвари мустақил. //Минбари халқ, №45 (1339), 10 ноябри соли 2021. –С.12-13; Саидзода, Ҷамолиддин. Гар хусрави Курт бар далерон назадӣ... //Минбари халқ, №46 (1340), 17 ноябри соли 2021. –С.11-12; Саидзода, Ҷамолиддин. Вазъи забон ва адабиёти тоҷик дар замони Аҳмади Дониш. //Дунё, №51-52 (922-923), 21-28 декабри соли 2021. С.10-15; Саидзода Ҷамолиддин. Панисломизм, пантуркизм ва панпаштунизм – таҳдид барои амнияти миллӣ. //Самак, №16 (546), 21 апрели соли 2022. –С.3; Саидзода Ҷамолиддин. Панисломизм, пантуркизм ва панпаштунизм – таҳдид барои амнияти миллӣ (давомаш). //Самак, №17 (547), 28 апрели соли 2022. –С.2; Саидзода Ҷамолиддин. Урфӣ ва Айнӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №2 (32), 2023. –С.18-34; Саидзода Ҷамолиддин. Шодам, ки наям бандаи авҳому хурофот. //ИмрӯзNews №44 (2828), 09.04.2024. -С.1V-V; Саидзода Ҷамолиддин. Ҷаҳл чу бисёр шуд, нест кам аз кофарӣ. //Самак №50 (683), 12 декабри соли 2024. -С.14-15; Саидзода Ҷамолиддин. Бозтоби баъзе ҳаводиси таърихӣ дар осори бадеӣ. //Самак №6 (691), 6 феврали соли 2025. -С.14-15).
Ҳафтум. Устод Саидзода ба мушкилоту муаммоҳои имрӯзаи мо бетарафу бетафовут нест ва пайваста сари заъфи равонию ҳувиятӣ андешида, мушкилотро аз решаву бунёд расидагӣ мекунад. Дар ҳамаи нигоштаҳои устод ба мушкилоти миллӣ хурдабинона бархурд мешавад ва бо овардани мисолу намунаҳои олии манзум масоили ҳувиятӣ шарҳу тавзеҳ меёбанд. Албатта, Саидзода ҳеҷ гоҳ иддаои решашиносии илмию ихтисосии мушкилоти миллиро накардааст, аммо он чи ки дар қолиби китобу рисолаву матолиби алоҳида манзур месозад, ҳамагӣ ба масоили ҳассоси миллӣ марбутанд. Гузашта аз ин, Саидзода ҳадафи олии бедории фикрию миллии ҷомеаро дунбол мекунад ва барои расидан ба ин ҳадафи олӣ аз васила-приёмҳои адабӣ, илмӣ ва публитсистӣ васеъ истифода мебарад. Ба сухани дигар, Саидзода адабиёт, фалсафа, илм, ҳунар ва фарҳангро ҳадафмандона ба ҳам дармеомезад ва ин ҳамаро дар тавъамӣ ба хидмати миллату давлат вомегузорад. Аз ин ҷост, нигоштаҳои Саидзода бештар ҳолу ҳавои моро инъикос менамоянд ва зиёдар ба дарди мардум мехуранд.
Ҳаштум. Ҳамин тариқ, устод Ҷамолиддин Саидзода андешаманд ва равшангари миллиест, ки ба вазъи сиҳатӣ ва мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ нигоҳ накарда, дар масири дунёмадорӣ, миллатсозӣ ва давлатсолории миллӣ устуворона қадам бармедорад. Маҳз аз тавонмандиҳои фикрию эҷодӣ ва илмию ихтисосии равшангарони фидоие назири Ҷамолиддин Саидзода ҷомеаи тоҷик ҳамеша истифода мебарад ва вуҷуду ҳузури шахсиятҳое ҳамчунинӣ боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнӣ ва ифтихороти миллӣ мегардад. Аз фурсат истифода бурда, устод Саидзодаро ба муносибати зодрӯзашон шодбош гуфта, бо байти зерин, ки бемуҳобо, муносиби ҳоли ӯст, матлабро хотима мебахшем:
Дар раҳи хидмат ба миллат ҷонфидоӣ мекунӣ,
Бо паёми худкифоӣ ҳамсадоӣ мекунӣ!
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
18 феврали соли 2025, сешанбе, соати 14:23