Устод Аслиддин Низомӣ аз ҷумлаи донишмандон, фарҳангшиносон ва мусиқишиносони нодири миллиест, ки солҳои тулонӣ дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият карда, бо талошҳои фаровони илмию эҷодӣ ва мудириятӣ миёни доираҳои сиёсию мадании миллию фаромиллӣ соҳибэҳтиром гардидааст. Мавсуф таҷрибаи мактаби мусиқишиносии русӣ-шӯравӣ ва миллӣ-ватаниро гузашта, пажуҳишгари номдор мапсоили фарҳангӣ-ҳунарӣ ва бахусус, коршиноси аршади мусиқии Шарқ низ мебошад. Гузашта аз ин, мавсуф забонҳои русӣ, узбекӣ, арабӣ ва англисиро дар сатҳи илмӣ медонад ва ба сифати шарқшинос-мусиқишинос дар ҳавзањои илмии дохилӣ ва хориҷӣ нуфуз дорад.
Мусалламан, устод Низомӣ дар доираи мусиқии асили тоҷикӣ --- Шашмақом солҳои тулонӣ пажуҳиши илмӣ анҷом дода, натиҷаҳои таҳқиқоташро дар монографияҳои илмӣ ҷамъбасту хулосабандӣ намудааст. Таълифоти арзишманди ӯ, аз ҷумла: “Суфизм в контексте музыкальной культуры Центральной Азии” (–Душанбе: Ирфон, 2000. -307 с.), “История и теория Шашмакама” (–Душанбе: Адиб, 2003), “Таърих ва назарияи Шашмақом” (–Душанбе: Адиб, 2006. -504 с.), “Умре бо мусиқӣ” (-Душанбе: 2011), “Таърихи мусиқии тоҷик” (–Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. -384 с.), “Таърихи мусиқии тоҷик”( -Душанбе: Истеъдод, 2018. - 400 с.), “Шашмақом ва назми форсии тоҷикӣ (Пайвандии шеъру мусиқӣ дар фарҳанги тоҷик)” (–Душанбе: “Дониш”, 2016. -296 с.), “Баёзи Шашмақом” (Мураттибон Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Аслиддин Низомӣ, Маҳмадёри Шариф. –Душанбе: Дониш, 2016. - 600 саҳ.) ва амсоли инҳо дар омӯзиши илмӣ-назариявии Шашмақом ба донишмандону ихлосмандон ва кулли пажуҳишгарони масоили адабию фарҳангию ҳунарӣ ҳамчун манбаи муътамади илмӣ-назариявӣ ва эҷодӣ хидмат мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, саҳми устод Аслиддин Низомӣ дар шинохту муаррифии сазовори дурдонаи мусиқии миллӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ калон аст. Ҳамчунин таҳти назари устод Аслиддин Низомӣ китоби “Маќоми Рост” (-Душанбе: Эҷод, 2007) дар доираи татбиқи Лоиҳаи ЮНЕСКО нашр гардидааст. Ин маънои онро дорад, ки Шашмақом ба сифати мусиқии арзишманди ҷаҳонӣ эътироф шуда, дар феҳрасти ганҷинаи мусиқии башарӣ ҷой гирифтааст.
Устод Аслиддин Низомӣ вежагиҳои фарҳангу ҳунари асили миллиро аз тариқи матбуоти даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ тарғибу ташвиқ мекунад ва ин навъ ибтикору ташаббусро вазифа ва рисолати ҷонии хеш медонад. Аз сӯйи дигар, Низомӣ ба масъалаи мероси гаронмояи фарҳангӣ-ҳунарии миллӣ ва ҳифзи он ҳамчун сарвати ҷовидонии аҷдодӣ пайваста таваҷҷуҳ намуда, дар ин самт аз тариқи суҳбату гузоришҳои ҷудогона ҷиддӣ талош варзида, аз паёмадҳои номатлуби безавқию беҳувиятӣ, бепарвоию саҳлангорӣ ба арзишҳои волои аҷдодӣ ва интисоби мерос аз ҷониби бегонагону рақибони онтологӣ ҳушдор медиҳад. Дар мусоҳибаи ахирии матбуотии худ пажуҳишгар ва зиёии миллӣ Аслиддин Низомӣ ба ин масъалаи ҳассос ҷиддӣ таваҷҷуҳ намудааст (барои иттилооти бештар таваҷҷуҳ шавад ба: Бомбаи ниҳонии шуравӣ ва тақсими мероси Осиёи Марказӣ (Мусоҳибаи Одили Нозир бо санъатшинос, доктори илми санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ). //Тоҷикистон, №38 (1601), 18.09.2024. -С.8-9). Ҳамчунин, барои намуна, ба чанд матлаби ихтисосии Аслиддин Низомӣ бо шумули “Унсурҳои эҳёгароӣ дар ашъори устод Рӯдакӣ” (ниг.: https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/unsur-oi-e-jogaro-dar-ash-ori-ustod-r-dak.html), “Илми мусиқӣ дар осрои Абуалӣ ибни Сино” (ниг.: https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/ilmi-musi-dar-osori-abual-ibni-sino.html), “Инъикоси Дувоздаҳмақом дар осри классикони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва мусиқишиносии муосир” (ниг.: https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/in-ikosi-nazariyai-duvozda-ma-om-dar-osori-klassikoni-adabijoti-fors-to-ik-va-musi-ishinosii-muosir.html), “Ҷойгоҳи аносири фарҳанг ва рамзҳои мусиқӣ дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ” (ниг.: https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/ojgo-i-anosiri-far-ang-va-ramz-oi-musi-dar-sho-noma-i-akim-firdavs.html), “Наврӯз оҳангу таронаҳо дорад” (ниг.: https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/navr-z-o-angu-tarona-o-dorad.html), “Оид ба чанд муаммои таърихи Шашмақом” (ниг.: https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/oid-ba-chand-muammoi-ta-rikhi-shashma-om.html), “Саҳми таърихии бонувони тоҷик дар рушду такомули ҳунари мусиқӣ (васфи ҳунари бонувон ё худ зиндагиномаи мутрибаҳо аз Дилороми Чангӣ то Барно Исҳоқова)” (ниг.: https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/sa-mi-ta-rikhii-bonuvoni-to-ik-dar-rushdu-takomuli-unari-musi-vasfi-unari-bonuvon-jo-khud-zindaginomai-mutriba-o-az-diloromi-chang-to-barno-is-o-ova.html), “ДОВ”: муҳорибаи нафс бо виҷдон (чанд мулоҳиза перомуни филми нави истеҳсоли "Суғдсинамо" ва "Тоҷикфилм", коргардон ва таҳиягар М.Муҳиддин)” (ниг.: https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/dov-mu-oribai-nafs-bo-vi-don-chand-mulo-iza-peromuni-filmi-navi-iste-soli-su-dsinamo-va-to-ikfilm-korgardon-va-ta-iyagar-m-mu-iddin.html) “Моҳияти рушди илми санъатшиносӣ дар раванди бунёди истиқлолияти фарҳангӣ” (ниг.: https://ravshanfikr.tj/ilm-amaorif/mo-iyati-rushdi-ilmi-san-atshinos-dar-ravandi-bunjodi-isti-loliyati-far-ang.html) иктифо мекунем, ки ба муҳимтарин масъалаҳои фарҳангу ҳунари тоҷик ва бозшиносии мушкилоту муаммоҳои фарҳангӣ-ҳунарӣ ихтисос ёфтаанд. Мо танҳо дар доираи сомонаи “ravshanfikr.tj”-и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон силсилаи матолиби ҷолиби илмӣ-таҳқиқӣ ва илмӣ-оммавии Аслиддин Низомиро пайгирӣ намудему халос. Ҳол он ки дар сомона ва порталҳои дигаре ҳам садҳо матлаби илмӣ-ихтисосӣ ва илмӣ-оммавии Аслиддин Низомиро метавон пайдо намуд ва муруру мутолеа кард, ки ба мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми фарҳангу мусиқии миллию фаромиллӣ ихтисос ёфтаанд.
Устод Аслиддин Низомӣ минҳайси як донишманду зиёии миллӣ умри азизро сарфи хидмат ба фарҳангу ҳунари ватанӣ карда, ҳамеша бар он таъкид меварзад, ки тарғиби мусиқии асили тоҷик ва арзишҳои дигари суннатию касбии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ амри зарурӣ буда, зиёиёни ватанӣ бояд дар ростои коҳиш додани буҳрони фикрию ҳунарӣ, ки тадриҷан баданаҳои иҷтимоиро фаро гирифта, безавқию кӯрзавқиро дар ҷомеа решадор менамояд, саҳми муносиб бигиранд.
Бори дигар, бо истифода аз фурсати мусоид ҷашни мелоди санъатшиноси маъруфи тоҷик устод Аслиддин Низомиро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, ихтисосӣ, фарҳангӣ ва эҷодиашон комёбиҳо таманно мекунем. Воқеан:
Туӣ санъатшиноси хубу номӣ,
Ҳамеша пайрави Синову Ҷомӣ,
Чунин як зиндагӣ бо шодкомӣ
Ҳалолат бод Аслиддин Низомӣ!
Зодрӯз фархунда ва хуҷаста устод Аслиддин Низомӣ!
Бо эҳтиром,
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ш. Душанбе, 1 марти соли 2025