JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 20 Феврали 2023 16:27

Саҳми таърихии бонувони тоҷик дар рушду такомули ҳунари мусиқӣ (васфи ҳунари  бонувон ё худ  зиндагиномаи мутрибаҳо аз Дилороми Чангӣ то Барно Исҳоқова)

Муаллиф: Аслиддин Низомов

 1.ҚИССАИ ДИЛОРОМИ ЧАНГӢ ЧИ МАЪНӢ ДОРАД?

  Чуноне ки аз таърихи адабиёти классикии тоҷик маълум аст, қиссаи ҷонсўзи муҳаббати Баҳроми Сосонї ба мутрибаи хушнаво Дилороми Чангӣ дар даҳҳо достонҳои бузург суруда шудааст. Бузургони назм Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишер  Навоӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Низомии Ганҷавӣ  дар осорашон ба ин сужаи қадимӣ рамзҳои пур аз муаммо илова намуда кушиш ба харҷ додаанд, ки нақши мусиқиро ҳамчун падидаи зебоӣ ва сози чангро ба сифати нозуктарин созҳои мусиқӣ шарҳ бидиҳанд. Андаке дертар, мусиқишиноси маъруфи қарни ХVII Дарвешалии Чангии Бухороӣ мазмуни ин достони ишқ шоҳонаро ба пуррагӣ дар рисолаи «Туҳфат-ус-сурур» иқтибос оварда, шарҳу тафсилоти зиёдеро низ зам кардааст.

  Дар замони мо композитори маъруфи қарни ХХ устод Мухтор Ашрафӣ дар асоси   ин достонҳо операи «Дилором»-ро офарид (1958), ки баъдан дар соли 1967 дар шакли драмаи мусиқӣ дар театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд намоиш дода шуда буд. Яъне маълум мешавад, ки симои ин бонуи маъруфи чангнавоз – Дилороми Чангӣ таи садсолаҳо дар фазои фарҳангии манотиқи форсизабонон маъруфу машҳур гардидааст ва зимни тавсифи ҷамолу ҳунари Дилором муаллифон асосан рамзи бузургии ҳунари мусиқиро кашф намудаанд.

  Сараввал бояд зикр намуд, ки Баҳроми Гўр на танҳо ба ҳусну ҷамоли зоҳирии Дилором (дар як қатор достонҳо номи ў Озода аст ва навозишкорона Дилоромаш мехонанд), балки бештар ба маҳорати чангнавозии ӯ, ба сеҳру афсуни ангуштони рақсонаш рўи симҳои чанг ошиқ мешавад. Доир ба ин мазмун дар  рисолаи маъруфи «Туҳфат-ус-сурур»-и Дарвешалӣ Чангӣ чунин оварда шудааст (Боби «Зикри Дилороми Чангӣ ва Баҳроми Гўр»): «Аввал касе, ки ба забони форсӣ тараннум намуд, Баҳроми Гўр буд ва он буд, ки ўро маҳбубае буд Дилороми Чангӣ ном, бағоят нуктадону росттабъ ва тезфаҳм. Ба нағмаи чанг дили Баҳромро ба чанг оварда буд, чунон ки соате бе ў дар ҷое диранг наменамуд. Бинобар он, (ӯро) дар ҷамозае ҳавдаҷ карда, бо худ ба шикор мебурд»[1,56].

  Айнан ҳамин мазмунро шоирони классик чунин васф намудаанд:

Аз Низомии Ганҷавӣ:

Дошт бо худ канизаке чун моҳ,

Чусту чобук ба ҳамрикобии шоҳ,

Бо ҳама некуӣ сурудсарой,

Рудсозе, ба рақс чобукпой,

Бештар дар шикору бодаву руд,

Шоҳ аз ў хостӣ симоъу суруд.

Аз Абулқосим Фирдавсӣ:

Дилороми ў буд, ҳам коми ў,

Ҳамеша ба лаб доштӣ номи ў.

  Муаллифони мазкур пайваста таъкид намудаанд, ки Баҳроми Сосонӣ соате бе Дилором зиндагӣ надошт ва ҳамеша ӯро дар паҳлуи худ қарор медод. Ин нуктаи муҳими бадеӣ-эстетикии достонҳои назмиро баъдан мусаввирони машҳур – дар намунаҳои зиёди миниатюраҳои ранга низ  ба қалам овардаанд ва  дар ин асарҳо низ ҳар ҷое, ки Баҳром савори асб тасвир гардад,  ҳатман пушти зини асбаш Дилором  низ бо чангаш ҳузур дорад. Дар баъзе миниатюраҳои дигар Дилором худаш танҳо савори  асб дар паҳлӯи Баҳром тасвир гардидааст. Хуллас, чунин бармеояд, ки ҳамаи мусаввирон ҳамеша ин услуби махсус, яъне тавъам бо Баҳром тасвир намудани Дилоромро чун қоида (дар илми ҳунаршиносӣ – «номос») риоя намудаанд.

 Саволе ба миён меояд, ки оё ин рамзӣ нест? Ба андешаи мо, ин услуби тавъам тасвир намудани шоҳ ва олиҳаи ҳунар қабл аз ҳама маънии онро дорад, ки сарвари асил, марди фозил бояд ҳамеша дар баробари зебоӣ, дар паҳлўи ҳунари қудсиёна ҳузур дошта бошад. Олиҳаи соҳибҷамол ва мутрибаи нозукадо, офарандаи навоҳои ҷаззобу осмонӣ - ин аст манзари таъзими шоҳ Баҳром. Ин ҳам бесабаб нест, зеро  сарчашмаҳои таърихӣ дарак медиҳанд, ки  дар замони салтанати Сосониён дар ҳақиқат ҳунари мусиқӣ ба дараҷаи хеле баланд инкишоф ёфта буд [2, 54-79; 3, 33-55]. Ин гуна таваҷҷӯҳи хосаи шоҳони сосониро махсусан дар давраи Хусрави Парвиз мушоҳида намудан мумкин аст. Он давра дар қатори Борбади Марвазӣ даҳҳо сарояндагону навозандагон дар дарбори шоҳони сосонӣ ҳунарнамоӣ мекарданд ва миёни онҳо номи навозандаи дигари аср - Озодвори Чангӣ (шояд ҳамон Озода ё худ Дилором бошад) машҳур аст.

  Дақиқан муайян гардидааст, ки дар дарбори сосониён гурўҳи хосаи бонувони чангнавоз фаъолият доштанд ва тавассути онҳо ҳунари мусиқӣ ба дараҷаи санъати ҳирфаӣ боло рафт. Онҳо на танҳо таронаҳои ишқӣ, дилхушкунанда, балки достонҳои бузургеро бо номи «Баҳория», «Наврўзнома» (аз ҷумла «Наврўзи Сабо», «Наврӯзи Аҷам») месуруданд, дар маросимҳои мазҳабӣ ва ҷашнҳо ширкат карда, ба мувофиқи муҳтавои онҳо оҳангҳо эҷод менамуданд[2, 56 ].

  Бостоншиносон ҳамчунин падидаҳои сершумореро бозёфт намудаанд, ки аз сатҳи хеле баланди ҳунари мусиқӣ ва иштироки занон дар рушди он дарак медиҳанд. Махсусан инро аз манзараи нодир, ки дар арақаи Ҳайратон (а.IIм.) инъикос гардидааст, мушоҳида намудан мумкин аст. Дар ин арақа симои се нафар занони мусиқинавоз акс ёфтаанд, ки яке дар даст уд, дуюмӣ чанг ва сеюмӣ сози зарбии дуҳулро навозиш намуда гӯё аснои иҷрои оҳанге қарор доранд. Ин арақа ҷузъи меъмории маъбад аст, яъне муқаррар аст, ки  ҳанӯз дар замони кушониён ҳунари мусиқӣ вориди маросимҳои мазҳабӣ будааст [11,170-171]. Академик Б.Ғафуров доир ба санъати  давраи Кӯшониён сухан ронда зикр намуда буданд, ки «маҳз дар санъат заковату фазилат устоёни Осиёи Миёна равшан ҷилвагар мешавад» [11, 175].

   Аз тасвирҳои арақаи Ҳайратон бармеояд, ки занону духтарон дар рушди ҳунарҳои зебо саҳми бузург гузошта будаанд.

  Расми 1

АВВАЛИН СУРУДРО ЗАН СУРУДААСТ...

Ин сухан ҳақ аст ва касе наметавонад ба ин шубҳа намояд. Барои исботи ин ақида шояд зарурати муроҷиат ба таърихи куҳан ҳам набошад, зеро имрӯз низ, ҳар лаҳзаву ҳар соат садои «Алла»-и меҳрубононаи зан, модару хоҳар садо медиҳад. Аз дигар лиҳоз, муқаррар аст, ки  дар доираи фарохи таронаҳои омиёнаи тоҷикӣ ҳар чи оҳанги сўгворие ҳаст, ҳар нолаи ҷигарсўзе ҳаст, он ҳатман маҳз аз ҷониби занҳо суруда шудааст.

Ғайр аз ин бояд ёдовар гардид, ки  тибқи ривоятҳо (аз ҷумла дар «Таърихи Табарӣ») аввалин навҳаи Момо Ҳавво ба ҳазрати Одам аз фироқи ҷаннат буд ва «он навҳа дар мақоми Рост буд» [5,...].. Яъне, маълум мешавад, ки мақоми «Рост»-ро низ (аз «Шашмақом»-и имрўза), ки Абўалӣ ибни Сино ба арабӣ ҳамчун «мақоми мустақим» зикр намудааст (ниг. боби мусиқии «Китоб-уш-шифо»), аввалин маротиба зан сурудааст.

Гузашта аз ин, бори дигар ёдовар мешавем, ки аввалин суруде, ки ба самъи нозуки кўдаки навзод мерасад ва  ўро аз эҳсосоти изтиробангези ҷаҳони атроф раҳоӣ мебахшад, «Алла»-и модар аст. Ҳамин аст, ки садои маҳину мулоим, назокати гарму самимонаи аллахонии  модар дар зеҳни инсон абадӣ нақш мебандад. Кӣ медонад, шояд барои ҳамин ҳам мо бештар ба овозхонии бонувони хушсадо Туҳфа Фозилова, Ҳанифа Мавлонова, Барно Исҳоқова, Раъно Ғолибова, Муқаддас Набиева, Сурайё Қосимова, Наргис Бандишоева,  Гулчеҳра Содиқова ва даҳҳо бонувони хушовози дигар таваҷҷуҳи хоса дорем.

«ДАРГИЛИК» - СУРУДИ ФИРОҚ АСТ...

Бо мурури замон, шояд андаке пас аз пайдоиши дини мубини ислом, мусиқӣ ва сарояндагӣ, махсусан миёни занон, аз шакли дастаҷамъӣ тадриҷан бо услуби инфиродӣ интиқол ёфт, зеро мутобиқи русуми замон минбаъд занон дар маҳфилҳои умумӣ (яъне тавъам бо мардон) ҳунарнамоӣ намекарданд. Дар баъзе ҳадисҳо навохтан ва шунидани садои мусиқӣ (хусусан созҳои мусиқӣ) ҳатто ҳамчун ҳамрадифи кору кирдори  шайтонӣ муаррифӣ мегашт ва шуғли мусиқинавозӣ бо ҳукми шариат манъ шуда буд. Аммо, хушбахтона, ин ҳунари воло, ҳамон мақомсароиҳои ширини Дилорому Озодвор минбаъд пушти пардаҳои ҳарири таърих бештару аксаран, хоса дар маҳфилҳои  занҳои ҳунарманд пайваста идома меёфтанд. Дар сарчашмаҳои таърих як санади хеле аҷиб ва пурмаънӣ гаштаву баргашта таъкид шудааст, ки ҳадиси машҳур оид ба манъи мусиқинавозии занон аст.

Масалан, олим ва мутафаккири бузург Сарроҷи Тўсӣ дар китоби «Ал-ламаъ фи тасаввуф» нақл кардааст, ки боре ҳазрати Пайғамбар (с.а.) ҳамроҳ бо  Умар ибни Хаттоб (р.а.) вориди ҳавлии Оиша шуда диданд, ки он ҷо канизакон машғули сурудхонӣ ва дафзанианд. Ҳазрати Умар (р.а.) дар ғазаб омада, нидо мекунанд: дар хонаи расули Худо мизмори шайтон мезанед? Вале Расули Акрам (с.а.) табассум карда мегўянд: «бимон Умар, охир ҳар қавмеро идест, бигузор навозанд!» [6,274].

Доир ба масъалаи роиҷ будани амали овозхонии занон, ки баъзан дар замони мо низ боиси мубоҳисаҳо мешавад, Имом Ғаззолӣ чунин навишта буд: «Овози занон ҳаром нест, чунончи овози мазомир  ҳаром аст, бал он ҷо ҳаром шавад, ки бими фитна бошад» [12, 814]. Дар мавриди дигар (дар боби «Дар осори самоъ» ) ӯ бе ҳеҷ гуна ҳарос бо ишора ба ҳадиси Пайғамбар (с.а.) чунин фармудааст: «Пайғамбар (с.а.) дар [туйи] арӯсӣ даф задан фармудааст ва гуфтааст: никоҳро зоҳир кунед ва бар он даф занед» [12, 874]. 

Аҷиб аст, ки мундариҷаи ин ҳадис баъдан дар мазмуни даҳҳо рисолаҳои аҳли тасаввуф ва олимони мусиқишинос такроран шарҳ дода шудааст ва шояд барои таҳсини амали оҳангофаринии занони тоҷик такягоҳе ҳам шудааст. Ба ҳар ҳол, аз таҷриба ва маҳсули фаолияти фолклоршиносони тоҷик, ки таи даҳсолаҳои охир ба ҷамъоварии суруду таронаҳо ва навоҳои мардумӣ машғуланд, маълум мешавад, ки сурудҳои асил ва қадимиро метавон бештар танҳо дар иҷрои  занону духтарон сабт намуд. Ин ҳам ҷои тааҷҷуб надорад, зеро айнан модари тоҷик дар тўли ҳазор соли тохтутози қавмҳои  бегона тавонист забони ноби тоҷикиро ҳифз намуда, ба кўдакаш омўзонад ва ба гўши ў суруди қадимиро замзама намояд.

Яке аз қадимтарин мавзеъҳои Тоҷикистон, ки дар он ҷо таронаҳои шояд ҳазорсола бо шакли асилашон ҳифз карда шудаанд, Бадахшон мебошад. Дар байни анвои ҳунарҳои халқии мардуми Бадахшон махсусан анъанаи аз ҷониби гурӯҳи занон дойра задан ва навохтани сози қадимии лабчанг мавќеи хосаро соҳиб аст. Тибқи ин амали ҳунарӣ гурўҳи занон (маъмулан 10-12 нафар) дар айёми баргузории маросими мухталифи мувофиқи одат аснои таваллуди кўдаки навзод бо садои пурҳашамати дафҳои калон ин хабари хушро ба аҳли деҳа мерасонданд. Муҳаққиқони маъруфи ҳунари мусиқии Бадахшон Н.Нурҷонов ва Ф.Кароматов доир ба ин анъанаи наҷиб чунин маълумот овардаанд: «Дар доираи анвои мухталифи мусиқии созии Помир намудҳои махсуси иҷрокунандагии занона маълум аст. Дар ин маврид даф (дар Язғулом – дуфф), яъне шакли хоси маҳаллии дойра, аз қадимулайём ҳамчун сози мусиқии занона маҳсуб меёфт… Ансамбли занони дафнавоз се намуди дафро истифода мекарданд, ки ҳар яке аз онҳо зарбҳои мустақили хешро иҷро менамуд… Дар замони гузашта (имрӯз низ- А.Н.) ин намуд гурӯҳи занони дафнавоз дар айёми таҷлили Наврӯз, аснои пешвоз гирифтани меҳмони азиз, инчунин дар баргузориҳои бозиҳои мардумӣ (гуштин, пойга ва ғ.) ҳунарнамоӣ мекарданд»[7, 8-9 ].

Ин  гуна расми дафзании гурўҳи занон дар тўйи арўсӣ ва дигар базму ҷашнњо низ сурат мегирифт. Таваҷҷуҳ фармоед: худи номҳои мухталифи дафҳо - Гардонак, Пиродаф, Савордаф, Зибодаф ва ғайра шаҳодати онанд, ки дар Бадахшон суннати дафзании гурўҳи занон яке аз рукнҳои бойу пурасрори фарҳанги мардумиро ташкил медиҳад [7,9-10 ]. Дар баробари ин расми машҳури чангнавозӣ  (лабчанг ё қопузро дар назар дорем), ки ҳамчунин дар Бадахшон васеъ маъмул аст, далели решаҳои хеле қадимии ҳунари мусиқӣ ба шумор меравад. Умуман, дар Бадахшон ҳар як маъракаи хурсандӣ ё худ маросими дигар бо иштироки аҳли мусиқӣ ва ҳамчунин дар иҷрои  занон баргузор мешавад. Ин намуди нодири сози мусиқии занона имрӯзҳо низ масалан дар кишвари Олтой, Ёқутистон (Россия), мамолики Шарқи Дур -  Чин, Ҷопон, Корея сози мусиқии мазҳабӣ ба шумор меравад ва то кунун  дар ҷараёни фаъолияти шаманҳо, «бахши»-ҳо (дар Корея бахшиҳоро «паксу» меноманд) васеъ дучор мешавад.

Машҳуртарин суруди бадахшонӣ  «Даргилик» ном дорад, ки онро низ асосан занон месароянд. Аслашро гирем, ин таронаи ҷонсўз замоне аз ҷониби модари меҳрубон ва хоҳари мушфиқ офарида шудааст ва аз ҳасрати ҷудоӣ бо фарзандаш нақл мекунад. Ф.Кароматов ва Н. Нурҷонов, ҳанўз солҳои 60-ум якчанд намунаҳои нодири Даргиликро ба лентаи овоз сабт намуданд, ки баъдан сабти нотавии  онҳо вориди ҷилди махсус гардид [7,42]. Яке аз намунаҳои Даргилик чунин аст:

 Та ҷигарбакен мур бар нилайе,

 Даргиле,

 Ман соз лувуме аз даргилай,

 Даргил, даргиле…  [7,42 ]

    (мазмунан, ба духтараш:  «Ту ҷуробҳои хушранг мебофтӣ, афсӯс, ҳасрат, даргиле… Ман кунун аз ғусса месароям аз ҳасрату ғусса, даргиле, даргил…»).

Олами ҳасрати модар оламест кашфнашаванда, маъмулан чуни наст, ки дарди дили модарро танҳо суруди ҷонсўз метавонад шояд як миқдор ошкор созад ва таронаи мардумии Даргилик намунаест аз ҳамин нолаҳо. Инро бинед, ки дар замонҳои қадим миёни ду соҳили дарёчаи шўхи кўҳӣ чи қадар фироқу ҳасратҳо аз дурии хешовандон баён карда шудаанд. Мазмуни сурудҳои даргиликро аксар воқеаҳои ҳаётӣ ташкил мекарданд, зеро баъзан ба ҷониби деҳаи он сӯи соҳил фирор кардани духтари ҷигарбандаш (масалан баъд аз тўйи арўсӣ) дар аксари ҳолатҳо фироқи абадӣ буд, зеро бар асари набудани равуои доимӣ модар дигар рўи духтарашро намедид. Ф.Кароматов ва Н.Нурҷонов доир ба ин аҳволи вазнин қайд намудаанд, ки «ағбаҳои кӯҳӣ ва  дарёҳои пурталотум ин мавзеъро аз олами берун ҷудо намуда буданд… Баъзе деҳаҳо миёни якдигар алоқаи рафтуомадашон хеле душвор буд ва ҳамаи ин ба вазъи эҷодиёти шифоҳии мардум ва умуман ба санъати халқ бетаъсир буда наметавонист» [7,5].

Ин лаҳза мехоҳем ба ҳаводиси рӯзгори нави мардуми тоҷик муроҷиат намоем. Дар авохири қарни гузашта чунин руйдоде ба амал омад, ки дар асари он мардуми моро як муддат гирифтори  ҷудоиҳо шуданд. Ҳамон рӯзҳо дар он сўи дарёи Панҷ даҳҳо ҳазор фарзандони модари тоҷик дар муҳоҷират афтоданд, фироқи ёру диёр ва меҳри кишварои азиз вирди забону лаҳни нолаҳояшон шуд. Ёдовар мешавем, ки ана дар ҳамин соати душвортарини таърих барномаи машњури радиои Тоҷикистон бо номи «Хоки Ватан» ҳар шаб маҳз бо иҷрои  суруди Даргилик оғоз мегардид. Садҳо модарон ба назди микрофон омада, аз дилу ҷигар фарёд мезаданд, навҳа мекарданд ва фарзандони хешро ба бозгашт мехонданд, аз он суйи соҳил бошад ҳазорон муҳоҷирони иҷборӣ гӯш ба садои радио медоданд ва ҳасрати бозгаштро эҳсос менамуданд.

Яъне ин рӯзҳо суруди ҳазорсолаи модари тоҷик, навҳаи ҳасратангези Даргилик дар лаҳзаи зарурии таърих дарди фироқи миллатро давобахш гардид ва ба омили бузурги даъват ба бозгашт табдил ёфт. Ин аст қудрати суруди зан, ин аст таъсири бе мислу монанди навҳаи модар...

СОЗАНДАҲОИ БУХОРО

Дар фазои фарҳангии халқи тоҷик мусиқии маҳфилҳои занон, сурудҳои занону духтарон ҳамеша чун яке аз машҳуртарин намудҳои ҳунари ҳирфаӣ ба шумор мерафт. Тибқи анъана тайи садсолаҳо маҳфилҳои хушу хурсандӣ, базму идҳоро занон берун аз маъракаи мардон баргузор мекарданд. Бино ба ахбори олимони мардумшинос, ҳатто дар ҷараёни маъракаҳои хоси мазҳабӣ (масалан, Бибӣ Сешанбе ва ғайра) баъзан сурудхониву хурсандӣ ҷой дошт. Яке аз мардумшиносони маъруф  А.Троицкая, ки дар оғози қарни ХХ дар яке аз маҳаллаҳои қадимии шаҳри Тошканд дар маҳфили «Зикр» (бо иштироки Отун-бибӣ), ки дар «ҳавлии дарунӣ» (пӯшида) баргузор гардида буд  ширкат намуда менависад, ки дар интиҳои маърака, баъд аз оятхониҳои дуру дароз ва истеъмоли хўрок, як гурўҳи занон беихтиёр ба сурудхониву рақс оғоз намуданд ва чанд лаҳза хеле хурсандӣ карданд [8,191 ].

Дар Бухоро айнан ҳамин гуна маҳфилҳои занона ҳамеша бо иштироки созандаҳо сурат мегирифтанд ва маҳз ҳамин маҳфилҳо майдони рушду нумуи суруду таронаҳои мардумӣ маҳсуб меёфтанд. Муҳаққиқон нигоштаанд, ки «ҳунарнамоии созандаҳо барои занони Бухоро воситаи асосӣ ва шояд ягонае барои  фароғатату дилхушӣ ба шумор мерафт. Созандаҳои машҳур Ёқуб Озар, Амбари Ашк, Гули Сурх (имрўз авлодаш дар Эрон аст), Мукаррама, Тил¬ло, Латофатхон ва дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки воқеан офарандаву тарғибгари силсилаи  аҷоиби таронаҳои тоҷикӣ ба шумор мерафтанд.

Бидуни ширкати созандаҳо  ягон намуд маъракаи хурсандӣ – тӯйҳову маъракаҳои дигари оилавӣ баргузор намешуданд ва маҳз чунин маҳфилҳо маншаи бузурги фаолияти фарҳангиву маънавӣ маҳсуб меёфтанд» [9, 36 ]. Ин ва дигар маълумоти дақиқи таърихӣ, ки аз ҷониби олимони санъатшинос мавриди таҳлил қарор гирифтаанд, бараъло далели онанд, ки занону духтарони тоҷик дар даврони гузашта низ, қатъи назар аз вазъи душвори иҷтимоӣ (маҳдуд гардидани ҳуқуқу озодиҳояшон), дар ҷараёни ташаккули ҳунарҳои бадеӣ саҳми бузург гузоштаанд [9,114].

Ҳамзамон бояд ба алоҳидагӣ зикр намуд, ки яке аз бузургтарин сарояндагони қарни ХХ, устоди ҳунар, Ҳунарпешаи мардумии Иттифоқи Шӯравӣ Тамара Хонум ҳанўз дар овони ҷавониаш аз ҳунари созандаҳои тоҷик малака омўхта баъдан дар саҳнаи касбӣ ин ҳунарро ба миллионҳо мухлисони мусиқӣ манзур намуда буд. Имрўзҳо ҳам як гурўхи начандон калони созандаҳои Бухоро дар Амрико ҳунарнамоӣ мекунанд.

Аз хусуси мавқеи зан дар олами мусиқӣ сухан ронда, дар ҳеҷ сурат наметавон номи суханварони шаҳири тоҷик Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Дилшоди Барно, Зебуннисоро ёдовар нашуд. Охир, шеъри тоҷикӣ ҳамеша тавъам бо мусиқӣ буд, шояд ҳар як сатри он аз замири шоир зери садои ниҳонии ин ё он оҳанги классикӣ эҷод мегардид.

ҚАРНИ ХХ - ЗАМОНИ ИФШОИ РОЗҲОИ НИҲОНӢ

Бузургтарин намунаи таъзими пурфутуввати мардони замонро (ва шояд ама мардони соҳибхиради тоҷикро) устод Мирзо Турсунзода дар достони «Ҷони ширин» бо маҳорати томи шоирона ва самимияти волои инсонӣ ифода намудаанд. Маҳз дар қарни ХХ зан, модар, хоҳари мо дар фазои озод воқеан ҳамқадами замон шуд. Метавон тасаввур кард, ки аслан садҳо инқилоби сиёсиву фарҳангӣ назди ин тағйироти бузурги таърихӣ ҳеҷ буд, зеро дар як муддати хеле кутоҳи таърих аз байни занони тоҷик садҳо олимону шоирон, қаҳрамонони заҳмат, табибон, қаҳрамонони варзиш, балеринаи оламгир ба арсаи ҳаёти иҷтимоӣ баромаданд ва ифтихору шуҳрати моро боз ба чаҳониён арз карданд. Композитори маъруф Заррина Миршакар назокати мусиқии кўҳистони Бадахшонро ба лаҳни симфонияҳои нав ифода намуд.

Дар ҳамон давра дар олами мусиқӣ воқеаи бузурге рух дод, ки шояд мо то имрўз ба дараҷаи кофӣ ба қадраш нарасидаем. Маълум аст, ки ҳанӯз соли 1940 дар ҳайати филармония навтаъсиси  Тоҷикистони ҷавон дастаи нави ҳунарӣ - Ансамли бонувони рубобӣ ташкил карда шуд, ки рамзи таърихии эҳёи суннатҳои кадимиро дошт.  Ин гурӯҳи нодири ҳунарӣ таҳти сарварии устод Д.С.Айрапетянц аз ҳисоби хатмкунандагони омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд фавран ба фаолияти эҷодӣ оғоз намуд [10, 38]. Идомаи таронањои Дилором ё Озодвори Чангї, лањни тозаи ашъори Дилшоду Зебуннисо, суруди озоди зани озоди тоҷик - ҳамаи ин рамзҳоро ҳунармандони ин ансамбл тайи даҳсолаҳо бо ҳунари баланд таҷассум карданд. Расми 2

Дар Тоҷикистони имрӯза бузургтарин сарояндагони жанри фалак низ дар байни занон хеле машҳуран. Масалан, овозхони маъруф Гулчеҳра Содиқова намунаҳои фалакиро моҳирона месарояд ва дар ниҳоди сурудҳояш он қадар рамзҳои дардошно дорад, ки шунаванда боз ҳам беихтиёр ғарқи дарёи хаёл шуда, ботинан гӯё ба фазои замонҳои қадим парвоз мекунад. Ин лаҳза ҳеч созе нест, ҳеҷ васоити техникӣ нест (аз қабили микрофону синтезатору ғайраву ҳоказо), танҳо овози дилрасу форам, самимияти қалби сароянда аст ва шумо мафтуни оҳанги фалак мешавед. Расми 3

Марғулаи овози бонуи маъруфи ҳунари мусиқӣ Шоиста Муллоҷонова то имрўз дар гўшу дар зеҳни мост, сабтҳои сурудҳои Муслима Боқиева, Раъно Ғолибова ба фонди заррини фарҳанги мо табдил ёфтаанд. Дарди дили мардуми шеърдўсту фарҳангшиноси моро дар нолаҳои Барно Исҳоқова равшан метавон дарёфт. Афсӯс, ки ӯ баробари аср аз бари мо рафт, нолае карду рафт. Зеру бами тоҷиконаи тараннумҳои он олиҳаи суруд назокате доштанд ва хеле дардошно буданд. Имрўз бонувони соҳибовозамон Нуқра Раҳматова, Нигина Рауфова, Мастона Эргашова, Хосияти Зарафшонӣ, Ҳаётой Муъминова, Озода Ашўрова, Моҳрухсор Сафиева, Луҳира Мӯминова,  Шабнами Сурайё, Лола Азизова ва даҳҳо овозхонони дигар идомаи сабқати ҳунарии қарнҳоро бар дўш доранд.

Ҳазор шукри тақдир, ки дар қалби модарону хоҳарони мо лаҳни миллатсози мусиқии тоҷик маъво гирифтааст. Зиҳӣ шири ҳалоли модари тоҷик, шире, ки забону алҳони миллии моро ҳифз намуда, ганҷинаи миллати соҳибистиқлоли тоҷик гардонд. Ин забону ин алҳон кунун яке аз рукнҳои ҳамин истиқлолият аст ва саҳми зан, гармии ин оташи абадӣ кўҳест азим, баҳрест беканор ва эҳсосест воло.

Аслиддин Низомов

доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор

 

Адабиёт

  1. Дарвешалӣ Чангии Бухороӣ. «Туҳфат-ус-сурур» [Рисолаи мусиқӣ].-Душанбе: «Дониш», 2022, 512 саҳ. (бо иловаи суратнусхаи дастнависи рисола).
  2. Аслиддин Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик.- Душанбе: Истеъдод, 2018.- 400 саҳ.
  3. Ғуломризо Ҷаводӣ. Мусиқии Ирон (аз оғоз то имрӯз, ҷ.1). –Теҳрон: 1380.
  4. Наршахӣ Абубакр. Таърихи Бухоро. Душанбе, 1979.
  5. Таърихи Табарӣ. Душанбе, 1992.
  6. Саррољи Тўсї. «Ал-ламаъ фи тасаввуф (Боб дар васфи самоъ)». Лейден, 1914. (аз арабї тарљумаи мо).
  7. Ф.Кароматов, Н.Нурджанов. Музыкальное искусство Памира (книга первая). Душанбе , 2010.
  8. Троицкая А. Из прошлого каландаров и маддахов в Узбекистане.//Домусульманские верования и обряды в Средней Азии. - М., 1986.
  9. Н.Нурджанов. Театральная и музыкальная жизнь столицы государства Саманидов (XIX-XXвв.).-Душанбе, 2001.-290стр.
  10. Муминова Х.А. Вклад женщин в развитии музыкальной культуры Таджикистана (вторая половина 20 и начало 21 вв.). Душанбе: «Истеъдод» - 2018.- 142стр.
  11. Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе: «Ирфон», 2010, 870с.
  12. Ғаззолӣ Абуҳомид. Иҳё улум-ад-дин (ҷ.2).-Теҳрон, 1359.
Хондан 1836 маротиба