Ҳамин тариқ, барои пойдории як давлат мавҷуд будани артиши он зарур ва ҳатмист. Яъне давлат ё давлати соҳибихтиёр бевосита шакли давлатдории худ, сохти давлатдорӣ, мақомҳои ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ, низоми молиявӣ ва ҳудудии худро муайян менамояд. Давлати соҳибихтиёр кафили амният дар кишвар аст, дорои артиши миллӣ мебошад, ки ҳимоягари сохти конститутсионӣ ва якпорчагии давлат аст. Хусусияти асосии давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи баромад намудан дар арсаи ҷаҳонӣ ва шомил гардидан ба ташкилотҳо ва созмонҳои минтақавӣ, фароминтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад, ки дар он бевосита манфиатҳои миллӣ ва давлатии кишвар ҳимоя карда мешаванд. Имрӯз ду нишонаи асосии давлати соҳибихтиёр маълум аст, ки он - тамомияти арзию ҳудудӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, артиш низ мақоми давлатиест, ки барои таҳкими ҳокимияти сиёсӣ, амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ, аз он ҷумла ҳифзи тамомияти арзиву ҳудудӣ аст, ки аз қувваҳои мусаллаҳ иборат мебошад. Маҳз ҳамин нукта дар Моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад».[3]
Дар навбати худ артиш як институти иҷтимоӣ аст. Танҳо аз дигар институтҳои иҷтимоӣ аз он ҷиҳат фарқ мекунад, ки худ мақомоти давлатӣ аст, иқтидори ҳарбӣ дошта, қувваҳои мусаллаҳ дар ихтиёраш мебошад. Вазифаҳои асосии артиши як давлат, таъмини ҳокимияти сиёсӣ, барҳам додани низоъҳои дохиливу хориҷӣ, ки ба пойдории давлат таъсир мерасонанд ва аз ҳама муҳим ҳифзи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҳамин тариқ, дар Моддаи 2 қонуни мазкур вазифаҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар зикр гардидаанд, ки гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунанд: «Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
-зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;
- ҳифзи фазои ҳавоии давлат;
- муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;
- ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ; (қҷт 28.12.05 №141)
-иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд (қҷт 28.12.05 №141).[3]
Имрӯз мо шоҳидем, ки дар баробари ба даст овардани истиқлолият, артиши миллӣ низ таъсис гардид ва тадриҷан пуриқтидор гардида истодааст. Барои тақвият ва рӯҳан қавӣ гардондани артиши миллӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ зарур буд ва мемонад. Хуб аст, ки сурудҳои ҳарбӣ, дар ҷузъу томҳои артиши миллӣ садо медиҳанд, ҳама гӯё аз ватанпарастӣ ва ифодакунандаи далериву шуҷоатмандӣ аст.
Агар мо назаре ба таърих кунем, пас ин падида баръало намудор будааст. Дар таърихи давлатдории тоҷикон артиш нақши муҳимро иҷро намудааст. Халқи шарафманди тоҷик ҳамеша бар зидди истилогарони аҷнабӣ истодагарӣ карда, барои нангу номуси миллӣ, ҳифзи шарафу поктинатӣ ва марзу буми кишвараш ҷонбозиҳо намуда, қаҳрамониҳо нишон додааст. Дар раванди таърих, тоҷикон ҳамеша чун «Исмоили Сомонӣ девори Бухоро» буда, дар ҳолати омодабош қарор доштааст, то марзу бум, нангу номус, шараф ва забону фарҳангашро муҳофизат намояд. Гарчанде ки ин миллати куҳанбунёд дар раванди таърих сабақҳои талх гирифтаасту рӯзгор аксар вақт бар муродаш набудааст, аммо аксар бурду бохтҳоро аз сар гузаронида, вуҷудияти худро то ба имрӯз ҳифз намудааст. Ин миллат парчамдорон ва фарзонагони зиёде доштааст, ки барои марзу буми кишвар ҷонбозиҳо намудаанд. Ба қавли Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар корзор баҳри ҳифзи марзу бум ҷон нисор кардан ин қаҳрамонист:
Ҳама рӯй яксар ба ҷанг оварем,
Ҷаҳон бар бадандеш танг оварем.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Беҳ аз он ки кишвар ба душман диҳем.
Чунин гуфт муъбад ки мурд ба ном,
Беҳ аз зинда душман бар ӯ шодком.
Агар кушт хоҳад туро рӯзгор,
Чи некӯтар аз марг дар корзор.
Ҳамин тариқ, халқи шарафманди тоҷик таҷрибаи бои давлатдорӣ, ки артиши он яке аз ҷузъҳои ҷудонашавандаи ҳар як давлат мебошад дар раванди таърих доштааст. Худ «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, умури маъмурӣ-давлатдории Сомониён далели ин гуфтаҳост. Ҳолатҳое буда, ки чанд нафар мардони кордидаву корозмуда аз ҳазорҳо нафар афзалият доштаанд:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
Воқеан ҳам вазни шеърие, ки «Шоҳнома» ба он суруда шудааст, гӯё аз набарду пайкор ва талошу кӯшиш баҳри ҳифзи ору номус, шараф, ҷавонмардӣ ва саодатмандист.
Чуноне қайд намудем, баъд аз ба дастовардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон артиши миллии худро таъсис дод. Албатта дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар шароити буҳронии ҷанги шаҳрвандӣ мушкилиҳои зиёде дар ин самт буданд. Танҳо хирад ва масъулияти бузурги сарвари кишвар - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз артишҳои пуриқтидори замонавӣ табдил гардад. Вобаста ба ин узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон чунин меорад: «Бояд тазаккур дод, ки хизматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ ва сохтору воҳидҳои низомӣ дар он таҷассум меёбанд, ки ҳамчун Сарвари сиёсӣ тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ стратегияи мушаххасеро ба кор баранд, ки тибқи он, аз як тараф, мубориза бо қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташакили ҷиноӣ аз ҷониби дигар, созмон додани Артиши миллӣ муайяну мушаххас карда шуд».[1]
Имсол аз таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Дар баробари рӯ ба рӯ гардидан бо таҳдид ва хатарҳои замони муосир зарурат пеш меояд, ки артиши миллии кишвар таҳким ва тақвият ёбад. Дар сурате, ки дар Моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд»,[2] пас давлат кафили амнияти шаҳрвандон, таҳкимбахши пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолият ва марзу бум мебошад.
Аз ин рӯ, мардуми шарифи ҷумҳурӣ дар асоси хизматҳои шабонарӯзӣ ва сангини артиши миллии кишвар метавонанд осудаҳолона кору зиндагӣ кунанд. Мо бояд хизматҳои шабонарӯзии муҳофизони кишварро қадр намоем ва ба онҳо аҳсан гӯем. Дар баробари ин хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар низ вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон мебошад.
Зокирзода Н.
номзади илмҳои фалсафа
Адабиёт
- Абдураҳмон Муҳаммад. Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. //https://khovar.tj/2023/02/emomal-ra-mon-bunyodguzori-artishi-millii-um-urii-to-ikiston/
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моддаи 5. - Душанбе «нашриёти Ганҷ».2016. С.5
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. // https://majmilli.tj