JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 16 Феврали 2023 11:51

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили сулҳу субот ва сипари боэътимоди Ватан

Муаллиф: Насруллоев Хайриддин
  23 феврали соли равон аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Имрӯзҳо ин ҷашни муборак ба маънои том ба иди умумихалқӣ табдил ёфта, дар қалби ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳсоси ватанпарварӣ, мардӣ, ҷасурию ифтихорро бедор менамояд. Тавре дар моддаи 43-юми Конститутсия муқаррар шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрвандии мо ба ҳисоб меравад».
Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис дода, дар роҳи таъмини оромию осудагӣ ва амнияти кишвар ҷидду ҷаҳд намуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфт, ки дар кишвар низоъҳои дохилӣ ба миён омада буданд. Иштироки фаъолонаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат, дар натиҷаи руҳияи баланди ватанпарварӣ, малакаи баланди ҷангӣ, садоқат ба принсипҳои соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ ва хизмати фидокорона ба мардум имконпазир гашт. Ҳамин тариқ, марҳила ба марҳила ва зина ба зина Қувваҳои Мусаллаҳ комилтар ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифозат ва нигаҳдории кишвар ва оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд ва ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфт.
  Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи Артиши миллии кишвар аз зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор, ҳифзи фазои ҳавоии давлат, муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ, ташкилу пешбурди мудофиавии ҳудудии давлат ва инчунин аз иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд, иборат мебошад.
  Ҳаминро бояд қайд намуд, ки имрӯз сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳалли баҳсҳои минтақавию байналмилалӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид ва дипломатӣ равона шуда, ҷонибдори ҳамкорию муносибатҳои неки сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ бо ҳамсоягони худ ва ҷаҳон мебошад. Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, аз соли 1997 шурӯъ карда, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайваста дар тамринҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир саҳми муносиби худро гузоштааст.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш хеле бамаврид таъкид намуда буданд, ки «Бо дарназардошти вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза ва торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла, терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин, дастрасии гурӯҳҳои террористӣ ба яроқу аслиҳаи муосир, Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишварамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст».
  Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон ва ҳифзи суботи сиёсӣ, ҳамчун омили ҳалли баҳсҳои минтақавӣ доим омода мебошанд.
 
 
Насруллоев Хайриддин 
 ходими илмии шуъбаи ҳуқуқи б
айналмилалии ИФС
Ҳ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Хондан 1677 маротиба