JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 15 Феврали 2023 11:49

Кафили зиндагии осоишта дар ҷаҳон

Муаллиф: Рустам Ҳайдаров

  Моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд,  якдилона қабул кард. Ташаббуси навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро  153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд.Қабули чунин як Қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид боиси ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.

  Дар асоси ин Қатънома  21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  ва соли 2025  Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расид.Ин ташаббуси Пешвои миллат барои инсоният   ва сайёраи мо  воқеан аҳамияти   бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиат ва  захираҳои обӣ,  дар маҷмуъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар  сайераи мо  равона шудааст.

 Мувофиқи арзёбии  олимон, тақрибан  даҳ  аз сади  масоҳати Заминро пиряхҳо,яъне барфҳои бисьёрсола фаро гирифтаанд. Ин  ҷисмҳои азими ях  бо вазнашон водиҳоро буридаву ба кӯҳҳо фишор овардаву ба қитъаҳои гуногуни Замин таъсир мерасонанд ва 80 аз сади захираи оби ширини сайёраро дар худ маҳфуз  медоранд. Нақши пиряхҳо дар эволютсия ё худ таҳаввулоти кураи Замин ва инсоният  хеле бузург аст.

  Калонтарин марказҳои пиряхшавии муосир дар Замин инҳоянд:  пиряхе, ки  190 сол пеш дар Антарктида кашф шуда буд ва дорандаи рекорди ҳарорати ҳадди ақал( 89,4 дараҷаи  зери сифр);Гренландия, ки «дили яхбаста»-и нимкураи Шимолӣ дониста шудааст;пиряхи галаҷазираҳои Арктикаи Канада ва Кордильер, ки ин ҷо яке аз марказҳои пуриқтидори пиряхшавии Аляска воқеъ аст; низ майдони азими пиряхшавии қаторкӯҳҳои Ҳимолой ва Тибет дар Осиё; кӯҳҳои Помир ва  кӯҳҳои Анду Тиён-Шон. Пиряхҳо инчунин дар Мексика, Африқои тропикӣ (кӯҳи  Килиманҷаро, кӯҳи Кения ва кӯҳҳои Рвензори) ва Гвинеяи Нав мавҷуданд.

  Инкишофи мухити ҷуғрофии  кураи Замин бо мувозинати гармӣ ва намнокӣ муайян карда мешавад, ки он ба ҷараёни шаклгириву тағйирёбии пиряхҳо сахт вобаста аст.Пиряххо ҳангоми паст шудани ҳарорати ҳаво ва зиёд шудани боришот ба иқлими Замин таъсир мерасонанд. Пиряхҳо бо фишор ба  ҷинсҳои зеризаминӣ релефи рӯи заминро дигаргун мекунанд.  Аз ин рӯ, инсониятро зарур аст,ки  ба обшавии пиряхҳо роҳ  надиҳад. Дар сурати обшавии пиряхҳо ҳарорати миёнаи солонаи Замин метавонад баланд гардад ва  ба ҳаёти инсоният таъсири манфӣ расонад.Гузашта аз ин,пиряхҳо  манбаи асосии оби ошомиданианд  ва захираи ягонаи оби тозаи сайёраро ташкил медиҳанд. Ин воқеъият на танҳо барои аҳолии Замин, балки барои ҳайвоноту наботот ҳам сахт муҳим аст. Пиряхҳо дарёҳои нав ба вуҷуд меоваранд, ки бидуни онҳо  рушди зироаткорӣ  ва таъмини инсоният бо ғизо дар ҷаҳон имконнопазир аст.

  Пиряхҳо аз ҷиҳати андоза ва шакл хеле фарқ мекунанд. Банамуна 75 аз сади масоҳати Гренландияро ва  қариб ҳамаи сатҳи Антарктида  дар дасти пиряхҳо ишғол мекунанд. Майдони пиряхҳо  дар ин  ҷойҳо ба ҳазорҳо километри мураббаъ мерасад. Бузургтарин пирях  дар  Аляскаи Амрикои Шимолӣ  кашф шудааст. Ғафси бузургтарин пирях дар ҷаҳон 4330 метрро ташкил медиҳад. Он дар Антарктида дар наздикии истгоҳи Ричард Берд ёфт шудааст. Мувофиқи таҳқиқоти олимони соҳа, суръати ҳаракати пиряххо хурд буда, дар як шаборӯзӣ  32 метр будааст. Пиряхи Таку дар Аляска дар давоми 52 сол бо суръати 106 метр дар як сол ҳаракат кард.

  Пиряхи  56-километрии Ботур дар Покистон, ки роҳ ба он вобаста ба обу ҳаво ва вазъи ҷисмонии  кас  то ба   панҷ рӯз давом мебарад, пиряхи  60-километрии Йостедал, дар Нурвеж (Норвегия),  пиряхи  61- километраи Инилчек  дар Тиён-Шони Чин ҷойгир, пиряхи 62-километрии Балторо ва пиряхи 63-километрии Биафо  боз ҳам  дар Покистон, пиряхи 66 километраи  Бригген дар Чили, пиряхи 75-километраи   Сиачен дар ҳудуди  Покистону Ҳиндустон, пиряхи 77- километраи  Федченко дар Тоҷикистон,пиряхи  122-километраи Ҳаббард дар қисмати обии халиҷи Аляска  ва пиряхи 400-километр Ламберт-Фишер  дар Антарктида аз бузургтарин пиряхщои сайёра дониста шудаанд.

  Илме, ки бо  омузиши  пиряхҳо  машғул аст, глятсиоложи  ё худ пиряхшиносӣ  меноманд. Глятсиоложи  ҳамаи навъҳои  яхро дар атмосфера, гидросфера ва литосфера меомӯзад.Глятсиоложии муосир аз пайдоши  назарияи асрҳои яхбандӣ, ки дар нимаи аввали асри XIX аз ҷониби  Жан Луи Агассиз пешниҳод шудааст,оғоз меёбад . Эътирофи назарияи асрҳои яхбандӣ дар соли 1893 ба рушди табиатшиносии муосир таъсири чашмгир расонд.

  Дар даҳсолаҳои охир дар ҷаҳон  баландшавии мизони миёнаи ҳарорат  дар ҷаҳон ба мушоҳида мерасад. Ин  падидаи ба “натиҷаи амали гармхонаҳо”, ки  ба ифлосшавии ҳаво иртибот дорад, вобаста аст. Саранҷоми ин рухдод  обшавии пиряхҳо ва хеле кам шудани майдони онҳо мебошад.Имрӯз дар тамоми ҷаҳон пиряхҳо босуръат кам мешаванд. Тахмин мезананд, ки то соли 2100 нисфи пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт. Тақрибан 1,5-2 миллиард нафар одамоне, ки дар кишварҳои мухталифи Осиё, Аврупо ва Амрико зиндагӣ мекунанд, ба душвории камбуди об дучор мегарданд ва дарёҳое, ки аз  пиряхҳо сарчашма доранд, хушк мешаванд. Дар баробар, сатҳи баҳрҳо,уқёнусҳо баланд шуда, заминҳои назди  соҳилҳо  зери об  мемонанд. Ва ин падидаи фоҷеабор,  ба рушди зироаткорӣ  ва зиндагии мардум таъсири  бад мерасонад. Яъне  обшавии пиряхҳо  башарро бо  афзоиши   масоили глобалии экологӣ   рӯбарӯ месозад.

  Таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидои асри XXI  ба   ҳалли масоили глобалии экологӣ хеле афзуд. Ин падида аз он мегӯяд, ки инсоният   масъалаи  коҳиш ёфтани захираҳои  ҳавои тозаву обро дарк карда истодааст. Инро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқ мекунанд.Таҳқиқотҳо манзараи нигаронкунандаи вазъи захираҳои табиӣ ва дурнамои онро  пеши назар  меоваранд. Яке аз таҳдидҳои глобалӣ  ба зиндагии башар коҳиши  захираҳои об мебошад. Мушкилоти истифодаи об дар ҷаҳон ба омили муҳими таъсиргузор ба иқтисодиёту иҷтимоиёт, инчунин таъмини амнияти  минтақавӣ ва миллӣ табдил ёфта истодааст. Бо дунболи зиёдшавии шумораи аҳолӣ дар сайёраи Замин ҳаҷми истеъмоли об низ зиёд гардид. Захираҳои обӣ  аммо рӯзафзун  кам  мегарданд.

  Истеъмоли об дар ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаи саноат дар тӯли зиёда аз 100 сол бо суръат афзоиш меёбад. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид,тақрибан 700 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар шароити норасоии оби тоза зиндагӣ ба сар мебаранд. Ба гуфти олимон, то соли 2025, дар сурати  наандешидани чораҳои таъҷилӣ,  ҳудуди 3 миллиард нафар бидуни оби ошомиданӣ ва маишӣ мемонанд. Тақрибан дар байни солҳои 2035 ва 2045 ҳаҷми оби тозаи истеъмолшуда ба захираҳои он баробар мешавад. Тибқи аснод танҳо 2,5 аз сади  оби  мавҷуд дар Замин  ширин  ва муносиб ба нӯшидан аст. Норасоии оби тоза метавонад боиси мушкилоти ҷиддии иҷтимоии марбут ба саломатии инсон гардад. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, 88 аз сади бемориҳо дар ҷаҳон вобаста ба  сифати пасти оби ошомиданӣ ва  камбуди об барои поккорӣ будааст.

  Мисолҳои зиёде аз боиси даргириҳои мусаллаҳонаи байни давлатҳо гардидани камбуди об мегӯянд. Дар даҳсолаи охир ин гуна ихтилофҳо  дар 46 кишвари ҷаҳон,ки  2,7 миллиард аҳолӣ доранд, рух додааст ва дар 56 кишвари дорои 1,2 миллиард аҳолӣ хатари ҷиддии бесуботии сиёсӣ вуҷуд дорад. Ба вежа, бо бад шудани  муҳити зист ихтилофи миёни давлатҳои минтақаҳои Шарқи Наздику Миёна, Осиёи Миёна ва Африкаи Шимолӣ зиёд хоҳад шуд.

  Захираҳои маҳдуди об дар ҳавзаҳои дарёҳо  рақобати миёни кишварҳо тезу тунд мегардонад.Эҳтимоли  сар задани ихтилофҳо бар асоси манфиатҳои иқтисодӣ миёни давлатҳои ҳамсоя,ки дар саргаҳ ва резишгаҳи дарёҳо ҷойгиранд, ба маротиб меафзояд Дар ин шароит зиддиятҳои баста ба камбуди об махсусияти  байналмилалӣ мегиранд ва оқибатҳои эҳтимолии муборизаи миёни давлатҳоро пешгӯӣ кардан душвор аст.

 Имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати муосири мансуб ба об ва роҳу усулҳои илман асосноки ҳалли мушкилоти он зарур мебошад. Дар ин замина, сиёсати об бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб равад. Он бояд дастгоҳи асосӣ барои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ва амалисозии ҳадафҳои  миллӣ бошад.

  Омӯзиши амиқи масоили  ҳалли мушкилоти обӣ, сиёсати одилонаи марбут ба он дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дарки нақш ва таъсири он ба равандҳои геполитики муосир дар минтақа имрӯз хеле мубрам ва муҳим аст.Мақсад аз зикри нуктаҳо, равшан намудани  мазмуну моҳияти иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об  ва истифодаи муассиру оқилонаи он буда, ҳадафи калидии онҳо, ба фикри мо, ҳалли яке аз  мушкилоти умдаи башарият, яъне раҳоӣ аз буҳрони обӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони ҷаҳонишавии  олами муосир гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ буда, буҳрони марбут ба оби тоза аз ҷумлаи муҳимтарин ва мушкилтарини онҳост.

  Чуноне ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028»,   моҳи  июни соли гузашт, дар шаҳри Душанбе изҳор намудаанд,Тоҷикистон аз гармшавии глобалӣ садҳо миллион доллар зарар дидааст. Ба андешаи Сарвари давлат, тағйироти иқлим ва оқибатҳои он ба иқтисоди ҷумҳурӣ хисороти ҳангуфт меорад, зеро Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ буда,  пиряхҳои зиёд дорад.Дар натиҷаи ин раванд  афзоиши бесобиқаи обхезӣ, хушксолӣ ва дигар офатҳои табииро мушоҳида мешаванд.Тайи чанд даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон беш аз як  ҳазор пирях об шуда, пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст.Дар ин робита, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро дар давраи то соли 2030 қабул намудааст. Бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо, Ҳукумати Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дод. Қобили зикр аст,ки масоҳати пиряхҳо  ҳашт аз сади қаламрави кишварро ташкил медиҳад.

  Аз ин лиҳоз ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои  миллат  оид ба  ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон  ин давоми мантиқии  ташаббусҳои марбут ба ҳифзи захираҳои об дар ҷаҳон  мебошад. Бо  ибиктори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби пок, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”,  соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”  эълон намуд, ки мақсад  беҳтар намудани истифодаи об ва риояи адолат  дар  раванди дастрасӣ ба оби ошомидани дар миқёси ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд, дар ҳалли мушкилоти об ҳам дар саросари ҷаҳон ва ҳам дар кишварҳои алоҳида мусоидат карданд.

  Ҳамаи ин ташаббусҳои Пешвои  муаззами тоҷикон ҷаҳон танҳо як  ҳадаф доранд –бунёди минбари универсалї ва бисёрҷанба барои муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои  оқилонаи ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об. Муаллифи ҳама ташаббусҳои ҷаҳонии  марбут ба захираҳои об Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо андешаҳои созандаи худ дар соҳаи истифодаи  захираҳои об  обрӯву мартабаи байналмилалии Тоҷикистон боло бурд. Тавре  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медоранд: «Об дар рушди инсоният нақши ҳалкунанда дорад. Мардум аз қадимулайём дар наздикии сарчашмаҳои обе маскан гирифтаанд, ки ҳаёту ободӣ мебахшанд. Воқеан, об сарчашмаи ҳаёт аст ва инсоният  ҳамеша онро ҳамчун сарвати муқаддас ситоиш ва васф кардааст. Дар шароити кунунии афзоиши босуръати аҳолӣ, рушди иқтисод ва таъсири дигар мушкилоте, ки сарбории изофӣ ба захираҳои табииро эҷод мекунанд, арзиши об ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт”. Аз ин рӯ, роҳандозии муколамаи созанда дар мавзӯи об, рушди дипломатияи об, ташаббусҳои нави  марбут ба захираҳои об  ба мисли эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»метавонад барои ҳамкории дарозмуддати кишварҳо дар соҳаи истифодаи  захираҳои обӣ шароит фароҳам оварад ва дар оянда низоъҳои марбут ба ин мушкилро пешгирӣ намояд.

  Дар қатъномаи мазкур аҳаммияти пиряхҳо  барои дурнамои рушди инсоният ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор ба сароҳат дарҷ гардидааст.

  Бояд гуфт, ки бори аввал  дар соли 2009 дар Ҷаласаи тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар  Донморк(Дания), инчунин дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса,  Сувис(Шветсария), Амрико ва баъдан моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки об шудани босуръати пиряхҳо дар канори истеъмоли аз меъёр зиёди об, ки вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ  аст, саранҷоми ногувор дорад. Таъкид шуда  буд, ки  таъсири гармшавии глобалӣ  ва  коҳиши пиряхҳо  махсусан  дар манотиқи кӯҳсор,   боиси  сар задани  падидаҳои  фоҷеабор дар сатҳи геополитикӣ, геофарҳангӣ ва геостратегии  олами муосир мешавад.

  Ба ҳамин хотир, иқдоми наву созандаи  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон шудани “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми ҳар сол таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва инчунин таъсиси “Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки барои наҷоти башар нигаронида шудаанд, боиси дастгирии ҳамаҷониба буда, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони   Замин ва  башарият  аст.

 Дар анҷом ёдрас мекунем,ки Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  худро ҳамчун   ташаббускори сиёсии  сатҳи глобалӣ ва ҳамзамон масъулиятшинос   муаррифӣ намуда, барои муттаҳидсозии  саъю кӯшиши тамоми ҷонибҳои манфиатдор, ба хусус пешвоёни сиёсии ҷаҳон дар қабул ва татбиқи тадбирҳо ҷиҳати таъмини идоракунии устувори захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо шароит фароҳам меоварад.

  Ба шарофати  ташаббусҳои   сатҳи ҷаҳонӣ  ва хидматҳои хоси  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун як нақшофари муҳим ва калидии ҷаҳон  дар ҳалли мушкилоти  глобалӣ  дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ шинохта шудааст.

 

Рустам Ҳайдаров,

доктори илмҳои фалсафа

 

Бознашр аз маҷаллаи “”Садои Шарқ”.-№1.-2023.-С.116-120

 

Хондан 1738 маротиба