JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 21 Феврали 2023 09:10

Шеъри дунявӣ ва фазои миллӣ

Муаллиф:

(мулоҳизоти куллӣ дар ҳошияи семинар-машварати Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон)

  Гузаронидани нишасту семинар-машварат, маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳост идома дорад ва аз ин навъ маҳофил сатҳи донишу биниши ширкаткунандагон, махсусан, насли ҷавон боло меравад. Мутаассифона, силсилаи чолишҳои имрӯзӣ, аз ҷумла зуҳури буҳрони беҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ, канороӣ бо хурофоту таассуби мазҳабӣ, дуршавӣ аз арзишҳои миллию ҷаҳоншиносии фалсафӣ, тамошогарии насли зиёӣ, парешонии қишри равшангарӣ, созишу муросо бо ҳангомасозиҳои руҳониёни мутаассибу муҳофизакори дохилӣ, зери бори хушкандешӣ қарор гирифтани ниҳодҳои фикрию академӣ ва насли наврасу ҷавон ҷомеаро осебпазир карда, роҳро барои густариш ёфтани буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ ҳамвор сохтааст.

    Бо таваҷҷуҳ ба ин, 17-уми феврали соли ҷорӣ, соати 10:00 дар толор- маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар-машварати илмӣ-эҷодии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо таҳти унвони “Шеъри дунявӣ дар фазои миллӣ” бо ҳузури доираи донишмандону муҳаққиқон баргузор гардид. Дар семинар-машварат, ҳамчунин намунаи ашъори шоири муосири даризабони афғон Пойизи Ҳанифӣ таҳти унвони “Лолабаргҳо”, ки аз ҷониби шарқшиноси муосири тоҷик, устод Ғиёсиддин Қодирӣ мураттаб ва ба табъ расидааст (ниг.: Ҳанифӣ, Пойиз. Лолабаргҳо (Намунаи ашъор). –Душанбе, 2023. -72 саҳ.),  рӯнамоӣ-муаррифӣ шуд.

    Семинар-машваратро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ ифтитоҳ карда, дар бораи шеъри дунявӣ ва фазои миллӣ иҷмолан суҳбат намуд ва суханро ба гузоришгари асосӣ – файласуфи миллӣ, устод  Комил Бекзода вогузошт. Файласуф ва равшанфикри миллӣ, устод Комил Бекзода ҳудуди зитёдтар аз сӣ дақиқа атрофи масъалаҳои шеър ҳамчун падидаи отифию фалсафӣ, шеър дар зиндагии шахсию ҷамъӣ, муқаддимоти шеър, моҳияти шеър, дидгоҳи шоир, мазмуну мундариҷаи ашъори шоирони классикию муосир, инъикоси руҳи замон дар шеър, собиқаи шеъри форсии тоҷикӣ ва амсоли инҳо суҳбати ҷолиби ихтисосӣ намуд.

   Баъдан барои рӯнамоӣ-муррифии намунаи ашъори Пойизи Ҳанифӣ “Лолабаргҳо” ховаршинос ва афғонистоншиноси муосири миллӣ устод Ғиёсиддин Қодирӣ ба минбар даъват шуда, доир ба муҳтавиёти адабӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ашъори шоири муосири афғон Пойизи Ҳанифӣ, ки дар синни чиҳилу яксолагӣ аз дунё даргузаштааст, гузориши хуби илмӣ ироа намуд. Пасон, донишмандону муҳаққиқони маъруф, аз ҷумла доктори илми таърих, профессор Санавбар Воҳидова, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Хоҷамуродов, ходимони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Мирсаид Раҳмонов ва Шоҳона Каримова, матншинос ва шоири муосири тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, равшанфикр ва адабиётшиноси варзида Ҷамолиддин Саидзода, шеършиноси маъруф Маҳмадёри Шариф (мавсуф бо тахаллуси Неру чанд маҷмуаи шеърӣ ба чоп расонидааст), афғонистоншинос Ҳоким Қурбонов перомуни масъалаҳои марбута изҳори назар карданд.

   Садри чорабинӣ Ё. Ниёзӣ маҳфилро ҷамъбаст намуда, барои ироаи матлаби хулосавӣ суханро ба устод Комил Бекзода вогузор кард. Устод Бекзода бо такя ба таҳқиқоти донишманд ва файласуфи муосири араб Абдураҳмон Бадавӣ ва таҷрибаи шеърофаринии арабӣ бар он ишора кард, ки шеъри нав ва озоди Шарқ, ки дар садаби бист ва ҳамакнун бисту як ба саҳнаи ҳунарӣ ворид гардид, бештар маҳсули тақлидоти шеъри аврупоӣ будааст. Устод, ҳамчунин тазаккур дод, ки шеъри классикӣ ва муосири мо, дар маҷмуъ, натавониста ниёзҳои ҳувиятӣ, миллӣ, фалсафӣ ва маданиамонро бароварда созад, чаро ки бештар мутамоили ормону ҳавасҳои динӣ-мазҳабӣ, ирфонӣ, тасаввуфӣ ва амсоли инҳо буда ва ҳаст. Бинобар ин, ҷомеа ба шеъре, ки руҳияи миллии мардумро боло бубарад ва инсонҳоро ба такопуву ҷустуҷӯву ковишҳо раҳнамун созад, ниёз дорад. Ҳамин тариқ, маҳфил дар фазои муътадили фикрию эҷодӣ  ҷараён гирифт. Мо ҳам, ки дар чорабинии мазкур ширкат доштем, дар атрофи “Шеъри дунявӣ ва фазои миллӣ” чанд нуктаи муқаддимотӣ ироа доштем, ки инак, манзур месозем:

     Якум. Устод Комил Бекзода файласуфи шоир аст ва ҳанӯз аз овони тифлию наврасӣ бо садову оҳанги форами шеъру суруди миллӣ ошно гашта,  дар фазои адабу маданияти музофотӣ ба камол расидааст. Мувофиқи нақли устод, падараш омӯзгори забон ва адабиёт буда, созҳои миллӣ, махсусан думбра ва торро хуб менавохтааст. Амакаш бошад, аз ҷумлаи овозхонони маъруфи диёр ба шумор рафта, хешу табор ҳамагӣ дар руҳияи шеъру мусиқӣ бузург шудаанд. Аз ин ҷост, ки устод Комил Бекзода аз хурдӣ таҳти навозиши шеъру мусиқӣ ба воя расидааст. Аз ин ҷост, ки ин ду ҷавҳари ҳунарӣ (шеър ва мусиқӣ) дар шаклгирии шахсияти эҷодӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ ва миллии устод нақши калидӣ доштаанд. Ба ин тартиб, ҳунари ковишу пурсишу ҷустуҷӯгарӣ, ки аз фитрати шоир бармеояд (ишора ба байти машҳури Муҳаммад Иқбол: Фитрати шоир саропо ҷустуҷӯст, Холиқу парвардигори орзуст), дар шахсияти устод Бекзода аз синни хурдӣ зуҳур мекунад ва минбаъд ӯро ба майдону саҳнаи гутфтумону муколимот ва баҳсу мунозироти фалсафӣ ҳидоят менамояд. Ба ин маъно, шеър ва фалсафа ҳар ду дар зиндагии инфиродӣ ва эҷодии устод Бекзода арзиши баробар доранд ва вуҷуду ҳузури ин ду ҷавҳар, ки яке тахайюл ва дигаре тафаккури инсонро рангин месозанд, ба зиндагии инсонӣ маъно мебахшанд.

    Дувум. Шеъри дунявӣ, ки ҷавҳари онро зиндагипарастӣ, инсонгаройӣ, хирадбоварӣ, ҳувиятсозӣ ва меҳрпарварӣ ташкил медиҳад, муҳаррики зиндагӣ буда метавонад. Шоири дунявӣ бар мабнои маводи зиндагӣ инсонро аз вартаи яъс, навмедӣ, шикаст, афсурдагӣ, бадбинӣ (пессимизм) ва ҳеҷангорӣ (ниҳилизм) раҳо карда, руҳияи созандагию офаринандагӣ мебахшад. Гузашта аз ин, шеъри дунявӣ дар баробари талқину тарғиби ғояҳои баланди ҳувиятӣ, миллӣ, инсонӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва фалсафӣ, аз ҷанбаҳои отифӣ, ғиноӣ-лирикӣ ва ҳунарӣ низ орӣ нест. Муҳимтар аз ҳама, чи дар қолиби устуравӣ ва чи дар таърихи фарҳангу сиёсати миллӣ дунявият (секулоризм) бо миллигаройӣ (национализм) тавъам будааст.

    Севум. Файласуфи испанӣ Мигел де Унамуно (1864-1936) гуфта буд, ки шеър ва фалсафа дар батни модари зиндагӣ дугониканд ва ҳар ду баробар зуҳур кардаанд. Бозтоби ин андешаро дар шеър ва фалсафаи устод Комил Бекзода бармало метавон мушоҳида кард. Ба сухани дигар, биниш ва ҷаҳоншиносии фалсафии устод Комил Бекзода, ки аз миллияту дунявият ва илмоният (science) реша мегирад, имкон фароҳам овардааст, ки шеърро аз маҳдудаҳои фикрию ақидатӣ берун кашида, бо фалсафа омезиш бидиҳад ва то ба сатҳи иҷтимоӣ бароварад. Мунтаҳо, шеър ба фалсафа мавод медиҳад ва фалсафа ба шеър ангеза. Ҳамин аст, ки шеър дар коргоҳи эҷодии устод Бекзода дар либоси миллӣ, дунявӣ ва фалсафӣ ҷилва мекунад. Аз ҷумла, силсилаи иддаоҳои миллӣ-фалсафӣ ва дунявии устод Бекзода, ки дар қолиби мисраъҳои “З-ин баъд растохези мо дар ин замин гардон шавад”, “Мерасад рӯзе, ки тоҷик ҳам клон меофарад”, “Қиссаи умри абад афсонаи афсонаҳост, Оқибат афсонаро умри абад хоҳем кард” рӯ мезананд, бегумон, хонанда ва шунавандаро ба фикр кардан ва аз рӯйи ақлу мантиқ қазоват намудан водор месозанд. Дар зимн, чун устод солҳои дароз масъалаи ҷовидонагӣ ва бемаргии инсонро дар доираи омӯзишу таҳқиқот ва пажӯҳишҳои ихтисосии файласуфону донишмандони бузурги ҷаҳонӣ мутолеаву пайгирӣ мекунад, ба абадияти инсон бовар дорад. Аз ҷумла, солҳои дарозест, ки меҳвари гуфтугӯву баҳсҳои мудавоми устод Бекзодаро масъалаи маргу нестӣ ташкил медиҳад ва файласуфи миллӣ ҳанӯз соли 1998 таҷрибаи шабеҳасозӣ (клонирование)-ро аз тариқи мисраи “Мерасад рӯзе, ки тоҷик ҳам клон меофарад” гӯшзад карда буд. Аз сӯйи дигар, устод Бекзода файласуф ва шоири маргандеш аст ва дар саросари ашъор ва ҳикмати худ масъалаи дуализм ё ба истилоҳ, санавияти фалсафии зиндагӣ ва марги инсонро дунбол мекунад ва дар ин замина бар асоси дастовардҳои навтарини илму фалсафаи ҷаҳонӣ доварӣ мекунад:

                      Асли маънӣ ҳама дид асту дигарҳо ҳама ҳеҷ,

                      Шеваи гуфтушунид асту дигарҳо ҳама ҳеҷ.

                      Эй, ки пайваста талабгори ҳаёти абадӣ,

                     Бо ҳамин нукта умед асту дигарҳо ҳама ҳеҷ.           

    Чаҳорум. Устод Бекзода сабки вежаи омӯзишӣ, таҳқиқӣ, пажӯҳишӣ ва шеърофаринӣ дорад. Мутолеоти зиёду бардавом, ковишу ҷустуҷӯҳои мунтазам, таҳқиқу пажӯҳишҳои густарда ва заҳмату талошҳои пайваста устод Бекзодаро то ба сатҳи файласуфи соҳибмактаби миллӣ расонидаанд.   Дигар ин ки устод Бекзода аз шеър ҳамчун васила ё ба истилоҳ, абзори ҳувиятсозӣ ва ҷаҳоншиносӣ истифода намуда, барои аз хоби ғафлат бедор кардани ҷамъияти хуфта ва ангеза бахшидани насли наврасу ҷавони ҷомеа корбаст мекунад. Агар бештари шоирони имрӯзи мо дунболи тасвиру тақлид рафта, шеърро бо мушаххасоти тасвирӣ-намоишӣ ва мазомини динӣ-ирфонӣ оро бидиҳанд, устод Бекзода бо шӯру шавқи фалсафӣ дар масири тағйир додани зеҳни миллат тавассути маъниҳои отифӣ, иҷтимоӣ ва фалсафӣ гом бармедорад. Дар ин замина, аз бозтоби ҷилваҳои миллӣ, фалсафӣ ва дунявии ашъори устод Бекзода, ки дар маҷмуаҳои “Паёмбарони фарњанги мо” (Ҷилди аввал. - Душанбе: Нодир, 2000. -124 с.), “Гурез аз Хайём” (-Душанбе: Нодир, 2002. -136 с.) ва сафаҳоти рӯзномаву ҳафтанома ва маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба нашр расидаанд, метавон иттилооти кофӣ ба даст овард.

     Панҷум. Ногуфта намонад, ки мухотаби устод Бекзода бештар насли ҷавон аст. Ба ин манзур, устод ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидани раванди озодандешии миллӣ ва ҷаҳонбинии фалсафӣ миёни насли ҷавони ҷомеаи тоҷик  тобистони соли 2019 монографияи тозае таҳти унвони  “Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи зиндагӣ бо марг (ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон)” ба табъ расонд (ниг.: Бекзода Комил. Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи зиндагӣ бо марг (ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон). –Душанбе:  МН «Дониш», 2019. -199 с.). Дар ин китоб устод  Бекзода кӯшидааст, ки насли ҷавони ҷомеаи тоҷикро ба асли масъала – дарёфти огоҳӣ, дониш, маърифат, хирад  ва ба ин васила дунбол кардани ҳадафҳои наҷиби инсонӣ, ки реша дар фарҳангу фалсафаи миллӣ доранд, мутаваҷҷеҳ созад. Насли ҷавон, ки хунгарм буда, неруи кофии ҷисмӣ-физиологӣ дорад, бояд ба илму дониш такя намуда, мушкилоти рӯзафзуни рӯзгор ва зиндагиро мустақилона (бидуни ҳидояту кумакҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳ) ҳаллу фасл намояд. Аз ҷумла, решаи тамоми мушкилот маргу мурдани инсонҳост ва ҳалли илмию фаннӣ(ихтисосӣ)-и ин сармушкил дар асри бисту як тавассути ба кор андохтани барномаҳои махсуси илмӣ-лабораторӣ имконпазир аст. Ин нуктаро муаллифи китоб аз оғоз то анҷоми китоб дунбалагирӣ мекунад ва аз сарҳадди зиндагии маҷозию афсонавӣ (ки адёну мазоҳиб барои инсон ва ҷомеаҳо сохтаанд) ба марзи ҳаёти воқеӣ-реалӣ (ки дар таҳқиқотҳои муосири олимони ҷаҳонӣ инъикос ёфтаанд) по гузоштани ҷомеаи инсонӣ ва бахусус, насли ҷавони ҷомеаи тоҷикро хостор аст.

     Шашум. Устод Комил Бекзода бо насли шоирони муосири миллӣ Гулназар, Сайидалӣ Маъмур, Мирзо Боқӣ, Нозирҷон Боҳирӣ, Аскар Ҳаким, Гулрухсор ва дигарон аз наздик ошноӣ дошта, аз набзи шеъри муосири тоҷик ва форсизабонон бохабар аст ва дар заминаи шинохт, нақди шеър ва адабиёти ҳавзаи форсии дарии тоҷикӣ мутолеоти зиёде дорад. Аз ҳама муҳим, устод зуҳур ва нуфузи шеъри миллӣ-дунявиро дар фазои Тоҷикистони муосир амри зарурӣ медонад, чаро ки танҳо аз тариқи эҷоду нашри шеъри миллию дунявӣ ва дар ин замина тарғибу муаррифии меросу арзишҳои дерини қавмӣ-этникӣ метавон ба пиёда кардани аҳдоф ва барномарезиҳои миллию давлатӣ ноил гардид.

 Нозим Нурзода

пажӯҳишгар

Хондан 2228 маротиба