JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 23 Феврали 2023 12:13

Оид ба чанд муаммои таърихи Шашмақом

Муаллиф: Аслиддин Низомӣ

   Солҳои охир доир ба масъалаи кай ва чӣ гуна ба суннати адабии “зуллисонайн” ворид гардидани мусиқии Шашмақом баҳсҳои мухталиф пайдо шуданд. То ба имрӯз як идда мухлисони мусиқии классикии тоҷик дар пайравӣ ба ақидаҳои иштибоҳангези баъзе нафарони ба ном “мусиқидон” чунин тасаввур мекунанд, ки гӯё дар ниҳоди ҳунари воло ва асили тоҷикон – Шашмақом аносири бадеияти туркӣ, ё худ таъсири услуби “мавригӣ” мавқеи хос дошта бошад. Танҳо таҳқиқи таърихи рушд ва такомули Шашмақом дар асрҳои 18-19 дақиқан нишон медиҳад, ки ин ақида маҳсули тахайюли бегонапарастӣ буда, бештар характери иғвогарона дорад.

  Оғози марҳилаи нави ташаккули силсилаи мақомҳои Бухоро, ки баъдан ҳамчун Шашмақом маъруф мегардад, ба охирҳои асри 17 тааллуқ дорад, яъне чуноне ки маълум аст, айнан дар ҳамин давра системаи хеле қадимии Дувоздаҳмақом ба шохаҳои мустақил ҷудо гардида, дар Эрон ба Ҳафт дастгоҳ (қаблан “ҳафтмақом” меномиданд),  дар Озарбойҷон ба муғомҳо, дар Хоразм ба мақомҳои хоразмӣ, дар Қошғар ба муқомҳои уйғурӣ, дар Фарғона ва Тошкент ба Чормақом, дар мамолики Мағриб ба нубаҳои андалусӣ (айнан бо номҳои тоҷикиашон) табдил меёбанд.

 Бино ба маълумоте, ки яке аз донандагони маъруфи мусиқии хоразмӣ Матюсуф Харротов (1881-1953) овардааст, мақомҳоро дар Хоразм ҳанӯз дар аввалҳои асри 19 бастакор ва сарояндаи маъруф Ниёзҷон Хӯҷа  тарғиб намудааст. Ин ҳунарманди номӣ таи чандин сол маҳз дар Бухоро зери дасти устодони маъруф тамоми асрори илмӣ ва амалии Шашмақомро азбар намуда, баъдан,тибқи зарурат, ба оҳангҳои он силсилаи ашъори шоирони туркзабон – Навоӣ, Огаҳӣ, Лутфӣ, Саккокӣ ва дигаронро ворид намудааст.[1]

  Бояд гуфт, ки силсилаи мақомҳои хоразмӣ гарчанде дақиқан аз мактаби Бухоро сарчашма гирифтаанд, вале бо чандин ҷанбаҳои хоси худ – чи дар сохтор, истифодаи ашъори классикӣ ва чи дар  услуби иҷрокунандагӣ фарқ мекунанд. Масалан, яке аз ин гуна хусусиятҳои мақомҳои хоразмӣ – ин мавҷуд будани иддаи хеле зиёди оҳангҳои маъруф бо номи  “Сувора” ба шумор меравад. Маълум аст, ки  Сувора яке аз қадимтарин падидаҳои мусиқии классикии тоҷикӣ мебошад, зеро ин жанри маъруфи мусиқӣ ҳанӯз дар замони сосониён бештар таҳти унвони “Асброс” (яъне роҳи асб, услуби роҳгардии асб) маъмул буд. Пас метавон тахмин намуд, ки дар асри 19 дар системаи мақомҳои Бухоро низ ҳанӯз Сувораҳо хеле зиёд буданд (зеро Ниёзҷон Хӯҷа Сувораҳоро аз устодони Бухоро омӯхтааст), вале мутаассифона, то ба замони мо аз ин жанр танҳо як намуна дар силсилаи Шашмақоми тоҷикӣ боқӣ мондаасту халос.

  Агар ба шарҳи таърихии ҷараёни ба минтақаҳо тақсим гардидани системаи мақомҳо баргардем, дақиқан маълум мешавад, ки ин ҷо сабабҳои хеле ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ  низ вуҷуд дорад. Пас аз мағлуб гардидани шайбониён  Машҳад ва Ҳирот ба дасти сафавиён мегузарад,  шоҳ Аббос дар Балх Муҳаммад Иброҳимро волӣ таъин мекунад, Тошканду Самарқанд бошад, зери тасарруфи султонҳои қазоқ қарор мегирад. Дар ҳамин давра  Хоразм ба итоати хонҳои Хева ворид мешавад. Нисбатан мутамарказ қарор гирифтани давлати Хоразм барои рушди падидаҳои фарҳанг – меъморӣ, хаттотӣ, мусиқӣ, шеъру адабиёт ва илм мусоидат намудаааст ва дар натиҷа дар дарбори хонҳои Хева анъанаҳои хеле устувор ва пурғановати ташкили базмҳо бо иштироки муғанниён ҷорӣ мегарданд.

Ин замон вазъияти хонигарии Бухоро низ он қадар ором набуд, зеро аҳолии минтақа, махсусан водиҳои дурдаст  зиндагии  қашшоқона  ба сар мебурданд ва ин ҷову он ҷо ҳар замон низоъҳои зиддифеодалӣ рух медоданд. Аз ҷониби дигар, дар ҳамин давра муносибатҳои тиҷоратии Бухоро бо ҷониби Русия авҷ мегирифт ва дар маҷмӯъ навигариҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ  ба рушди падидаҳои фарҳангӣ низ бетаъсир набуданд. Бунёди мадрасаҳои бузург дар Бухоро (мадрасаи Улуғбек, мадрасаи Абдулазизхон) барои  ҷалб намудани иддаи зиёдтари толибилмон аз манотиқи дуру наздик мусоидат менамуданд ва таърихан маълум аст, ки аксари кулли ин тоифаро шогирдони болаёқат аз Хатлону Мастчоҳ, Рашту Бадахшон ташкил мекарданд. 

Дар саҳифаҳои  рисолаҳои сершумори мусиқӣ, ки дар ин давра эҷод карда шудаанд, тибқи  анъана масоили Дувоздаҳмақом, баёни хусусияти шӯъбаҳои он, тартибу одоби муғанниён, тарзи иҷрои мақомҳо шарҳ дода шудаанд. Моҳияти махсуси таърихии ин катибаҳо дар он аст, ки қариб ҳамаи онҳо фарогири намунаҳои зиёди матнҳои мақомҳо мебошанд ва маҳз аз ҳамин нуқтаи назар маъхази беҳтарини таърихи мусиқӣ ба шумор мераванд. Чуноне ки болотар зикр намуда будем, яке аз хусусиятҳои матни мақомҳо – ин аз ҷониби сарояндагон истифода карда шудани  рубоиёту байтҳои оддии халқӣ  ба шумор меравад. Дар рисолае, ки нусхаи он  дар хазинаи шӯъбаи Санкт-Петербурги Институти шарқшиносии Россия мавҷуд аст, матнҳои зеринро аз намунаҳои осори халқӣ дучор гардидан мумкин аст (бо ишораи “Оҳанги Ҳусайнии Аҷам”):                   

 

                 Эй ман фидои рӯи ту, ощуфта чун гесӯи ту,

                 Ҷони ман, сад ҳамчу ман, имонам,

                 Бодо фидои мӯи ту....

 

Дар ҳамин рисола намунаҳои зиёди осори эҷодиёти мардумӣ (албатта, мумкин аст, ки онҳоро худи сарояндагон низ сохта бошанд), ки дар онҳо “алфози тағаннӣ” – ба монанди “яло, яллало, оҳо ҷонам, тарале, дар тан" оварда шудааст.

Дар баробари рисолаҳои машҳур, ки имрӯз аз ҷониби муҳаққиқон муаррифӣ карда шудаанд, метавон номгӯи даҳҳо рисолаҳои дигарро низ номбар намуд, ки дар мазмуну мундариҷаи онҳо масоили илми мусиқӣ, таркиби мақомҳо, таълиф ва иҷрои мусиқӣ равшан инъикос гардидаанд. Ин ҷо метавон рисолаҳои “Дар баёни Дувоздаҳмақом”-и Хоҷа Абдурраҳмони Ғазнавӣ (а.17), “Дар баёни истимоъи асвоти хуб”, “Рисолаи мақомот”, “Рисолаи Шашмақом”-и Мӯсохоҷаи Туркистонӣ (а.19), рисолаи “Нағамот”-ро номбар намуд, ки теъдоди онҳо аз сад мегузарад. Дар ин байн яке аз машҳуртаринашон – ин рисолаи Шашмақом (муаллифаш номаълум) ба шумор меравад, ки дастхати он дар захираи Институти шарқшиносии Ӯзбекистон маҳфуз аст.

Ҳаёти мусиқӣ на танҳо дар марказҳои бузург, балки чуноне ки болотар қайд намуда будем, дар водиҳои дур аз Бухоро – дар Рашту Хатлон ва Бадахшон ба тадриҷ идома меёфт. Яке аз сифатҳои хоси маданияти мусиқии тоҷикон дар он аст, ки дар кӯҳистон суруду таронаҳои мардумӣ,  замзамаҳои ҷашну идҳо, бештар аз ҷониби занону духтарон иҷро карда мешуданд. Имрӯз низ олимони фолклоршинос қадимтарин сурудҳои мардумиро бештар  маҳз аз забони занҳо сабт мекунанд, зеро  дар оила аз навои рӯҳангези “Алла” сар карда, то байтҳои лирикии идона ё худ сурудҳои ҳузнангези шикоятӣ – ҳамаи ин оҳангҳоро маҳз занону духтарон тараннум мекарданд.

Дар баробари таъсиси хонигариҳои Бухоро, Хева ва Хӯқанд ва тамоюли аз ҳам ҷудошавии падидаҳои фарҳангӣ (шеъру мусиқӣ, наққошӣ ва ғ.), дар маданияти Бухоро тавассути рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бо Ҳиндустон ангезаҳои нав ба нав ворид мешаванд. Ин замон дар Ҳиндустон шоираи маъруф Зебуннисо (1839-1702) зиндагӣ ва эҷод менамуд ва ашъори ӯ вирди забони мардуми ҳунарманд гардида буд.

Дар доираи фарҳангии хонигарии Хӯқанд бошад, як намуд омехташавии суннатҳои мусиқии маҳаллӣ бо падидаҳои ҳунарии мардуми ҳамҷавор – қирғизҳо ва уйғурҳо ба амал меояд, ки осори ин ҷараён то ба имрӯз аз байн нарафтааст.[2]

Гарчанде аҳли ҳунар дар ин замон як намуд гурӯҳҳои кӯчаки ҳирфаӣ таъсис дода, гӯё дар он манфиатҳои касбӣ, ҳунарӣ ва иҷтимоии хешро ҳифз карданӣ мешуданд, вале дар асл аксари кулли ҳунармандон бештар барои хизмати дарбор ва мутобиқи завқи пасту бешармонаи ҳокимон ҳунарнамоӣ мекарданд. Дар Бухоро шояд ҷавобан ба тазйиқи мутаассибон ва хеле ҳам васеъ паҳн гардидани хурофот, аҳли ҳунар расму оинҳои махсусеро дар доираи фаолияти гурӯҳҳояшон ҷорӣ менамуданд. Зери таъсири расми сӯфиёна, аҳли ҳунар низ ба риояи анъанаҳои "пир-муршид"  таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар ҳамин давра устодони забардасти ҳунари мусиқӣ аснои ба воя расидани шогирдонашон маъракаи "камарбандӣ" (“камарбандон” ё “миёнбандон” низ мегуфтанд) ташкил мекарданд ва зимни он гӯё ба шогирдон ба олами ҳунар дуои "роҳи сафед" медоданд. Ҳамчунин маълум аст, ки дар байни  меҳтариён (мусиқачиён) як навъ оиннома низ вуҷуд дошт ва кулли ҷанбаҳои фаолияти онҳо мувофиқи ҳамин оиннома сурат мегирифт.[3]

 Ана дар  ҳамин давра ба матнҳои мусиқии классикӣ намунаҳои ашъори шоирони туркзабон навбат ба навбат ворид карда мешуданд, зеро дар сатҳи болоии ҳукмдорон намояндагони қавми турк хеле зиёд гардида буданд.

 Осиёи Миёна, ки гӯё як муддати кӯчаки таърихӣ (дар асрҳои 16-17) нисбатан ором гардида буд, дар ин давра зери ҳуҷуми Нодиршоҳ (соли 1740) қарор мегирад. Аввалин шуда ба пешвози Нодиршоҳ Муҳаммадраҳимбий – писари Муҳаммадҳакими  атолиқ бо таъзими итоат мебарояд ва Бухоро ба итоати Нодиршоҳ медарояд.  Аммо дере нагузашта (соли 1747)  Нодиршоҳ ба қатл мерасад ва дар Бухоро  давраи ҳокимияти силсилаи Манғития оғоз мешавад. Муҳаммадраҳимбий дар натиҷаи мубориза бо қабилаҳои бодиянишини ӯзбек ва нисбатан ором намудани мухолифатҳои федалони маҳаллӣ ба тахти Бухоро мешинад.

 Манғитҳо – ин ҳамон силсилае, ки то соли 1920 (аввали асри 20) дар Бухоро ҳукмронӣ намудаанд ва тамоми падидаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии давлатдории Бухоро ва албатта, атрофи дуру наздики он бо номи ҳамин силсила вобаста гардид. Манғитиён дар андаке муддат Ҳисор, Самарқанд, Душанбе, Шаҳрисабз, Тошкандро забт намуда одамони худашонро ҳоким таъин намуданд. Шаҳрҳои Ӯротеппа,  Хуҷанд, Ҷиззах нисбатан мустақил боқӣ монданд. Мулкҳои кӯҳистон – водии Кӯлоб ва Ҳисор, Панҷакент, Мастчоҳ дар ин давра истиқлолияти нисбии худро нигоҳ дошта меомаданд.

Дар ҳамин вазъият таи муддати қариб дусад сол фарҳангу адаб, мусиқӣ, шеър, илм ва дигар намудҳои ҳунарҳои зебо зери таъсири бевоситаи салтанати манғитиҳо мавриди рушд ва инкишоф қарор гирифтаанд. Аз ҳокимони пешина – аштархониҳову шайбониҳо яке аз мероси нанговар - ин пайваста ба айшу ишрат машғул будан ва пайваста халқи оддиро дар зери шиканҷа қарор додан буд ва ин мероси номаъқулро манғитиён бо ҷаҳди тамом соҳибӣ карданд.

Маҳз дар ҳамин давра Шашмақом куллан ташаккул ёфта, ба силсилаи мустақил дар доираи  мусиқии классикии шарқӣ табдил меёбад.  Қайд намудан зарур аст, ки дар худи ҳамин давра дар Эрон низ силсилаи Ҳафт дастгоҳ ташаккул меёбад.

 Баъзан  мухлисони мусиқӣ, адабиётшиносон ва олимони соҳаи фарҳанг аз он дар тааҷҷуб мемонанд, ки чаро масалан, як идда порчаҳои Шашмақом “Муғулча” ё худ “Қашқарча” ном дорад. Ин ҷо бояд ба таърихи пайдо шудани ин истилоҳот ва ҳамзамон пайдо шудани баъзе мушоҳидаҳои сатҳӣ оид ба моҳияти он, таваҷҷӯҳ намоем.

Дар аввали асри 20 композитор ва мусиқишиноси рус Николай Миронов дар Самарқанд роҳбари яке аз муассисаҳои хеле бонуфузи фарҳангӣ - Институти илмӣ тадқиқотии ҳунаршиносӣ буд. Ин шахс обрӯманд ва мутахассиси мусиқидон барои даҳҳо ҳунармандони ҷавони тоҷик ҳаққи устодӣ  ҳам дошт. Н.Миронов соли 1931 ба Сталинобод сафар намуда, дар кори "Слети якуми мусиқачиёни Тоҷикистон" иштирок мекунад ва дар ҳамин рӯзҳо бо шунидани намунаҳои оҳангҳои "муғулча" ба хулосае меояд, ки гӯё ба мусиқии тоҷикон осори оҳангу таронаҳои муғулӣ ворид гардидааст ва минбаъд  чунин андешаи хомро дар китобаш таъкид менамояд. Аммо маълум аст, ки чунин  хулосаро Миронов танҳо аз рӯи номи оҳанг баровардааст.[4]

 Вале аслан набояд фаромӯш кард, ки давраи ниҳоии ташаккули Шашмақом маҳз ба давраи  салтанати манғитиҳо алоқаманд аст ва ба ҳамагон маълум аст, ки манғитиҳо аслан аз зоти муғулҳо мебошанд. Болотар қайд намуда будем, ки аҳли ҳунар – сарояндагону таснифсозон, бастакорон ва мутрибон кӯшиш менамуданд, ки ба завқу шавқи ҳокимони давр намунаҳои мувофиқ эҷод намоянд, шояд аз ҳамин сабаб дар сохтори мақомҳо бобҳои “Муғулча”, “Қашқарча” пайдо шудаанд. Дар соҳаи мусиқишиносӣ ин ақида чандон обрӯ надорад, зеро ин ҷо номҳои боло зикр карда шуда (яъне муғулча ва қашқарча) асосан на ба маъниву мазмун, балки комилан ба навъи махсуси зарб (усули дойра) тааллуқ дорад. Дар ҳар сурат, яқин аст, ки номҳои муғуливу қашқарӣ – ин нишонаи фарох будани ҷуғрофияи ташаккули Шашмақом аст, на ифодаи таъзим ба амирони манғитӣ.  Дар системаи оҳангии Шашмақом ибораҳо, ё худ истилоҳоти вобаста ба номҳои ҷуғрофӣ хеле зиёд дучор мешаванд (ба монанди Ироқ, Исфаҳон, Баёти Шероз, Ушшоқи Самарқанд, Ироқи Дарвоз, Аҷам, Ҳиҷоз, Фарғонача ва ғ.).

Аммо бояд зикр намуд, ки дар рисолаҳои қадимии қабл аз давраи манғитиён, хусусан дар рисолаҳое, ки айнан дар Бухоро ва аз ҷониби устодони забардасти Бухоро офарида шудаанд, дар ягон саҳифа, ягон маротиба оҳангҳоеро таҳти номи Муғулча ё Қашқарча дучор нагардидаем, пас метавон хулоса намуд, ки ин асарҳо маҳз дар давраи салтанати манғитиён ва тибқи завқу талаботи онҳо сохта шудаанд.

Баҳсҳо дар хусуси сарчашмаи пайдоиш ва ташаккули яке аз падидаҳои хеле ҳам зебои мусиқии Бухоро – мавригихонӣ низ ҳанӯз давом доранд. Маълум аст, ки ин анъана нахуст дар Бухоро хеле ривоҷ ёфта, баъдан ба мусиқии мардумии шаҳрҳои дигар низ таъсири намоён гузоштааст. Унсурҳои шинохташавандаи мусиқии навъи мавригихонӣ то имрӯз дар суруду таронаҳои мардумии водии Ҳисор, Қаротегин, Зарафшон баръало дида мешаванд. Бино ба маълумоти Н.Миронов, дар анҷумани аввалини мусиқачиёни тоҷик, ки 15 феврали соли 1931 дар Сталинобод баргузор гардида буд, яке аз ҳунармандон, аҳли деҳаи Қаратоғ Саид Қодирзода якчанд намунаҳои мавригиро иҷро намудааст.

 Услуби мавригӣ, таронаҳо ва намунаҳои зиёди он дар эҷодиёти сарояндаи маъруфи тоҷик, устод Ака Шариф Ҷӯраев мавқеи хосро соҳиб гардидааст. Ин муғаннии мумтоз  ҳанӯз дар овони  ҷавонӣ дар дарбори тӯқсабо Иззатшо Мазҳаб  санъати сарояндагиро азхуд намудааст. Шарифи ҷавон дар дарбор хизмат мекард ва ба ивазаш ба гуфти худаш танҳо "чою нону ғазал" медоданд.  Устоди дигари Ака Шариф Мирзо Ғулом ном ҳунарманди касбӣ буд, ки ӯ дар навбати худ як муддат дар Самарқанд аз Ҳоҷӣ Абдулазиз сабақи мақомхонӣ бардоштааст.

Вале бояд эътироф кард, ки “Чаҳорзарб”-и Ака Шариф сюитаи нодир ва нотакрор аст, онро маҳз худи ҳофиз зимни такя ба услуби мураккаботи қадимӣ (мураккабхониҳо), ки аз ҷумла дар воҳаи Дарвоз низ маъмул буданд, эҷод кардааст. Масалан, бояд гуфт, ки дар репертуари мавригихонҳои Бухоро гарчанде сурудҳое бо номи Чорзарб дучор мегардад, вале дар онҳо силсилаи“Чаҳорзарб” дар чунин шакли мукаммали сюита вуҷуд надорад. Аммо дар рисолаҳои қадимии мусиқӣ оид ба ин намуд зарб (ё худ мураккабот) маълумоти зиёде оварда шудааст.[5]

Дар Бухоро, ки аслан ва аз қадим шаҳри ба истилоҳи кунунӣ - “интернасионалӣ”- ба шумор мерафт, тоифаи зиёди аҳолии Марв ва умуман, мардуми эронитаборе  пайдо мешаванд, ки шеваи гуфторашон, суруду таронаҳояшон андаке аз мусиқии маҳаллӣ фарқ мекард. Минбаъд, мавригихонҳо ба маъракаҳои мардумӣ, тӯю тамошоҳо ва баъзан ба доираи ҳарами амирон низ роҳ пайдо намуданд ва пайваста оҳангҳои шӯху дилхушкунанда месароиданд.

Оғози асри 19 дар ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоии мардуми кӯҳистони тоҷик боз ҳам тағйироти ҷиддӣ ворид намуд. Маълум аст, ки дар ин давра водии Фарғона аз ҳуҷумҳои Нодиршоҳ ва умуман аз ҷанҷолҳои бузурги минтақа андаке дар канор воқеъ гардида буд. Хони Хӯқанд Олимхон дар таърих шояд аввалин шуда ба водии Фарғона теъдоди зиёди тоҷикони  Қаротегину Дарвоз ва Шуғнонро оварда,  бо мақсади васеътар намудани ҳудуди хонигарӣ ва ҳифзи амнияти худаш, аз ҳисоби онҳо дастаи махсуси низомӣ таъсис дод. Баъдан бародари  ӯ – Умархон  айнан ҳамин гуна сиёсати ҷалби аҳолии тоҷикро идома дод ва  пас аз чанде писари Умархон – Муҳаммадалӣ  мулкҳои Дарвоз, Қаротегин ва Кӯлобро низ ба тасарруфи худ даровард. Дар ҳамин давра муносибатҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ миёни ҳавзаи адабӣ-ҳунарии Дарвозу Қаротегин ва водии Фарғона авҷ мегирад ва зимни он дар кӯҳистони дурдасти Тоҷикистон созҳои мусиқии дутор (аниқтараш – дутори калон ё дутори парда), панҷтор, танбӯр, ғижжак, чанг васеъ маъмул мешаванд. Дар Қаротегин ва водии Ҳисор намунаҳои мусиқии классикӣ – шеваи сарояндагони Хӯқанду Фарғона низ тарғиб мегарданд ва шоирон ба вазнҳои Шашмақом ғазалҳои нав меофаранд.

Дар нимаи якуми асри 19 яке аз шоирони маъруфи замон - Мулло Раҷаб Парии Ҳисорӣ (ваф.1854) зиндагӣ ва эҷод намудааст, ки ашъори ӯ дар репертуари сарояндагони маъруф ва мақомхонони асили Бухоро низ ворид гардида буданд. Аз ҷумла бояд ёдовар гардид, ки ғазали маъруфи ӯ бо матлаъи:

 

                 Боварам н-ояд, ки имшаб ёр ояд дар барам,

                 Дар барам ояд, бубинам, то биёяд боварам...

 

ба матни "Қашқарчаи муғулчаи Дугоҳ" ворид гардидааст, ки то имрӯз сарояндагони Шашмақом онро маҳз бо ҳамин ғазал иҷро мекунанд. Дар водии Фарғона сарояндагони мусиқии классикӣ намунаҳои зиёдеро аз ашъори шоири маъруф Гулхании Қаротегинӣ низ месуруданд, ки бо ду забон - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ менавишт.

 Ҳамчунин дар Самарқанд ва Бухоро, дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ғазалҳои навоофарини шоири ширинкалом Туғрал  ба оҳанг дароварда мешаванд. Мутаассифона, дар давраи ҷамъоварӣ ва нашр намудани матнҳои Шашмақом намунаҳои ашъори ӯ вориди силсила нагардиданд. Туғрал дар шоирӣ худро чанде шогирди Шамсиддин Шоҳин медонист ва байни онҳо муносибати хеле самимона мавҷуд буд.

Маълум аст, ки дар Бухоро ашъори шоирони маъруфи тоҷик, фарзандони кӯҳистон - Исо Махдуми Кӯлобӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Хокии Кӯҳистонӣ,  Шамсиддини Шоҳин, Мулло Раҷаб Парии Ҳисорӣ, Абдулазизи Кӯҳистонӣ, Суръати Бадахшонӣ, Хазонии Қаротегинӣ, Идрисхоҷа Роҷӣ, Ҳаҷрии Кӯҳистонӣ ва даҳҳо ғазалнависони дигар хеле маъруф гардида буданд ва бечиз набуд, ки намунаи осори аксари онҳо вориди мусиқии Шашмақом гардиданд.

Аз ҳамин давра сар карда, дар репертуари сарояндагони касбии Хӯқанду Фарғона суруду таронаҳои услуби тоҷикии кӯҳистонӣ пайдо мешаванд, ки намунаҳои зиёди онҳоро баъдан (дар асри 20) олимони санъатшинос аз забони ҳофизони халқӣ сабт кардаанд (барои мисол якчанд вариантҳои оҳанги маъруфи тоҷикӣ – “Қалъабандӣ”-ро номбар намудан мумкин аст, ки ҳанӯз дар аввалҳои асри бистум дар водии Фарғона маъмул буданд).

Чуноне ки маълум мешавад, дар тамоми тӯли охири асри 18 ва асри 19 ба ҳайати хонигариву аморатҳои мухталиф ворид шудани заминҳои тоҷикнишин ба ҳукми анъана медарояд ва дар ҳамин гуна шароит оид ба рушду такомули анвои ҳунарҳо, илм ва адабиёт сухан рондан хеле душвор ба назар мерасад. Ин замон ҷараёни эҷоди рисолаҳои мусиқии характери илмӣ дошта қариб тамоман қатъ мегардад ва ба ивази он боз ҳамон суннатҳои ҷамъоварии ривоятҳои забонзада ва омехта бо асотиру афсонаҳо эҳё мегарданд.

Сарчашмаи дигаре, ки  дар Ҳиндустон эҷод карда шудааст, вале бевосита ба фарҳанги мусиқии тоҷик алоқамандӣ дорад, ин рисолаи маъруфи "Нағмаи Ушшоқ" (а.19) мебошад. Муаллифи ин рисола Мавлавӣ Нуруллоҳ Ал-Чиштӣ Ас-Собирӣ Ал-Қуддусӣ[6] буда, мазмуну мундариҷаи он ба масаъалаҳои Самоъ, Ғино, шарҳи ҳадисҳои маъруф доир ба мубоҳ будани Самоъ (мусиқӣ), лаҳву лаъб, одоби муғанниён, тафсири оятҳои карима (вобаста ба шунидан), одоби қавволон ва ғайра бахшида шудааст.

Дар ҳар сурат, бояд хотиррасон намуд, ки рисолаҳои болотар зикр гардидаи Воҷид Алихон ва Нуруллоҳи Чиштӣ хеле дуртар аз Бухоро - дар Ҳиндустон эҷод гардиданд, дар Мовароуннаҳр бошад ин давра илму амали мусиқӣ аз доираи васеъи омма андаке канортар ҷой гирифта буд ва доир ба нозукиҳои ҳунари мусиқӣ ва нақши он дар ҷомеа касе дигар даст намезад.

Дар ҳамин давра дар доираи фарохи жанрҳои гуногуни мусиқии мардумӣ, намунаҳои мусиқии мазҳабӣ – марсияхонӣ, таъзияхонӣ, муноҷот, азон, наът ва ғ. боз ҳам васеътар маъмул мегарданд. Лозим ба ёдоварист, ки бино ба мушоҳидаҳои мутахассисон, маҳз дар риштаи мусиқии мазҳабӣ қадимтарин хусусиятҳои лаҳнӣ ва зарбии мусиқии миллӣ садсолаҳо бидуни тағйир ҳифз карда мешуданд.

Дар охирҳои асри 18 ва аввали асри 19 дар дохили хонигариҳои Осиёи Миёна – Хӯқанд, Бухоро ва Хева тадриҷан услуб ва суннатҳои хоси ҳамин маҳалҳо вориди доираи хусусиятҳои ҳунари мусиқӣ мегарданд. Маълум аст, ки хони Хӯқанд Умархон барои ташкили дастаи махсуси ҳунармандон ҳатто аз Хоразму Бухоро устодони мақомхонро даъват намудааст. Ба таркиби мақомҳо шеърҳои шоирони зуллисонайн – Умархон, Нодира, Гулханӣ, Макнуна, Кошиф, Маъдан ворид мешаванд.

Аз ҳамин давра (яъне аз оғози асри 19) дар водии Фарғона анъанаи устодонаи мақомхонӣ ба расмият медарояд ва дар натиҷа дар ин минтақа як намуд вариантҳои хоси иҷрокунандагӣ, ҳамчунин сохтори мустақили мақомҳо ба миён меоянд. Ин силсилаи мақомҳои водии Фарғона баъдан, дар асри 20-ум аз ҷониби муҳаққиқон зери номи “Чормақоми Тошканду Фарғона” муаррифӣ карда мешаванд. Дар ҳар сурат, аксари кулли олимони соҳа (И.Раҷабов, Ф.Кароматов ва диг.) мӯътақиданд, ки  решаи асосии пайдошавӣ ва ташаккули ин силсиларо маҳз анъанаҳои бастакорони Шашмақоми Бухоро ва Хоразм ташкил медиҳад.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки дар ҳудуди водии Фарғона устодони мақомхон на танҳо дар доираи маҷлисҳои дарбори хонҳо, балки аз он бештар дар байни мардуми оддӣ – дар майдонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ (баъдтар дар чойхонаҳо) ҳамеша ҳунарнамоӣ мекарданд. Тадриҷан характери оммавӣ гирифтани мақомхонӣ аз як ҷониб иддаи хеле зиёди ҳунармандонро талаб менамуд, аз ҷониби дигар бошад, анъанаи пайваста дар байни мардум суруд хондан омили пуртаъсири як намуд “демократиякунонии” жанрҳои мусиқии устодона гардид.  Ҳамин буд, ки маҳз дар репертуари сарояндагони водии Фарғона услуби маъруфи “кӯчабоғӣ” ва “қаландарӣ” пайдо мегардад, ё худ як идда намунаҳои мақомҳои классикӣ ба худ унвони “ёвоӣ” (яъне завқӣ, кӯчагӣ) мегиранд (масалан, “Ёвоӣ Ушшоқ”).

Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки маҳз дар мусиқии ҳавзаи фарҳангии водии Фарғона анъанаи бо сози маъруфи сурнай иҷро кардани порчаҳои мақомҳо ҷорӣ мегардад. Аслан, маълум аст, сози сурнай (маъниаш ҳам маълум: аз “сур” –хурсандӣ ва “най”) аз қадимулайём танҳо дар майдонҳову ҳавлиҳо, рӯзҳои иду маросимҳои хурсандӣ якҷоя бо карнаю нағораҳо навохта мешуд. Азбаски имкониятҳои садобарории пардаҳои сурнай  низ хеле маҳдуд аст, фаҳмост, ки бо ин соз дар услуби классикӣ иҷро намудани бахшҳои Шашмақом мутлақо имконнопазир буд. Аз ҳамин ҷо услуби нав, яъне бо сурнай навохтани шаклҳои ихтисор гардидаи мақомҳо ба вуҷуд меояд ва инро  “роҳи сурнай” ( ба туркӣ -“сурнай йӯли”) номиданд.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар байни мардум шӯҳрат пайдо намудани мусиқии Шашмақом ба ӯҳдаи сарояндагону навозандагон масъулияти бештареро вогузор мекард, аниқтараш онҳоро водор менамуд, ки барои ба завқу талаботи эстетикии доираи васеи халқ мувофиқ сохтани сурудҳояшон иловатан кӯшиш ба харҷ диҳанд ва шунавандаи асили худро пайдо намоянд. Ҳамин буд, ки дар майдони фарҳангии водии Фарғона қишри махсуси ҷомеа – тоифаи мухлисон ва шунавандагони санъати мақомхонӣ ташаккул ёфтанд ва минбаъд рушди ҳунари мақомхонӣ дар доираи муколамаи ду ҷониб – сароянда ва шунаванда қарор мегирифт. Маҳз дар ҳамин шароит ва бо риояи он вазъият, ки бештари аҳолии хонигариии Хӯқанд мардуми ӯзбекзабон  ба шумор мерафтанд, ба матни оҳангҳои Шашмақом ғазалу мухаммасҳои шоирони туркзабон – Навоӣ, Саккокӣ, Лутфӣ, Мӯнис, Машраб, Увайсӣ, Нодира (завҷаи Умархон, ӯ ҳамзамон ба тоҷикӣ низ шеър мегуфт)  ворид карда шуданд. Қаблан дар Бухоро низ аҳён-аҳён дар Шашмақом ашъори туркӣ истифода карда мешуд, вале такрор мекунем, маҳз дар водии Фарғона тибқи талаботи шунавандагони туркзабон порчаҳои хоси ӯзбекии Шашмақом (чи аз лиҳози забони ашъор ва чи аз лиҳози услуби сарояндагӣ) ба вуҷуд омаданд, зеро дар ин замон чи тавре ки мегӯянд, як навъ “дархости иҷтимоӣ” (вобаста ба завқу шавқи шунавандагон) ба миён омада буд.

Масъалаи бо кадом забон ва бо кадом ашъор сурудани Шашмақом дар ҳеҷ сурат масъалае нест, ки ба муносибати миллатҳои тоҷик в ӯзбек алоқаманд бошад. Аввал ин, ки дузабонӣ (зуллисонайн) дар назм (ва албатта, дар сурудхонӣ) ҳанӯз аз маданияти Ҳирот сарчашма мегирад ва баъдан низ, азбаски аксари кулли сарварону ҳокимон намояндагони мардуми туркзабон буданд, ашъори шоирони маъруф – Навоӣ, Фузулӣ, Огаҳӣ ва ғ. вориди силсилаи Шашмақом мегарданд. Шунидани сурудҳои классикӣ бо ин ё он забон дар ҳеҷ сурат маънии онро надошт, ки “шунаванда” онро тибқи забони қавми хеш интихоб менамояд, балки ин ҷо сеҳри дигари зебопарастӣ-эстетикии мусиқӣ мавҷуд аст. Як идда шунавандагон гарчанде забони туркиро дуруст нафаҳманд ҳам, рағбати ба туркӣ гӯш андохтани мақомҳоро доштанд, қисми дигар бошад, гарчанде туркзабон буданд, ҳатман майл ба шунидани ашъори Ҳофизу Саъдӣ доштанд. Мегӯянд, ки модари амир Олимхон маҳз ба туркӣ гӯш кардани мақомҳоро дӯст медошт (маълум аст, ки худи амир доим ба тоҷикӣ гӯш мекард), ё худ яке аз сарварони сирф тоҷики давлати навбунёди Бухоро Файзулло Хоҷаев бошад, мухлиси ашаддии ашъори туркии Фузулӣ буд.

Ин буд чанд мушоҳидае доир ба ҷанбаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии рушди санъати Шашмақом дар асрҳои 18-19. Маълум мегардад, ки маҳз дар ҳамин давра ташаккули суннатҳои мақомхонӣ ба ҷараёни хеле ҳам авҷ гирифтани анъанаи зуллисонайн ва тарғиби мусиқии классикии ҳавзаи Бухоро ба манотиқи атроф (хусусан, ба водии Фарғона) ворид мешавад ва пайдо шудани баъзе истилоҳоти системаи Шашмақом ба монанди “муғулча” ва “қашқарча” маҳсули вазъияти иҷтимоӣ ва талаботи шунавандагии маҳз ҳамин замони таърихи фарҳанги тоҷик ба шумор меравад.

Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон рушди Шашмақом ҳамчун падидаи асили ҳунари миллии тоҷикон аввалин маротиба дар таърих зери сарпарастии давлат қарор гирифт ва ин иқдоми бузург имкониятҳои тозаеро барои ба мардум дастрас намудани ин шоҳасари мусиқӣ фароҳам овард.

Аслиддин Низомӣ,

доктори илмҳои санъатшиносӣ   

 

 

[1] Ниг. И.Ражабов. Маќомлар. Тошкент, 2006., с. 261

[2] Маълум аст, ки дар охири а. 19 ва аввали а. 20-м якчанд маротиба теъдоди зиёди мардуми сокинони Туркистони Шарқӣ (асосан уйғурҳо)  ба водии Фарғона ва қисман ба Чумҳурии Қазоқистон муҳоҷир шуда буданд ва минбаъд дар ҳамин минтақаҳо маскун шуданд.

[3] Як нусхаи чунин оинномаи мењтариёни Бухоро дар хазинаи Осорхонаи маданияти мусиќии ба номи М.Глинка (ш.Москва) мањфуз аст.

[4] ниг.: О.Л. Данскер. Собирание и изучение таджикской народной песни. // Сборник статей посвященных искусству таджикского народа. Сталинабад, 1956, стр.93.

[5] "Чорзарб"-ро сюита ном кардани Ака Шариф бесабаб нест. Аслан истилоњи "сюита" (дар мусиќии аврупої - асари иборат аз якчанд ќисм) аз калимаи арабии "савт" (талаффузи андалусї - "сут") баромадааст. Дар системаи мусиќии шарќї "савт" - айнан њамин гуна асарњои бисёрќисмаро меноманд ва ин истилоњ баъдан тавассути Испания ба Фаронса рафтааст (А.Н.).

[6] Дар баъзе аз нашрияҳои  замони мо номи ўро "Нурасади Чиштї" зикр намудаанд, ки комилан хато мебошад (А.Н.).

Хондан 1985 маротиба