JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 01 Марти 2023 04:12

Ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо

Муаллиф: Убайдулло Убайдуллоев

   “Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем.

  Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст”. Эмомалӣ Раҳмон. Паём - 2022.

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати мамлакатро барои солҳои оянда муайян ва ироа  намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ аз ҷумладар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҳифзи байналмиллалии пиряхҳо, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дастуру вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.

 Боиси хурсандии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки санаи 14-уми декабри соли 2022 ташаббуси навбатии Ҷаноби Олӣ бо ҷонибдории 153 кишвари узв аз тарафи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба таври оро қабул гардид. Дар асоси ин қатънома пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ҷиҳати эълон шудани санаи 21 март - ҳамчун  Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; таъсиси Фонди боэътимоди  байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ инчунин дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд.

  Баъди қабули ин қатънома сарони якчанд ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба унвони сарвари кишварамон барқияҳои шодбошӣ ирсол намуданд. Ташаббусҳои хирадмандона, оқилона ва дурандешонаи Ҷаноби олӣ кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари ташаббускори масоили экологӣ марбут ба ҳифзи обу иқлим муаррифӣ намуд. Ин албатта боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ мебошад.

  Қабули қатъномаи мазкур имконият медиҳад, ки ҳадафҳои экологии матраҳнамудаи ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ мавриди музокира қарор гирифта, роҳҳои ҳалли онҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ   чораҷӯӣ карда шавад.

  Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки президенти кишварамон дар аксари баромадҳояшон дар минбарҳои бонуфузи сатҳи баланд қайд карданд, ки масъалаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ  яке аз масъалаҳои мубрами сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Кишвари мо бо вуҷуди доштани  кӯҳистони зиёд ва яке аз минтақаҳои осебпазир ба тағёйирёбии иқлим буданаш низ аз таъсиру талафоти офатҳои табиӣ орӣ нест. Ҳамасола ин омилҳо ба ҳаёти иқтисодӣ  ва иҷтимоии мардуми кишвар таъсири манфии хешро мерасонад ва ҳатто аксари маврид ба талафоти ҷонӣ анҷом меёбад.

  Солҳои охир бо назардошти гармшавии глобалии иқлим, зиёд гардидани аҳолии курраи Замин,  обшавии бесобиқаи пиряхҳо, зиёд гардидани корхонаҳои саноатӣ ва афзудани таъсироти антропогенӣ ба табиат ва муҳити зист вазъи таъмин намудани аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи ошомиданӣ ба як мушкилоти  ҷиддии ташвишовар мубаддал гаштааст. Мувофиқи таҳлилҳои коршиносони соҳа соли 2030 истифодаи оби нушокӣ ба ҳар як сари аҳолӣ бо нишондоди камтарин ба назар мерасад, ки ин 1,7метри мукаабро ташкил медиҳад. Ҳол он ки солҳои 1950-60-уми асри гузашта ин нишондод ба 6000 метри мукааб баробар буд. Бо назардошти тадқиқотҳои илмӣ ва пешгӯии олимони соҳа дар Осиёи Марказӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим истифодава эҳтиёҷ ба  оби ошомиданӣ то 15-20% меафзояд. Мутахассисон муайян карданд, ки бо зиёд шудани ҳарорати ҳаво ба миқдори 1⁰С дар солҳои 2050-ум ҳатто истифодаи об аз тарафи растаниҳо низ то 10-15% меафзояд. Ҳамаи ин мушкилотҳо гувоҳи онанд, ки дар масъалаи ҳифз ва истифодаи  захираҳои обӣ чораҷӯӣ намуда, ба саҳланкорӣ роҳ надиҳем ва сатҳи маърифати экологиамонро боло бардорем.

  Қабули ташаббуси панҷуми Пешвои миллат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид обурӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналималӣ бори дигар баланд бардошт.

  Бояд як нуктаи муҳимро қайд кард, ки барои ҳар як давлат ва ҳар як миллат як давраи муайяни рушд лозим аст, ки тарақӣ кунад ва эътироф шавад. Боиси фахр аст, ки дар як давраи тақдирсоз ва хеле мудҳиши сиёсӣ фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд ва зимоми давлатдориро ба даст гирифта, нахуст гурезагону мардуми ҷангзадаро аз парокандагӣ эмин доштанд, сулҳу суботро дар кишварамон пойдор карданд ва давлатро аз завол наҷот доданд. Ба ғайр аз ба эътидол овардани иқтисоди кишвар тавонистанд бо пешниҳодҳои наҷиб, хирадмандона ва гуманистии худ обурӯи мамлакатамонро дар миқёси ҷомеаи ҷаҳонӣ бардоранд. Дар ин ҷода бо ҳисси баланди миллӣ ва ғурури тоҷикона аз самими қалб чунин қайд мекунам:

  -Шараф ба Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон!!!

  Боварии комил дорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ ҳамчун як масъули масоили соҳаи обу иқлим ва дигар масъалаҳои номатлуби ҷомеа ҳамчун як кишвари ташаббускор боқӣ хоҳад монд.

  Инҷо суханрониҳои Сарвари давлат дар Паёми имсола (23.12.2022с) аз ҷабҳаҳои сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили марбут ба обу иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳоро айнан пешкаш менамоем:

“Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт.

  14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, як дилона қарор қабул кард.

  Мувофи қи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

  Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷуми нибти кори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

  Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.

  Бо истифода аз фурсат, ба тамоми кишварҳо, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ барои дастгирӣ аз ин ташаббуси Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор менамоям.

  Бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати қабули ин қарори муҳимму таърихии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид самимона табрик мегӯям.”

  Таъсисёбии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» низ яке аз дастовардҳои даврони истиқлол мебошад. Маркази мазкур дар раванди эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» тибқи иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №162 ва қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018 дар назди Академия таъсис дода шуд, ки дар ҳаёти стратегии кишвар, воқеан рӯйдоди фараҳбахш ва ниҳоят муфид маҳсуб меёбад.

  Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи  омӯзиши пиряхҳо ва масъалаҳои марбут ба обу иқлим вобаста буда, мутахасисони ҷавонро дар ин соҳа омода мекунад.

Убайдулло Убайдуллоев

ходими калони илмии МДИ

“Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”   

Хондан 2065 маротиба