JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 11 Ноябри 2025 12:20

Нақши ҳувияти миллӣ дар шаклгирии давлати муосири тоҷик

Муаллиф:

  Дар ҷаҳони имрӯза, ки ҷаҳонишавӣ марзҳоро аз байн мебарад ва фазои иттилоотию фарҳангии ягона эҷод мекунад, масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ рӯз аз рӯз бештар матраҳ мегардад. Густариши равобит байни мардум, пешравии фанноварӣ, дастрасии бозорҳои ҷаҳонӣ, инчунин афзоиши ҷараёни муҳоҷират, дарки мутақобил ва мубодилаи идеяҳоро тақвият ва дар баробари ин хатари аз даст додани аслият, решаҳои фарҳангӣ ва марҷаи маънавиро низ ба миён меорад. Маҳз аз ин сабаб ҳувияти миллӣ ба унвони усси асосии (краеугольный камень) рушди иҷтимоӣ ва омили муайянкунандаи пойдории давлату муттаҳидии миллат шинохта мешавад. Дар даврае, ки башарият босуръат дар ҳоли ҳаракат ба сӯи ҷаҳонӣ шудан аст, ниёз ба дарки решаҳои миллӣ ва аслияти фарҳангии худ бавижа зарурӣ мешавад.

  Ҳувияти миллӣ танҳо огоҳии фард аз мансубият ба як миллат нест, балки як эҳсоси амиқи дарунӣ аз пайванд бо таърих, фарҳанг, забон ва суннатҳои мардуми худ аст. Ҳувияти миллӣ дар тӯли асрҳо таҳти таъсири рӯйдодҳои таърихӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ шакл мегирад. Ин падидаи чандқабатае аст, ки мардумро на танҳо бо нишонаҳои беруна, балки бо як ҷаҳонбинии муштарак, ҳофизаи дастаҷамъӣ ва низоми арзишҳо муттаҳид мекунад. Ваҳдати миллӣ бидуни огоҳӣ аз ин арзишҳои муштарак ғайриимкон аст: маҳз ҳувияти миллӣ эҳсоси мутаалиқият ва ҳамбастагиро эҷод мекунад, мардумро ба иқдом дар ҷиҳати манофеи муштарак бармеангезад ва  эътимод байни шаҳрвандонро тақвият мебахшад. Бе тамоми ин эқсосоти бунёдии мутааллиқот, ҳар ҷомеае дар маърази хатари парокандагӣ ва осебпазирӣ дар баробари чолишҳои дохилию берунӣ қарор хоҳад гирифт.

Аҳамияти ҳувияти миллӣ бавижа дар таърихи Тоҷикистони муосир барьало мушоҳида мешавад. Аз замони ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991, кишвари мо бо як қатор мушкилиҳои сиёсӣ, аз ҷумла шиклдиҳии як давлати миллӣ, ташкили давлат-миллат, барқарорсозии иқтисод, тақвияти ниҳодҳои сиёсӣ ва аз ҳама муҳим, эҳёи худогоҳии миллӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 озмоиши сангин барои мардум ва кишвари мо буд, зеро ҷомеа дар марзи парокандашавӣ қарор дошт. Зимнан маҳз рӯ овардан ба решаҳои маънавию фарҳангӣ, арзишҳои суннатии мардумӣ буд, ки имкони ғалаба бар ихтилофот,  барқарории сулҳу субот ва пирӯзии пояҳои тавсеаи ояндаро фароҳам овард. Дар ин фароянда ҳувияти миллӣ ба унвони як нерӯи муҳаррик амал кард, ки мардуми тоҷикро атрофи идеяи сарнавишти муштарак ва масъулият дар қиболи ояндаи кишвар муттаҳид кард.

Ҳувияти миллии мардуми мо решаҳои таърихии амиқ дорад. Мо - тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳои минтақа, меросбарони мустақими тамаддуни бузурги Форс мебошем, ки гузаштагони мо саҳми назаррас дар фарҳанги ҷаҳонӣ гузоштаанд. Хостгоҳи мо ба тамаддунҳои бостонии Бохтар ва Суғд мерасад ва сарватҳои маънавии мардум дар осори муттафакирону шоирони барҷаста, ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷалолиддини Румӣ таҷассум ёфтаанд. Осори онҳо бо инсонгароӣ, муҳаббат ба Ватан, ормонҳои адолату эҳтиром ба инсон оғушта аст. Ин нишонаҳои фарҳангӣ имрӯз ҳам вижагии худро ҳифз намуда, асоси ҷаҳонбинии миллӣ ва сутуни маънавии ҷомеаи тоҷиконро ташкил медиҳанд.

Дар ташаккули ҳуввияти миллӣ забони тоҷикӣ мақоми махсус дорад, ки он на танҳо ба унвони воситаи муошират, балки ҳамчун рамзи якпорчагӣ, давомати фарҳангӣ ва хотираи таърихии мардум низ шинохта шудааст. Аз тариқи забон арзишҳои маънавӣ, фолклор, суннатҳои шоирӣ ва таҷрибаи ҷамъиятии наслҳоро интиқол медиҳанд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, рушди забони тоҷикӣ ба сиёсати давлатии афзалиятнок табдил ёфт, зеро маҳз он кафолати муттасилии фарҳанг, муттаҳидкунандаи мардум ва тақвиятбахши худогоҳии миллиро таъмин менамояд. Нигоҳдорӣ ва рушди забон дар заминаи ҷаҳонишавӣ вазифаи стратегӣ аст, зеро забон тарзи беназири дарки ҷаҳонро, ки ба ҳар миллат хос аст, таҷассум мекунад.

Фарҳанги Тоҷикистон бо ғановат, танаввӯӣ ва таркиби ҳамоҳангӣ аз аносири бостонӣ ва муосир мутамойиз аст. Суннатҳои эҳтиром ба калонсолон, гиромидошти оила, меҳмоннавозӣ ва кӯмаки мутақобил ҳифз шуда, аз насл ба насли дигар мунтақил мешаванд ва пояҳои ахлоқии ҷомеаро ташкил медиҳанд. Дар заминаи равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳангоме, ки фарояндаҳои ваҳдати фарҳангӣ ташдид мешаванд, ин суннатҳо аҳамияти вижае пайдо мекунанд. Онҳо ба ҳифзи ҳувияти маънавӣ ва муқовимат дар баробари шахсиятзудоӣ, ношӣ аз фарҳанги оммавӣ кӯмак мерасонанд.  Ҳунарҳои мардумӣ, мусиқӣ, идҳову фолклори мардумӣ на танҳо ёди ниёконро ҳифз мекунад, балки эҳсоси ифтихор ва мансубият ба миллатро низ тақвият мекунад. Намоди ваҳдати фарҳангии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз мебошад. Ҷашни бостонии баҳор ва таҷдиди ҳаёте, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ба унвони бахше аз мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ба расмият шинохта шудааст. Ин ҷашн мардуми кишварамонро муттаҳид карда, арзишҳои ҷовидонаи сулҳ, созандагӣ ва эҳтироми мутақобилро  ташвиқ менамояд.

Тоҷикистони муосир як кишвари бисёрмиллат аст, ки дар он ӯзбекҳо, русҳо, қирғизҳо ва намояндагони дигар миллатҳо дар баробари тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Тавсеаи муваффақомези чунин ҷомеа танҳо бо ҳамзистии ҳамоҳанг ва ҳамкории фаъоли тамоми миллатҳо имконпазир аст. Ҳувияти миллӣ дар ин замина набояд ба унвони дороии инҳисории як миллат, балки ҳамчун пойгоҳи муштарак аз ҳамбастагии шаҳрвандӣ, ки бар асоси эҳтироми мутақобила, баробарӣ ва масъулият барои ояндаи муштарак бунёд ёфтааст, дарк шавад. Дар ин бардошт, ҳувияти тоҷикӣ ба нерӯи якпорчагии фарогир табдил меёбад, ки танаввуъи фарҳангу дидгоҳоро дар як воҳиди том муттаҳид мекунад.

Ҷаҳонишавӣ, аз як тараф, фурсатҳои бузурге барои тавсеаи иқтисодӣ, фановарӣ ва фарҳангиро барои Тоҷикистон фароҳам меорад, аммо аз тарафи дигар, ҷомеаро бо чолишҳои ҳифзи ҳувияти худ мувоҷеҳ мекунад. Таъсири расонаҳои ҷаҳонӣ, фарҳанги омма ва фановарии рақамӣ бавижа миёни ҷавонон қобили таваҷҷуҳ аст, зеро онҳо дар бисёр ҳолатҳо фарҳанги хориҷиро ба унвони намуна барои тақлид қабул мекунанд. Бо вуҷуди ин, ҷаҳонишавӣ ҳатман ба аз даст додани ҳувияти миллӣ намеорад; баръакс, бо татбиқи сиёсати дуруст ва мақсадноки фарҳангӣ он метавонад ба таҷдиди ҳувияти миллӣ мусоидат кунад.

Қайд карда ҷоиз аст, ки ҳувияти миллӣ падидаи статикӣ нест, балки як равандест, ки ҳамқадами ҷомеа рушд меёбад, маъниҳои навро ҷаббида, ҳамзамон решаҳои таърихиро ҳифз мекунад. Маҳз дарки давомати тахрихӣ,  эҳтиром ба суннатҳо ва эътимод ба нерӯи худ ба мардум имкон медиҳад, то пойдорӣ ва боварӣ ба ояндаро ҳифз кунад. Барои Тоҷикистон, ҳувияти миллӣ ба меҳвари асосӣ табдил ёфтааст, ки гирди он давлати муосире қобили ба ҳам овардани миллатҳои гуногун, наслҳо ва ҷаҳонбиниҳои мухталиф мебошад, сохта мешавад.

Ҳамин тариқ, ҳувияти миллӣ омили ҷудоинопазири муттаҳидии миллат ва ҷомеа ба шумор меравад. Он меъёрҳои ахлоқӣ ва маънавиро шакл медиҳад, мардумро бо ормонҳои муштарак муттаҳид мекунад ва ба вуҷуди давлат ба унвони як кули фарҳангию таърихӣ маъно мебахшад. Рӯ овардан ба решаҳои таърихӣ, мероси фарҳангӣ ва суннатҳои маънавӣ ба манбаи қудрат табдил ёфт ва кишварро қодир сохт, ки аз роҳи мушкил аз задухӯрд ба сулҳ ва устуворӣ ҳаракат кунад.

Дар ҷаҳони муосири пур аз чолишҳо ва тағйирот, ҳифз ва тавсеаи ҳувияти миллӣ на танҳо барои тақвияти ваҳдати дохилӣ, балки барои рушди муваффақомези кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти стратегӣ касб мекунад. Таркиби эҳтиром ба суннатҳо бо самимият ба ҷаҳон, фарҳанги тоҷикро ба падидаи пӯё ва дар ҳоли такомул табдил мекунад, ки қодир аст, то бидуни аз даст додани иртиботи худ бо гузашта бо итминон ба оянда нигоҳ кунад.

Таҳлили ҳувияти миллӣ нишон медиҳад, ки дар чаҳорчӯби ҷаҳонишавӣ, ин падидаи басо муҳим ба унвони омили калидӣ дар ҳифзи асолати фарҳангӣ ва таъмини пойдории иҷтимоӣ баромад мекунад. Муомилоти равандҳои ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ зарурати дар ҷомеа шаклдиҳии эҳсоси пойдори мансубият ба фарҳанги миллӣ ва решаҳои таърихиро, ки дар навбати худ ба тақвияти ваҳдати миллӣ ва тавсеаи худогоҳии шаҳрвандӣ кӯмак мекунад, ба миён мегузорад.

Таҷзия ва таҳлил бори дигар собит кард, ки ҳувияти миллӣ падидаи печида ва чандинсатҳӣ аст, ки шомили ҷузиёти таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва маънавӣ-ахлоқӣ мебошад. Ин ҳувият ба унвони як омили ҳамгирогункунандаи иҷтимоӣ амал мекунад ва гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоиро атрофи арзиш ва аҳдофи муштарак муттаҳид мекунад. Шаклгирии ҳувияти миллӣ ба таври ҷудонопазир бо тавсеаи забон, низоми таълимӣ, ниҳодҳои фарҳангӣ ва идеологияи давлатӣ алоқаманд буда, ба нақши он ба унвони пояи асосӣ барои таҳкими миллӣ таъкид мекунад.

Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон таъйид мекунад, ки рӯ овардан ба решаҳои фарҳангӣ ва маънавӣ дар фарояндаи миллатсозӣ ва давлатсозӣ нақши таъйинкунандае дорад. Пас аз истиқлолият, ҳувияти миллӣ ба омиле табдил шуд, ки ҷомеаро қодир сохт, то бар паёмадҳои буҳронҳои сиёсӣ ва даргириҳои дохилӣ ғалаба карда, ваҳдати дохилиро барқарор ва пояҳои рушди пойдорро бунёд кунад. Ҳувияти миллии тоҷик мероси ғании таърихӣ - фарҳангӣ дорад, ки таҳти таъсири тамаддуни форсӣ шакл гирифта, дар осори мутафаккирон ва шоирони барҷаста, ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷалолуддини Румӣ таҷассум ёфтааст, такя мезанад.

Забони тоҷикӣ нақши бисёр муҳим дар шаклгирии ҳувият ифо мекунад ва ба унвони ҳифзкунандаи рамзҳои фарҳангӣ, ҳофизаи ҷомеа ва арзишҳои маънавии мардум амал мекунад. Сиёсати забонӣ бо ҳадафи ҳифзу тавсеаи забони тоҷикӣ яке аз муҳимтарин абзорҳо барои тақвияти худогоҳии миллӣ ва давоматии байни наслҳо мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба таркиби бисёрмиллатии Тоҷикистони муосир, ҳувияти миллӣ хусусияти якпорчагиро, ки фаротар аз доираи мансубияти қавмӣ мебошад, касб мекунад. Ин ҳувият дар ҳоли табдил шудан ба поя ва асоси эҷоди ҳамбастагии шаҳрвандӣ аст ва ҳамзистии мутаносиби фарҳангу гурӯҳҳои қавмии мухталифро дар фазои ягонаи иҷтимоӣ-сиёсӣ тазмин мекунад.

Равандҳои ҷаҳонишавӣ, аз як сӯ, хатари аз даст додани ҳувияти фарҳангиро эҷод мекунанд, дар ҳоле, ки аз сӯи дигар фурсатҳоеро барои навсозии фарҳанги миллӣ ва ҳамгироии он дар фазои фарҳангии ҷаҳонӣ фароҳам меоранд. Дар ин замина, вазифаи муҳимтарин, тадвини як сиёсати мутаъодили давлатӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки ба ҳифзи суннатҳо ва дар як вақт ба азхудкунии аносири мусбати таҷрибаи ҷаҳонӣ равона шаванд.

Ҳамин тариқ, ҳувияти миллии тоҷик намоёнгари як системаи пӯё аст, ки давомати тавсеаи таърихӣ ва фарҳангиро тазмин карда, ба унвони  кафили устувории иҷтимоӣ, якпорчагии сиёсӣ ва пойдории маънавии ҷомеа амал мекунад. Ҳифз ва тавсеаи ҳувияти миллӣ дар асри XXI бояд ба унвони як авлавияти стратегии сиёсати давлатӣ бо ҳадафи тақвияти худогоҳии миллӣ, ҳимоят аз танаввӯи фарҳангӣ ва тазмини мушорикати ҳамоҳангии Тоҷикистон дар фарояндаҳои глобалӣ, бо замонати ҳифзи асолати худ баррасӣ гардад.

 

Шозедов Х. Н. – ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти

                               стратегии назди Раёсати АМИТ

Хондан 40 маротиба