JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 10 Сентябри 2024 11:49

Илми мусиқӣ дар осори Абуалӣ Ибни Сино

Муаллиф: Аслиддин Низомӣ

  Дар рӯйи олам мавҷудоти зинда тариқи забонҳои гуногун бо ҳам муошират мекунанд, забони гуфтугӯ, забони аломатҳо, забони ишораҳо, забони рақс, забони оҳангҳо ва ғ. Дар маҷмуъ ҳамаи ин забонҳоро инсоният дар тӯли ҳазорсолаҳо ба вуҷуд овардааст, яъне ин васоити муошират маҳсули дастранҷи фарҳанги инсоният маҳсуб меёбанд. Аммо забони асосӣ, воситаи мутлақи муошират – ин забони таносуби рақамҳо мебошад, яъне ин маврид илми риёзиёт дар назар дошта шудааст. Аз қадим риёзиёт (математика) илми асосӣ буд ва фарогири ҳамаи илмҳои дигар ба шумор мерафт.

 Риёзиётро ҳанӯз юнониёни қадим ба чаҳор қисм чунин ҷудо намуда буданд : 1. Арифметика (арисмотиқ) – забони ё худ назарияи рақамҳо; 2. Геометрия – забони ё назарияи хатҳо; 3. Астрономия – забони ё назарияи ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ; 4. Мусиқӣ – забони ё назарияи савтҳо (садоҳо). Ин гуна тақсимбадиро “квадриум” (чаҳоргона) меномиданд ва ҳеч донишманде бидуни азхуд намудани ҳамаи ин илмҳо ба шарҳи риёзиёт даст намезад.

 Дар миёни ин ақсом танҳо мусиқӣ, яъне назарияи садоҳо соҳиби хислати нодир мебошад, ки бевосита ба тамоми мавҷудоти зинда таъсир расонида метавонад. Ҳамин буд, ки фарзанди Бухорои шариф, аллома Абуалӣ Ибни Сино аснои навиштани боби “Риёзиёт”-и Китоб-уш-шифо дар пайравӣ ба Арастуи бузург бахшеро вобаста ба илми мусиқӣ таҳти унвони “Ҷавомеъу илм-ал-мусиқӣ” (Маҷмуи донишҳо доир ба мусиқӣ) илова намуд. Ин асари нодир мутаассифона то ҳоло дастраси илми муосири тоҷик нагардидааст, гарчанде борҳо ба забони арабӣ, инглисӣ, фаронсавӣ нашр шудааст. Мақолаи зер ба мазмуну муҳтавои ҳамин асари Ибни Сино тааллуқ дорад.

 Таълифоти алломаи бузург, файласуф, шоир ва табиби оламшумул Абӯалӣ Ибни Сино  оид ба илми мусиқӣ то замони мо моҳият ва арзиши маънавии хешро гум накардааст. Сино дар баробари Абунасри Форобӣ (871-950) ва Ал-Киндӣ (800-897) яке аз асосгузорони илми мусиқӣ дар Шарқ маҳсуб меёбад. Ӯ бахшида ба мусиқӣ панҷ асари махсус таълиф намудааст, ки  мукаммалтарини онҳо китоби “Ҷавомеъу илм-ал-мусиқӣ” мебошад. Чуноне ки маълум аст, дар пайравӣ ба услуби юнониёни қадим Ибни Сино ин асарашро дар сохтори китоби “Риёзиёт”-и “Китоб-уш-шифо” ҷой дода бо ҳамин ақидаи устувори мутақаддиминро доир ба моҳияти хоси  илмӣ ва ирфонии ҳунари мусиқӣ тасдиқ намудааст.

 Асар тибқи анъана ба забони арабӣ таълиф шуда ва муҳтавои он кулли масоили вобаста ба пайдоиши мусиқӣ (дар умум садо), назарияи оҳангсозӣ, шарҳи созҳои маъмули мусиқӣ, пайвандии шеър ва мусиқӣ, мақомҳо (лаҳнҳо), инчунин таъсири оҳангҳоро ба мавҷудоти зинда фаро мегирад. Асари мазкур ҳанӯз қариб садсол қабл аз ҷониби олими фаронсавӣ Рудолф Д’ерланже тарҷима ва таҳқиқ карда шудааст. Ба ин асари нодири Ибни Сино оид ба мусиқӣ ҳамчунин шарқшиноси маъруф Ҷорҷ Фармер баҳои баланд дода муҳтавои онро дар чандин мақолаҳояш шарҳ додааст.

Дар Тоҷикистон низ дар авохири қарни гузашта порчаҳои алоҳидаи китоби “Ҷавомеъу илм-ал-мусиқӣ” ба забони русӣ тарҷима шуда буданд, аммо бояд эътироф намуд, ки ҳанӯз мероси мусиқишиносии шоир ва мутафаккири бузурги халқи тоҷик  ҳанӯз ба пуррагӣ дастраси аҳли илм нагардидааст.

Тавре зикр гардид, Ибни Сино илми мусиқиро дар сохтори низоми илмҳои риёзӣ таҳқиқ намудааст, яъне масоили вобаста ба пайдоиши садо дар ҳаёти мавҷудоти зинда, таносуби фосилаҳои мусиқӣ, услуби пардабандии созҳои мусиқӣ, фарқияти садоҳои мусиқӣ ва ғайри мусиқӣ ва дигар муаммоҳои ин илмро Ибни Сино асосан тавассути далелҳои илми риёзӣ шарҳ додааст.

 Дар замони Синову Форобӣ таълимоти юнониёни қадим тавассути тарҷимаҳо ба забони арабӣ дастраси аҳли илм гардида буданд. Хусусан осори  Абуюсуф Ибни Исҳоқ Ал-Киндӣ (муаллифи рисолаҳои зиёд, аз ҷумла бахшида ба илми мусиқӣ) дар ин давра хеле машҳур шуда буд. Албатта, маълум аст, ки дар ин ҷода Сино ба таълимоти маъруфи Арасту, Фисоғурс, Батлимус ва дигарон такя намудааст, вале яқинан бояд таъкид намуд, ки дар шарҳи як қатор масъалаҳои муҳими илми мусиқишиносӣ (шарҳи созҳои мусиқӣ, пайвандии шеър ва оҳанг ва ғ.) Сино соҳиби назарияи хосе шуда, то ҳадди имкон ақидаҳои хешро бо амалияи мусиқии замонаш пайванд намудааст.

Яке аз масъалаи баҳсталаб – яъне пайвандии гӯё садоҳои мусиқиро бо ҳаракати доимии ҷирмҳои осмонӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, Ибни Сино махсусан таъкид намудааст, ки ин гуна ақидаҳо асоси илмӣ надоранд. Дар ин хусус ӯ  дар муқаддимаи асар чунин навиштааст:

“Мо ба илми мусиқӣ аз он ҷиҳат, ки тавассути шарҳи фосилаҳои мусиқӣ ба баёни ҷирмҳои осмонӣ инсонӣ мепардозанд, таваҷҷуҳ намекунем, зеро чунин нуқтаи назар анъанаи онҳоест, ки хусусиятҳои як илмро аз илми дигар фарқ намекунанд”. Бояд илова намуд, ки  чунин ақида ҳанӯз ба Фисоғурс тааллуқ дошт ва пайравони ӯ низ ҳафт пардаи мусиқиро дар пайвандии услуби ҳаракати  ҷирмҳои осмонӣ шарҳ медоданд.

 Эзоҳ: Яъне Ибни Сино дар ин масъала мақоми устувори илмии хешро исбот намудааст. Ақидаҳои вобаста ба пайвандии низоми ҷирмҳо осмонӣ ва садоҳои мусиқӣ, аниқтараш фосилаҳои миёни садоҳо, сохтори қаторовозҳо, то имрӯз дучор мегарданд. Ҳатто мегӯянд, ки дар само оҳанги мутлақи ба таври зинда доим садо медиҳад, оҳангсозони нобиға (масалан Бах, Скрябин) гӯё ин лаҳнҳоро эҳсос менамоянд ва рӯйи нота меоранд.

Ин ҷо бамаврид аст, ки суханони Алберт  Эйнштейнро ба ёд биёрем (маълум аст, ки ӯ скрипкаро хеле хуб менавохт): “ Агар ман фаразан физик намешудам, бегумон ҳатман мусиқачӣ мешудам, зеро ман тавассути оҳангҳо фикр меронам, ҳаётро, оламро маҳз тавассути мусиқӣ тасаввур мекунам”...

Муаммои дигаре, ки дар таълимоти мусиқишиносии Сино шарҳи нави худро пайдо намудааст, ин назарияи пайдоиши савт (садо, овоз) дар табиат аст. Шояд метавон гуфт, ки Ибни Сино, ки худ дорои донишҳои мукаммали соҳаи тиб буд, қабл аз ҳама назарияи савтҳоро дар пайвандӣ бо қобилияти шунавоӣ ва эҳсосоти инсонӣ чунин шарҳ медиҳад:

Оид ба таърифи савт (садо овоз):  “Инак мегӯем, ки савт аз ҷумлаи маҳсусот (ҳисшаванда) аст, ки бо хусусиятҳои ҳаловат (форамӣ) ё кароҳат (нафратангезӣ) фарқ мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, савт (садо, овоз) ду навъ мешавад: яке навъе, ки ҳиси инсон аз он лаззат мебарад ва дигар навъе, ки ҳис аз шунидани он нафрат пайдо мекунад.  Албатта (бояд эътироф намуд, ки) баъзан сабаби кароҳати (нофорамии) савт вобаста ба сифати садобарории олоти мусиқӣ аст, на аз худи савт.  Гоҳе чунин мешавад, ки савт маҳз дар ҳолати шунидан (истимоъи он) нофорам, яъне ин ҷо ифрот дар худи шунаванда аст”.

Аз ин ақидаронии Сино бараъло аён аст, ки олими бузург сифатҳои садоро на танҳо дар ҳолати пайдо шуданаш (яъне офаридани ин ё он оҳанг), балки дар лаҳзаи баъдан аз ҷониби шунаванда қабул шудани он (истимоъ) шарҳ медиҳад. Яъне ҳатто оҳанги форам дар сурати қобили қабул набудани шунаванда метавонад нофорам эҳсос шавад.

Эзоҳ: Сино  инҷо муаммои хеле қадимӣ – муносибати объект ва субъектро шарҳ додааст. Яъне нафаре ки калиди ворид шуданро ба муҳтавои маънавии мусиқӣ (адабиёт, санъат умуман) дар даст надорад аз шунидани симфонияи Бетховен, силсилаи Шашмақом ё худ нолаҳои фалакхонӣ чизеро бардошт намекунад.

 Дар Фасли аввали асар Ибни Сино доир ба масъали сабабҳои баму зер будани садоҳо баҳс мекунад, яъне чаро садоҳо баландиву пастӣ доранд. Дар ин маврид олими бузург изҳор намудааст, ки баландиву пастии офозҳо қабл аз ҳама ба ҳолати руҳонии худи инсон вобастагӣ дорад. Масалан, нафаре дар сурати ғазабнок гардида таҳдид кардан ҳатман  овози баландро истифода мекунад ва баръакс, аснои мутеъ шудан, таслим шудан овозашро паст мекунад.

 Ибни Сино ҳамчунин услуби шинохти овозҳои мусиқӣ ва тарзи иншои оҳангро ба қалам оварда чунин менависад: (Дар шинохти фосилаҳои муттафиқ ва  мутанофир).

“Ҳар гоҳе ки як нағма (садои мусиқӣ) аз назари баландӣ ва пастӣ дар зинаи ягона такрор шавад, таълифе (яъне оҳанге) ҳосил намешавад. Оҳанг танҳо дар ҳамон сурат пайдо мешавад, ки нағмаҳо дар зинаҳои гуногун садо диҳанд. Зеро агар як нағма дар як зина такрор шавад, таъсири он як чиз беш нест. Бинобар ин воҷиб аст, ки таълифи нағмаҳо ба тавре бошад, ки аз миёни онҳо абъод (яъне буъдҳо, фосилаҳои мусиқӣ – А.Н.) ба вуҷуд ояд.

Поинтар Ибни Сино фосилаҳои мусиқиро дар шакли ҷамъҳо шарҳ медиҳад, яъне аз ду се фосила ба вуҷуд омадани оҳангро  чунин асвир менамояд:

“Ҷамъи буъд (фосила) бо буъди дигар чунин сурат мегирад, ки мо тавонем нағмаи муштарак дар ҳар ду буъдро ё аз ҷиҳати тез (ниҳод) ва ё аз ҷиҳати гаронӣ пайдо кунем.”

Эзоҳ: Пас аз ду садсола дар рисолаҳои баъдинаи мусиқӣ муаллифони он истилоҳи “ҷамъ”-ро маҳз дар пайравии Ибни Сино  ба маънии “мақом” ё худ “парда” истифода бурдаанд.

 Дар Фасли панҷум Ибни Сино ба шарҳи вазнҳои шеър муроҷиат намудааст. (Шеър ва вазнҳои он).

Ӯ навиштааст:  “шеър”  каломест барангехта аз хаёл ва аз гуфтаҳое падид омада, ки иборат аз  иқоъҳои (ритмҳои) муттафиқ ва мусовӣ мебошад. Зиёда аз ин, дар ҳолати ритмҳои мукаррар  (такроршаванда) ҳуруфи охиринашон ба ҳам шабоҳат доранд.

Эзоҳ: Сино нахуст ишора ба он дорад, ки муҳтавои шеър аз хаёлот бармеояд, яъне маҳсули тасаввуроти хаёлӣ ва дорои вазни муайян (ритмҳои мувофиқ) ва қофия мебошанд (ҳуруфи охири мушобеҳ).

Вобаста ба услуби таълифи оҳанг (иншои оҳангҳои мусиқӣ) Сино менависад: (Таълифи лаҳн)

“Ҳар касе, мехоҳад оҳангеро эҷод кунад, пас ба ӯ зарур аст, ки сараввал маҷмуи муайяни нағмаҳоро дар назар бигирад. Ин маҷмуъ метавонад комил бошад ё ноқис бо тамдиди маҳдуд, инчунин бояд ҷинсҳо (қаторовозҳои сегона ва чаҳоргона – А.Н.) дар он мураттаб шаванд.

Нафаре агар мехоҳад услуби офаридани оҳангро биёмӯзад, ҳамчунин бояд  иқоъро (яъне зарбҳоро, ритмро) якҷоя бо кулли анвои мухталифаш фаро гирад. Яъне ӯ бояд як намуди муайяни иқоъро (ритм,усулро) тахайюл кунад ва барои ин  бояд  ин намуди иқоъро дар хаёлоташ маҳз дар шакли ҳуруфот тасаввур намояд, на ба сурати нағма (яъне оҳангҳо, садоҳои мусиқӣ)....

Эзоҳ: Сино маслиҳат додааст, ки оҳангсоз бояд нахуст ин ё он фосилаҳои мусиқӣ ва шакли муайяни иқоъро (ритмро) тасаввур намуда онро интихоб кунад. Масалан : тан-тан-тан-тан (ин шакли усули чаҳор чорякӣ) ё худ: тан-та-нанан (усули шаш ҳаштякӣ)....

Доир ба созҳои мусиқӣ низ Ибни Сино боби  махсус тасниф намудааст. Ӯ менависад:

“Олоти мусиқӣ чанд намуд мешаванд, қисме аз онҳо  ки дорои зеҳ (сими садобароранда -А.Н.) ва дастон (дастаи сози мусиқӣ) мебошанд, ки  бар онҳо нақра (зарб задан бо мизроб)  мезананд, монанди "барбат" ва " танбур". Зеҳҳои (симҳои) баъзе аз онҳо  бар сатҳи [соз] кашида шудаанд, монанди " шоҳруд" ва " зуланқо". Ва боз созҳо ҳастанд, ки дорои зеҳ ва дастон мебошанд, вале нақра (мизроб) бар онҳо намезананд, балки барои ба садо даровардан бояд зеҳе (сими дигаре, яъне камонча – А.Н.) бар  он кашида шавад, монанди "рубоб"

Эзоҳ: Ин шарҳи Сино хеле муҳим аст, зеро яқинан маълум мегардад, ки дар замони ӯ сози рубобро бо камонча (зеҳи дигар) менавохтаанд.

Сино бузург чуноне ки медонем, худаш ғиччакро хеле хуб менавохт. Барои исботи ин кофист, ки ба шарҳи ӯ доир ба ҳаракати ангуштон рӯйи дастаи сози мусиқӣ таваҷҷуҳ намоем. Сино чунин менависад: “Зеро ангуштон  ҳангоми навохтани ин ё он сози мусиқӣ ба андозагирӣ ниёз доранд. Масалан  мушкил аст, ки аснои иҷрои оҳанг кафи даст ва ангуштон якҷоя ба ҳаракат биёянд,  балки бояд, ки кафи даст сокин бошад ва танҳо ангуштон ҳаракат кунанд.

Эзоҳ: Ин ҳолатро имрӯз ҳар як нафари мусиқинавоз комилан дақиқ тасаввур мекунад, яъне дар навохтани рубоб, ғиччак (скрипка), уд, танбур, дутор ва ғ. Навозанда маъмулан кафи дастро рӯйи дастаи соз сокин медорад ва танҳо тавассути ангуштон пардаҳоро пахш мекунад.

Аҷиб аст, ки Ибни Сино дар бахши шарҳи “созҳои маъруфи мусиқӣ”  аз номи яке аз маъруфтарин сози мусиқии олам – Арғунун ёдовар мешавад: “ чун навое, ки аз сози румии " арғунун" ба даст меояд”.

 Ва албатта барои мо хеле муҳим аст, ки алломаи бузург дар пайравӣ ба мутақаддимин сози “машҳури мутадовил ва муқаддам назди аҳли мусиқӣ” яъне Барбатро шарҳ додааст. Маълум аст, ки дар Бухорову Балх ва Бағдод он замон ин сози қадимии тоҷикиро бештар ба унвони арабии Уд шарҳ медоданд. Сино, ки аз гузаштаи таърихи тоҷикон маълумоти комил дошт, зарур шуморидааст, ки ин сози маъруфи замони Борбадро бо ҳамон номи аслиаш, яъне “Барбат” тавсиф намояд.

Бояд тазаккур дод, ки андешаҳои бадеӣ-эстетикӣ ва хусусан мусиқишиносии Синоро берун аз доираи таълимоти фалсафии ӯ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Маълум аст, ки Ибни Сино дар муҳтавои кулли осораш маҳз инсон ва рисолати ӯро дар ҳаёти ҷомеа мавриди шарҳу таҳлил қарор додааст, яъне олими бузург ҷойгоҳи шунидани мусиқӣ ва таълими илми мусиқиро барои инсон  ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ додааст.

Ин ҷо муҳим аст, зикр намоем, ки Сино ҳамеша ба таълимоти мутақаддимин (хусусан илми юнониён) бо назари интиқодӣ менигарист. Масалан, дар замони ӯ таълимоти муаллифони “Ихвон-ус-сафо”, ки ақидаҳои Пифагорро оид ба “садобарориҳои ҷирмҳои осмонӣ” ҷонибдорӣ мекарданд, хеле маъруф гардида буд.

Вале Ибни Сино ба ин ақида қатъиян зид баромада (чуноне ки дар мақолаи аввал зикр намуда будем) ин намуд баҳогузориро ба илми мусиқӣ комилан инкор кардааст. Ёдовар мешавем, ки ин гуна таълимотро ҳатто Абурайҳон Берунӣ низ қисман ҷонибдорӣ намудааст.  Яқин аст, ки  гарчанде Ибни Сино аз осори илмии юнониён оид ба мусиқӣ комилан дарак дошт, дар бисёр масъалаҳо онҳоро пайравӣ мекард, вале дар таълифи китоби “Маҷмуи илми мусиқӣ” кушиш намудааст, ки диди нисбатан пешқадамро дар масъалаи пайдоиши мусиқӣ пешниҳод намояд.

  Масалан, яке аз созҳои маъруфи мусиқии ҷаҳонӣ – арғунун ба шумор меравад,   аҳли илми мусиқӣ аксаран пайдоиши онро ба юнониён нисбат медиҳанд, ҳол он ки шакли хеле қадимаи ин соз (найчаҳои гуногунҳаҷми ба ҳам басташуда) аз ҳафриёти минтақаҳои гуногуни Суғду Бохтар кашф карда шудаанд.

 Сино ин маврид арғунунро мисли анъана чун “сози румӣ” номбар кардааст, вале маълум аст, ки тасвири ин намуди сози маъруфи нафасӣ (бодӣ) дар деворнигораҳои  Истаравшан, Панҷакенти қадим дучор мегарданд. Дар қарни 15 Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ айнан ҳамин созро шарҳ дода онро “найбаст” номидааст, яъне созе ки аз бастаи якҷояи якчанд найҳо иборат аст.

Арғунуни румӣ, созҳои Орган, ки имрӯз дар тамоми олам маъруфанд, воқеан маҷмуи теъдоди хеле зиёди (то шаш ҳазор) найҳои (лӯлаҳои мисин) ба ҳам баста шуда мешанд.

Аммо тавре болотар таъкид гардид, Сино дар эҳёи номи аслии сози Барбат хидмати бузург кардааст, яъне дар замоне ки аллакай ин созро ба арабӣ “Уд” меномиданд, Сино бо таҳлили услуби навозандагӣ ва пардабандии он исбот намудааст, ки ин сози имрӯз маъруфи мусиқии кишварҳои Шарқ ҳанӯз дар давраи пешазисломӣ дар Суғд васеъ маъмул гардида буд. Шояд аз ҳамон давра, ки муносибатҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни суғдиён ва чиниён ривоҷ гирифта буд, ин соз ба Чин интиқол дода шуд ва номи “Пипа”-ро соҳиб шуд. То замони мо “пипа” (шакли хароб гардидаи “барбат”) дар кишвари Чин сози асосии мусиқӣ ба шумор меравад.

Абунасри Форобӣ низ қабл аз Сино оид ба мусиқӣ китоби бузургеро тасниф карда буд (“Китоб-ал-мусиқӣ ал-кабир”), вале дар матни аслии ин асар доир ба Борбади Марвазӣ маълумот оварда (“Фањлиз, ки дар замони Хусрави Парвиз писари Њурмуз шањрёри Эрон мезиста...”), вале сози Борбадро  чун “уд” зикр кардааст.

 Ин ҷо шарҳи як масъалаи басёр ҳам нозук аён мешавад, ки он ҳам бошад  пайвандии амиқи таълимоти мусиқишиносии Синоро бо суннатҳои маҳаллии Бухоро нишон медиҳад. Форобӣ дар Бағдод, Димишқ мезист (гарчанде ӯ ҳам дар Бухоро таълим гирифтааст)  ва шояд аз ҳамин сабаб зарур нашуморид, ки хилофи анъанаҳои илми арабизабон сози барбатро бо номи қадимии тоҷикиаш зикр намоянд.

Ибни Сино дар илми мусиқӣ низ эҳёгароӣ пешниҳод намуда буд, з-ин сабаб таълимоти Ибни Сино оид ба назария ва амалияи мусиқӣ дар асрҳои минбаъда шуҳрати беандоза баландро соҳиб мегардад. Кулли муаллифони рисолаҳои бешумор, ки илми мусиқӣ бахшида шудаанд, ҳатман зарур шуморидаанд, ки дар шарҳи масоили вобаста ба назарияи оҳангсозӣ, созҳои мусиқӣ, хусусан таъсири мусиқӣ ба инсон ҳатман ба гуфтаҳои Ибни Сино муроҷиат кунанд.

Дар асрҳои минбаъда бузургтарин мусиқишиносони мамолики Шарқ – Сафиуддини Урмавӣ (қ. 13), Абдулқодир Мароғаӣ (қ.14), Камолиддин Биноӣ (қ. 15), Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (қ. 15), Дарвешалӣ Чангии Бухороӣ (қ. 17) ва даҳҳо дигар олимоне, ки оид ба илми мусиқӣ рисолаҳои нодир тасниф кардаанд, ҳатман ба таълимоти Сино ишора ва пайравӣ намудаанд.

Шубҳае нест, ки  муносибати Ибни Сино ба илм ва ҳунари мусиқӣ ҳамчун омили бузурги тарбияи инсон барои устувор намудани шуҳрати он дар тӯли асрҳо боиси таҳсин ва дастгирии аҳли илму адаб гардидааст. Ба ёд биёрем, ҳанӯз Абурайҳон Берунӣ низ чандин карат оид ба хислатҳои фараҳангез ва базмороии ҳунари мусиқӣ таъкид намуда буд, вале таълимоти Сино пайваста мусиқиро чун омили бузурги  тарбиявӣ, ки  руҳи инсонро ба эътидол меоварад, васф намудааст.

Ҳамин буд, ки дар давраи рушди маданияти Ҳирот, ки дар дарбори Султон Ҳусейн Бойқаро мусиқӣ қариб ба тамом воситаи айшу ишрати дарбориён шуда буд, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ фавран ба таълимоти Сино муроҷиат намуда Рисолаи махсусеро оид ба илми мусиқӣ таълиф намуд ва дар он маҳз мавқеи хоси иҷтимоӣ, тарбиявӣ, инчунин инсонсозии мусиқиро  шарҳи муфассал бахшид.

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки таълимоти мусиқишиносии Ибни Сино дар қатори осори муҳаққиқони асримиёнагӣ мақоми хеле баландро соҳиб гардидааст. Сино қаблан осори гузаштагон – Ал-Киндӣ, Ал-Форобӣ (аз он пештар таълимоти Арасту, Птоломей, Пифагор)-ро ба хубӣ азбар намуда дар воқеъ назарияи комил ва мустақилонаи худро боир ба мусиқӣ пешниҳод намуд.

Ибни Сино ки худ шоири тавоно ва сухандони бузург буд, бо истифода аз донишҳои мусиқии худ ба таълифи ғазал, рубоӣ машғул шуда намунаҳои олии ин навъҳоро эҷод намуд. Дар ин ҷода албатта ӯ ба тартиби оҳангии ғазалу таронаҳои Рӯдакӣ пайравӣ намудааст. Рубоисароиро маҳз Рӯдакӣ вориди доираи назми классикӣ сохт, Сино низ ҳамин суннат, яъне бо оҳанг сароидани рубоиҳоро дар эҷодиёташ ҷорӣ намуд.

Табиатшинос, файласуф, табиб ва шоири бузург дар ҳамаи соҳзаҳои илми замон осори нодир таълиф намудааст ва дар қатори онҳо андешаҳои пурҳикмат ва инсонгароёнаро доир ба мусиқӣ низ баён кардааст.

Доир ба илми мусиқӣ Ибни Сино дар маҷмуъ панҷ адад рисола навиштааст: “Ҷавомеъу илм-ал-мусиқӣ”,  боби мусиқӣ дар “Китоб-ун-наҷот”, боби мусиқӣ дар “Донишнома”, асари алоҳидаи “Мадохил ила синоат-ил-мусиқӣ” ва  бахши мусиқӣ “Китоб-ул-лавоҳиқ” ( Китоби иловаҳо”).

Дар “Китоб-ун-наҷот” бахши мустақил оид ба илми мусиқӣ мавҷуд аст, ки онро шогирдаш Абдулвоҳид ал-Ҷузҷонӣ мураттаб кардааст.

Ду адад осори Сино оид ба мусиқӣ, яъне “Мадохил...” ва “Китоб-ул-лавоҳиқ” дастраси замони мо нагардидааст. Вале масалан, Сино дар саҳифаҳои “Ҷавомеъу илм-ал-мусиқӣ” оид ба мусиқӣ овардааст, “маълумоти зиёдтари  иловагиро метавонӣ оид ба ин масъала аз китоби “Лавоҳиқ” пайдо намои”.

Бо дастрас гардидани таълимоти Форобиву Сино ба аҳли илми он замон дар афкори илмӣ таҳаввулоти бузурге ба миён омад. Масалан, аз муҳтавои осори ин нобиғаҳои Мовароуннаҳр иттилооти муҳимме доир ба вижагиҳои мусиқии Бухорову Самарқанд, созҳои маъруфи мусиқии аҳли Хуросон (масалан танбур, ғиччак ва ғ.), анвои гуногуни суруду таронаҳои маҳаллӣ ва рушди анъанаи мақомсозӣ (масалан, мақоми “Рост”) ба доираи илму амалияи мусиқии пойтахти хилофат ворид гардид.

Ҳамин аст, ки дар авохири қарни 19 ва аввали 20 олимони аврупоӣ (Ҷ.Фармер, Б.Дерланже ва диг.), ки ба таҳқиқи  таърих ва назарияи мусиқии кишварҳои арабӣ шуруъ карда буданд, пай бурданд, ки қисми зиёди истилоҳоти мусиқии  мавриди истифодаи арабҳо решаҳои форсӣ-тоҷикӣ  доранд (мисли “дастон”, “бам” “зир” ва ғ.).

Таълимоти Ибни Сино оид ба мусиқӣ қабл аз ҳама моҳияти хеле бузурги илмӣ-академӣ дорад, зеро ӯ кулли масъалаҳои вобаста ба фосилаҳои мусиқӣ, пардабандии созҳо, намунаҳои қаторовозҳо, анвоъи лаҳнҳоро маҳз аз назари илми мусиқӣ шарҳ додааст. Вале бояд изҳор намуд, ки мағзи асосии таълимоти Синоро оид ба мусиқӣ ақидаҳои хеле муфиду тавонбахши ӯ дар хусуси таъсири оҳангҳо ба инсон ташкил додаанд. Ин  ғоя дар маркази таълимоти мусиқишиносии Сино қарор гирифтааст. Табиби ҳозиқ гаштаву баргашта таъкид менамояд, ки инсон бояд аз навоҳои фараҳбахш, лаҳнҳои ҳаракатангез, сурудҳои рӯҳафзо баҳра бардорад.

Ҷараёни фарохи инсонгароӣ, ки дар замони рушди тамаддуни Сомониён авҷ гирифта буд ва муҳаққиқон онро ҳамчун “ренессанси шарқ” (А.Метс) ном бурдаанд, аз ҷумла дар осори мусиқишиносии фарзанди бузурги халқи тоҷик, алломаи Шарқ Абуалӣ Ибни Сино таҷассум ёфтааст.

Аслиддин Низомӣ,

Доктори илмҳои санъатшиносӣ,

 мудири шуъбаи санъатшиносии

 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Хондан 743 маротиба