JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 12 Сентябри 2024 03:54

Нависандаи миллӣ ва талоши бозҷӯйии мушкилоти иҷтимоӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

(мулоҳизоте куллӣ дар ҳошияи романи ” Гардиши девбод”-и устод Абдулҳамид Самад)

        Устод Абдулҳамид Самад (мутаваллиди соли 1947) аз ҷумлаи нависандагони маъруфи миллӣ ба шумор меравад, ки ҳанӯз дар замони шуравӣ бо сеҳри хомааш таваҷҷуҳи аҳли илму адаби замонро ҷалб намуда, миёни доираҳои адабию мадании вақт соҳибэҳтиром гардида буд.  Устод солҳои тулонӣ симати муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар душ гирифта, дар тарбияи насли нави нависандагони тоҷик саҳми муносиб гузоштааст. Хонандаи тоҷик устод Абдулҳамид Самадро аз тариқи осори гаронбаҳое назири “Баъд аз сари падар” (1979) “Шохи чанор” (1981), “Паррончакҳо” (1983), “Пиёлаи шикаста” (1986), “Аспи бобом” (1986), “Косаи давр” (1987), “Майдон” (1989), “Акаи ошиқ” (1992), “Шаҳдрези садо” (1997), “Талош” (2002), “Гардиши девбод” (2007), “Ман ошнои ту, ту ошнои ман”, (1999, 2003), “Гиряи хирс” (2006), “Санги маҳак ва тарозуи ҳунар” (2012) ва амсоли инҳо мешиносад.

        Устод аз ҷумлаи нависандагону адибони муосири миллиест, ки ба эҷоду эҷодкорӣ хеле ҷиддӣ муносибат кардаву мекунад. Нависанда кӯшидааст, ки дар ҳар як асари бадеӣ ва мақолаву матлаби илмӣ-оммавӣ муҳимтарин масоилу муаммоҳои давру замонро, ки боиси таназзули фикрию ахлоқӣ ва костиҳои ҳувиятию мадании ҷомеа гардидаанд, матраҳ намояд ва сатҳи огоҳию шинохти хонандагонро дар қиболи шинохти мушкилоти давру замон боло бубарад (барои намуна таваҷҷуҳ шавад ба мақолаи илмӣ-публитсистии устод Абдулҳамид Самад “Истиқлолияти ҷовидон – бақои давлати тоҷикон” дар китоби: Самад, Абдулҳамид. Гардиши девбод. Душанбе: “Адиб”, 2007. С.344-364). Аз сӯйи дигар, бо чашми ибрат нигаристан ба ғалату иштибоҳоти фардию ҷамъӣ, ҳаводиси таърихӣ ва сарнавишти талхи миллӣ аслу асоси бисёр навиштаҳои устод Абдулҳамид Самадро ташкил медиҳанд. Ба ин маънӣ, нависанда дар заминаи шинохти мушкилоти иҷтимоию ҳувиятӣ ва ташхиси уқдаҳои равонию ахлоқии ҷомеа асарҳои хуби бадеӣ ва матолиби ҷолиби илмӣ-публитсистӣ нигоштааст. Аз ҷумлаи асарҳои хуби бадеии устод Абдулҳамид Самад романи “Гардиши девбод” маҳсуб мешавад, ки дар ин нигоштаи мухтасар сари он иҷмолан таваққуф мекунем.

        Якум. Мусалламан, доир ба ҳаводиси таърихи миллӣ, махсусан воқеоти охири асри нуздаҳ ва садаи бисти мелодӣ, агар устодон Айнию Ҷалол Икромӣ ва Сотим Улуғзодаро истисно бикунем, дар даҳсолаҳои ахир як зумра нависандагони маъруфи тоҷик монанди Урун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Бароти Абдураҳмон ва дигарон асарҳои ҷолиб таълиф кардаанд. Ба ин тартиб, нависандаи маъруфи мо Абдулҳамид Самад дар тасвири ҳаводиси таърихи миллӣ романи “Гардиши девбод” (ниг.: Самад, Абдулҳамид. Гардиши девбод. –Душанбе: “Маориф”, 2019. -240 саҳ.) ва устод  Урун Кӯҳзод романи  “Ҳайҷо” (ниг.: Кӯҳзод, Урун. Ҳайҷо. – Душанбе: “Адиб”, 2015. -416 саҳ.)-ро нигоштаанд. Дар мавриди ҳаводиси охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои навадуми асри бист нависанда Бароти Абдураҳмон  низ романи вежае таълиф намудааст (ниг.: Абдураҳмон, Барот. Нимароҳи аъроф (роман). – Душанбе: “Адиб”, 2020. -608 саҳ.).

       Дувум. Ба қавли нависанда, ҷараёни таълифи романи “Гардиши девбод” 1 июни соли 2007 ба итмом расидааст (ниг.: Самад, Абдулҳамид. Гардиши девбод. Душанбе: “Адиб”, 2007. С.265). Роман  дар маҷмуаи рӯйи дасти мо қарордошта (ниг.: Самад, Абдулҳамид. Гардиши девбод. Душанбе: “Адиб”, 2007. 568 саҳ.) 245 саҳифаро дар бар мегирад (ниг.: Самад, Абдулҳамид. Гардиши девбод. Душанбе: “Адиб”, 2007. С.20-265). Ба ин тартиб, устод Абдулҳамид Самад бар мабнои тартиб-протседураи асарофаринӣ солҳои дароз сари масъала фикр карда, мавзуъро дар зеҳн ҳазм намуда, ҳаводису воқеиёти давру замонро омӯхта, мушкилоту уқдаҳоро шинохта, қаҳрамонону персонажҳоро мушаххас сохта, пасон ба таълифи роман даст задааст. Ин аст, ки романи “Гардиши девбод” маҳсули андешаву афкор, тааммулу тааммуқ ва омӯзишу таҷрибаи ҷиддии муаллиф мебошад.

      Севум. Мо инҷо дар атрофи резакориҳои ҳунарии устод Абдулҳамид Самад таваққуф намекунем ва қаблан ироа медорем, ки устод дар сужасозӣ, бандубасти мавзуӣ, гиреҳкушоӣ, конфликтсозӣ, тасвиркорӣ, образофаринӣ, портретсозӣ, қаҳрамонгузинӣ, ибораороӣ, ҷумлабандӣ, мураттаббаёнӣ ва соири ороишоти ҳунарӣ ба истилоҳ, пусту устухон надорад. Бар илова, устод дар осори бадеӣ зарбулмасалу мақолҳои мардумиро ончунон зиёд истифода бурдаву ба дараҷае зебо ба тасвир мекашад, ки хонанда  ҳайратзада мешавад.

         Бигзарем, мухтасар дар бораи роман. Қаҳрамонони романи “Гардиши девбод” Некном, Дилёб, Латиф, кампири Сифат ва дигарон мебошанд. Дилёб қаҳрамони асосии роман буда, ӯро мардум аз саҳро, замоне ки модараш аз гуруснагӣ фавтида буд, ёфтаанд. Ӯ дар хонаи кампири Сифат зиндагӣ мекард. Пас аз марги писари Сифат дар ҷанг, Дилёб саробони хонадони кампир мешавад ва аз хонаи Сифат ба ҷанг рафта, аз ҷанг бо арӯси русӣ Марина бармегардад ва то охири умр дар деҳа ба сар мебарад. Ҳамин тариқ, нависанда романро бо ҳаводиси ибтидои асри бист (замони ноҷуриҳои амирсолорӣ ва барқароршавии ҳукумати шуравӣ – солҳои 1920-1937) шуруъ карда, бо воқеоти оғози даргириҳои ҷанги бародаркушӣ (солҳои 1990-1992) ҷамъбаст менамояд.

      Устод дар бозтоби ҳаводис ва тасвири ашхоси гуногунхарактер, бахусус нафарони фурсатталабу иғвогару фиребкору мустабид, ки умдатан, вобаста ба шароиту фазои сиёсӣ ҳолу ҳаво ва шахсияти худро тағйир мекунанд, дасти тамом дорад. Мардуми деҳоте, ки нависанда ба тасвир кашидааст, аз зулму тааррузи Гадои Санам барин пастфитратону палидзодагон, ки дар замони нав ба ҳукумати нав (манзур ҳукумати шуравӣ аст) шомил шуда, мардумро ба азобу уқубат гирифтор намуданд, ба дод омада буданд.  Гадои Санам, ки бо тақозои замон ба Санамуф табдили ном карда буд, пеш аз инқилоб барои касифию зинокорӣ аз деҳа тавассути арбоби деҳ Комилбой пеш карда мешавад, вале пас аз пирӯзии инқилоби Бухоро ва тасаллути ҳукумати шуравӣ ба деҳ баргашта, бо номи ҳукумат мардумро азобу кулфат медиҳад.

       Қаҳрамони марказии роман -- Дилёб бо ҳамсараш Мария, ки русзабон буда, дар бемористони деҳа ба кор мепардозад, солҳо хушу хуррамона зиндагӣ мекунанд, аммо даргириҳо ва нобасомониҳои ибтидои солҳои навадуми асри бист хоби қаҳрамони асарро мепаронанд ва ӯ ба ҷустуҷӯйи писараш, ки дар шаҳр зиндагӣ мекард, меравад ва писарро пайдо намуда, дар замони тафреҳ, болои сандалӣ (кресло) ҷон медиҳад.

         Муҳим ин аст, ки нависанда аз забони Дилёб, ки иштирокчии ҷанг ва шоҳиди бевоситаи кашмакашҳои солҳои бистуму сиюми асри бист будааст, бебандубории ҷомеаро, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ба вуқуъ пайваст, ба риштаи интиқод баркашида, он воқеиятро бозгӯ месозад, ки табақаҳои гуногуни ҷомеа тайи охири солҳои ҳаштод ва ибтидоии навадуми асри бист бар асари бебандуборӣ, ғолибан ба тиҷорату савдо тамоюл пайдо карда, аз самимияту илтифоту отифат  канор гирифта, муносиботи иҷтимоиро бар мабнои суду манфиат бунёд ниҳоданд. Ин навъ муносибат баданаҳои иҷтимоиро аз дарун заиф сохта, сардию бетафовутиро дар муносиботи мардумӣ ба вуҷуд оварда, таҳдиду чолишҳоро афзудааст. Бар ин асос, нависанда  ҳаводисро пардоз медиҳад ва воқеиёти талхи замонро бозгӯ месозад. Писари Дилёб Рашид, ки дар шаҳр иқомат мекард, ба бизнес-соҳибкорӣ машғул шуда, дар шаҳр хонаи замонавӣ месозад. Дилёб вазъи ноҷури сиёсии замонро эҳсос карда, писарашро пурсуҷӯ мекунад ва ба суроғаш ба шаҳр меравад. Карру фарри писарро, ки аз ҳисоби бизнес муҳайё шуда буд, дида, мӯйсафеди Дилёб дилтанг мешавад. Бо зиндаву саломат дидани писар мӯйсафед эҳсоси хушӣ мекунад ва нависанда пойини қиссаро ин тавр ҷамъбаст мекунад: “—Тинҷ, сиҳату саломат бошед, бас, - ва афзуд. – Аз субҳ об ба даҳон набурдаам... Ҳо, ба димоғам бӯйи хомшурбо зад... Як коса...  --- “Эҳ, - Рашид хандид, баланд хандид, - устухонҳоро барои саг ҷӯшондам... Ҳозир хӯрок меоранд, хӯроки дигар, хубтар... --- Хайр,--боз ҳайрону хиҷолатзада пичиррос зад пирамард ва хастаҳол чашм пӯшиду сар ба такяи курсӣ ниҳод... (ниг.: Самад, Абдулҳамид. Гардиши девбод. Душанбе: “Адиб”, 2007. С.265). Ба сухани дигар, тағйир ёфтани менталитет ва дигар шудани мавқеъгирии одамон бо дарназардошти шароиту вазъи сиёсию иҷтимоӣ бар зарари миллат анҷом ёфт ва тоҷик, ки дар ибтидои садаи бист (манзур солҳои бисти асри бист) ба садамоту фишорҳои сахти сиёсию мафкуравӣ мувоҷеҳ гардида буд, боз дар охири аср ҳам бар асари беҳувиятӣ, ноогоҳӣ ва саҳлангорӣ ба даргирӣ рӯбарӯ шуд ва заҳри ҳалоҳили онро дар мисоли ҷанги бародаркушӣ бевосита чашид.

        Чаҳорум. Нависанда бо тасвири шахсияти домулло Латиф, ки намояндаи қишри руҳонӣ ва аз мардуми таҳҷойӣ буда, ба Бухоро барои таҳсил рафта, он ҷо сукунат ихтиёр карда, ҳангоми истилои аморат ба деҳа баргашта, ба воситаи бародараш Некном ба Афғонистон паноҳ мебарад, вазъи асафбори даврро ба намоиш мегузорад. Албатта, домулло Латиф ба низоми амирсолорӣ бастагӣ дошт: дар он муҳити маҳдуди фикрию ақидатию иҷтимоӣ бузург шудаву ба он одат карда буд; дар он муҳити танги фикрию ақидатию ҳувиятӣ нуфуз дошт; ҳарчанд ки баъзе уламою ҳокимони худхоҳу риёкору мустабидро хуш надошт, аз манофеи сардамдорони давлатию мансабдорони амирсолорию мақомдорони руҳонӣ ҳимоят мекард; худро дар он муҳит роҳат медид ва идомати низоми истибдодиро хостор буд; ба навгарию таҷаддуд бетафовут буд; исломро роҳи наҷоту роҳҳалли мушкилот медонист; ҳукумати навро дар симои болшевикон қабул надошт; аз сарнагун шудани салтанати амирӣ афсусу надомат мехурд, чаро ки ниёзҳояш маҳз дар ҳамон гуна муҳит бароварда мешуданд ва низоми нави сиёсӣ эҳтиёҷоташро зери суол мебурд. Ба ин маъно, нависанда афсусу надомати домулло Латифро, ки марди тақводору мутадаййин ва дар айни замон ҷонибдори низоми амирсолорӣ буда, аз ҳукумату тартиботи нав мутанаффир буда, аз вазъи ноҷури замон ранҷ мебурд, аланӣ мекунад: “Ҳайфи Бухоро, сад дареғи шаҳри нозанин... дар оташи кинаву адоват, дар оташи аблаҳӣ ва хашми инқилоб сӯхт! Амир сарнагун шуд, давлата аз даст дод!” (ниг.: Самад, Абдулҳамид. Гардиши девбод. Душанбе: “Адиб”, 2007. С.45). Ва пойинтар домулло Латиф аз гурехтани амир ва ба рус додани давлат сухан ба миён оварда, бо ҳасрат мегӯяд: “Давлат ҳам намонд! Ҷумҳурӣ эълон шуд, бобо, Ҷумҳурии Бухорои Шӯравӣ, - сари зону нишаста мегӯяд ноқил. Ин амири буздил аз тарсу ларз бо ду дасти адаб давлата ба як тӯда худсару аҷнабӣ супорид” (ниг.: Самад, Абдулҳамид. Гардиши девбод. Душанбе: “Адиб”, 2007. С.45-46). Домулло Латиф танҳо манфиати сиёсӣ-мафкураи қишри худро медонаду халос, дар ҳоле ки манофеи миллӣ ва сарнавишти мардумӣ, ки дар даврони амирӣ пашизе арзиш надоштанд, ӯро нигарон намесозад. Дигар ин ки худи амир тоҷик набуд ва ба тоҷик ҳеҷ иртиботи нажодию хунӣ ҳам надошт. Домулло ва амлокдору соири туфайлихӯрони хони амир аз тағйири вазъи сиёсию иҷтимоӣ, ки асло ба манфиаташон набуд, норизо буданд, чаро ки молу манолашонро батамом аз даст дода, зери фармонфармоии ба истилоҳ, ҳеҷбудагон қарор гирифтанд.

       Панҷум. Албатта, Абдулҳамид Самад кӯшидааст, ки ҳаводиси вақтро дурусту мантиқӣ бозтоб дода, мушкилоти давронро аз дидгоҳи интиқодӣ ба риштаи тасвир баркашида, ҳангоми тасвир ҳадди инсофро убур насозад. Дар зимн, замони шуравӣ ҳам бурду бохти худро дошт: гуруснагӣ, қашшоқӣ, беадолатии сардамдорони ҳизбӣ, фишори мунтазами дастгоҳи идеологӣ, истибдоди сиёсӣ, фишор болои қишри руҳонӣ ва амсоли инҳо дар имтидоди салтанати ҳукумати шуравӣ мардумро сахт азият дода буд ва нависанда хубиҳои замонро ба гӯшаи фаромӯшӣ намесупорад ва махсусан, аз забони қаҳрамони марказии роман Дилёб гӯшзад мекунад, ки он чи ки солҳо мардум заҳмат кашида, давлат сохтанд, гурӯҳҳое ба боди фаромӯшӣ супурдан мехоҳанд. Нависанда вазъи ногувори сиёсию иҷтимоӣ ва ақидатию мафкуравии ибтидои солҳои навадуми садаи бистро матраҳ карда, ба воқеиёти талхи минтақа аз нигоҳи интиқодӣ бархурд намуда, ҳолати ноҷури равонии қаҳрамонро ба намоиш мегузорад ва аз забони қаҳрамон дақиқкорона мулоҳиза меронад: “Ва инак ду моҳ аст, ки Дилёб аз нооромӣ шабу рӯз азият мекашад. Охир боз дар пойтахт хархашаву ғавғо авҷ гирифт. Ин овоза не, ҳақиқати ҳол аст, ҳақиқате, ки аз радио ба гӯш мерасад. Пора-пора кашмакашу харобкориро аз телевизион ҳам мебинанд. Мардум хашму кина дар дил, ба гурӯҳ, ҳатто майдону сангар ҷудо шуда, ба хотири курситалошҳо ба сари якдигар санги маломату лаънат мешикананд, роҳҳоро баста, шӯру исён барпо мекунанд. Ниҳоят кор ба хунрезиву куштор оид шуд... Ана ин доғи лаънат, ана ин шармандагӣ, даҳшат, нишонаи бадбахтист. “Ҳайфи зиндагии осуда...”-шаби дароз  аз ташвишу алам дар худ печида ва паҳлу ба паҳлу гашта пичиррос мезанад Дилёби мӯйсафед. “Халқи қадима...таъриху фарҳанги бой...адибону олимони номдор...” Акнун чӣ шуд? Ин рӯсиёҳиву бетамизиро кӣ сар кард? То кай ин низоъҳои шармовар идома меёбанд. Оқибаташ чӣ мешавад? Ҳазору як саволи беҷавоб ӯро асири худ карда буд. “Боз гардиши девбоди зормонда сар шуд”, - дилшикаставу маҳзун ба худ иқрор кард ӯ. Он чӣ Некном аз номи Сафои Афлотун гуфта буд, рост баромад” (ниг.: Самад, Абдулҳамид. Гардиши девбод. Душанбе: “Адиб”, 2007. С.260)”. Ба сухани дигар, Дилёб аз бетартибию беинзиботии замон нигарон шуда, мағзи худро ба кор андохта, бар мизони ақлу мантиқ ҳаводисро андозагирӣ мекунад ва талош менамояд, ки мӯйро аз хамир ҷудо созад. Гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ аз ҳаводиси даҳшатбори гузашта ибрат нагирифта, барои бароварда сохтани ниёзҳои шахсию гурӯҳӣ мардумро ба чоҳи ҷангу даргириҳо мекашанд ва ҳоли мамлакатро табоҳ месозанд. Ин силсилаташвишу изтиробот зеҳни Дилёбро ором намегузоранд ва дар ҳоли нигаронӣ қарораш медиҳанд. Ин аст, ки ба фикр кардан ва роҳҳал ҷустан мепардозад, аммо гузашти умр ва солмандӣ аллакай кори худро кардаанд. Бо вуҷуд, Дилёб талош мекунад, ки бо такя ба ҷаҳоншиносию таҷриба сарриштаи мушкилотро дарёбад.

          Шашум. Нависанда таъбири “гардиши девбод”-ро ба унвони унсури чолишзову хатаровару фалокатбор дар меҳвари тасвир қарор медиҳад ва мардумро аз авоқиби шуми таҳдиду чолишҳо, ки мусибату фоҷеаҳоро ба дунбол доранд, огоҳ месозад. Албатта, сабку салиқа ва диди вежаи бадеӣ-эстетикии нависанда романро ҷолибу хонданбоб кардааст. Аммо “гардиши девбод”, ки нависанда онро минҳайси меҳвари тасвири бадеӣ гузидааст, рухдоди табиӣ буда, ба таҳаввулоту тараққиёти ҷомеаи инсонӣ хеле кам таъсир дошта метавонад. Инсон тавассути ақлу дониш ва иродаи мустаҳкам метавонад хубро аз бад тафкику ҷудо кунад ва роҳи минбаъдаи худро мушаххас намояд. Падидаву зуҳуроти номатлуби ришвахорӣ, мансабталошӣ, тамаллуқкорӣ, худхоҳӣ, худшефтагӣ, риёварзӣ, пастӣ, фурӯмоягӣ, разилӣ, беадолатӣ, беҳувиятӣ ва амсоли инҳо аз фаъолиятҳои инсонӣ ва манфиатталабиҳои одамон сарчашма мегиранд ва ба ҳеҷ гуна сарнавишт тааллуқ надоранд. Агар инсон манфиатпараст ва фурсатталаб аст, айби худи ӯст ва одобу характери миллиро мебояд тағйиру дигар кард, то ин ки мушкилоти ҷиддие аз қабили беадолатӣ, фориғболӣ, фурсатталабӣ, худхоҳӣ, тавтеачинӣ, дасисабозӣ бар руҳи ҷомеа мусаллат нашаванд ва онро аз дарун харобу вайрон насозанд. Ин аст, ки сарнавишти инсон ба дасти худи ӯ рақам зада мешавад ва ҳар кори неку писандидаеро анҷом додан хоҳад, тавассути ирода, ақл, дониш, фаросат ва фазилат анҷом дода метавонад. Ва агар худро ғуломи манофеи шахсӣ ва ғароизи табиӣ кунад, ҳатман мушкилотро фароҳам меоварад ва мардумро ба бадбахтиву мусибат мубтало мекунад. Аз ин ҷост, ки сарнавиштро худи мо бояд мутобиқи манофеи миллӣ ва давлатӣ бисозем ва ҷомеаро ба сатҳи баланди огоҳӣ расонем. Он гоҳ метавонем аз худ ва миллати худ ифтихор кунем ва сазовори эҳтирому эътибори дигарон низ қарор бигирем. Муҳим ин аст, ки бояд ғалату иштибоҳоти худро дуруст шиносем, мушкилоту уқдаҳоро дуруст ташхис бидиҳем ва ба ҳаводиси таърихи миллӣ бо чашми ибрат бинигарем, то фардо муртакиби иштибоҳоти бузургтар нагардем.

      Ҳафтум. Хулоса, устод Абдулҳамид Самад дар романи “Гардиши девбод” ду марҳилаи чолишзои миллатро, ки яке дар ибтидо ва дигаре дар интиҳои садаи бист иттифоқ афтода, боиси шикасту навмедӣ ва мусибату бадбахтии миллӣ гардида буданд, ба тасвир мекашад. Бо он ки аз таълифи роман зиёда аз 17 сол сипарӣ гардидааст, сари муҳтавои он метавон тулонӣ баҳсҳо орост. Ин аст, ки майдони баҳсу мунозира густурда аст ва дар атрофи роман ҳар нафаре метавонад ба баҳс пардозад ва дар доираи нақди солим назари худро озодона баён созад. Маҳз аз тариқи баҳсу мунозираҳои мунсифона метавон ба ҳадаф расид.

 

Нозим Нурзода

пажуҳишгар

Хондан 256 маротиба