JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 07 Майи 2020 06:53

Моҳияти рушди илми санъатшиносӣ дар раванди бунёди истиқлолияти фарҳангӣ

Муаллиф: Аслиддин НИЗОМӢ

  Имрӯз санъатшиносӣ – яъне шинохти амиқ ва дарки ҳамаҷонибаи падидаҳои гуногунранги ҳунарҳои зебо - қисми таркибӣ ва яке аз бахшҳои афзалиятноки илмҳои гуманитарии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ба маънои васеъаш ин илм маҷмӯи номгӯи зиёди фанҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад ва дар он  асосан фарҳанги маънавии ҷомеа, аз ҷумла кулли намудҳои ҳунарҳои бадеӣ (театр, мусиқӣ, адабиёт, драматургия, санъати тасвирӣ, хореография,  меъморӣ, муҷассамасозӣ, дизайн ва ғ.), қонуниятҳои ташаккул ва рушди онҳо, таҷассуми воқеияти ҳаёт, нақш ва таъсири онҳо дар ташаккули афкори омма, алоқамандӣ бо ҳаёти ҷомеа, хулоса кулли масоили вобаста ба шакл ва мазмуни осори намудҳои ҳунар мавриди омӯзиш ва таҳқиқи тахассусӣ қарор гирифта мешаванд.

   Гарчанде санъатшиносӣ ҳамчун илми алоҳида ҳанӯз дар асрҳои 15-16 ташаккул ёфтааст, вале маълум аст, ки решаҳои таърихии рушди он хеле қадим буда, ба давраи антиқа тааллуқ дорад. Чуноне ки маълум аст,  ҳанӯз Пифагор, Эвклид, Аристотел, Платон доир ба илми мусиқӣ (қонунияти савт ва ритм), ҳамчунин нозукиҳои санъати шеър (каломи мавзун) асарҳои махсус офарида буданд.

   Дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик низ илми санъатшиносӣ аз қадим мавқеи хеле бузургро ишғол мекард. Олимони бузурги даврони гузашта - Абӯалӣ ибни Сино, Абӯнасри Форобӣ, Муҳаммад Хоразмӣ, Маҳмуди Ҳусайнӣ, Хоҷа Абдулқодири Мароғаӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Наҷмиддин Кавкабӣ, Дарвешалӣ Чангӣ, Камолиддин Биноӣ ва диг. доир ба намудҳои гунонуни санъат (мусиқӣ, созҳои мусиқӣ, ритм, вазни арӯз, қофия, назм, санъати тасвирӣ ва ғ.) даҳҳо рисолаҳои илмӣ ба мо ҳамчун мерос боқӣ монданд, яъне муқаррар аст, ки  илми санъатшиносӣ аз қадим ҷузъи таркибии илмҳои ҳар давру замон ба шумор мерафт. Масалан, дар осори классикони мо - Ибни Сино ва Форобӣ илми мусиқӣ ҷузъи ҳатмӣ, аниқтараш қисми чаҳоруми илми "риёзиёт" (дар қатори арифметика, геометрия ва астрономия) ба шумор мерафт.[1]

   Марҳилаи муҳимми рушди мустақилонаи фанни санъатшиносии ҷаҳонӣ ба давраи Эҳё  (а.а. 15-16) алоқаманд аст, зеро дар ҳамин давра ҳамзамон бо ташаккули ақидаҳои бузурги инсонгароӣ ва реализми ҳунар тамоюли аз нуқтаи назари илмҳои замон кашф кардани мазмуну мундариҷаи осори ҳунарӣ, кӯшишҳои баҳо додан ба беҳтарин намунаҳои санъат падидор мешаванд.          Масалан, дар ҳамин давра  рассом ва мутафаккири бузург Леонардо да Винчи яке аз аввалинҳо шуда доир ба асосҳои хоси илмӣ-фалсафии санъати тасвирӣ, имкониятҳои пурқудрат ва таъсирбахшии он ба дунёи ботинии инсон ва ҷомеа ақидаҳои нодир пешкаш намуда буд.

   Дар а. 19 фанни санъатшиносӣ ҳамчун илми мустақил комилан ташаккул ёфта, дар пояи беҳтарин дастовардҳои илмҳои фалсафа ва эстетика соҳиби методологияи хос гардида, дар инкишофу пешрафти илмҳои замон ва ташаккули идеологияи давр нақши назаррасро иҷро намудааст. Дар ин давра ғояҳои Инқилоби бузурги Фаронса, ақидаву назарияҳои И.Кант, Ф.Гегел ва диг. мутафаккирони бузурги замон имконияти пайдо шудани диди комилан навро нисбат ба асарҳои санъат ва таъсири онҳо ба олами ботинии инсон ба вуҷуд оварданд.

   Дар Россияи а. 19 ва ав. а. 20 низ фанни санъатшиносӣ, хусусан танқиди адабӣ ва зебоишиносӣ дар осори Н.Чернишевский, Н.Добролюбов, В.Стасов, А.Серов, В. Белинский рушди тоза пайдо кард ва маҳз ҳамин ҳолат назари ҷомеаро нисбат ба асарҳои санъат (мусиқӣ, драма, театр, санъати тасвирӣ, адабиёти бадеӣ ва ғ.) комилан тағйир дод. Айнан дар ҳамин давра диди навро доир ба падидаҳои ҷаҳонии ҳунар – театр, мусиқӣ ва созҳои аврупоӣ, ҳунари аккосӣ дар осори маорифпарварони бузурги Осиёи Миёна – Аҳмад Махдуми Дониш, Зокирҷон Фурқат, Абдурауф Фитрат мушоҳида намудан мумкин аст.

   Бинобар ин имрӯз зарурати таъсиси Шуъбаи мустақили "Санъатшиносӣ" дар сохтори Академияи илмҳо ба миён омадааст. Таъсиси Шуъбаи мустақили "Санъатшиносӣ" дар сохтори Академияи илмҳо омили хеле бузург дар роҳи ҳалли мушкилиҳои зиёди имрӯз пеш омада хоҳад гардид. Маҳз ба ҳамин хотир соли 2015 бо пешниҳоди гурӯҳи мутахассисон ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар сатҳи Ҳукумати мамлакат масъалаи рушди илми санъатшиносӣ мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор дода шуд.

   Бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2015 № 742  ба номгӯйи самтҳои афзалиятноки  рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  банди нав - "илмҳои санъатшиносӣ" (4.9) ворид карда шуд, ки  он таҳқиқи минбаъдаи масоили таърихию назариявии санъати миллӣ - театрӣ, мусиқӣ, тасвирӣ, амалӣ-ороишӣ, хореографӣ, санъати кино, дизайн ва арт-менеҷментро дар назар дорад.

   Ҳамчунин дар ҳамин қарор таҳқиқи минбаъдаи таъсири мутақобилаи санъати миллӣ бо самтҳои гуногуни санъати Шарқу Ғарб ва такомули методологии таҳқиқоти илмӣ дар равияи санъатшиносии миллӣ  пешбинӣ гардидааст. Таъсиси Шуъбаи махсуси санъатшиносӣ дар сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳз бо мақсади иҷрои ҳамин қарор равона карда хоҳад шуд.

   Бо қабул гардидани Қарори номбурда дар мамлакат аввалин маротиба дар таърихи навин имконияти оғоз намудани таҳқиқоти бунёдӣ доир ба муаммоҳои рушди санъати миллӣ дар замони истиқлолият ба вуҷуд омадааст. Натиҷа ва дастовардҳои ин намуд таҳқиқот барои боз ҳам устувор гардидани эҳсоси худшиносии мардум дар пояи эҳё ва рушди беҳтарин суннатҳои санъати миллӣ хидмат хоҳад намуд, ки ин амал ба иҷрои яке аз ҳидоятҳои  муҳимми фарҳангӣ ва сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равон карда шудааст.

   Моҳияти ҷамъиятӣ-иҷтимоии фанни "санъатшиносӣ"  қабл аз ҳама дар он аст, ки хулосаву натиҷаҳои таҳқиқотии он арзиши бузурги илмӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро доро хоҳад гардид. Ҳамзамон танҳо дар пайи фаъол намудани ҷараёни рушди ин илм падидаҳои нодири ҳунари ҳирфаӣ ба оммаи васеи мардум дастрас мегардад ва дар замири аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон  дарки воқеии мазмун, ғоя ва рамзҳои асарҳои санъат устувор мегардад.

   Илми санъатшиносӣ асосан ҷанбаи назариявии муаммоҳои тавлид, мазмуну мундариҷа, рушди жанру намудҳои  санъат ва роҳу услуби тарғиби онҳоро  таҳқиқ менамояд ва маҳз бо ҳамин сифат аз илми "таърихи санъат" фарқият мекунад. Санъатшиносӣ доираи фарохи ғояҳои бадеӣ-эстетикӣ, таъсири он ба тафаккури ҷомеа хусусиятҳои жанрӣ ва шаклбандии асарҳои санъатро таҳлил ва кашф мекунад, онҳоро тарғиб мекунад ва маҳз  бо ҳамин восита ҳамзамон барои рушди санъати миллӣ мусоидат мекунад.

   Дар шароити имрӯзаи хеле зиёд гардидани таҳоҷуми фарҳангӣ ва қудратҳои ҷараёни ҷаҳонишавӣ, таҳқиқи кулли нозукиҳои навъҳои санъати миллӣ, ҳифзи арзишҳои нодири ҳунари миллӣ аз махлутшавӣ ва роҳ надодан ба равияҳои бегонапарастӣ  яке аз вазифаҳои муҳими илми санъатшиносӣ ба шумор меравад.       

   Дар навбаи аввал мо бояд ба бузургтарин саҳифаҳои таърихи рушди санъати миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем, зеро кашфи нозукиҳои намудҳои мухталифи санъат аз ҷумла, меъмориву наққошӣ, мусиқиву санъати сухан ва ғ. Минбаъд дар ҷараёни боз ҳам устувор сохтани сатҳи хештаншиносиву маърифатпарварии ҷомеаи навин хидмат хоҳад намуд. Алҳол дар ин ҷода мушкилиҳои зиёд ба назар мерасанд. Масалан, то ба имрӯз дар Тоҷикистон таҳқиқоти мукаммал доир ба "Таърихи санъати Тоҷикистон» навишта нашудааст ва ин ҳолат бояд боиси нигаронӣ бошад.

   Мақсади асосии таъсиси Шуъбаи санъатшиносӣ дар сохтори Академияи илмҳо - ин пеш аз ҳама рушди ҳамаҷонибаи илми санъатшиносӣ ва ҳамзамон чун натиҷа - инкишофи кулли анвои ҳунарҳои зебо дар мамлакат мебошад. Яке аз самтҳои хеле ҳам муҳимми фаъолияти ин шуъба - ин фаъол гардонидани самти танқиди бадеӣ ба шумор меравад, зеро маҳз баҳодиҳии аз ҷиҳати илмӣ асоснок шуда ҷараёни рушди санъатро устувор ва солим мегардонад. Таҳлили падидаҳои нави осори бадеӣ дар соҳаи адабиёт ва санъат, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ офарида шуданд, минбаъд   дар рушди тафаккури худшиносии ҷомеа омили бузург хоҳад гардид.

   Дар фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотии шуъба диққати асосӣ ба вижагиҳои мазмуну мундариҷа, услуби эҷод, риоя ва ба инобат гирифтани тақозои замон, таҳқиқи доираи образҳову сюжетҳои асарҳои санъат ва маҳз ба тарбияи инсони нав дар замони истиқлолият равон кардашудаи онҳо дар назар дошта шудааст. Аз ҳамин нуқтаи назар вазифаҳои асосии фаъолияти Шуъбаи санъатшиносиро чунин метавон муайян сохт:

     - таҳқиқи масоили назариявӣ ва моҳияти иҷтимоӣ-фарҳангии асарҳои соҳаи санъат дар асрҳои 20-21, кашфи ҷанбаҳои бадеӣ ва қонуниятҳои инкишофи унсурҳои санъат, муайян намудани сабку услуби эҷодиёт ва мувофиқати онҳо ба талаботи бадеӣ-эстетикии ҷомеа;

    - таҳқиқи осори кулли муаллифони соҳаи ҳунарҳои зебо - драматургия, театр, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, кино, санъати меъморӣ ва пайваста нашр намудани маълумоти илмӣ-оммавӣ  барои аҳли ҷомеа;

    -  таҳқиқоти бунёдӣ доир ба рушди навъҳои мухталифи санъат, жанрҳо ва равияҳои асосии ҳунарҳои суннатӣ ва муосир, таҳия ва нашри монографияҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ, баргузор намудани конференсияву симпозиумҳои байналмилалӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ бо марказҳои санъатшиносии кишварҳои ҳамҷавор ва дур, таҳияи Барномаҳои грантӣ ва лоиҳаҳои илмӣ дар соҳаи санъатшиносӣ;

    - тайёр намудани кадрҳои соҳа (дар аспирантура, докторантура, магистратура, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ, докторӣ ва ғ.)

    - дар панҷ соли наздик омода намудани на камтар аз 5 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар натиҷа ҷараёни тарбияи кадрҳои соҳибихтисоси соҳа ба тадриҷ фаъол хоҳад гардид;

            Самтҳои афзалиятноки  фаъолияти Шуъба дар марҳилаи панҷ соли аввал чунин хоҳанд буд:

  1. Таҳқиқ ва ҷамъбасти назариявии маҷмӯи кулли муаммоҳои дар соҳа ҷой дошта ва таҳияи консепсияи дурнамои рушди санъати миллӣ, таҳлили дастовардҳои бузурги соҳаи санъат ва муайян намудани роҳҳои минбаъдаи рушди илми санъатшиносӣ, коркарди методологияи таҳқиқоти соҳа дар асоси таҷрибаи илми ҷаҳонии санъатшиносӣ;
  2. Зина ба зина ҳал намудани проблемаи омода сохтани кадрҳои соҳаи санъатшиносӣ;
  3. Ҳалли масъалаҳои ташкили сохтор ва таъмини Шуъба бо кадрҳо ва ҷиҳози зарурӣ (кадрҳои соҳиби маълумоти махсус, базаи электронӣ, воситаҳои техникӣ, адабиёти зарурӣ ва ғ.);
  4. Барқарор кардани ҳамкориҳои илмӣ бо марказҳои мухталифи санъатшиносии ҷаҳонӣ, ҷорӣ намудани нашри маҷмӯаҳои илмии гурӯҳӣ;
  5. Таҳияи консепсияи нашри асари даҳҷилдаи «Сурудҳои халқии тоҷикӣ»;
  6. Ташкили ҳамасолаи экспедитсияҳои фолклоршиносӣ бо мақсади ҷамъоварии намунаҳои эҷодиёти бадеии мардуми Тоҷикистон;

     Дар назар дошта шудааст, ки дар ҷараёни фаолияти илмии хеш шуъбаи санъатшиносӣ бо сохторҳои дигари илмии Академияи илмҳо, Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи фарҳанг ва санъат, инчунин бо доираҳои илмии кишварҳои ҳамҷавор ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мемонад.

 

Аслиддин НИЗОМӢ,

мудири шуъбаи санъатшиносии

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ- Санъатшиносӣ, № 1 (1) 2020

 

[1] Дар Юнони қадим низ илми риёзиётро ҳамин гуна ба чаҳор бахш тақсим намуда, онро «квадриум» меномиданд. 

Хондан 1181 маротиба