JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 08 Майи 2020 13:17

Мавқеи вожаҳои «классикӣ» дар таркиби луғавии лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ

Муаллиф: Сабур Носиров

  Ба аҳли таҳқиқ маълум аст, ки забони адабии тоҷик дар тӯли таърихи инкишофу такомули худ бо гӯйишҳои мардумӣ ё худ лаҳҷаҳо дар баробари заминаҳои фонетикӣ ва морфологиву синтаксисӣ дар заминаи луғавӣ низ муносибати доимӣ доштааст ва ин муносибат ҳамчун яке аз муҳимтарин навъҳои муносибати миёни ин ду гунаи як забон асосан дар шакли доду гирифти воҳидҳои луғавӣ сурат мегирифтааст.

  Донишманди тоҷик Раззоқ Ғаффоров ба ҳамин маънӣ навиштааст: «Яке аз таомулҳои радду қабули байни забони адабӣ ва лаҳҷа ин аст, ки бисёр калимаҳо бо гузашти рӯзгор аз забони адабӣ хориҷ шуда, маҳз дар лаҳҷа боқӣ мемонанд. Ин гуна калимаҳо пас аз чанд вақт аз нав ранги оммавӣ гирифта, бозпас ба забони адабӣ ворид мегарданд» [3. 113].

  Ҳамин муносибати доимии луғавии миёни забони адабӣ ва лаҳҷаҳо аст, ки имрӯз як қисми муҳими таркиби луғавии лаҳҷаҳои забони тоҷикиро вожаҳое ташкил медиҳанд, ки аз забони адабии давраи классикӣ ба мерос мондаанд. Мавқеи ин гуна вожаҳо дар лаҳҷаҳо як хел нест. Онҳо дар як қисм лаҳҷаҳо бештар ва дар қисми дигарашон камтар ба мушоҳида мерасанд. Дараҷаи бешӣ ва камии ин гуна вожаҳо дар гуфтори мардуми ин ё он маҳалу минтақа ба шароити инкишофи лаҳҷаҳо, ба сатҳи маърифатнокии намояндагони лаҳҷаҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ, ба дараҷаи алоқаи мутақобили забони адабиву лаҳҷаҳо дар гузаштаву имрӯз ва дигар омилҳои иҷтимоӣ зич алоқаманд мебошад.

  Дар натиҷаи мушоҳида ва таҳқиқи лексикаи лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ муҳаққиқон ба натиҷае расидаанд, ки калимаҳои забони адабиёти давраи классикӣ маҳз дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ зиёдтар боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, профессор Ғ. Ҷӯраев мавқеи ин гуна калимаҳоро дар лаҳҷаҳои ҷанубии забони тоҷикӣ «сазовори таваҷҷуҳи махсус» арзёбӣ намуда, сабабҳои ин ҳолатро ба хусусияти ҳаракат ва инкишофи забони дарӣ ба самти шимолу шарқ вобаста медонад [9. 99-100].

  Мо андешаи донишмандон дар бораи маҳз дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ бештар боқӣ мондани калимаҳои классикиро ҷонибдорӣ намуда, зимнан мехоҳем зикр намоем, ки нақши унсурҳои луғавии давраи адабиёти классикӣ дар баъзе аз лаҳҷаҳои дигари забони тоҷикӣ, аз ҷумла дар лаҳҷаҳои болооби Зарафшон низ қобили таваҷҷуҳ мебошад.

  Барои тасдиқи ин андеша ҳоло аз лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ барои намуна чанд вожаи аз забони адабии давраи классикӣ ба мерос мондаеро, ки сабаби тафриқаи лаҳҷаҳои мазкур аз дигар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ гардидаанд, мавриди назар қарор медиҳем.

  Кават ба маънии занбӯр, занбӯри асал: беодоби ки, кават да забунат гизид (беодобӣ кардӣ, занбӯр аз забонат газид); шумойун ору эгуйето, мойун кават (шумо ору мегӯед, мо кават).

  Шакли дурусти вожаи мавриди назар «кабт мебошад, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои фонетикии дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ маъмули афзоиш ва бадалшавӣ сурати «кават»-ро гирифтааст.

  Вожаи мазкур ба ҳамин маънии дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ маъмул, яъне «занбӯр, занбӯри асал» дар аксари фарҳангҳои муътабар, аз ҷумла «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Луғатномаи Деҳхудо», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Фарҳанги форсии Амид»-и Ҳасан Амид, «Фарҳанги форсӣ»-и Муҳаммад Муин, «Фарҳанги фишурдаи сухан»-и Ҳасан Анварӣ, «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ» ва ғайра шарҳу тафсир гардидааст.

  Аз ҷумла, муаллифи «Луғатномаи Деҳхудо» бо ишорат ба «Бурҳони қотеъ», «Фарҳанги Онондроҷ» ва сарчашмаҳои дигар вожаи  «кабт»-ро занбӯри асал, магаси асал, зубоби асал, наҳл ва мунҷи ангубин шарҳ дода, аз «Калила ва Димна»-и устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ ва «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар Наршахӣ мисол овардааст:

Ҳамчунон кабте, ки дорад ангубин,

Чун бимонад достони ман бар ин.

Кабти нодон бӯи нилуфар биёфт,

Хушаш омад, сӯи нилуфар шитофт.

В-аз бари хушбӯй нилуфар нишаст,

Чун гаҳи рафтан фароз омад наҷаст.

   «Ва боз бифармуданд то яке ҷуволи бузург аз кабти сурх пур карданд ва Абрӯйро дар он ҷувол карданд, то бимирад [4. 18132].»

  Дар баъзе аз фарҳангҳо, аз ҷумла дар «Луғатномаи Деҳхудо», «Бурҳони қотеъ», «Фарҳанги форсии Амид» ва «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ» ба билкаср, яъне дар шакли «кибт» ҳам истифода гардидани ин вожа ишора намудаанд.

 Дар луғатҳои мавҷудаи лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ, аз ҷумла дар «Таджикско-русский диалектный словарь» (Расторгуева В.С. –Москва, 1963 ), «Луғати мухтасари лаҳҷаҳои Бухоро» (Маҳмудов М., Бердиев Б. –Душанбе, 1989), «Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ» (Маҳмудов М., Ҷӯраев Ғ., Бердиев Б. –Душанбе, 2012), «Намунаи вожаномаи лаҳҷавии луғавӣ» (Эшниёзов М. Қазияи вожаноманависӣ ва харитабардории хусусиятҳои лаҳҷавӣ. –Душанбе, 1999) ва дигар маъхазҳои матбуи лаҳҷавӣ низ ин вожаро мушоҳида нанамудем.

  Дабанка ба маънии тағора: да калоки бум дабанкайа мунда ҷумшуйú кем, ки бехийол дабанка чаппа шуд (дар болои бом тағораро гузошта ҷомашӯйӣ кардем, ки нохост тағора чаппа шуд); оби дарйойа хийоли дабанка кú чú, ғарқ шú? (оби дарёро хаёли дабанка кардӣ чӣ, ғарқ шудӣ?).

  Шакли дурусти вожаи мавриди назар «табанга» мебошад, ки дар натиҷаи ҳодисаи фонетикии дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ маъмули ба ҷуфти ҷарангдори худ иваз гардидани ҳамсадоҳои беҷаранг сурати «дабанка»-ро гирифтааст.

  Вожаи мазкур дар гунаҳои «табанга», «табангу», «табангуй» ва «табанг» дар фарҳангҳои муътабаре чун «Луғати фурс»,  «Бурҳони қотеъ», «Луғатномаи Деҳхудо», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Фарҳанги мухтасари «Шоҳнома», «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ» ва ғайра ба маъниҳои тағора; табақи чӯбин, корсон; зарфи ғалла; таблаи нон; сабад; сандуқ ва танӯри нонпазӣ тафсир гардидааст. Аз ҷумла, муаллифи «Бурҳони қотеъ» гунаи «табанг»-и ин вожаро «табақи чӯбини баққолон ва мевафурӯшон», гунаи «табанга»-и онро «таблаи нонгузорӣ; танӯри нонпазӣ; зарфи ғалла» ва гунаи «табангу»-ро «занбил ва сабад; тағор; сандуқ ва кисаи атторон ва сартарошон» тафсир намуда, ба мутаносибан дар шаклҳои «тапанг» ва «тапангу» низ истифода гардидани гунаҳои «табанг» ва «табангу» ишора намудааст [2. 270-271].

  Аз классикони адабиётамон гунаҳои ин вожаро ба маъниҳои дар боло овардашуда Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Сӯзании Самарқандӣ  ва дигарон истифода намудаанд:

К-он табангӯй, к-андар ӯ динор буд,

Он ситад з-эдар, ки шаҳриёр буд. Рӯдакӣ

 

Табангӯи пурзар бар астар ниҳод,

Басе чизи дигар ба шаҳзода дод. Фирдавсӣ

 

Миннат аз халқ баҳри нон чӣ барам,

Ки ҷаҳон чун табангаи нон аст. Сӯзанӣ

  Ҳамин тариқ, вожаи «табанга» дар забони форсӣ-тоҷикии давраи классикӣ дар якчанд шаклу маънӣ истифода мегардидааст, ки танҳо як шаклу маънии он дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ ба мерос мондааст.

  Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои лаҳҷашиносӣ вожаи мавриди назар дар шакли «дабанг» дар лаҳҷаҳои Бухоро ба маънии лаган [7. 76] ва дар шакли «таванг» дар лаҳҷаҳои Чуст ва Ванҷ мутаносибан ба маъниҳои лаган ва сандуқ, зерсандсуқ [10. 210] маъмул будааст. 

  Истех ба маънии рост, рост истода: ҳамун форми бобогú-додогú-йа оварда ҳаминҷа истех кардам; бето ҳамин сутума қади девол истех кунем мунем.

  Вожаи «истех» дар шаклҳои «ситеғ» ва «ситех» дар фарҳангҳо ба ҳамин маънии дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ маъмул, яъне рост, рост истода, ҳамчунин ба маъниҳои сари кӯҳ, қуллаи кӯҳ ва ҳар чизе, ки баландӣ ва  тезӣ дорад шарҳ дода шудааст. Масалан, гунаи «ситеғ»-и ин вожа дар «Фарҳанги мутавассити Деҳхудо» «чизи рост ва ростистода ва баланд бошад, ҳамчун сутун ва найзаву амсоли он; баландии кӯҳ, қуллаи кӯҳ» [4. 1625-11626] ва дар «Луғати фурс» «ҳар чи боло дорад, чун сари кӯҳ, сари найза ва сари чизе, ки тезӣ дорад» тафсир гардидааст [1. 83].

  Хотирнишон бояд кард, ки вожаи мавриди назар дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ асосан ба маънии рост, рост истода истифода мешавад ва ба маъниҳои сари кӯҳ, қуллаи кӯҳ ё ҳар чизе, ки баландӣ ва тезӣ дорад маъмул нест.

  Ин вожа дар лаҳҷаҳои ноҳия ба маънии як сари қадам, ба фурсати кам низ фаровон истифода мешавад. Ба ҳамин маънӣ дар лаҳҷаҳои ноҳия калимаи «истехакӣ» низ маъмул аст, ки аз вожаи «истех» бо иловаи пасванди –акӣ сохта шудааст: бечора а мактаб мебийоду истех хурокаша мехураду молпойú рафт; бед йа истехакú ини Маҳатраҷаб фотиҳа хунем бем.

  Чахч ба маънии як навъ иллати гулӯ: оби хунука мехури чахчот варам мекунад; йагун духтур рави ҳамун чахчота гири партойи намешад.

  Вожаи мавриди назар дар ҳамин шаклу маънии дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ маъмул ва дар гунаи «чахш» дар «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Фарҳанги Доро» ва чанде аз фарҳангҳои дигар тафсир гардидааст.

  Ин вожа дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ инчунин дар таркиби калимаи «чахчин» ба маънии гирифтори иллати варами гулӯ ва дар дохили таркибҳои «чахчи сари гулу (дил) пур шудан» ба маънии ғамгин шудан, дилтанг шудан, зиқ шудан ва «чахчи сари гулу ё дили касе будани чизе» ба маънии боиси гирифтагии хотири касе будани чизе, сабаби зиқии касе будани чизе фаровон истифода мешавад: апем зиқ мешуд, мегуфт, ки чахчи сари гулем пур шуд; умадани шуйи ман чахчи сари дили ин.

  Қобили зикр аст, ки дар гуфтори мардуми деҳоти Дарғ ва Шамтучи ноҳия ин вожа ба маънии ҳезуми сахт, ҳезуми душворшикан низ ба қайд гирифта шудааст, ки ин маъниро дар ҳеҷ фарҳанге мушоҳида нанамудем.

  Зимнан бояд хотирнишон намуд, ки дар гуфтори сокинони деҳаи Сангистони ноҳия ибораи «чахчи қурбақа<чахчи қурбоқа» маъмул аст, ки маънии «як навъ обсабз, қабати сабзранги сатҳи болоии оби ҳавзу толобҳо»-ро ифода менамояд ва дар баъзе аз лаҳҷаҳои ноҳия онро «ҷуми қурбақа<ҷомаи қурбоқа» меноманд.

  Алағда ба маънии ғазабнок, қаҳролуд, хашмгин; асабонӣ: хуштуманашуна мегун, ки хуни тағом туй равам, мегуд, ки намедунам, кори худат, бад алағда мешану дасти холи хеста меран; иқа гап назанед, худам алағда.

  Ин вожа дар гунаҳои «олуғда», «оруғда» ва «алағда» дар фарҳангҳо ба ҳамин маъниҳои дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ маъмул ё ба онҳо наздик, инчунин ба маънии ҷанговар тафсир гардидааст. Аз ҷумла, муаллифи «Бурҳони қотеъ» вожаи мавриди назарро дар гунаҳои «олуғда» ва «оруғда» ғазабнок, хашмгин, қаҳролуд; ҷанговар [2. 49; 60], мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар гунаи «олуғда» қаҳролуд, хашмгин; ҷангара [8. 914], ва муаллифи «Фарҳанги Доро» дар гунаи «алағда» хашмгин, ғазабнок; асабонӣ, нороҳат; нигарон  [9. 37], шарҳ додааст. Дар тафсири гунаҳои ин вожа мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» аз устод Рӯдакӣ ва муаллифи «Фарҳанги Доро» аз нависандагони муосири тоҷик Сорбон ва Баҳманёр шоҳид овардааст.

  Воҳиди луғавии мавриди андеша дар гунаҳои «олуғда» ва «алағда» мутаносибан дар лаҳҷаҳои Мастчоҳ ва Панҷакент низ ба маънии ғазабнок, қаҳролуд, хашмгин ба қайд гирифта шудааст. 

  Гунаи «алағда»-и ин вожа дар «Луғати лаҳҷаҳо Бухоро» «намуди бетартиб ва баҳамомехтаи чизе; ғайри хушобу ранг, чалмак» ва дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» бо ишораи гуфтугӯӣ «дарҳаму барҳам, омехта, бетартиб; алобуло, холл-хол» тафсир гардидааст, ки ин маъниҳо ба маъниҳои дар забони адабиёти давраи классикӣ доштаи ин ё он гунаи ин вожа  ҳеҷ иртиботе надоранд.

  Осухта ба маънии ҳезуми нимсӯхта: осухтаҳойи таги дега берун каш, таги дег насузад; осухтеш ҳезуми нимсухта-дийа.

  Ин вожа ба ҳамин маънии дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ маъмул дар гунаи «осуғда» дар «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ва ғайра ва дар гунаҳои «осуғда» ва «осӯхта» дар «Фарҳанги Доро» тафсир гардидааст.

  Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» зимни шарҳи ин вожа аз шоири ҳамасри Рӯдакӣ Маъруфии Балхӣ ва дар «Фарҳанги Доро» аз нависандаи муосири тоҷик Сорбон шоҳид оварда шудааст.

  Калимаи «осухта» дар гуфтори сокинони деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ дар таркиби «осухтаи лаби тунур» ба маънии хизматгор, ёрирасон низ истифода мешавад: дар туйашун осухти лаби тунурашун будам, да туйи мойун дасташуна да оби хунук назаден.

  Вожаи мавриди назар дар гунаи «усухта» ба ҳамин маънии дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ маъмул дар лаҳҷаҳои тоҷикони ноҳияи Китоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, лаҳҷаҳои Панҷакент, лаҳҷаҳои Мастчоҳ ва баъзе аз лаҳҷаҳои дигари забони тоҷикӣ низ ба қайд гирифта шудааст.

  Калахч ба маънии хушкии рӯйи ҷароҳат; чирки шахшуда: яреш калахч бастас акун нағз мешад; калахчойи дасташ-а дида дилам беҳузур кард, абқот-а хурда натунистам.

  Муаллифи «Луғати фурс» вожаи мазкурро дар ҳамин шакли дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ маъмул «чирке ё шухие, ки дар дасту андом бувад» тафсир намуда, аз Имораи Марвазӣ байти зеринро шоҳид овардааст:

Гандаву беқимату дуну ҳақир,

Риш пур аз г..у ҳама тан калахч. [1. 23]

  Дар «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои барои забони адабии тоҷиқ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ва «Фарҳанги Доро», «Луғати мухтасари лаҳҷаҳои Бухоро» ин вожа дар шакли «карахш» илова ба маъниҳое, ки дар боло овардем, ба маъниҳои дигар низ тафсир гардидааст, ки дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ чандон маъмул намебошанд.

  Йористан//йоридан ба маънии ҷуръат доштан, ёрои иҷрои амалеро доштан: намейористам гум, ки ман тоҷик; да пеши додом намейорид гап занад.

  Ин вожа ба ҳамин маънии дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ маъмул ё маъниҳои ба он наздик дар аксари фарҳангҳои гузаштаву муосир сабт гардидааст ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки намояндагони зиёди адабиёти классикиамон, аз ҷумла Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Фахриддини Гургонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва бисёр дигарон онро истифода намудаанд: 

 Наёрам бар касе ин роз бикшуд,

 Маро бо холи ҳиндуи ту бифнуд.

Рӯдакӣ

          Кӣ ёрад сухан гуфтан аз ту ба бад,

          Бадӣ кардан аз рӯйи ту, кай сазад?

Фирдавсӣ

          Яке гуфташ, ки эй донои  кайҳон,

Кӣ ёрад кард бо ту макру дастон?

Абӯшакури  Балхӣ

            Миёни зоҳиду риндон зи бода дарёҳост,

Равон-равон сӯи мо омадан куҷо ёрад?

Камоли Хуҷандӣ

  Бояд гуфт, ки дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ доираи истифодаи ин вожа нисбат ба воҳидҳои лексики дигаре, ки аз забони адабии даврони классикаамон дар гуфтори сокинони ин минтақаи кишвар ба мерос мондаанд, васеътар аст.

  Лозим ба зикр аст, ки аз вожаҳое, ки дар боло шарҳ додем ба ҷуз аз ду вожаи аввал, ҳамаи вожаҳои дигар ба гуфтори сокинони аксари деҳаҳои ноҳия хос мебошанд. Ду вожаи аввал, яъне вожаҳои кават < кабт ва дабанка < табанга бошанд танҳо ба гуфтори сокинони деҳаи Дардар хос буда,  дар гуфтори сокинони ҳеҷ як деҳаи дигари ноҳия ба қайд гирифта нашудаанд. Воҳидҳои луғавии мазкурро дар гуфтори сокинони деҳаҳои дигари ноҳия мутаносибан калимаҳои ору ва лаган ё тағора иваз менамоянд.

  Зикри ин матлаб ҳам муҳим аст, ки аксари калимаҳои «классикӣ»-и таркиби луғавии лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ дар «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ, ки ҳанӯз дар асри XI таълиф гардидааст, тафсир ёфтаанд.

  Ба таъкиди забоншинос В.А. Капранов  аксари воҳидҳои луғавие, ки дар «Луғати фурс» тафсир гардидаанд дар ҳамон давра хислати лаҳҷавӣ дошта, хоси лаҳҷаҳои Хуросону Мовароуннаҳри шарқӣ ва барои форсизабонони Озарбойҷон ва Эрони Ғарбӣ номафҳум будаанд, бинобар ин Асадии Тӯсӣ онҳоро дар луғати худ тафсир додааст, то ба ҳар форсигӯ фаҳмо бошанд [6. 149].

  Ҳамин аст, ки дар миёни калимаҳои «классикӣ»-и эрониасли таркиби луғавии лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ унсурҳое ба мушоҳида мерасанд, ки алорағми забони форсиву лаҳҷаҳои он бо баъзе лаҳҷаҳои дигари забони тоҷикӣ, забони дариву лаҳҷаҳои он ва забони адабиёти давраи классикӣ умумияти истеъмолӣ доранд. Калимаҳои ҳанг ба маънии «қувва, зӯр, тавон», туридан ба маънии «тарсидан, тарсида гурехтан, рамидан» (лаҳҷаҳои ҷанубии забони тоҷикӣ) ва осуғда (забони дарӣ ва лаҳҷаҳои он) аз ҳамин қабил калимаҳо мебошанд.

  Дар баробари вожаҳои эрониасле, ки намунаашонро дар боло овардем, дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ як миқдор вожаҳои арабиасосе низ ба мушоҳида мерасанд, ки аслан хоси забони адабии давраи классикӣ мебошанд ва чунин ба назар мерасад, ки дар марҳилаҳои нисбатан наздиктари таърихи инкишофи забонамон ба лаҳҷаҳо гузаштаанд. Вожаҳои такаллум ба маънии сухан, гап, сухан гуфтан, гап задан (дар забони адабӣ: ба ҳамин маъно): додом ҳамиқа ҷанг мекардан такаллум намекардем; бетакаллум шиштан-шиштану хестан рафтан; муқаддирот<муқаддарот ба маънии сарнавишт, тақдир (дар забони адабӣ: ба ҳамин маъно): да муқаддиротат чи ки бошад ҳавайа мебини; сулукат ба маънии тарз, тавр, тариқ (дар забони адабӣ: 1. роҳ рафтан 2. рафтор, равиш; муомила; одат 3. дар тасаввуф – роҳ; тариқа, тарзи зиндагонии аҳли тасаввуф, зиндагии дарвешона ва парҳезгоронаи сӯфиён: Низумбойа шишташ сулукати шишти додош; мағлуба шӯру ғавғо, доду фарёд, мағал (дар забони адабӣ: шадид, сахт (дар бораи ҷанг): беруна бин мағлуби чийас; тақаййуд ба маънии ҳаракат, саъйу кӯшиш, ҷидду ҷаҳд (дар забони адабӣ: гирифторӣ ба қайди чизе, бастагӣ; вобастагӣ: тақайюд кардан ба қайд овардан, ба банд андохтан: тақаййуди дарстайоркунеш нағз; ҳаммол ба маънии хизматгор (дар забони адабӣ: 1 баранда, борбардор, боркаш, борбар 2. маҷ. таҳаммулкунанда, сабркунанда, бурдбор: ман ту-ба ҳаммолам-чи? ҷуҳ<ҷӯъ ба маънии беморие, ки гирифтори он ҳамеша эҳсоси гуруснагӣ мекунад (дар забони адабӣ: гуруснагӣ: ғура-йа бисйор нахур, ки ҷуҳ мешӣ аз ҷумлаи ҳамин гуна вожаҳо мебошанд.

 Тафсилоти боло нишон медиҳанд, ки дар лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ чун дар лаҳҷаҳои ҷанубии забони тоҷикӣ [9. 100-109] баъзе аз унсурҳои луғавии аз забони адабиёти давраи классикӣ ба меросмонда аз ҷиҳати шаклу маънӣ ба муодили давраи классикиашон мувофиқат намуда, баъзеи дигарашон аз онҳо шаклан ё маънан то андозае дур рафтаанд.

  Ҳамин нуктаро ҳам хотирнишон бояд кард, ки аз гурӯҳи аввали вожаҳое, ки мавриди назар қарор додем, маншаи эронии шарқӣ доштану дар осори давраҳои аввали инкишофи забони тоҷикӣ истифода гардидани вожаҳои алағда, истех, осухта кайҳо собит гардидааст ва хусусиятҳои овозии вожаҳои калахч, чахч ва дабанка низ аз мансубияташон ба давраҳои нисбатан дуртари таърихи забони тоҷикӣ далолат менамоянд. Чун ин масъала аз доираи мавзӯи мақолаи мо берун аст, аз тафсилоти он худдорӣ намуда, ба таъкиди он, ки мувофиқи тадқиқотҳои олимон як қисми муайянӣ лексикаи забони адабиёти давраи классикиро калимаҳои суғдӣ ташкил медодаанд, иктифо менамоем.

  Ҳамин тариқ, калимаҳои ба истилоҳ «классикӣ» дар таркиби лексикаи лаҳҷаҳои болооби Зарафшон, махсусан лаҳҷаҳои ноҳияи Айнӣ мавқеи хоса дошта, аз муносибат ва таъсири мутақобилаи лаҳҷаҳои мазкуру забони адабиёти давраи классикӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд ва ҷамъовариву ба риштаи таҳқиқ кашидани онҳо ба ҳалли паҳлуҳои гуногуни масъалаи муносибати луғавии забони адабиву лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ мусоидат хоҳад намуд.

Сабур Носиров

 Ахбори АИ ҶТ. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, №3. -Душанбе, 2019. -С. 154 - 160.

Адабиёт

  1. Асадии Тӯсӣ. Луғати фурс (нусхаи Ҳорн). –Теҳрон, 1336.
  2. Бурҳон Муҳаммадҳусайн. Бурҳони қотеъ. Ҷ. I. –Душанбе: Адиб, 1993. -416 с.
  3. Ғаффоров Р. Нависанда ва лаҳҷаҳои забон // Садои Шарқ, 1975, №7. –С. 113-124.
  4. Деҳхудо Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо. Ҷ. 12. –Теҳрон, 1377. -18132 с.
  5. Доро Наҷот. Фарҳанги Доро. –Душанбе, 2012. -608 с.
  6. Капранов А.В. «Лугати фурс» Асади Туси и его место в истории таджикской (фарси) лексикографии. –Душанбе, 1964.
  7. Маҳмудов М., Бердиев Б. Луғати мухтасари лаҳҷаҳои Бухоро. – Душанбе: Дониш, 1989. – 280 с.
  8. Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз ду ҷилд). –Москва, 1969. -Ҷ. I. –952 с; -Ҷ. II. –952 с.
  9. Ҷӯраев Ғ. Системаи лексикаи лаҳҷавии забони тоҷикӣ. –Душанбе, 2017. -320 с.
  10. Эшниёзов М. Қазияи вожаноманависӣ ва харитабардории хусусиятҳои лаҳҷавӣ. –Душанбе, 1999. -298 с.

 

 

Хондан 1982 маротиба