JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 28 Майи 2020 07:21

Инъикоси истилоҳоти бофандагӣ дар «Бурҳони қотеъ»

Муаллиф: Буриева Шаҳноза

  Фарҳанги «Бурҳони қотеъ» асари лексикографиест, ки маводи зиёди луғавиро фаро гирифта, аз як тараф, ҳамчун луғати мукаммал ва аз тарафи дигар, ҳамчун асари бебаҳои этнографӣ хизмат мекунад. Ҳамзамон, фарҳанги мазкур оид ба сарчашмаҳо бо фарогирии маводи луғавӣ дар асоси қонунҳо ва усулҳои асосии лексикографӣ, тарзу равиши кор ва тартиби онҳо мураттаб гардида, чун як асари пурқимати классикӣ арзёбӣ мегардад.

 Мураттиби «Бурҳони қотеъ» Муҳаммадҳусайни Бурҳон аз луғатшиносони бузурги адабиёти форс-тоҷик буда, ин асари пурарзиши гаронбаҳояшро дар асри 17 дар заминаи таҷрибаи фарҳангнигории пешин иншо намудааст, ки он барои тозагӣ ва инкишофи забони адабӣ мусоидат мекунад [3, 2].

  Дар фарҳанги мазкур вожаву истилоҳоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили бофандагӣ, дӯзандагӣ, ресандагӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ ва ғайра дарҷ гардидаанд, ки корбарии онҳо дар замони муосир аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.

  Бо рушду инкишофи ҷомеа ва баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум ҳунарҳои мардумӣ низ рушду такомул ёфтанд ва дар қисмати вожагони онҳо низ истилоҳоти нав сохта шуданд ва ё иқтибос пазируфтанд. Иқтибосгирӣ, албатта, яке аз қонунҳои инкишофи забон аст. Бо рушди ҷомеа хоҳу нохоҳ истилоҳоти бегона иқтибос мешаванд. Забоншиноси тоҷик Ш.Рустамов ба ҳамин маънӣ таъкид дорад, ки «дар олам забоне нест, ки аз дигар забонҳо истифода (яъне, иқтибос нагирад (иловаи муаллиф)) накунад, ин қонуни умумии забон аст» [5, 90]. Воқеан, забон ҳамеша иқтибоспазир аст ва хусусан дар замони муосир иқтибосоти истилоҳоти техникӣ хеле зиёд мебошанд. Вале дар мавриди ҳунарҳои мардумӣ бояд гуфт, ки истилоҳоти он бештар ҷанбаи миллӣ доранд. Бинобар ин истифодаи истилоҳоти фаромӯшшуда ва ё куҳнашуда дар ҳунарҳои мардумӣ ин маънои эҳё намудани вожагони ҳамин соҳа мебошад.

  Истилоҳоти бофандагӣ дар забони тоҷикӣ аз ҷониби муҳаққиқон Солиева М., Усмонова С. ва дигарон ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Вале дар асоси фарҳангҳои қадим, ки сарчашмаи истилоҳпазирии мо бояд бошанд, таҳқиқоти хеле каме мавҷуд мебошад. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки дар мақолаи мазкур дар асоси маводи луғавии «Бурҳони қотеъ» вожаҳо ва истилоҳоти соҳаи бофандагӣ, тарзи ташаккул, таркиббандии онҳо ва масъалаҳои марбут ба ин соҳаро мавриди таҳлил қарор диҳем.

  Вожагони марбут ба бофандагиро, ки дар «Бурҳони қотеъ» зикр шудаанд, метавон чунин тасниф кард:

- масолеҳи бофандагӣ;

- абзори бофандагӣ;

- маводи тайёри бофандагӣ.

  Аз рӯи таснифоти боло азбаски ҳар кадоми онҳо шарҳи зиёдеро мехоҳанд, мо наметавонем дар як мақола онҳоро ҷо диҳем. Бинобар ин дар мақолаи мазкур танҳо бархе аз масолеҳи бофандагиро мавриди таҳлил қарор додем.

  Вобаста ба масолеҳи бофандагӣ дар фарҳанги мазкур истилоҳи зиёде шарҳ дода шудааст, ки қисме аз онҳо имрӯз корбурд намешаванд, вале иддае аз онҳо дар ҳамон шакли қадимӣ мавриди истифода қарор доранд. Масалан, истилоҳи «арвис»-ро, ки навъе аз ресмон аст, муаллифи фарҳанг чунин шарҳ медиҳад:

«арвис – ресмонеро низ гуфтаанд, ки аз мӯй бартофта бошанд» [3, 83].

  Вожаи мазкур дар забони имрӯзаи тоҷикӣ роиҷ нест ва дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (2010) низ дарҷ нагардидааст. Дар асоси иттилои муаллифи «Бурҳони қотеъ» вожаи арвис ифодакунандаи як навъи ресмоне мебошад, ки онро аз мӯй тайёр мекунанд. Зикр бояд кард, ки муаллифи фарҳанг вожаи «мӯй»-ро ба маънои «пашми буз» ё худ «мӯйи буз» истифода бурдааст. Дар бархе аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ «мӯйи буз»-ро бо вожаи «бузмӯй» ифода мекунанд, ки он аз пашм фарқи зиёд дорад. Ба ҳамин хотир муаллифи «Бурҳони қотеъ» дар фарҳанг вожаи «бузашм»-ро чунин шарҳ додааст:

«бузашм – пашми нармро гӯянд, ки аз буни мӯйи буз бирӯяд ва онро ба шона бароранду битобанд ва аз он шол бофанд» [3, 175].

  Вожаи мазкур низ дар забони имрӯзаи тоҷикӣ роиҷ нест ва дар фарҳангҳои дар боло зикршуда низ дарҷ нагардидааст. Аз ин маълум мегардад, ки аз «бузмӯй» либосворӣ тайёр намекунанд, вале аз пашми буни мӯйи буз тайёр кардани либосворӣ роиҷ будааст.

  Ҳамин вожа, яъне «бузашм» ҳаммаънои вожаи пат мебошад, ки муаллифи фарҳанг дар ҷойи дигар онро чунин шарҳ додааст:

«пат – оҳоре бошад, ки бар коғаз ва ҷома диҳанд; ва пашми нармеро низ гӯянд, ки аз буни мӯи буз бирӯяд ва онро ба шона бароваранд ва аз он шол бибофанд ва кулоҳи намад ва капанак ва амсоли он бимоланд; ва ҳар чиз, ки он нармӣ дошта бошад» [3, 222].

  Вожаи мазкур дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» низ шарҳ ёфтааст: пат – пашми нарме, ки аз таги мӯи ҳайвонот, аз қабили буз ва гӯспанд гирифта мешавад, тибит [6, 45.Ҷ. 2].

  Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» вожаи «пат» чунин баён шудааст: пат – 1. пашми нарме, ки аз таги мӯи ҳайвонот аз қабили буз ва гӯсфанд мебарояд, тибит. 2. қабати нарми пашммонанд, ки бар рӯи баъзе чизҳои бофта пайваста аст: пати бахмал, пати қолин. 3. аз пат бофташуда; гилеми пат. [8, 82. Ҷ 2].

  Ҳаммаънои вожаи пат калимаи тибит мебошад, ки он дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «тибит – мӯи нарму нозуке, ки дар зери пари мурғон ё зери пашми бағали чорпоён мерӯяд ва аз нахи он матоъҳои латифу нозук мебофанд» [8, 351. Ҷ. 2].

  Дар фарҳанги «Бурҳони қотеъ» низ вожаи тибит аз ҷониби муаллифи он тафсир ёфтааст: «тибит – пашми нарме бошад, ки аз буни мӯи буз ба шона бароваранд ва аз он шоли нафис бофанд» [3, 269].

  Агар шарҳи фарҳангҳоро муқоиса намоем то ҳадде аз ҳам тафовут доранд. Муаллифи «Бурҳони қотеъ» зикр мекунад, ки «тибит»-ро аз буни мӯйи буз ба шона ҷудо кунанд. Аммо дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» таъкид шудааст, ки тибитро аз зери пари мурғон ва ё пашми бағали чорпоён гиранд.

  Дар «Бурҳони қотеъ» шакли дигари он ба таври «тибид» низ сабт шуда, монанд ба вожаи тибит шарҳ дода шудааст: «тибид – мӯе бошад бағоят нарм, ки аз буни мӯи буз ба шона бароранд ва аз он шол бофанд» [3, 269].

  Дар шакли «тибид» вожаи мазкур дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» дарҷ нагардидааст.

  Масолеҳи дигари бофандагӣ пуда аст, ки муаллифи «Бурҳони қотеъ» шарҳи онро чунин овардааст: «пуда – ба маънии пуд аст, ки нақизи тор бошад, чи дар он дар тӯли ҷома ва ин дар арз бофта мешавад» [3, 250]. Вожаи мазкур дар фарҳангҳои баъдӣ [6; 7; 8] дар шакли «пуда>ниг. пада» зикр шудааст: «пада – 2. чӯби пӯсида; 3. пешгирон, пешдаргирон» [8, 6. Ҷ. 2] ва дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» чунин омадааст: пада – 3. чӯби пешдаргирон [8, 50. Ҷ. 2].

  Аммо шарҳи «пада», ки дар фарҳангҳои муосир [6; 7; 8]дода шудааст, бо шарҳи «Бурҳони қотеъ» мувофиқат намекунад. Аз рӯйи тафсири муаллифи фарҳанги мазкур «пуда ба маънии пуд аст» [3, 250].

  Вожаи «пуд»-ро муаллифи фарҳанг дар ҷойи дигар чунин шарҳ медиҳад: «пуд – он риштае бошад, ки дар паҳноии ҷома бофта мешавад ва тор ба дарозии ҷома» [3, 250]. Вожаи мазкур дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин шарҳ дода мешавад: пуд – нахҳое, ки ба паҳноии матоъ бофта мешавад, риштаҳое, ки дар бофтани матоъ ба паҳноии он ба кор бурда мешавад [6, 90. Ҷ. 2].

 Вожаи мазкур дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» низ ба ҳамин маъно тафсир шудааст: пуд –1. нахҳое, ки дар бофтани матоъ ба паҳноии он ба кор бурда мешаванд [8, 118. Ҷ. 2].

 Вожаи дигаре, ки барои бофандагон хеле маъмул аст, вожаи тор мебошад. Торро ришта, нах ва ресмон низ гӯянд. Яъне як навъи масолеҳ барои тайёр кардани либосворӣ мебошад. Важаи тор дар фарҳанги «Бурҳони қотеъ» ба таври зер тавзеҳ дода шудааст: «тор – тори мӯй, тори абрешум, тори соз ва амсоли он бошад; ва тонаи бофандагон, ки нақизи пуд аст» [3, 264].

 Шарҳи вожаи мазкур дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин омадааст: «Тор – нах, ришта; ресмон.» [8, 5. Ҷ. 2] ва дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ҳам ба монанди ҳамин тафсир шудааст: «тор – 1. риштаи дарози борик аз мӯй, абрешим, пахта ва нах. 2. мӯй, як дона (тора) мӯй. 4. асос, замина дар бофандагӣ, қатори нахҳо, ки ба дарозии матои бофташуда қарор мегирад» [8, 362. Ҷ. 2]. Маъноҳои аввал ва чоруми «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ба шарҳи «Бурҳони қотеъ» мувофиқат мекунад. Яъне тору пуд дар бофандагӣ ҳамеша зидди якдигар қарор мегиранд. Ҳангоми бофтани ҷома ё дигар навъи либосворӣ тор дар шакли арз ва пуд дар шакли тӯл ҷойгир мешавад. Бинобар ин барои ифодаи арзу тӯл истилоҳоти тора ва пударо низ истифода бурдаанд.

  Вожаи «тофта» дар «Бурҳони қотеъ» дар чанд маънӣ тафсир шудааст. Аввалан, муаллиф онро ҳамчун ресмон ва нах шарҳ дода, сипас онро «ҳар чизи бофта ва печида» зикр намудааст ва ба маънои сеюм онро матои тайёр, яъне порчаи абрешимӣ гуфта, ба маънои чорум «тофта»-ро навъи ҷомае, ки аз катон бофта мешаванд, тафсир кардааст: «тофта – мӯи зулф, гесӯ, ресмон ва абрешум ва ҳар чиз, ки онро тобида ва печида бошанд; ва навъе аз бофта ва порчаи абрешумӣ ҳам ҳаст; ва ҷомаеро низ гӯянд, ки аз катон бофта бошанд» [3, 266-267].

 Зикр бояд, ки ба маънои дуюм «ҳар чизи бофта ва печида» муаллифи фарҳанг пеш аз ҳама зулфу гесуи бофтаро дар назар дорад ва ҳамзамон, ресмон ва абрешими бофта ё печидаро низ таъкид мекунад. Дар забони адабии муосир тофта як навъи матои маҳине аст, ки аз абрешим бофта мешавад: «тофта – 2. навъи матои маҳини абрешимӣ» [8, 364. Ҷ. 2].

 Ҳангоми бофтан бештари вақт тор ё ресмонҳо зиёда мемонанд, ки бурида мешаванд. Ҳамин гуна ресмонҳои зиёдаро муаллифи «Бурҳони қотеъ» тон гуфтааст: «тон – риштае чандро ҳам мегӯянд, ки ҷӯлоҳагон аз паҳнои кор зиёда оваранд ва онро набофанд» [3, 267]. Вожаи мазкур дар фарҳангҳои муосир [6; 7; 8] дарҷ нагардидааст. Аз ин бармеояд, ки вожаи тон дар забони адабии тоҷик хеле камистеъмол будааст.

 Ба ҳамин монанд вожаи тона ҳаст, ки ин низ дар фарҳангҳои муосир [6; 7; 8] дарҷ нашудааст: «тона – он торҳоест, ки ҷӯлоҳагон барои бофтан муҳайё кунанд» [3, 268].

 Ба соҳаи бофандагӣ на танҳо он чӣ аз наху ресмон ва абрешим бофта мешавад, дохил мешавад, балки дар гузашта ва имрӯз низ аз решаву танаи гиёҳҳо ва навдаи дарахт асбобу анҷоми рӯзгор мебофанд. Ба ҳамин мисол вожаи биёнак аст, ки дар «Бурҳони қотеъ» зикр шудааст: «биёнак – гиёҳе бошад, ки аз он бурё бофанд» [3, 204].

 Бурёро дар гузашта ҳамчун ашёи бофта дар зери гилем истифода менамудаанд, ки дар замони муосир роиҷ нест ва вожаи ифодакунандаи он низ дар фарҳангҳои муосир [6; 7; 8] дарҷ нагардидааст ва ҷойи онро масолеҳи тайёри аз матоъ дӯхташуда ё бофташуда гирифтааст.

 Ҳамчунин, вожаи пиёзак низ дар «Бурҳони қотеъ» ба ҳамин маъно шарҳ ёфтааст: «пиёзак – гиёҳеро низ гӯянд, ки аз он буриё бофанд; ва навъе аз гурз бошад, ки сари онро ба занҷир ё даволӣ бар дастаи он насб кунанд ва онро ба туркӣ чавкан хонанд» [3, 255].

 Ба маънои имрӯза вожаи мазкурро «пиёзи бех; бехпиёз» [6, 96. Ҷ. 2] мефаҳманд. Тазаккур бояд дод, ки вожаҳои «биёнак» ва «пиёзак» ба маънои дар «Бурҳони қотеъ» тафсиршуда, дар фарҳанги «Луғатномаи Деҳхудо» низ омадааст [1. Ҷ. 36, 38].

 Хулоса, вожаҳою истилоҳоти ҳунармандӣ, бахусус бофандагӣ, ки дар фарҳанги «Бурҳони қотеъ» тафсир шудаанд, таркиби луғавии забони тоҷикиро ташкил дода, аз он шаҳодат медиҳанд, ки соҳаи бофандагӣ дар гузашта хеле ташаккулёфта буда, дорои вожагони хосе мебошад. Албатта, дар мақола мо натавонистем ҳамаи онҳоро таҳлил намоем, вале танҳо барои ошноӣ бо истилоҳоти бофандагӣ мо дар зер онҳоро ба таври чида дарҷ мекунем: арвис, бузашм, пат, тибит, тибид, пуда, пуд, биёнак, пиёзак, тор, обгир, оҳанҷа ва ғайра.

 Буриева Шаҳноза

Ахбори Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ.  Душанбе- «Дониш»  2019, №2 (256)

 

АДАБИЁТ

  1. Деҳхудо, А. Луғатнома / А. Деҳхудо. – Теҳрон, 1337.- Ҷ.36.- 200с.
  2. Деҳхудо, А. Луғатнома / А. Деҳхудо. – Теҳрон, 1337.- Ҷ.38. – 696с.
  3. Бурҳон, М. Бурҳони қотеъ/ М. Бурҳон. Ҷ. 1.– Душанбе: Адиб, 1993. – 416 с.
  4. Назарзода, С. Пояҳои густариши забони миллӣ. С. Назарзода– Душанбе: Эр-граф, 2016. – 272 с.
  5. Рустамов, Ш. Забон ва замон/ Ш. Рустамов– Душанбе: Ирфон, 1981. – 256 с.
  6. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилди 1-2. Советская Энциклопедия, 1969. – 951с.
  7. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. – Душанбе, 2008. – Ҷ. 1. 949с.
  8. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. – Душанбе, 2008. – Ҷ. 2. 945с.
Хондан 1228 маротиба