JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 09 Июни 2020 07:32

Лексикаи ифодакунандаи ҳунарҳои мардумӣ дар забони тоҷикӣ

Муаллиф: БОБОМУРОДОВА М.

  Баробари ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша мекӯшад, то таърихи қадима ва ҳунарҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Иқдомҳои ғамхорона ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳибҳунарону ҳунармандон боиси он гардид, ки дар кишварамон ҳунарҳои мардумӣ рушд ёбад ва мароқи бештари аҳолии маҳаллии кишвар ба ин навъи фаъолият таваҷҷуҳ ва ҷалб карда шаванд. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 яке аз чунин ибтикор аст.

  Мардуми тоҷик миллатест, ки ҳамеша дар ҳама давру замон ҳунарҳои ба худ хоси миллиро доро буд. Дар замони бархурдҳои таърихӣ кӯшиш мекарданд, ки доимо нигаҳдорандаи ҳамаи ҳунарҳо ва суннатҳои аҷдодӣ бошанд.

  Тасмим гирифтем, ки дар мақолаи мазкур таърих ва истифодаи вожаҳои ифодакунандаи ҳунарҳои мардумиро дар забони тоҷикӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем.

  Бофандагӣ пешаи хеле қадимии мардумисту дар гузашта заҳматҳояш хеле зиёд буд, зеро ки дар гузашта дастгоҳҳои мувофиқ, технологияи сабук ва барои бофандагон шароити созгор вуҷуд надошт.

  Бофандагӣ аз ресмон бофтани матоъ, карбос ва ашёи гуногуни рӯзгор мебошад. Дар бофандагӣ ду дастаи абрешимӣ, пашмӣ ё пахтагиро ба ҳам печида, гиреҳ мезананд. Ҷараёни бофандагӣ аз тайёр кардани тору пуд, нахпечонӣ, тортанӣ, оҳардиҳӣ, фарқкушоӣ иборат аст. Сифати матоъ аз ришта ва ё нах, ғафсиву борикӣ ва пурбардоштии он вобаста аст. Аз қадим бофандагони Миср, Юнону Рум ва Чин мумтозу машҳур буданд. Дар асрҳои миёна матоъҳои дорои нақшу нигор пайдо шуданд. Коргоҳҳои бофандагӣ такмил ёфтанд. Дар Хуросону Мовароуннаҳр-дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бухоро, Истаравшан, Самарқанд, Бухоро, Марв, Нишопур, Ҳирот... ҳунари бофандагӣ равнақ ёфта буд. Матоъҳои пашмиу абрешимии таҳиянамудаи бофандагони мумтози ин мавзеъҳо дар олам шӯҳрат пайдо карда буданд ва зиёд ба фурӯш мерафтанд. Матоъҳое, ки дар ҳудуди Осиёи Миёнаву Эрон бофта мешуданд, аз лиҳози хусусият, нақш, сифат, зебоӣ ва ранг тафовут доштанд. Дертар дар матоъҳо катибаҳо- ибораву ҷумлаҳои гуногун пайдо шуданд, ки хеле ҷолиб буда, харидоронро ҷалб мекарданд. Яке аз аввалин катибаҳое, ки дар матоъҳои бофандагони Хуросону Мовароуннаҳр бофта (навишта) мешуданд чунин буд: “Ба орзуи саодат ва саломат”. Минбаъд дар матоъҳо нақшҳои филу шеру шутур, парандагон, мавҷудоти афсонавӣ пайдо шуданд. Ҳамин тавр, батадриҷ ҳунари бофандагӣ рушд ёфт ва бештар мукаммал гашт.

  Мардумшиноси шӯравӣ О. Д. Сухарева охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ҳаёти шаҳри Бухороро омӯхта, навиштааст, ки дар шаҳр ва атрофи он 12 ҳазор корхонаи бофандагӣ буд. Бофандагон ихтисосҳои гуногун доштанд: ресмонрес, газворбоф, читбоф, саллабоф, алочабоф, тагчабандбоф (камарча), беқасаббоф, адрасбоф, бахмалбоф ва ғайраҳо. Ҳамаи ин матоъҳои қиматбаҳоро асосан тоҷикони Бухоро мебофтанд. Ин матоъҳои бофташуда на танҳо дар Бухоро, инчунин дар Россия, Қошғар, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон ба фурӯш мерафтанд.

  Вожаи бофтан /бофидан дар ФЗТ чунин шарҳу эзоҳ ёфтааст: 1. пудро ба ҳам гузаронидани матоъ, порча, палос ва монанди инҳо чизе сохтан; нах ва торҳоро ба ҳамдигар пайваста тӯр, дом, бурё ва монанди инҳо дуруст кардан.

Биёмӯхташон риштану тофтан

Ба тор-андарун пудро тофтан Фирдавсӣ.

Гесуваш чун каманд тофтаанд,

Ё паи дому банд бофтаанд? Ҷомӣ.

 2. маҷ. ба ҳамдигар пайвастан, зич кардан.

Сипар бар сипар бофта дашту роғ,

Дурахшидани теғҳо чун чароғ Фирдавсӣ.

 Вожаи сохтаи бофандагӣ, ки то имрӯз мавриди васеи истифода қарор дорад, ифодакунандаи яке аз маъмултарин ҳунари мардумӣ аст.

 Калимаи бофандагӣ аз исми бофанда бо ҳамроҳ кардани пасванди муштараквазифаи –гӣ сохта шуда, ду пояи калимасозӣро боф+анда+гӣ аз сар гузаронидааст. Калимаи бофанда дар асл сифати феълӣ буда, аз асоси замони ҳозираи феъл -– феъли фармоиши боф ва пасванди –- андатаркиб ёфта субстантиватсия шудааст.

 Кандакорӣ дар чӯб навъи санъати нодири ороишиву пардозкорист, ки барои зинат додани ашёи рӯзгор, ҷузъҳои меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ ба кор меравад. Он қадимтарин ва маъмултарин навъи санъати ороишии амалист ва анвои гуногун дорад.

 Қадимтарин осори санъати кандакории чӯб аз шаҳрҳои Панҷакент ва Шаҳристон ёфт шудаанд, ки ба асрҳои 6-8 тааллуқ доранд. Дар кандакории тоҷик услубҳои нақшу нигори маъмултарин, гиреҳ, ислимӣ, катиба ва ҷонварнусха мавқеи махсус доштанд Ба ороишоти гиреҳ аслан нақшҳои ҳандасӣ, мусаллас, мураббаъ, шаклҳои чоркунҷа, ҳашткунҷа, чоркалид, морпеч, кунгура мансубанд. Пардози услуби ислимӣ, қуштаноб, марғула, бодом, гули хайрӣ, савсан, нилуфар, барг, шоҳбарг ва амсоли инҳоро дар бар мегирад. Шакли мурғони гуногун, моҳӣ, мор, нахчир, хоси услуби ҷонварнусха мебошад.

 Вожаи кандакорӣ бо усули омехта, бо васл шудани ду реша ва пасванди – ӣ сохта шуда, имрӯз ин ҳунар бо номи чӯбкорӣ дар “Ғиёс-ул-луғот” чунин шарҳ ёфтааст: “Кандакорӣ- нақшҳо, ки ба зар ва чӯбу санг ва амсоли он кананд”.

 Аз ҷиҳати таркиби морфологӣ калимаи кандакорӣ аз сифати феълии канда, исми маънии кор ва пасванди –ӣ сохта шудааст.

 Пасванди –- гар асосан исмҳои шахс месозад, ки маъноҳои гуногунро моликанд ва инчунин аз исмҳои мушаххас исмҳои шахс месозад, ки касбу ҳунарро мефаҳмонанд: чит+гар, кулол+гар, дуред+гар, чарм+гар, шиша+гар, мис+гар, зар+гар.

 Читгарӣ –ҳунари тайёр кардани газвори чит, ки аз нахи пахта бофта ва ба он нақшу нигор андохта мешавад. Читгар - бофанда, он ки ба чит нақшу нигор меандозад. Чит, матои сабуки бофтаест. Читбофӣ дар мамлакатҳои Шарқ аз қадим маъмул буд. Тору пуди чит пурра аз ресмони пахтагӣ иборат аст. Чит якранг ва гулдор мешавад. Суфи хомро пардоз карда, чит тайёр мекунанд.. Читгарӣ ҳунарест, ки бо истифодаи қолабҳои махсус матоъҳои сафеди пахтагинро оро медоданд. Рангҳое, ки дар читгарӣ истифода мешаванд, аз растанӣ, пӯсти меваву решаҳои дарахтон таҳия мешаванд. Ҳунари читгарӣ аз насл ба насл, аз авлод ба авлод мегузарад.

 Вожаи чит дар ФЗТ чунин шарҳ дода шудааст: чит ҳ. –як навъ газвори гулдори ресмонӣ, митқол (ФЗТ, ҷ. 2. С.541). Дар ФФМ низ оварда шудааст: чит/ ҳиндӣ –чиҳит - порчаи нахи нозук ва гулдор ва дорои рангҳои гуногун (ФФМ, ҷ.1, с.1326).

 Калимаи читгар аз исми чит ва пасванди маъмули калимасози –-гар сохта шуда, дар шакли читгар ва ё читбоф имрӯз дар истеъмол нестанд, гарчанди чит ҳамчун маводи ниёзи мардум дар истифода аст.

Заргарӣ ҳунари истеҳсоли маснуоти бадеӣ аз филизоту сангҳои қиматбаҳост, ки қадимтарину машҳуртарин навъи санъати ороишист.

 Калимаи заргар аз исми модии зар ва пасванди исмсози –- гар таркиб ёфта, шахсест, ки маснуоти заргарӣ, зару зевари занона месозад. Вожаи сохтаи заргарӣ аз калимаи зар, пасванди –- гар ва –- ӣ сохта шудааст. Ин калима ду пояи калимасозиро гузаронидааст: аввал зар+ гар, пас, зар + гар+ӣ.

 Кулолгарӣ аз қадимтарин ҳунарҳои нафис буда, осоре аз марҳилаи ибтидоии тамаддуни инсоният маҳсуб меёбад.Кулолгарӣ нахуст ҳамчун ҳунар роиҷ буд ва баъдан дар натиҷаи таҳаввуллу ташаккул ба санъати алоҳида табдил ёфт. Намунаҳои зебои кулолгарии қадимаи тоҷикон дар натиҷаи ҳафриёт дар Саразм, ки ба давраи баъдинаи энолит ва асри биринҷӣ мансуб аст, кашф гардидаанд.

 Аз бозёфтҳои Саразм маълум мешавад, ки дар ин мавзеи бостон ҳунари кулолгарӣ хеле ривоҷу инкишофёфта будааст. Бозёфтҳои кулолии Саразм аз он ҷиҳат хеле муҳиманд, ки дар навъу намуди зарфҳо ҳам нақшҳои ҳандасавӣ ва ҳам хатҳои амудию уфуқиро мушоҳида мекунем. Дар ҳар як нақш маънои алоҳидае нуҳуфтааст.

 Дар калимаи кулолгар пасванди –- гар аз исми мушаххас исми шахс сохтааст, ки он касбу ҳунарро ифода мекунад: кулол+гар+ӣ.

Чармгарӣ. Дар Суғд мавҷуд будани чармгарӣ дар ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ дида мешавад. Мувофиқи он дар бораи кафш, либоси чармие, ки аз пӯсти барзагов тайёр карда шудааст ва дар сари китф мепартофтаанд, ёдрас мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки худи ин ҳуҷҷатҳо низ дар рӯи пӯстҳои нафис навишта шудаанд.

 Аз рӯи нақшу нигори харобаҳои Панҷакент муайян кардан мумкин аст, ки аз чарм ҳар гуна пойафзол, ҷавшан, тоскулоҳ, ғилофи шамшер ва камон, афзоли асп ва дигар асбобҳои рӯзгорро тайёр мекарданд.

 Калимаи чармгарӣ низ бо қолаби кулолгарӣ сохта шудааст, ки касбу ҳунари қадимаи мардумиро мефаҳмонад: чарм+гар+ӣ.

 Шишагарӣ. Мувофиқи маълумоти солномаҳои чинӣ ҳанӯз дар асри 5 мелодӣ дар Осиёи Миёна ба шишагарӣ машғул будаанд. Мадракҳои бостоншиносӣ роҷеъ ба кай пайдо шудани ин соҳаи ҳунармандӣ вуҷуд надорад. Аммо соли 1952 боқимондаҳои устохонаи шишасозиро аз Панҷакенти қадим бостоншиносон пайдо карданд. Зарфҳои шишагии ин давра, сӯроҳӣ ва паймона, ҷомҳо иборат буданд.Миқдоран кам будани ин далели он аст, ки маҳсулоти шишагӣ ба таври васеъ мариди истифода қарор надоштааст ва барои нигоҳ доштани атриёт ва ҳар гуна лавозимоти ороишӣ истифода мебурдаанд.

 Ҳамин тариқ, таҳлили мавод нишон дод, ки вожаҳои ифодакунандаи касбу ҳунарҳои мардумӣ бо пасвандҳои –гар, -ӣ, -гӣ корбаст шудаанд. Бештари онҳо имрӯз дар истеъмоланд, вале қисме аз онҳо ба гурӯҳҳои калимаҳои архаистӣ дохил шудаанд ва ё тағйири маъно кардаанд.

Бобомуродова Маҳбуба

Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ.  Душанбе- «Дониш»  2019, №2 (256)

АДАБИЁТ:

  1. Луғати фурс - и Асадии Тӯсӣ. Таҳияи Нурулло Ғиёсов. Нури Хуҷанд, 2015, 492 с.
  2. Али Акбар Деҳхудо. Луғатнома / Али Акбар Деҳхудо. чопи Теҳрон,1334-1208. (1337- шамсӣ, чопи сирус).
  3. Иброхимов М.Ф. Традитционное ткачество таджиков.-Душанбе,2006, 206 с.
  4. Муҳаммад Ғиёсуддин. Ғиёс - ул -луғот.-ҷ.1-3.-Душанбе, 1987, 480 с.
  5. Фарҳанги забони тоҷикӣ.ҷ.1-2.Душанбе, 1969, 950 с.
  6. Муҳаммадҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ. ҷ.1-2.-Душанбе,1993-2004,416 с.
  7. Майдинова Г. М. История таджикских костюмов в 2-х томах.-Душанбе, 2004, 280 с.
  8. Писарчик А. К. Одежда таджиков Нурата.-Душанбе, 2003, 184 с.
  9. Широкова З.А. Таджикский костюм конца 19 -го начала 20 вв.-Душанбе,1993, 142с.
  10. Энсиклопедияи Адабиёт ва санъати тоҷик. ҷ. 1-2.-Душанбе, 1988.
  11. Ғафуров Б. Тоҷикон.ҷ.1-2.-Душанбе, Ирфон, 2010, 865 с.
  12. Сухарева О. А. История средноазиатского костюма. Самарканд, 2-я половина 19 века.-Москва,1982, 141 с.
  13. Традиционная одежда и украшения Худжанта (19-20 вв.).-Худжант, 2004, 93 с.
Хондан 1570 маротиба