JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 06 Сентябри 2025 10:27

Хирадмеҳварӣ – ояндаи давлати миллӣ (мулоҳизоти муқаддимотӣ дар ҳошияи Рӯзи дониш ва дарси сулҳ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

   Тибқи анъана, 30 сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ мулоқоти навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ва доираи таҳсилотии кишвар сурат гирифт. Суҳбати Сарвари давлат як соат давом кард ва тайи суханронии яксоатӣ мавсуф роҷеъ ба мақому ҷойгоҳи дониш дар зиндагии инсонӣ, вазъи маорифи ватанӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, муаммоҳои раванди таҳсилотӣ, роҳҳои бурунрафт аз мушкилоти соҳавӣ ва то ба сатҳи ҷомеаи донишбунёди миллӣ баровардани миллат гузориши ҷолибу ҷиддии  таҳлилӣ ироа фармуданд. Агарчи аз Рӯзи дониш ва дарси сулҳ чанд рӯзе сипарӣ шудааст, аммо ҳоло ҳам фурсат дорем, ки дар ҳошияи мулоқоти Сарвари давлат бо маорифиёни ватанӣ ва дар партави Рӯзи дониш чанд нуктаи иҷмолиро хидмати хонандагон қарор бидиҳем.

     Якум. Ниҳоди мактаб ва муассисаҳои таълимӣ дар тамаркуз ба як нукта – донишбунёд ва хирадмеҳвар сохтани насли наврасу ҷавони ҷомеа – амал намуда, ҷиҳати татбиқи ҳамин як барнома масъалаи тарбияи фикрии насли нави замони соҳибистиқлолиро дунбол мекунанд. Донишбунёд ва хирадмеҳвар сохтани ҷомеа ба чӣ бастагӣ дорад ва ё аз куҷо сарчашма мегирад? Албатта, аз ёд додани фикр кардан ва фикр карда тавонистани насли наврасу ҷавони ҷомеа. Дар зимн, 18 августи соли ҷорӣ бо ибтикори роҳбарияти Китобхонаи миллӣ дар толори барҳавои ин Муассисаи давлатӣ бо ҳузури донишмандону муҳаққиқони соҳаи педагогикаи миллӣ, аз ҷумла бо ҳузури пирони педагогикаи ватанӣ устодон Маҳмадуллоҳи Лутфулло ва Файзулло Шарифзода конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Фикр карданро бояд омӯхт” доир гардид. Дар конфронси мазкур тамаркузи асосӣ ба як нуктаи меҳварӣ сурат гирифт – фикр карданро аввал худ бояд омӯхт ва пасон ба дигарон (хонандагону донишҷӯён) ёд дод. Ба ин маъно, хирадмеҳварӣ ва донишбунёдии ҷомеа ба тарзу усули фикркунӣ ва раванди мафкурасозӣ, ки риштааш дар дасти омӯзгор ва персонали омӯзгорист, бастагӣ дорад.

         Дувум. Мулоқоти ҳамасолаи Сарвари давлат бо маорифиёни кишвар ҳам ба ҳамин нуктаи калидӣ иртибот мегирад. Чӣ кор кунем ва чӣ гуна барномарезиҳои корсозро таҳияву амалӣ намоем, ки насли нави замони соҳибистиқлолӣ фикр карданро ёд бигирад ва то ба сатҳи истиқлоли фикрӣ бирасад. Раванди фикр кардан ҳам кори саҳлу осоне нест. Масалан, бузургтарин донишманди садаи бист Алберт Эйнштейн гуфта буд: “Фикр кардан ҳам мушкилтарини корҳост”. Пас, чӣ гуна фикр карданро, аввалтар аз ҳама, бояд худ ёд бигирем ва ба дигарон ёд бидиҳем? Суоли матраҳ ин аст. ки: оё ҳамин гуна барномаҳое дорем, ки насли наврасу ҷавонро ба фикр кардан водорад? Агар надорем, сари таҳияи он бояд чораандешӣ кард ва агар дорем, онро бояд такмилу тағйир ва ба шароити имрӯзӣ мувофиқ кард. Албатта, барномарезиҳое дар ин замина вуҷуд доранд, аммо ноқис ва  такмилталабанд.

        Севум. Пеш аз он ки мо (манзур ҳайат-персонали чандҳазорнафараи омӯзгорист) фикр карданро ба хонандагону муҳассилини муассисоти таҳсилоти олии касбӣ ва умуман, ҷомеа ёд бидиҳем, бояд худамон ба лиҳози истилоҳӣ мавзуъро дурустҳисобӣ донем ва ба суоли “андешидан ва фикр кардан чист?” посух бидиҳем. Ин ҳам маълум аст, ки “ндеша” вожаи форсии дарии тоҷикӣ ва “фикр” калимаи арабӣ мебошанд. Бо як ҷумла: талоши зеҳнӣ барои ҳалли масъаларо фикр мегӯянд. Дар таърифи ихтисоситар, андеша ва фикр фаъолияти зеҳниеро мегӯянд, ки барои тарҳи суолу пурсиш, баррасиву таҳлили додаву маълумоти фарзшудаву ҳатмӣ, дарёфти роҳкори лозима ҷиҳати ба мақсаду ҳадаф  расидан ва дар ниҳоят, комёб шудан шароити мусоид фароҳам меоварад. Афзун бар ин, андешидан амал ва барномарезии даруниест, ки дар зеҳн иттифоқ афтода, ба як ҳавзаи шинохтӣ табдил гардида, низоми шинохтии шахси муфаккирро тағйир медиҳад. Аз ин ҷо анвои гуногуни андешидан ё тафаккур вуҷуд дорад: андешидан (тафаккур)-и таҳлилӣ, интиқодӣ, иҷроӣ, расмӣ, роҳбурдӣ, халлоқ, систематикӣ ва амсоли инҳо. Дар маҷмуъ, андешидан низоми шинохтии инсонро тағйир медиҳад ва роҳро барои рушду нумуви фикрӣ ва таҳаввулоти зеҳнии ӯ ҳамвор месозад.

       Чаҳорум. Насли наврас ва ҷавонро дар муҳити мактабию таҳсилотӣ чӣ гуна метавон тарбияти фикрӣ дод? Аз синнусоли хурдӣ – аз парваришгоҳҳо (боғчаю кӯдакистонҳо) шуруъ карда, тавассути аксу тасвирҳо ва рангу мусаввараҳо аз тариқи суолу пурсишҳои сода метавон диди интиқодӣ ва ҳунари пурсишгарии кӯдаконро ташаккул ва зеҳниёти онҳоро тақвият дод. Аз синнусоли хурдӣ – дар муҳити парваришгоҳӣ кӯдак фикр кардан ва дар лаҳазоти зарурӣ тамаркуз кардан ва тасмимоти фикрӣ гирифтанро ёд мегирад ва бад-ин минвол андешидан ба меъёри рӯзмарраи зиндагии қишри кӯдак табдил меёбад. Дар марҳилаҳои баъдии синнусолӣ мактаббача ва ба истилоҳ, хонандаву муҳассилу донишҷӯ он бовару арзёбиҳои матиқиеро, ки дар мароҳили гуногуни синнусолӣ ва фосилаи замонӣ аз бар кардааст, такмилу тақвият медиҳад ва ба ин васила соҳибандеша мегардад. Андешаи мантиқию илмию фалсафӣ ба инсон ҷаҳонбинӣ ато мефармояд ва ҷаҳонбинӣ шахсият месозад.

         Панҷум. Пок кардани фикру андеша дар ҳолати ҷанинӣ, ки дар қадимтарин бовару эътиқодоти миллӣ ҷойгоҳи асосӣ доштааст (манзур сегонаи: пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек), вазифа ва масъулияти асосии ҳайат-персонали омӯзгорист. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ин замина фармудааст:

           Ай бародар, ту ҳамин андешаӣ,

           Мобақӣ ту устухону решаӣ.

           Гар бувад андешаат гул, гулшанӣ

           В-ар бувад хоре, ту ҳеми гулзанӣ.

      Ё ин ки Иқбол нахуст ба покию татҳири андеша минҳайси аслу асос талаққӣ карда, таъмири онро кори саҳлу осоне мепиндорад:

               Пас, нахустин боядат татҳири фикр,

               Баъд аз он осон шавад таъмири фикр.

         Дар ибтидо бояд фикру андешаи кӯдакон ва умуман, насли муҳассилро пок ва ба покии андеша таъкиду талқину пофишорӣ кард. Лаҳазоти ибтидоӣ ва аввалияи тадрисиро ба ин мавзуъ ва масъалаи меҳварӣ сарф бояд кард.

        Шашум. Сарвари давлат дар мулоқоти ахирӣ бо аҳли маорифи кишвар (30 августи соли ҷорӣ) масъалаи таълифи китобҳои нави ба шароити миллию дунявӣ мутобиқро ба миён гузошта, ба масъулини соҳавӣ, тими иҷроӣ ва донишмандони матраҳи ватанӣ дастур доданд, ки китобҳои дарсию васоити таълимӣ-методии макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ бояд бар мабнои авлавияти арзишҳои миллию дунявӣ, муқтазиёти илмӣ-мантиқӣ ва талаботи манофеи миллӣ-давлатӣ таълифу таҳия гарданд. Аз тарафи дигар, Сарвари давлат ба масъулини соҳавӣ дастур доданд, ки ташхиси китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ-методӣ ва умуман, васоити тадрисию илмӣ бар уҳдаи муҳаққиқону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вогузор гардад ва тибқи ин дастур ҳар маводи интишоротии марбут ба маорифу илми ватанӣ бояд аз ташхиси ҷиддии илмӣ гузарад. Мутаассифона, солҳо боз бар асари бетафовутию фориғболӣ китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ-методӣ бидуни ташхиси ҷиддии илмӣ-ихтисосӣ рӯйи чоп омада, ҳарҷумарҷро дар фазои омӯзишию таҳсилотии ҷумҳурӣ ба вуҷуд овардааст. Дигар ин ки дар баъзе китобҳои дарсии фанҳои гуманитарӣ мавқеияти илмӣ сусту заиф буда, ҷойи мавқеъгириҳои илмиро хурофадовариҳо гирифтаанд. Ин аст, ки чанд насл бар асари ҳамин гуна китобҳо, ки ба дур аз мантиқи илмӣ ва дидгоҳи илмианд, як навъ мавқеияти ғайримиллию ғайриилмӣ дар фазои таҳсилотии кишвар тасаллут пайдо кард. Маҳз ҳамин ҳолати номатлуб ва ҳассоси фикрию ҳувиятӣ Сарвари давлатро водоштааст, ки сари ин мушкилоти ҷиддии соҳавӣ тамаркуз намоянд ва аз тариқи гӯшзади бардавоми мушкилот ҷилави авоқиби дашҳатбори ин навъ усули таълимӣ-тарбиятии ғайримиллию ғайриилмиро бигиранд.

       Ҳафтум. Дар воқеъ, барои расидан то ба сатҳи як давлат ва ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури созандаи миллӣ ва ҷаҳоншиносии илмӣ-фалсафии миллат зарурат дорад. Ҷаҳоншиносии илмӣ, диди фалсафӣ ва мавқеияти миллӣ ба тавлиди  ҷомеаи хирадмеҳвар ва донишбунёд оварда мерасонад. Агар таъкидоти ҳамешагии Сарвари давлатро аз сидқи дил иҷро намоем ва сари сарнавишт, тарбият ва ояндаи наслҳои наврасу ҷавони кишвар, ки аз мактаб шуруъ мешавад, ҷиддӣ таваққуф кунем, ояндаи дурахшоне моро мунтазир аст. Ба ин манзур, масъаларо ҷиддӣ пайгирӣ бояд кард. 

         

Нозим Нурзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 
Хондан 27 маротиба