JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 15 Апрели 2020 07:28

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан…

Муаллиф:

  Ҳамасола дар Тоҷикистон 14 апрел ба сифати Рӯзи илм таҷлил карда мешавад. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, ки 18 марти соли 2020 баргузор гардид, ба масъалаи зарурати пешрафти илм, бахусус вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон шудани солҳои 2020-2040 ба пешрафти илмҳои номбурда дар мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.    Дар зер дар робита ба Рӯзи илм ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат андешаҳои доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия Ҳасани СУЛТОН оид ба саҳми гузаштагони мо дар пайдоиш ва рушду такомули илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ манзур карда мешавад.

  18 марти соли 2020, дар арафаи таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму адаби мамлакат сурат гирифт. Бо итминон метавон гуфт, ки мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни мамлакат дар остонаи Наврӯз ва оғози соли нави аҷдодӣ, ки ба сифати рухдоди неку суннати навэҷоди рӯзгори давлатдории нави миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст, аз эҳтироми фаровони Пешвои миллат ба аҳли зиё ва нақши калидии ин табақаи ҷомеа дар бунёд ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ гувоҳӣ медиҳад.

  Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш ва суҳбати самимӣ Пешвои миллат, аз ҷумла дар хусуси бо ташаббуси эшон Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон шудани солҳои 2020-2040 дар мамлакат изҳори назар карда, таъкид фармуданд, ки «халқи тоҷик аз қадим ба илм ва таълиму тарбия эҳтироми хос дошт ва дар тӯли таърих нобиғаҳое ба дунё овард, ки дар рушди илми ҷаҳонӣ ҳиссаи бузург гузоштаанд». Ба андешаи Пешвои миллат, «кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигарон дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд».

  Воқеан, бо камоли эътимоду ифтихор гуфтан метавон, ки бархе донишмандони дар боло ёдшуда ва дигар ниёгони бузурги мо дар падид омадан ва рушду боландагӣ пайдо кардани баъзе шохаҳои илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар саросари олам нақши муҳим доранд ва номи худро барои ҳамеша дар сафаҳоти зарнавишти таърихи ин илмҳо сабт кардаанд. Барои намуна, асари риёзии донишманди маъруф Муҳаммади Хоразмӣ (Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Мусо ал-Хоразмӣ) (780-850) «Китоб-ул-ҷамъ ва-т-тафриқ би-ҳисоби-л-Ҳинд» (Китоби ҷамъу тақсим аз рӯйи ҳисоби аҳли Ҳинд) бори нахуст мардуми арабу арабизабон ва пас аз тарҷума дар асри XII ба забони лотинӣ бо номи «Algorithimi de numero Indorum» мардуми Аврупоро бо низоми даҳгонаи ҳисоби ҳиндӣ шинос кард. Ин асар ҳамчунин номи ал-Хоразмиро на танҳо дар Аврупо, балки дар тамоми ҷаҳон бар сари забонҳо андохт. Мафҳуми «алгоритм», ки шакли аврупоии таҳрифшудаи «ал-Хоразмӣ»-ст, аз номи лотинии ҳамин китоб маъруф гардид ва нахуст дар Аврупо бо таваҷҷуҳ ба низоми ҳисоби даҳгонаи ҳиндӣ мафҳуми арифметика (аlgoritmus), баъдан ҳаргуна фароянди мунтазам ҳисобшаванда (алгоритм)-ро ифода мекард ва дар рӯзгори имрӯзаи мо маъмулан ба ҳамин маънии охир мавриди истифода қарор дорад.

  Асари дигари илмии Муҳаммади Хоразмӣ «Китоб мухтасар мин ҳисоби-л-ҷабр ва-л-муқобала» (Китоби мухтасар аз ҳисоби ҷабр ва муқобала) дар илмҳои риёзӣ ба марҳилаи нав ибтидо гузошт ва ба зуҳури илми ҷудогонаи алгебра (шакли таҳрифшудаи «ал-ҷабр» аз номи ҳамин асар) дар олами илм роҳ кушод.

  Дигар аз бузургтарин риёзидонон ва ситорашиносони  гузаштаи мо Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммади Фарғонист (795/98-861/65), ки дар Аврупои асрҳои миёна бо номҳои лотинии Алфрагана ва Алфраганиус шуҳрат ёфтааст.

  Асари ситорашиносии ӯ «Китоб фӣ усул илм ан-нуҷум» (Китоб дар усули ситорашиносӣ), ки ҳамчунин бо номи «ал-Фусул-ус-салосин» (Сӣ фасл) машҳур аст, маъруфтарин асари ситорашиносӣ дар Аврупои асрҳои миёна эътироф шудааст. Ин асар дар асри XII ду маротиба ба забони лотинӣ ва пас аз ин аср минбаъд ба дигар забонҳои Аврупо тарҷума гардидааст. Эътибори ин асар дар Аврупои асрҳои миёна ба ҳадде будааст, ки шоири бузурги итолиёии давраи Эҳё Алигйери Данте (1265-1321) дар «Мазҳакаи илоҳӣ» (1306-1321) ва адиби маъруфи олмонӣ Фридрих Шиллер (1759-1805) дар намоиши сегонаи «Валленштейн» (1797-1799) аз он ёд кардаанд.

  Риёзидони ҳолландӣ Яков Голиус  соли 1669 тарҷумаи нави ин рисоларо ба забони лотинӣ анҷом дода, ҳамроҳ бо нусхаи асл онро ба нашр расонидааст. Ҷойи ифтихор аст, ки дар муддати тақрибан панҷ аср ин асари Аҳмади Фарғонӣ дар Аврупои асрҳои миёна донишномаи ситорашиносӣ маҳсуб гардида, дар ин муддат ба сифати дастури асосии таълими ситорашиносӣ дар донишгоҳҳои Аврупои Ғарбӣ хидмат кардааст.

  Аҳмади Фарғонӣ дар таълифоти илмии худ ҳамчунин ба ҳафт кишвар тақсим кардани Заминро, ки аз ҷаҳонбинии қадими кишваршиносии ориёӣ маншаъ мегирад, таъйид намудааст. Донишманд ва риёзидони бузург Абурайҳони Берунӣ (973-1048) дар «Китоб-ут-тафҳим» ёдовар мешавад, ки Заминро «порсиён ба ҳасби мамлакатҳо ба ҳафт кишвар қисмат карданд», ки тақвияти назари ҳамин донишманди маъруф аст.

  Ёдоварӣ мебояд, ки дар амри такмилу такомул пайдо кардани маҳорату истеъдоди донишмандони гузаштаи мо нахуст мактаби илмӣ, ё Академияи Гундишопур ва баъдан «Байт-ул-ҳикма» ё «Хизонат-ул-ҳикма»-и  Бағдод, ё ба истилоҳ Академияи Маъмун нақши муҳим доранд, ки дар асрҳои баъдӣ ин анъана ҳамчунон дар дарбори Сомониён ва дарбори Хоразмшоҳиён – Академияи Маъмуни Хоразмшоҳ идома ва густариш пайдо кард. Фосилаи замонии Академияи Гундишопур ва Академияи Маъмуни Хоразмшоҳро метавон пурбортарин давраи шукӯҳи илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар сарзаминҳои паҳновари сукунати пешиниёни мо, тоҷикон ба шумор овард.

  Академияи Гундишопур аслан бо ибтикори шоҳи дувуми сосонӣ Шопури I (241-272) дар ибтидо ҳамчун мактаби тиббӣ таъсис ёфт ва баъдан дар домани худ донишмандони соҳаҳои дигари илм, ба хусус нуҷум ва риёзиётро тарбият намуда, то футуҳоти араб ва густариши ислом ба сифати бузургтарин маркази илмии олами он рӯзгор фаъолият кард. Дар хусуси фаъолияти илмии донишмандони ин маркази илмӣ дар ибтидои густариши ислом ва рӯзгори давлатдории Умавиён (661-750) маълумоти кофӣ дастрас нест, вале дар баробари ба сари қудрат омадани Аббосиён (750-1258), бахусус Ҳорунаррашид (789-809) ва фарзанди ӯ Маъмун (813-833), ки модараш тоҷики хуросонӣ буд, нуфузи тарбиятёфтагони мактаби илмии Гундишопур дар дарбори Аббосиён бармало ба мушоҳида мерасад.

 Ба андешаи аксари муҳаққиқон, Аббосиён на танҳо ба анъаноти фарҳангӣ, балки ба суннатҳо ва меросбарии илмӣ низ бештар побанди шарқи хилофат, яъне Хуросону Мовароуннаҳр (Фарорӯд) буданд. Хонаводаи бонуфузи хуросониасли Бармакиён, ки дар дарбори Аббосиён вазорат доштанд, дар ҷалби донишмандони ҳам Гундишопур ва ҳам дигар қисматҳои хилофат, ба хусус Хуросону Фарорӯд ба дарбор нақши муҳим ва барои рушду тавсеаи илми он рӯзгор метавон гуфт нақши сарнавиштсоз бозидаанд.

  Маҳз ҳамин вазирони хирадманди Бармакӣ бо баҳрагирӣ аз таҷриба ва анъанаи давлатдории шоҳони Сосонӣ дар дарбори Аббосиён ба фаъолият машғул шудани мунаҷҷимону ситорашиносонро ба ҳукми анъана дароварда, ба пешрафти минбаъдаи илми нуҷум дар он аҳд заминаи мусоид фароҳам оварданд.

  Ситорашиносони маъруф Навбахти Аҳвозӣ (ваф. тақ. 777) ва Машаллоҳ (Мошоааллоҳ) (тақ. 740-815), ки ҳар ду тарбиятёфтаи мактаби ситорашиносии Гундишопур буданд, дар аҳди халиф ал-Мансур соли 762 бо истифода аз ҷадвалҳои нуҷумӣ дар интихоби мавзеи ҷойгирӣ ва бунёд ниҳодани шаҳри имрӯзаи Бағдод саҳми назаррас доранд.

  Бояд гуфт, ки ин донишмандон, бахусус Машаллоҳ ё Яздонхост, ки дар Аврупои асрҳои миёна бештар бо номҳои Мессаҳалла, Мессаҳаллаҳ ё Месалла маъруфият дорад, ҳангоми таҳқиқи ситораҳо ғолибан аз ҷадвал ва тақвимҳои нуҷумии шоҳӣ истифода кардааст, ки бунёди онҳо поя дар рисолаи ситорашиносии аҳди Сосонӣ дорад. Асли ин рисолаи муътабари ситорашиносӣ «Зиҷи шоҳ» ё «Зиҷи шаҳриёр» аст, ки баъдан ба арабӣ тарҷума гардид ва гунаи арабии он эътибори бештар пайдо кард.

 Бо шарофати тарҷумаи лотинии асарҳои Машаллоҳ на танҳо ин тақвим ва ҷадвалҳои нуҷумӣ дар Аврупо машҳур шуданд, балки бархе истилоҳоти форсӣ ва тоҷикиасли онҳо низ ба забонҳои Аврупои асрҳои миёна ворид гардиданд.

  Яке аз чунин истилоҳот, калимаи «зиҷ» ба маънии торҳои матоъ аст, ки пуд дар миёни он бофта мешавад.

  Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» гунаи асли ин истилоҳро ба сурати «зик» кор бастааст:

Бихонд он замон шоҳ Ҷомосбро,
Ҳама фолгирони Луҳросбро.
Бирафтанд бо зикҳо бар канор,
Бипурсид шоҳ аз гав Исфандиёр.

  Ин истилоҳ, ки реша дар забони модарии мо дорад, дар арабӣ баъдан шаклҳои ҷамъи «зиёҷ», «зиҷот» ва «заяҷа» ба худ гирифтааст.

  Донишманди дигари тоҷик, ки дар илми нуҷуми Аврупои асрҳои миёна бо номи Албумасар маъруф аст, Абумаъшари Балхӣ (ваф. 886) мебошад.

  Дар байни осори фаровони нуҷумии ин донишманд китоби «Зиҷ-ул-ҳазорот», ки ба меридиани қалъаи Гангдиз асос ёфтааст, мақоми хос дорад. Андешаи нуҷумии ӯ дар бобати «солҳои олам», ки ҳамчунин бо номи «солҳои форсиён» машҳур аст, дар асрҳои баъдӣ шуҳрати бештар пайдо кард.

  Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» ҳангоми ёдкарди «солҳои олам» бо истинод ба ӯ мегӯяд: «Солҳои олам наздики Бумаъшар сесаду шаст ҳазор сол аст ва тӯфон бар миёнгоҳ аст».

  Берунӣ ҳамчунин дар ин асари худ аз «кори ҳазорҳо ва он-ч пасрави эшон аст» ёдовар шуда, ин усули илмиро мавриди истифода қарор додааст: «Ба ҷадвал андар адвори кавокиб… ҳазорҳо ниҳодем, ки Абумаъшар аз порсиён ҳикоят кардааст».

  Шоистаи таъкид аст, ки ҳам вожаи асили «зиҷ» ва ҳам вожаи «ҳазорот» (бо аломати ҷамъи муаннаси арабӣ -от) тавассути забони арабӣ баъдан ба лотинӣ ва дигар забонҳои Аврупо роҳ ёфтанд.

  Ба ақидаи муҳаққиқони таърихи илм, дар таърихи илми ҷаҳонӣ маҳз андешаи Абумаъшари Балхӣ дар хусуси «солҳои олам», ки ҳанӯз аз ҷониби Птолемей 36 000 сол муқаррар шуда буд, ҷойгоҳи хос пайдо кард. Тарҷумаи рисолаи ӯ «ал-Мудхал ило илм аҳкоми-н-нуҷум» (Муқаддимаи астрология) ё «ал-Мудхалу-л-кабир» (Муқаддимаи бузург), ки тақрибан дар соли 1140 аз тарафи Германи Далматӣ ба лотинӣ тарҷума гардид, ба густариши ин андеша дар ҷаҳони Ғарб роҳ боз намуд.

  Ин нукта ҳам шоёни зикр аст, ки осори нуҷумии донишмандони гузаштаи мо илми нуҷуми ҳиндувонро низ фаро мегирифт ва назарияҳои нуҷумии ҳиндӣ ба забони арабӣ ва забонҳои Аврупо асосан тавассути донишмандони эрониасл ва тоҷиктабор густариш пайдо карданд.

  Чунонки дар боло гуфтем, дар пешрафти илмҳои дақиқ ва риёзӣ «Хизонат-ул-ҳикма» ё «Байт-ул-ҳикма»-и Бағдод, ки дар оғоз асосан ба сифати мактаби тарҷумаи осори илмии юнонӣ, суриёнӣ, форсӣ ва ғ. ба забони арабӣ таъсис ёфта буд, нақши муҳим дорад.

  Халифаи аббосӣ Ҳорунаррашид (763-809) бо тавсияи вазирони донишмандаш аз хонаводаи тоҷиктабори Бармакиён ва ҷалби донишмандони Гундишопур нахуст «Байт-ул-ҳикма»-ро ба сифати мактаби тарҷума таъсис кард. Баъдан, писараш Маъмун (786-833), ки дар шараёнаш хуни ориёӣ ҷараён дошт, бо ҷалб ва дастгирии ҳамаҷиҳатаи донишмандон ин маркази илмиро ба бузургтарин маркази илмии он рӯзгор табдил дод. Аз ҳамин ҷост, ки дар таърихи илм ин маркази бузурги илмро ҳамчунин ба ифтихори Маъмун «Академияи Маъмун» ном мебаранд. Маъмун ҳамчунин бо мақсади гирдоварии осори илмӣ донишмандонро ба Рум, Миср ва дигар кишварҳо фиристода, осори фаровони илмиро дар Бағдод ҷамъ овард. Асарҳои илмии Арасту, Архимед, Афлотун, Апполоний, Ҳиппократ, Гален (Ҷолинус), Менелай, Птолемей (Батламиус), Евклид (Уқлидус) ва донишмандони дигари дунёи қадим аз забонҳои юнонӣ ва суриёнӣ ба арабӣ тарҷума гардиданд.

  Бахусус, тарҷумаи ду асари бунёдии Птолемей (100-170) – асари ситорашиносии сездаҳҷилдаи «Маҷмӯи бузурги риёзӣ» («Μαθηματικικης Συντάξεώς βιβλἱα ιγ») ва асари ҳаштҷилдаи «Раҳнамои ҷуғрофия» («Γεωγραφικὴ Ὑφήγησις»)-и ӯ дар байни донишмандони он рӯзгор ба истилоҳ инқилоби фикрӣ ба вуҷуд оварда, дар рушди минбаъдаи илми нуҷум ва ҷуғрофияи риёзӣ заминаи созгор муҳайё кард.

  Тарҷумаи асари ситорашиносии дар боло зикршудаи Птолемей дар арабӣ ба худ номи «ал-Маҷистӣ» ё «ал-Миҷистӣ»-ро гирифта, баъдан бо номи «Алмагест» (Almagest) дар Аврупои асрҳои миёна машҳур гардид.

  Бояд гуфт, ки яке аз аввалин тарҷумаҳои «ал-Маҷистӣ» ба забони арабӣ бо супориши вазири маъруфи бармакӣ Яҳё ибни Холид (ваф. 805) аз забони суриёнӣ сурат гирифтааст. Тарҷумаи баъдии ин асар аз тарафи бузургтарин тарҷумони ин аҳд Ҳунайн ибни Исҳоқ (820-873) анҷом пазируфта, донишманд ва риёзидони маъруф Собит ибни Қурра (834-901) рӯйи ин тарҷума қалами таҳрир рондааст.

  Донишманд ва файласуфи маъруфи ин рӯзгор Абунасри Форобӣ (872-950) низ дар «Байт-ул-ҳикма»-и Бағдод ба таҳқиқоти нуҷумӣ машғул будааст. Қисмати нуҷумии асари маъруфи ӯ «Таълим ус-сонӣ», ки ӯро ба унвони «муаллим ус-сонӣ», яъне муаллими дувум (муаллими аввал Арасту шинохта шудааст) шарафёб кард, «Шарҳ-ул-Маҷистӣ» ном дорад, ки шарҳе ба ҳамон асари машҳури нуҷумии «Алмагест» аст.

  Донишманд ва ситорашиноси бузурги дигари «Байт-ул-ҳикма» Яҳё ибни Абумансури Марвазӣ буд, ки сарварии расадхонаи Шамсияи Бағдодро ба зимма дошт. Абурайҳони Берунӣ дар хусуси мушоҳидаи эътидоли тирамоҳӣ аз ҷониби ситорашиносони ин расадхона бо сарварии Яҳё ибни Абумансур дар соли 828 иттилоъ додаст. Бино бар шаҳодати бархе аз манобеъ Муҳаммади Хоразмӣ дар баъзе мушоҳидаҳои нуҷумии расадхонаи Шамсия ширкат варзидааст.

  Китоби маъруфи «аз-Зиҷ-ул-Маъмунӣ ал-мумтаҳан» (Зиҷҳои маъмунии озмуда) ба қалами Яҳё ибни Абумансур тааллуқ дорад.

 Ситорашиноси дигари маъруфи тоҷик Холид ибни Абдулмалики Марварӯдӣ (аз шимоли Афғонистони имрӯза) буд, ки аз мунаҷҷимони машҳури расадхонаи Дайри Муррони Димишқ маҳсуб мегардид. Вай ҳамчунин яке аз ҳаммуаллифони асари дастаҷамъии «Зиҷ-ул-Маъмун» мебошад. Дар маъхазҳои илмӣ дар хусуси андозагирии иртифои Офтоб зери сарварии ӯ дар соли 832 маълумот мавҷуд аст.

  Риёзидон ва ситорашиноси дигари маъруфи тоҷик Аҳмад ибни Абдуллоҳи Марвазӣ (ваф. тақ. 865-867) мебошад, ки бо номи Ҳабаш ул-Ҳосиб машҳур аст. Вай дар таҳияи се ҷадвали нуҷумӣ: «Зиҷ-уд-Димишқӣ», «Зиҷ-ул-Маъмун» ва «Зиҷ-уш-шоҳ» саҳм гузоштааст.

  Фаъолияти илмии бузургтарин риёзидон, ситорашинос ва ҷуғрофиядони тоҷик Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ, ки ҳамчунин бо номҳои ал-Хоразмӣ ва ал-Маҷусӣ машҳур аст ва дар боло аз ӯ ёд кардем, дар «Байт-ул-ҳикма»-и Бағдод ҷараён ёфтааст.

  Муҳаққиқи маъруф Ҷорҷ Сартон дар муқаддима ба таърихи илм ҳамаи давраи нимаи аввали асри IX-ро ба номи Муҳаммади Хоразмӣ марбут дониста, ӯро «бузургтарин риёзидони рӯзгори худ ва бо назардошти ҳамаи ҷиҳот, аз бузургтарин [риёзидонон]-и ҳамаи давру замонҳо» ба қалам овардааст.

  Асари нуҷумии Муҳаммади Хоразмӣ «Зиҷ-ул-Хоразмӣ», ки тақрибан соли 840 таълиф шудааст, ба фаъолияти нуҷумии ӯ дар «Байт-ул-ҳикма» алоқаманд аст ва баъдан дар шарҳ ва заминаи ин асар рисолаҳои зиёди нуҷумӣ ба миён омаданд.

 Рисолаи марбут ба ҷуғрофияи риёзии Муҳаммади Хоразмӣ «Китоб сурат ал-арз» (Китоби сурати Замин) ё «Расм ар-рубъ ал-маъмур» (Расми чоряки ободонӣ), ки дар байни солҳои 836-847 таълиф шудааст, нахустин асари ҷуғрофияи риёзӣ ба забони арабӣ буда, як навъ тасҳеҳи дубораи «Раҳнамои ҷуғрофия»-и Птоломей маҳсуб мешавад, ки дар таълифи осори фаровони минбаъдаи ҷуғрофӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

  Аз ҷумлаи риёзидонон ва ситорашиносони маъруфи рӯзгори Сомониён Абудовуд Сулаймон ибни Исмати Самарқандӣ буд, ки ба «ал-Маҷистӣ»-и Птоломей шарҳ навиштааст. Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Таҳдиду ниҳоёти-л-амокин» (Ҳадгузории канораи маконҳо) аз расадҳои дақиқи дар Балх анҷомдодаи вай дар солҳои 888-889 иттилоъ додааст.

 Абуҷаъфари Хозин (ваф. 971) аз мунаҷҷимон ва риёзидонони дигари аҳди Сомонист, ки ҳамчунин маъмурияти сиёсӣ ва намояндагии Сомониёнро ба зимма дошт. Бархе муҳаққиқон ӯро аҳли Чағониён (ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони марказӣ) донистаанд. Асари ӯ «Тафсир-ул-Маҷистӣ» шуҳрати зиёд доштааст. Ба қавли муҳаққиқони таърихи илм Абуҷаъфари Хозин дар илми риёзиёт муодилаи дараҷаи севумро, ки дар ҳалли он пешиниён оҷиз монда буданд, ҳал кард.

  Табиби ҳозиқ ва донишманди ҳамадон Шайхурраис Абуалии Сино (980-1037) ҳам дар илмҳои риёзӣ тавонмандии ба худ хос доштааст. Як бахши муҳими «Китоб-уш-шифо»-и ӯ ба риёзиёт бахшида шудааст, ки аз бахшҳои усули ҳандаса (геометрия), арисмотиқӣ (арифметика), илми мусиқӣ ва ҳайат (астрономия) иборат мебошад. Асарҳои ҷудогонаи Ибни Сино «Рисолатун фӣ таҳқиқи-з-зовияти» (Рисола дар таҳқиқи кунҷ), «Рисолатун фӣ таҳқиқи мабоди-л-ҳандасати» (Рисола дар таҳқиқи асосҳои геометрия) масоили марбут ба ҳандасаву риёзиётро фаро мегиранд.

  Аз дигар бузургони гузаштаи тоҷик, ки дар риёзиёт ва ситорашиносӣ маҳорату истеъдоди фавқулода дошт, Абумаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандист (930-1000). Вай аз муқаррабони дарбори Фахруддавлаи Дайламӣ (976-997) буд ва бар сари кӯҳи Табораки Рай расадхонаи худро дошт. Абурайҳони Берунӣ ба шахсияти  ӯ эҳтироми фаровон қоил буд ва дар китоби «Таҳдиду ниҳоёти-л-амокин» Абумаҳмуди Хуҷандиро «ягонаи аҳд дар сохтани устурлоб ва олоти дигари нуҷумӣ» ном бурдааст. Олати нуҷумии «судси Фахрӣ», ки дар илми ситорашиносии Аврупо бо номи «секстант» маъруф аст, аз ихтирооти ӯст. Берунӣ дар ин замина бо номи «Ҳикоят ал-олат-ул-мусаммо ас-судсу-л-Фахрӣ» (Ҳикояти олате, ки судси Фахрӣ ном дорад) рисолаи хурде ҳам дорад, ки дар он аз чигунагии сохти ин олати нуҷумӣ аз тарафи Абумаҳмуди Хуҷандӣ ҳикоят кардааст.

  Чунонки гуфтем, Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Рай (қисмати ҷанубии Теҳрони имрӯза) бар сари кӯҳи Таборак расадхонае бунёд карда буд, ки дар он тавассути «судси Фахрӣ» ҷирмҳои осмониро мавриди таҳқиқ қарор медод. «Судси Фахрӣ» ба ифтихори Фахруддавлаи Дайламӣ, ки сарпарастии расадхонаро ба зимма дошт, номгузорӣ шудааст. Натиҷаи таҳқиқоти нуҷумии анҷомдодаи Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар китоби «Зиҷи Фахрӣ» гирд омадааст.

  Ин донишманди тоҷик илова бар ихтирои «судси Фахрӣ» дар такмил ва навсозии олатҳои дигари нуҷумӣ, аз ҷумла «олати шомила», «зоту-л-ҳилақ» ва «устурлоби зарқола» хидмати шоёни таҳсин кардааст.

  Ба андешаи муҳаққиқони таърихи илм, саҳми Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар ҳалли яке аз теоремаҳои риёзӣ, ки баъдан бо номи «Теоремаи бузурги Ферма» машҳур гардид, ниҳоят бузург аст.

  Мояи шодмонист, ки чун рамзи садоқату эҳтироми ворисон ба шахсияти ин донишманди камназир 26 марти соли равон бо иштироки Пешвои миллат дар вурудгоҳи яке аз боғҳои зебоманзари шаҳри бостонии Хуҷанд, ки ба ифтихори ӯ «Боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ» номгузорӣ шудааст, маросими пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи барқади он барпо шуд.

  Муаллифи донишномаҳои маъруфи «Китоб-ул-Мансурӣ фӣ-т-тибб» ва  «Китоб-ул-ҳовӣ фӣ-т-тибб» Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865-925), ки дар Аврупои асрҳои миёна бо номи Разес маъруф буд ва Ҷорҷ Сартон ӯро бузургтарин пизишки олами ислом ва асрҳои миёна ном бурдааст, ба ғайр аз файласуф ва пизишки маъруф будан, аз бузургтарин донишмадони миллии мо дар илми табииёт (физика) ва кимиёст. Абурайҳони Берунӣ феҳристи осори таълифкардаи ӯро мураттаб кардааст, ки ин феҳрист то имрӯз боқӣ мондааст.

  Зикри ин матлаб ҳам муҳим аст, ки Абубакри Розӣ дар ташхису табобати бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сурхакон ва нағзакон ё гулафшон ягонаи рӯзгори худ буд ва дар хабарномаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (майи соли 1970) асолат ва ба воқеият созгор будани асарҳои ӯ роҷеъ ба бемориҳои сироятии сурхакон (корь) ва нағзакон (оспа), ки нахустин осори илмӣ дар ин замина эътироф шудаанд, мавриди ситоиши хос қарор гирифтааст. Дар рӯзгори имрӯзаи дар аксари кишварҳои ҷаҳон доман паҳн кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии вогири ба истилоҳ «коронавирус» (COVID-19) мавриди таҳқиқи густардаи илмӣ қарор додани таълифоти ин донишманд дар амри пешгирӣ ва дармони бемориҳои сироятии вогир аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.

  Яке аз бузургтарин риёзидонон ва ситорашиносони дигари гузаштаи мо Абурайҳони Берунӣ (973-1048) аст. Берунӣ ҳамчунин нахустин донишмандест, ки оид ба матолиби муқаддамотии илмҳои риёзӣ барои навомӯзон ба забони модарии мо дар намунаи «Китоб-ут-тафҳим» таълифоти арзишманд анҷом додааст.

  Ин донишманд дар як қасидаи арабии худ дар хонадони Оли Ироқи Хоразм ба воя расида, аз амирзодаи ин хонавода Абунасри Ироқ (960-1036), ки аз риёзидонони маъруфи аҳди худ, ба хусус дар илми мусалласоти куравӣ буд ва Умари Хайём (1048-1131) ӯро аз риёзидонони дараҷаи аввал ба шумор овардааст, тарбият ёфтани худро таъкид кардааст. Шояд ҳамин шуълаи муҳаббати илми риёзӣ, ки Абунасри Ироқ аз хурдсолӣ дар дили Берунӣ фурӯзон кард, сабаб гардид, ки вай то охир ба ин илм содиқ монд ва бештари умри худро сарфи таълифу таснифи осори риёзӣ ва заминаҳои вобастаи он: ҳандаса, шумор, нуҷум, ҷуғрофияи риёзӣ… кард. Берунӣ аз мансубият ва муҳаббату дилбастагии худ ба ин илм дар китоби Қонуни Масъудӣ, ки аз таълифоти маъруфи ӯст, чунин ёдовар шудааст: «Ман ҳамеша ба илми риёзиёт алоқаманд ва ба он мансуб будам. Умр сарфи он кардам ва аз ҳамон дам, ки худро шинохтам, илми риёзиёт маро пайваста ба худ ҷалб мекард».

  Абурайҳони Берунӣ дар баробари риёзиёт ва илмҳои дигари маъруфи рӯзгори худ, дар илми нуҷум низ дониши амиқ ва дасти боз дошт.

  Ин нукта ҳам гуфтанист, ки дар дарбори Алӣ ибни Маъмуни Хоразмшоҳ бо ҳидояти вазири донишдӯсташ Абулҳусайни Суҳайлӣ, бузургтарин донишмандони аҳд: Абурайҳони Берунӣ, Абуалии Сино, Абусаҳли Масеҳӣ, Абунасри Ироқ, Абдуссамади Ҳаким, Абулхайри Хаммор… гирд омада буданд, ки ин ҷамъият дар олами таърихи илм бо номи «Академияи Маъмуни Хоразмшоҳ» машҳур аст. Ин академия дар рӯзгори давлатдории Абулаббоси Хоразмшоҳ (1009-1016), ки Берунӣ дар дарбори ӯ мақоми машварат дошт, эътибори бештар пайдо кард. Вале Султон Маҳмуди Ғазнавӣ баҳори соли 1017 ба Хоразм ҳамлавар шуд ва давлатдории асилзодагони ориёиасли Хоразмро ба таври ҳамеша хотима дод. Дар натиҷа Академияи Маъмуни Хоразмшоҳ низ пароканда гардид. Абулҳусайни Суҳайлӣ, Абуалии Сино ва Абусаҳли Масеҳӣ то ҳуҷуми Султон Маҳмуд Хоразмро тарк гуфтанд. Абулхайри Хаммор, Абдуссамади Ҳаким ва чанд донишманди дигар ба дасти лашкариёни Маҳмуд ба қатл расиданд. Абунасри Ироқ ва Абурайҳони Беруниро  Султон Маҳмуд ба сифати асир ба Ғазна овард.

  Берунӣ соли 1025 китоби «Таҳдиду ниҳоёти-л-амокин»-ро дар ҷуғрофияи риёзӣ ва соли 1029 «Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноати-т-танҷим»-ро дар ҳандаса (геометрия), шумор (арифметика), ҷуғрофия, нуҷум (астрономия) ва аҳкоми нуҷум (астрология) таълиф кард, ки китоби охир аз дурдонаҳои насри илмии форсии тоҷикӣ шинохта шудааст, ки то ба имрӯз назиру ҳамто надорад.

  Бояд гуфт, ки дар суханронии Пешвои миллат ҳангоми мулоқот бо аҳли зиё ҳамчунин афзалият додан ба рисолаҳое, ки бо забони тоҷикӣ таълиф мешаванд, таъкид гардид. Ёдоварӣ мебояд, ки Абурайҳони Берунӣ дар таърихи забони модарии мо аз аввалинҳост, ки ба ин забон дар илмҳои дақиқ ва риёзӣ асар таълиф карда, имконоти фаровони забони моро дар баёни матлаби илмӣ ошкор намудааст.

  Воқеан, бо пайравӣ аз Берунию Ибни Сино ва дигар пешиниёни мо бо забони модарӣ таълиф кардани рисолаҳои илмӣ барои дар баёни матлаби дақиқи илмӣ қудрату тавон пайдо кардани забон, дороиафзоии таркиби луғавии он ва побапои замон пеш рафтани забони тоҷикӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда, ҳифзи асолат ва мондагории забони моро дар рӯзгори тӯфонхези имрӯзаи ба истилоҳ «ҷаҳонӣ шудан» (глобализатсия) таъмин мекунад.

  Абурайҳони Берунӣ ҳангоми дар Ғазна иқомат доштанаш бо лашкариёни Маҳмуд ба Ҳиндустон рафт ва дар сарзамини Ҳинд доираи нимрӯзон (меридиан)-и заминро ба андозаи 20 400 мил (40 800 км) андозагирӣ кард. Дар ҷуғрофияи муосир доираи меридиани замин 40 008 км таъйин шудааст, ки аз андозаи таъйидкардаи Абурайҳони Берунӣ тафовути чандон назаррас надорад. Омӯзиши ҷиддии забону фарҳанги ҳиндӣ ба Берунӣ имкон дод, ки ба илму адаби Ҳинд аз наздик ошно гардад. Раҳоварди сафари ӯ аз ин сарзамин китоби «Фӣ таҳқиқ мо лил Ҳинд мин мақола мақбула фӣ-л-ақл ав марзула» (Дар таҳқиқи таълимоти аҳли Ҳинд, ки ақл онро мепазирад ё инкор мекунад) аст, ки то имрӯз беҳтарин асар дар бораи тақвиму солшуморӣ, дину оин ва афкору андешаи ҳиндувон маҳсуб мегардад.

  Дигар асари Абурайҳони Берунӣ китоби «Қонуни Масъудӣ» ё «ал-Қонуну-л-Масъудӣ фӣ-л-ҳайат ва-н-нуҷум» (Қонуни Масъудӣ дар ҳайат ва ситорашиносӣ) аз муҳимтарину муфассалтарин осор дар ҳайату нуҷум, мусалласоти куравӣ ва ҷуғрофияи риёзии замони Берунист ва Абулфазли Байҳақӣ онро беҳтарин таълифоти Берунӣ ном бурдааст.

  Дар асрҳои баъдӣ Умари Хайём (1048-1131), Насириддини Тӯсӣ (1201-1274) ва донишмандони дигари тоҷик, бахусус намояндагони мактаби ситорашиносии Самарқанд: Қозизодаи Румӣ (1364-1437), Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ (1373-1429), Алии Қӯшчӣ (1403-1474) дар рушду такомули минбаъдаи илмҳои дақиқ ва риёзӣ нақши муассир доранд.

  Дар маҷмӯъ, аз нигоҳи гузаро ва мурури мухтасар ба корномаи бузургони гузаштаи мо дар бунёд ва рушди баъзе шохаҳои илмҳои дақиқ ва риёзӣ метавон ба чунин натиҷа расид, ки ҳарчанд илм дар маҷмӯъ мероси муштараки банӣ башар аст, ниёгони мо дар пайдоиш, инкишоф ва густариши бархе шохаҳои муҳими он нақши арзанда ва қобили мулоҳиза доранд. Ин ишора, ки ҳаким Низомӣ (1141-1209) дар фасли «Аҷроми кавокиб»-и достони «Хусраву Ширин» мефармояд:

Шунидастам, ки ҳар кавкаб ҷаҳонест,
Ҷудогона замину осмонест,

ҷилваи андеша ва сувари хаёли шоирона нест, балки воқеияти айнист, ки ба ҷаҳонбинии дақиқи илмӣ ва таълимоти кайҳоншиносии ниёгони бузурги мо бастагии амиқ дорад.

  Ҳидояту дастур ва ҳушдору раҳнамудҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар ҳар суҳбату суханронӣ, махсусан дар мулоқоти дар арафаи таҷлили Наврӯз анҷомдодаи эшон, бозгӯи ин ҳақиқат аст, ки аҳли илми кишварҳои пешрафта бо баҳрагирии комил аз фармудаву андӯхтаҳои ниёгони бузурги мо ҷаҳонро ба илму дониш ҷустанду ба илму дониш ёфтанд ва бар асари кӯшишу заҳмати ҳамвора ба қуллаҳои баланди илм расиданд ва дар соҳаҳои мухталифи илм ба кашфиёту дастовардҳои назаррас ноил омаданд.

  Рӯзгори давлатдории нави миллӣ водор мекунад, ки аҳли ҷомеаи мо ба омӯзишу фаро гирифтани илму дониш, бахусус илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ беш аз пеш камари ҳиммат бандад ва бо такя ба донишу хиради фитрию азалӣ мисли гузаштагони шарафманди худ дар шинохти ҷаҳон ва пешрафти илму фан дигарбора саҳмгузор бошад. Шоири рӯзгор ва дарбори Сомониён Абушакури Балхӣ ба ин маънӣ чӣ бас неку фармудааст:

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.

Бознашр : http://khovar.tj/2020/04/a-onro-ba-donish-tavon-yoftan-niyogoni-mo-dar-pajdoish-inkishof-va-gustarishi-barhe-shoha-oi-mu-imi-ilm-na-shi-arzanda-dorand/?fbclid=IwAR0G2DB2yjBDpBPpb7lMSLZqzz675UKUNc0b7N0DLBXWWsGXsGp3_EkMCjs 

Хондан 9913 маротиба