JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 26 Феврали 2020 08:32

«Гардиши девбод» ва корбурди зарбулмасалу мақолҳо дар он

Муаллиф: Мирзоёров Фирдавс

  Дар адабиёти муосири тоҷик зиёд адибоне ҳастанд, ки дар инкишофи забони тоҷикӣ   саҳми босазо гузоштаанд, ки яке аз ин қалашкашони хушбаён Абдулҳамид Самад мебошад. Маврид ба зикр аст, ки ҳар як аз асарҳои Абдулҳамид Самад махсусиятҳои забонии худро соҳибанд. Аз ин рӯ, таҳқиқу баррасӣ намудани хусусиятҳои забонии осори ин адиб барои муайянсозии ҷойгоҳи адиб дар такмили забони муосири тоҷик қобили таваҷҷуҳ мебошад. Ҳадафи мо дар ин мақола арзёбии хусусияҳои услубии зарбулмасалу мақолҳо дар романи «Гардиши девбод»-и  ин нависандаи хушбаён мебошад.

  Зарбулмасалу мақолҳо ҳамчун унсури муассиргари нутқ баёнсози тарзи ҳаёту рўҳияи одамон, орзую ормони халқҳо мебошанд. Дар забони тоҷикӣ низ ин воҳидҳои нутқ истеъмоли фаровон доранд. Ба андешаи забоншиноси тоҷик Р.Ғаффоров, «Аҳамияти истеъмоли зарбулмасал ва мақолҳо чун яке аз воситаҳои пурқуввати тасвир дар адабиёти бадеӣ бағоят бузург аст. Агар онҳо дар мавқеи худ истеъмол шаванд, забони нависанда пуробуранг ва салису таъсирбахш шуда, хусусияти миллии он барҷастатар мегардад» (3, 89). Омӯзишу таҳқиқи зарбулмасалу мақолҳо аз лиҳози услуб барои муайянсозии хусусиятҳои лингвистии ин воҳидҳои нутқ муҳиму саривақтӣ мебошад.

  Нависандаи муосири тоҷик  Абдулҳамид Самад мақолу зарбулмасалҳоро мувофиқи предмети баён ва мароми эҷодӣ, бамавқеъ истифода намуда, бо ин роҳ ба забони асари худ обуранги бадеӣ ва фасоҳату салосат бахшидааст. Аз назари истеъмол, зарбулмасалу мақолҳое, ки дар романи «Гардиши девбод» ба чашм расидаанд, гурўҳҳои зеринро ташкил медиҳанд:

  1. Зарбулмасалу мақолҳое, ки бе тағйир ва ё бо тағйири ҷузъӣ ба кор рафтаанд. Масалан, «ном дорӣ нон дорӣ» (1, 26); «оби дегча аз ҳама пеш меҷӯшад» (1,58); «моргазидаро хоб мебараду гуруснаро не» (1,159); «гӯсола каҳдон холӣ кунаду бача нондон» (1,258); «шавад обӣ, нашавад лалмӣ» (1, 272); «гӯри бахил танг мешавад» (1,441) ва ғайра. Табиист, ки ин гурўҳ қисми асосии зарбулмасалу мақолҳои романро ташкил мекунад.
  2. Зарбулмасалу мақолҳое, ки бо каме тағйирот корбаст шудаанд: «кӯҳ ба кӯҳ нарасад, одам ба одам мерасад» (1, 209); «роҳи дура тӯшааш зӯр» (1, 66); «ҳар кас ризқи худа мехӯрад, нодон ғами беҳуда» (1, 99); «оҳана дар гармиаш кӯфтан беҳ»(1, 270); «аз ин гӯшам ба он гӯшам, ба бобои чапаргӯшам»(1, 246) ва монанди инҳо.

  Маълум аст, ки дар забони тоҷикӣ оид ба воқеа ва ҳодисаҳои гуногуни зиндагӣ, дар як мавзўъ мақолу зарбулмасалҳои гуногун гуфта шудаанд. Ва ё ҷузъҳои гунаҳои мухталифи мақолу зарбулмасалҳо аз ҳамдигар  фарқ мекунанд. Абдулҳамид Самад баъзан дар ҷойҳои гуногун вариантҳои мухталифи онҳоро истифода кардааст. Зарбулмасали «замони пушти боя бину рӯи камбағал» (1, 36) дар мавриде истифода мешавад, ки шахси нолоиқ ва ба коре ношоиста соҳиби мансабе мегардад. Ё зарбулмасали «санги бузурга бардошта, ки натавонистӣ, гирдаш бигарду таъзимаш кун» (1, 45)  дар мавриде истифода мешавад, ки ба касе зӯрат намерасад, ба  ӯ итоат бояд намуд.

  Абдулҳамид Самад барои пуртаъсир намудани сухани қаҳрамонон зарбулмасалу мақолҳоро ончунон корбаст намудааст, ки хонанда ба зӯдӣ ҳадафашро дарк мекунад. Масалан, корбурди зарбулмасал дар ҷумлаи «Вай чун гузаштагони дорову чашмсери хеш аз рййи ақидаи «нон дорӣ-ном дорӣ» мезист» (1, 26) ифодагари он аст, ки нависанда аз забони  қаҳрамон таъкид мекунад, ки саховатмандӣ ва дасткушодӣ барои инсон обрӯ ва ном меоварад.

  Аз номи персонаж «Девор ба дарун афтад беҳтар» (1, 27) - гуфтани нависанда ба он далолат мекунад, ки айбу камбудиҳоямонро аз дигарон пештар худамон бинем, беҳтар аст.  Ин зарбулмасал дар романи мазкур бамаврид ва мутобиқ ба нутқи персонаж истифода шудааст.

  Ҷумлаи «-О ҷоҳил, «моли муъмин-хуни муъмин» гуфтаанд» (1, 32)-ро нависанда дар мавриде истифода кардааст, ки персонаж мехоҳад барои пуртаъсир шудани нутқи худ он нуктаро таъкид намояд, ки  молу коло ҳастии муъмин аст.

  Ҷумлаи «Мӯйсафеди Некном байни пешвозгирон бо қомати як сару гардан баланд, худ ба худ ғуррид: «Омад аз Маккаву Мадина, Гадо ҳамон гадои порина» (1, 34) ифодагари нафрат доштани қаҳрамон ба тарзи рафтори қаҳрамони манфӣ мебошад ва маънои онро дорад, ки дунёро ҳам дида бошад, тағйир наёфтааст. Ба дунболи ин, нависанда  мақоли машҳури «Аз девори каҷ ҳазар. Ин палиди хонасӯхта онҳоро ором намегузошт» (1, 36)  оварда, зимни он таъкид доштааст, ки  ҳамеша бояд эҳтиёткор буд. Ба мавориди дигари истифодаи зарбулмасалу мақолҳо дар асари нависанда таваҷҷуҳ мекунем:

  «Замони «пушти боя бину рӯи камбағала» гузашт» (1, 36) дар мавриде ба кор рафтааст, ки персонаж аз ҳолати кунунии худ норозӣ мебошад. Ин зарбулмасал ифодагари он аст, ки табақаҳои иҷтимоӣ дар ҳама давру замон дар мубориза мебошанд.

-Бобо, баъди фикри зиёд ба ин хулоса омадам,-боз ба суҳбат шарик мешавад Мирак.-Мушта бо дурафш ҷанг андохтан камоли аблаҳист (1, 45) маънои онро ифода намудааст, ки нобаробарӣ дар ҷанг беадолатӣ мебошад.

  Халқ ҳикмате дорад «санги бузурга бардошта, ки натавонистӣ, гирдаш бигарду таъзимаш бикун» (1, 45) гуфтани нависанда дарак аз он медиҳад, ки ақлу фаросат ва имконият дар ҳама ҳолат барои инсони соҳибақл муҳиманд. Зарбулмасали мазкурро мураттиби «Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ» ба тариқи зерин шарҳ додааст:

  1. Сангеро, ки натавон бардошт, бояд бӯсид(-у гузашт)
  2. Сангеро, ки натавон газид, бӯса деҳ!

Муқ. Дастеро, ки наметавон бурид, бояд бӯсид

 Чу «Сангеро наметавонад газид, бӯса диҳад».

Касе ки бошад, даъвинавои маъниёб Сӯзании Самарқандӣ (17, 36).   Дар мавриди маънои услубии зарбулмасали мазкур илова намудан мумкин аст: зӯрат, ки нарасид, зорӣ кун.

Зарбулмасали «замона азони зӯру тамошо азони кӯр шуд» дар романи «Гардиши девбод» аз забони қаҳрамон чун нафрат баромадааст ва ифодагари он аст, ки зӯр мехӯрад, беқувват тамошо мекунад. Ин ҳолатро нависанда чунин  тасвир кардааст: «-Тавба, замона азони зӯру тамошо азони кӯр шуд»  (1, 49).

Барои фаҳмову возеҳтар ифода шудани ҳадаф Абдулҳамид Самад дар романи мазкур калимаи  гуфтугӯии «матал»-ро истифода намудааст. Ҷумлаи  «Матали «оби дегча аз ҳама пеш меҷӯшад» рост будааст» (1, 58), мисоли равшани он аст. Маънои ин зарбулмасал аз худиҳо эҳтиёт бояд кард аст.

Зарбулмасали «роҳи дура тӯшааш зӯр» маънои онро ифода мекунад, ки ҳар қадар сафари роҳи дур бошад, маҳсулаш беҳтар аст. Мисол: Ҳо “роҳи дура тӯшааш зӯр” гуфтаанд (1,66).

Мақоли «тарбуриву сарбурӣ як аст», маънои онро дорад, ки касеро аз ҳаёт маҳрум кардан, баробар бо буридани як ниҳол мебошад. Масалан: Доим таъкид мекардӣ: тарбуриву сарбурӣ як аст.

Маънои мақоли «Дар зарурат раво бошад» он аст, ки дар вақти кори муҳиме аз баҳри карру фар гузаштан  лозим аст  ва ба кори ғайримумкин даст задан мумкин аст. Мисол: -Боз гапи дигаре ҳаст ҷони  бобо. Дар зарурат раво бувад (1, 91).

Баъзан нависанда дар роман ҷумлаҳоеро истифода намудааст, ки бо овардани мафҳуми зарбулмасал зикр мешаванд ва албатта, гунаи халқии мафҳуми зарбулмасал дар ҷумла қайд мешавад: Матале ҳаст: ҳар кас ризқи худа мехӯрад, нодон ғами беҳуда (1, 99).

Дар роман  гунаи дигари зарбулмасали «Шайхро ҳунар нест, хонақо танг аст» аз ҷониби нависанда дар мавқеъаш кор фармуда шудааст. Маънои ин зарбулмасал он аст, ки барои нафари беҳунар ҳар чиз баҳона мегардад. Мисол: -Беҳунарро хонақоҳ танг аст,- танбеҳомез луқма мепартояд кампири Нурбахш (1,107).

Гург дар адабиёт рамзи ҷасорат ва тавоноист. Аз ин рӯ -Тавбаи гург марг аст, ба суҳбат шарик мешавад Некном.- гуфтани нависанда маънии онро далолат мекунад, ки   гург вақте ҷасорату тавонашро аз даст медиҳад, ногузир маргаш фаро мерасад.

Тарки он одату хислатҳое, ки дар кӯдакӣ пайдо шудаанд, амри маҳол аст. Ин зарбулмасалро Абдулҳамид Самад дар ҷумлаи: -Ҳо талхзабонии Мирак бо шир омадаасту ба ҷон меравад (1,152) корбаст намудааст.

 Нависанда аз забони қаҳрамонони асар нафареро, ки як амали номуносибаш дар назди халқ бад мекунад, бо зарбулмасали «Худозада бошу забонзада не» тасвир кардааст. Мисол: Худозада бошу забонзада не, гуфтаанд (1, 159).

Зарбулмасали «Моргазидаро хоб мебараду гуруснаро не» дар мавриде истифода мекунанд, ки инсон дар ҳолати сахти гуруснагӣ қарор дорад. Ҳамин маъниро дар ҷумлаи зер нависанда бармало нишон додааст: Вале «моргазидаро хоб мебараду гуруснаро не» (1,167).

Зарбулмасали «Аз ҷони нобаромада умед» дар мавридҳое истифода мешавад, ки ҳанӯз ҳам илоҷи аз марг наҷот додани касе мавҷуд бошад. Маҳз ҳамин маъно дар ҷумлаи зер ифода ёфтааст: Кашида мегиремаш. Аз ҷони нобаромада умед (1, 181).

 Инсон ҳамчун мавҷуди соҳибақл ҳамеша бо умед зиндагӣ мекунад. Ҷумлаи зер ҳамин маъноро медиҳад: Шайтон ноумед, банда ба умед, гуфтаанд,- оҳанги сухани Некном коҳишомез аст ( 1, 188).

Дар иҷрои коре баҳона ҷустанро мардум бо зарбулмасали «Дили нохоҳаму узри бисёр» ифода мекунад. Ҷумлаи зер низ ҳамин ҳолро инъикос намудааст: Дили нохоҳаму узри бисёр, гапи ӯро бурид Сифат,-ту Миракшоҳ хазинаи баҳонаӣ (1, 208).

Мирак нимрӯя баргашта, чашми сиҳат саволомез ба Сифат дӯхт: яъне кадом матал: - Инсонҳо дар ҷомеа ҳамеша бо ҳамдигар ниёз доранд. Ҳамин бори маъниро зарбулмасали  зер дар худ  гунҷонидааст:

-  Матал? Дар ин замони балозо мисли аспи ҷувоз пакару гаранг шудаем,- Мирак нимрӯя баргашта, чашми сиҳат саволомез ба Сифат дӯхт: яъне, кадом матал?

-Кӯҳ ба кӯҳ нарасад, одам ба одам мерасад (1,209).

Зарбулмасали «Боз дунё азони зӯр шуду тамошо азони кӯр» шакли каме тағйирёфтаи «Замона азони зӯр тамошо азони кӯр» аст, ки дар романи мазкур дар ду гуна истифода шудаанд. Ин баёнгари он аст, ки нависанда бо тақозои услуби нигориш ба зарбулмасал каме тағйирот дароварда  суханашро нишонрас кардааст: «Боз дунё азони зӯр шуду тамошо азони кӯр»- мегуфт дар дил муйсафед (1, 239).

Инсон бояд зиёд тамаъкор нашавад, зеро тамаъ инсонро маҷбур ба корҳои ғалат мекунад. Вақте инсон биёр тамаъкор мешаваду ба роҳи ғалат меравад,  мардум  зарбулмасали «Нимта нон роҳати ҷон, як нон балои ҷон»-ро ба вай гӯшзад мекунанд. Масалан, дар романи мавриди назар ин масъала ба гунаи зер оварда шудааст: Сад бор гуфтам, ки эй бача, нимта нон роҳати ҷон, як нон балои ҷон. Гӯш накард (1, 240).

Аз боб борону аз шӯхӣ ҷанг- ҳушдор медод Сафои Афлотун ба хурду бузург, ки баъзан баҳс, бозӣ ва ҳазлҳои аз ҳад зиёдашон баногоҳ ба пархошу таҳқир ва ҳатто гиребонгириву муштзанӣ мепечид( 1.243)

Ҳар чиз ҳадду ҳудуд дорад. Чун аз андоза гузашт оқибати нохуб дорад. Мисоли зер ҳамин ҳолатро инъикос намудааст: Васияти пирони хирад дар ёдатон бошад: «андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст» (1.243)

 Зарбулмасали «Аз ин гӯшам ба он гӯшам, ба бобои чапаргӯшам» маънои кореро иҷро накардан ва ё саркашӣ намудан аз иҷрои кореро дорад. Ҳамин амал дар ҷумлаи зерин зикр шудааст:

-Ин таъкиду хоҳишҳои омӯзгор Салим чандон таъсир намекарданд ва ё ба қавле «аз ин гӯшам ба он гӯшам, ба бобои чапаргӯшам»- гӯён баромада мерафтанд( 1.246)

 Инсон пеш аз оне, ки як гапро ба дигарон мегӯяд бояд дар ақлаш санҷад, ки он дуруст аст ва ё барои гуфтани он имкон вуҷуд дорад ё не. Як сухани дурӯғ метавонад ҷони инсонро дар хата гузорад. Зарбулмасали «Девор муш дораду муш гӯш» дар чунин щолатщо гуфта мешавад. Нависандаи соҳибзавқ Абдулҳамид Самад ҳам ин зарбулмасалро дар асараш истифода намудааст:

-Ваҳ, ин гапа дуюмбораба забон набиёр,-даҳшатзада гуфтанд ҳамсуҳбатон ва бо ҳарос ба атроф нигариста таъкид карданд:-Девор муш дораду муш гӯш... Мехоҳӣ, ки боз ҷангалҳои Сибирро тамошо биравӣ? (1.252)

Мураттиби «Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ» М.Фозилов гунаи адабии зарбулмасали «Гӯсола каҳдон холӣ мекунад, бача-нондон»-ро овардааст(15.308), аммо шарҳ надодаст. Ин зарбулмасал бо шакли каме дигар дар асар ба назар расид:Чуноне мегӯянд: «гӯсола каҳдон холӣ кунаду бача нондон»( 1.258)

Маънои зарбулмасали «дар худам нест, дар олам нест» он аст, ки инсон вақте ба дигарон ёрӣ расонида метавонад, ки талабот худаш қонеъ бошад. Мисол: Алҳол ҳамин хел: дар худам нест, дар олам нест, гуфтаанд(1.258).

Дар ҳама ҳолат шахси дасткушод соҳиби эътибори хоса мебошад. Мисаол: Мегӯянд-ку: диҳанда не, гадо мард аст,- боз шарики суҳбат мешавад Шамсидин (1.258)

Барои он ки инсон ба чизе ниёз надошта бошад, зарур аст, ки дахлу харҷи худро назорат намояд. Мисол: Паси подшоҳ ғайбат. Об дар ҷойи сахтӣ меистад, занаки кутоҳақл... (1.265)

Инсон дар зиндагӣ то мушкилиро таҳамул накунад ба коре мувафақ намешавад. То мушкили ба сараш наояд ба қадри доштааш намерасад.Мисол: Посӯхта лаби об медавад,-бо таҳаммули ҳазломез мегуфт ӯ ( 1.270)

Дар зиндагӣ ҳар корро дар вақташ иҷро намудан зарур аст, то ки дубора ба он барнагардӣ. Мисол: Дурусту, лекин оҳана дар гармиаш кӯфтан беҳ (1.270)

Зарбулмасали «Шавад обӣ нашавад лалмӣ» маънояшон аст, ки агар ба коркун натиҷаи кори ба даст гирифтааш шубҳаовар бошаду онро таваккалан оғоз кунад( шавад худ, навашад, ҳеҷ боке не, натиҷае ба даст ояд, хуб ва агар надарояд чандон бад нест, ё ин мешавад, ё он,меозмоем, месанҷем) ин зарбулмасал гуфта мешавад(17.327)

Шайхи Муллонур доим аз номи Худо таъкид мекунад: «аз ту ҳаракат, аз ман  баракат» (1.273)

Аз ту ҳаракат, аз ман( Худо) баракат.ниг. Ҳаракат аз ту баракат аз ман(15.94)

Дар романи мазкур чумлаҳое ба назар расид, ки чанд зарбулмасал паси ҳаи истифоад шудааанд ва инро метавон як услуби нигориши нависанда ҳисобид. Мисол:

 -Гунҷишкбача очаша ҷив-ҷив нишон медиҳад... Шариат шер аст. Бо думи шер бозӣ накун (1.275)

Навоварӣ дар аввал мушкил аст, баъд вақте ба амалӣ шуд дигарон баон рӯй меоранд.Мисол: «Доси нава дамаш тез». Баъд мебинем, ки кунд мешавад(1.278)

Деҳкон ҳам «кори саҳар баракати дигар дорад»-мегуфту торик- торики субҳ ба саҳро мешитофт(1.313)

Маккорӣ. Дузди зӯр соҳиби говро бо найранг мебандад,- онҳо талх механдиданд(1.382)

«Битарс аз касе ки наметарсад аз Худо» (1.389)

 -Филҳо ҷанг кунанд, мӯрчаҳо зери по мемонанд,-ба ӯ гуфт бобои Раҳмат (1.407)

Худат мегуфтӣ-ку « гӯри бахил танг мешавад» (1.441)

 Ёд дорӣ? Устод Ҳакимӣ шӯхиомез таъкид мекарданд: «Аз беруни бало дар дохили бало будан беҳтар аст»- шӯхиомез гуфт Наим (1.507)

   1. Аз беруни бало будан, дар даруни он будан беҳтар аст.

   2. Аз бими бало бало хуб аст. ниг. Дар бало будан беҳтар аз бими бало (15.57)

Дар баъзе мавридҳо дар роман як қисми асосӣ образнок ва ба матлаби муаллиф дар ҳамин контекст мувофиқи зарбулмасал оварда мешавад: «Аз мӯрча мадад» - бо матал посух дод Наим (1.525) Қобили зикр аст, ки истифодаи чунин зарбулмасал дар романи «Гардиши девбод» ба нақши услубии онҳо, яъне мўъҷаз ва буррову таъсирбахш баромадани тасвири нависанда, пурра ва равшантар тасвир ёфтани характери персонажҳои асар таъсири манфӣ намерасонад.

Вобаста ба мақсаду мароми эҷодӣ ва мавқеи сухан баъзе калимаҳои мақолу зарбулмасалро тағйир дода, ба ин восита таъсири матнро зиёд ва ҳодисаро барҷаста тасвир кардан як равиши услубии Абулҳамид Самад дар романи «Гардиши девбод» аст:

Зарбулмасалу мақол вобаста ба мақсади дар назди худ гузоштаи гўянда метавонанд дар аввал, мобайн ва дар охири нутқ воқеъ шаванд (1.95). Агар онҳо дар аввали нутқ воқеъ шаванд, нутқи минбаъда мазмуни масал ё ибораи рехтаро шарҳу тавзеҳ медиҳанд:

Мӯйсафед «Шутура бо кафлез об намедиҳан» гӯён лаб ба лаби мушк ниҳода обро гӯё ба шикам не, ба реги тафсон рехта шукрона гӯён, бо миёнбанд ришу мӯйлаб ва сари гардан поккунон афзуд (1.149)

Дар мобайн бошад гўянда дар бораи чизе ё ҳодисае сухан ронда, дар рафти сухан гуфтаҳои худро ба воситаи ҳикмати халқӣ пурқувват менамояд. Сипас, барои он ки мухотаб ба суханонаш эътимод кунад, ҳикмати халқро шарҳ, медиҳад. Масалан, Як гап аст, маълим: шунидан кай бувад монанди дидан. Инсона Худо ҳамин хел офаридааст, ки то набинад, насанҷад ақлаш бовар намекунад (1.196)

-Ин ҳам бахт аст, ошно. Аз оғили холӣ гови шохзан беҳ, -мегӯянд бо алам посух медиҳад Ғазо (1.173)

Вақте ки муаллиф зарбулмасалу мақолро дар охир меорад, ба онҳо характери ҷамъбасткунанда медиҳад.Мисолҳо:

Лекин пирони сухан гуфтаанд: бо умеди Худо ҳам шаву буттаро маҳкамтар бидор (1.272)

Ин роҳи осони кор ё ҷонхалосӣ нест? Шавад обӣ нашавад лалмӣ ( 1.272)

Метавон гуфт, ки яке аз сабабҳои ҷаззобию шевоӣ ва фасоҳату малоҳати забону сабки романи «Гардиши девбод»-ро маҳз корбасти устодонаи ҳикматҳои халқ шуморидан мумкин аст.

Аз таҳлилу баррасии вижагиҳои корбурди зарбулмасал ва мақолҳо дар романи «Гардиши девбод»-и нависандаи маъруфи тоҷик Абулҳамид Самад ба хулосаи зерин омадем:

а) услуби гуфтори нависанда дар романи мазкур шеваи мардумӣ бошад ҳам, ба забони адабии имрӯзаи тоҷик тавъам аст. Романи мазкур фарогири се давраи ҷомеи тоҷик: ибтидои асри XX, солҳои мураккаби Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нақши мардуми тоҷик дар он, солҳои аввали Истиқлоли Тоҷикистон ва оқибатҳои харобивари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвари мо мебошад;

б) баррасии услубии зарбулмасалу мақолҳо нишон дод, ки дар романи «Гардиши девбод» -и Абдулҳамид Самад зарбулмасалу мақол асосан дар нутқи қаҳрамонони марказӣ: Комилбой, домулло Латиф, Заъфарон, Мирак, Сифат, Дилёб, Некном, Сафои  Афлотун, Шамсиддин, шайхи Муллонур ва персонажҳои дигар корбаст шудаанд;

в) қаҳрамонони романи «Гардиши девбод», ҳама шабеҳи ҳамдигар нестанд ва ба як забон сухан намекунанд. Онҳо ҳар яке симо, забон, зоҳиру ботин, рафтору кирдор ва хусусиятҳои хоси инсонии худро доранд, чунонки дар табиат ва зиндагӣ ҳаст. Ин аст, ки романи «Гардиши девбод» саршори тасвирҳо, муколамаҳо ва андешаҳо буда, корбасти ҳадафмандонаи онҳо ҳусни бадеӣ ва услубии асарро афзун сохтааст;

г) зарбулмасалу мақолҳо ҳамчун воҳидҳои мукаммалу мустақили забон дар ҳама давраҳо вобаста ба рушду таҳаввулоти ҷомеа таркиби луғавии забони адабии тоҷикро мукаммал сохтанд, ки истифодаи онҳо дар романи мазкур далели возеҳ аст;

 ғ) тадқиқи романи «Гардиши девбод» нишон дод, ки унсурҳои забони зиндаи халқ бештар ба воситаи услуби бадеӣ ва истифода аз зарбулмасалу мақолҳо ба забони адабӣ  роҳ ёфтаанд;

д) корбасти зарбулмасалу мақол дар асари бадеӣ сабабҳои гуногун дорад, ки ин, аз як тараф, ба раванди ба забони халқ наздик сохтани забони асар вобастагӣ дошта бошад, аз тарафи дигар, ба мундариҷаи асарҳои офаридашуда, услуби тасвир ва ҳадафҳои эҷодии адибон иртибот дорад;

е) дар романи «Гардиши девбод» зарбулмасалу мақолҳо бо гунаҳои адабиву лаҳҷавиашон истифода шудаанд ва ин баёнгари он аст, ки барои эҷоди асари бадеӣ истифода аз унсурҳои тақвиябахши забон муҳиманд;

ё)  зарбулмасалу мақолҳо дар асари мазкур вазифаи муайяни услубӣ низ доранд, ки он аз фардӣ намудани нутқи персонажҳо ва мушаххас тасвир намудани ҳодисаҳо иборат мебошад;

ж) вобаста ба тақозои тасвири ҳодисаҳо Абулҳамид Самад дар романи худ аз зарбулмасалу мақолҳои халқӣ моҳирона истифода кардааст. Маҳз маҳорати хуби забондониву нависандагии Абдулҳамид Самад ба ӯ имкон додааст, ки бо истифода аз дурдонаҳои забони халқӣ ва услуби бадеӣ романи хонданибобу дилчасп эҷод намояд. 

Мирзоёров Фирдавс Ниёзович

номзади илмҳои филология

АДАБИЁТ:

  1. Абдулҳамид Самад. Гардиши девбод (роман). –Душанбе, 2017, –536 с.
  2. Гулчини зарбулмасалу мақолҳои халқҳои ҷаҳон: Душанбе: «Истеъдод». 2012, -136 с.
  3. Ғаффоров Р. Забон ва услуби Раҳим Ҷалил (Дар асоси материали «Одамони ҷовид»). – Душанбе: Дониш, 1966. – 224с.
  4. Калонтаров Я. И. Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ ва аналогияи русии онҳо. –Душанбе: «Ирфон», 1965. – 536 с.
  5. Калонтаров Я.И. Мудрость трёх народов. – Душанбе: Адиб, 1989. – 552с.
  6. Камолиддинов Б. Забон ва услуби Ҳаким Карим. –Душанбе: Ирфон, 1967. –186с.
  7. Маджидов Х. Фразеологическая система современного таджикского литературного языка. – Душанбе, 1989. – С.75-86.
  8. Маҷидов Ҳ. Фарқи воҳидҳои фразеологӣ аз зарбулмасалу мақолҳо // Мактаби советӣ. – Душанбе, 1982. – № 10. – С. 26-30.
  9. Маъсумӣ Н. Забон ва услуби Аҳмади Дониш. –Душанбе: Дониш, 1976. –77с.
  10. Мирзоёров Ф. Хусусиятҳои лингвистии чанд зарбулмасалу мақоли тоҷикӣ//Илм ва Ҷомеа. №3-4 (2016). – С.116-120.
  11. Пермяков Г.Л. Основы структурной паремиологии. М.: Наука, 1988. - С.80.
  12. Раджабова М. М. О роли и месте пословиц и поговорок в системе языка// Номаи Донишгоҳ. №3(48).2016.-С.163-168.
  13. Тилавов Бозор. Поэтика таджикских народных пословиц и поговорок. - Душанбе, 1967. – С.74.
  14. Улмасова З. Ҳ. Вижагиҳои корбасти зарбулмасалу мақол ва ибораҳои рехта дар эҷодиѐти Сорбон дар мисоли романҳои Достони писари Худо ва Туғрал//Ахбори ДДҲБСТ.Силсилаи илмҳои гуманитарӣ. – 2012. – №4(52). – 215 c.
  15. Фозилов М. Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ. Ҷ. I.–Душанбе: «Ирфон», – 368 с.
  16. Фозилов М. Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ. – Ҷ.2. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 367 с.
  17. Фозилов М. Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ.– Ҷ.3. – Душанбе: Нашри Камол, 2014. – 640 с.
Хондан 3550 маротиба