Лола фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии забонҳои Пекин буда, таҳсилоти магистриро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик анҷом дода, феълан давраи дуктурӣ (Phd)-ро дар ин замина бомуваффақият гузашта истодааст. Берун аз барномаҳои донишгоҳӣ (манзур даври таҳсилоти магистрӣ аст) вежагию нозукиҳои забон ва адабиёти тоҷикро аз ду шахсияти варзида – Фирдавс Ниёзӣ ва Меҳр Собириён, ки аъзои фаъоли Маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” мебошанд, омӯхта, ба ин ду нафар минҳайси устод эҳтирому самимияти тамом дорад. Маҳз аз тариқи ин ду нафар (Фирдавс Ниёзӣ ва Меҳр Собириён) Лола ба Маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” пайваст ва ҳамин тур, риштаи дӯстию ҳамкорӣ мустаҳкам гардид.
Хонуми Ши Сяоюй тайи будубош дар Тоҷикистон ва дидору мулоқот бо мардуми бумӣ ба забон, адабиёт, ахлоқ, ҳувият, суннат, ойин, маросим ва фарҳангу ҳунари тоҷик ихлосу алоқа пайдо намуда, бар мабнои самимияту муҳаббат ба ин хоку марзу бум ва забону адабиёту фарҳанг “Лола”-ро ба сифати ном ва нишондиҳандаи ҳайсиятӣ интихоб кард ва муддати чанд сол аст, ки бо ин номи зебои тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистони азиз ба сар мебарад. Барои боло бурдани маҳорати забондонӣ ва ҳунари илмӣ-пажуҳишӣ бо намояндагони маъруфи адабу фарҳангу илми ватанӣ суҳбат мекунад ва махсусиёти отифии забони тоҷикиро бар мабнои гуфтугӯю муоширати рӯзмарраи мардуми маҳаллӣ меомӯзад. Мутмаинем, ки Лола баъди хатми давраи дуктурӣ ба ватан баргашта, ҳамчун мутахассиси варзидаи забони тоҷикӣ ба донишҷӯёни чинӣ назокат, отифат, салосат, фасоҳат, нафосат, самимият, латофат ва моҳияти лафзи ширини моро меомӯзад ва дар тарғиби забону адабиёту фарҳанги тоҷик дар муҳити чинӣ саҳми муносиб мегузорад.
Вежагиҳои мунҳасир ба фарди Лола, аз ҷумла хоксорӣ, фурӯтанӣ, хештандорӣ, боназокатӣ, мулоиматӣ, хушгуфторӣ, донишмандӣ, ковишгарӣ, масъулиятшиносӣ, худкифоӣ, мардумсорӣ ва зебоиписандӣ ӯро миёни доираҳои донишгоҳӣ ва ҳавзаҳои тадрисию маданӣ соҳибэҳтиром кардааст. Ҳар замон ки ба дидорбинӣ меояд, ҳатман бо худ китобе ва ё маводи дархуреро ҳамроҳ дорад ва барои дақиқ кардани тасаввуроту фаҳмишу донишу ҷаҳоншиносии худ суолоту пурсишоте матраҳ сохта, аз тариқи ин гуна ибтикорот бозори гуфтумони илмию маданиро гарм мекунад. Бо як сухан, шахсияти ахлоқӣ, отифӣ, илмӣ ва фарҳангӣ аст.
Аз ҳама муҳим, зодрӯзи Лолаи мо (16 март) бо ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоҳангӣ дорад ва дар арафаи иди бошукӯҳи миллию фаромиллӣ таваллуд шудани ӯ ҳам рамзист, чаро ки сарнавишти Лолаи ҷавон бо фарҳанги Наврӯзӣ гиреҳ хурда ва инак, бо суннату ойинҳои дерпойи миллӣ даромехтааст. Ин аст, ки ба худ Лола исм дода ва лола рамзи баҳору Наврӯз аст. Бо истифода аз фурсат ҷашни мелоди Лолабонуи гиромиро шодбош гуфта, барояш тансиҳатӣ, болидахотирӣ, саодатмандӣ, неруи қавӣ, руҳияи ҳамешагии баҳорӣ ва хушҳолии бардавоми Наврӯзӣ таманно намуда, эҳтиромона мувашшаҳи зеринро тақдим мекунем.
Офтобу Моҳи Пекин омада
(мувашшаҳи чашнӣ)
Лутфкешу меҳройин омада,
Офтобу Моҳи Пекин омада.
Лолаи Наврӯзи ин боғу чаман
Аз баҳори тозаи Чин омада.
Бо дили оинасону беғараз
Ошнои поку бекин омада.
Назди мо бар маҷлиси унс ин замон
Улфате з-асҳоби таҳсин омада.
Зодрӯз хуҷаста ва ҳумоюн, Лолаи гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром
ва самимияти тамом,
аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша”
16 марти соли 2025